Тот ва тотӣ ва тоҷик

Равоншод пруфесур Моркворти олмонӣ вожаи “тоҷик”-ро сиришта аз ду баҳри “то” (=зердаст) ва “чик” (=адоти тасғири туркӣ) дониста, онро “зердасти кӯчак” маънӣ кардааст (2) ва мегӯяд туркон мардуми зердасти худ, бавижа эрониёнро бо ин ном хондаанд ва аз инҷост, ки гурӯҳе аз эроннажодон ва порсизабонони Вароруд (Мовароуннаҳр), ки акнун берун аз марзҳои сиёсии Эрон ба сар мебаранд, бо ҳамон номи “тоҷик”, ки аз сӯйи ҳамсояҳои туркашон ба онон дода шудааст, номида мешаванд.

Ганҷинаи ройгони “Номаи Фарҳангистон” ва вижаномаҳои он

Инак аз он миён “Номаи Фарҳангистон” ва “Вижаномаҳои Номаи Фарҳангистон”, ки бароянди кӯшишҳои Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва дарбардорандаи заминаҳое чун пажӯҳишҳои забонӣ ва адабӣ, забон ва фарҳанги Эрони бостон, фарҳанги мардум, санҷишгарии навиштаҳои адабӣ, адабиёти татбиқӣ, дастур, забонҳо ва гӯишҳои эронӣ, шибҳиқорра, фарҳангнависӣ ва гӯишшиносӣ аст, пешкаши хонандагони арҷманди Порсӣ Анҷуман мешавад.

Чиро ба вожаҳои “аздоидан” ва “аздоиш” ниёз дорем?

“Аздоидан” аз форсии миёнаи “azd” ба маънои “иттилоъ, эълом, маълум, дониста” ва “azdēnidan” яъне “иттилоъ додан, огоҳ кардан”, аз форсии бостони “azdā” яъне “дониста” ва авестоии “azdā” яъне “дониста, маълум” меояд. Ин вожа дар суғдӣ ҳам ҳаст “azd” яъне “огоҳида, дониста” ва аз форсии миёна дар арманӣ ба вом гирифта шудааст. Ҳамреша аст бо санскрити “addhā” яъне “ошкоро, баростӣ”, “addhāti” доно. Таваҷҷуҳ кунед, ки мо дар форсии миёна барои ин мафҳум ҳатто масдари басит ҳам доштаем: “azdēnidan”!

Боргирии ройгони “Фарҳанги Рашидӣ” дар ду пӯшина

“Фарҳанги Рашидӣ” дар соли 1064-и қамарӣ дар Ҳиндустон ба хомаи Абдуррашид писари Абдулғафури Ҳусайнии Мадании Татавӣ аз мардуми Татаи Синд нивишта шудааст. Вожагони омада дар “Фарҳанги Рашидӣ” аз пижӯҳиш дар нивиштаҳо ва чомаҳои куҳани порсӣ баргузида шудаанд ва аз ин нигар, ин фарҳанг аз барҷастатарин фарҳангҳо дар ин замина ба шумор меояд.

Гелос

Гелос дар забони порсӣ номи меваест аз хонаводаи олу ва аз радаи олболу (олуболу), ки маъмулан ширин аст. Шакли онро дар забони порсии миёна (паҳлавӣ) ва порсии куҳан пайдо накардам, аммо дар забони юнонӣ ба дарахти ин мева “kerasos” гуфта мешавад, ки шабоҳати наздике ба вожаи “гелос” дорад. Решаи вожаи юнониро аз забонхои Осиёи Кеҳтар (Фругия ё Фригия = Phrygian) донистаанд.

Вожаҳои форсӣ дар забони жопунӣ

Ошноии эрониён бо кишвари Жопун ба авосити даврони Қоҷор бозмегардад. То ҷое ки бар нигоранда рӯшан аст, пеш аз он, дар даврони Сафавия сафири Шоҳ Сулаймони Сафавӣ дар Сиём (Тойланд) дар китоби сафарномааш “Сафинаи сулаймонӣ” ишораҳое ба кишвари Жопун, шароити иқлимӣ ва мардумони он кардааст. Пас аз он, Мирзо Иброҳими Саҳҳофбошӣ дидаҳои худ аз сафар ба Машриқи Дур ба соли 1897-ро дар сафарномаи худ овардааст, ки ҳудуди 10 сафҳа аз он ба кишвари Жопун ихтисос дорад.

Вожаёб (Фарҳанги баробарҳои порсии вожаҳои бегона)-и Абулқосими Партав

Суди корбурди вожагони порсӣ ба ҷойи вожаҳои бегона сода кардани дабираи кунунии порсӣ аст, ки бо доштани бархе вотҳои ҳамово, вале ноҷӯр, омӯзиши хондану навиштанро душвор кардааст. Ҳамчунин густариши «якзабонӣ» дар гуфтан ва навиштан ё «ҳамзабонӣ», ки бегумон офаринандаи ҳамдилӣ низ ҳаст.

Нигарише нав ба феъли форсӣ

Ҷумлаҳо дар канори ҳам гуфтор ва забонро месозанд. Забон худ дашти паҳновар ва беинтиҳоест, ки метавонад чизе беш аз абзор барои пайванд миёни инсонҳо бошад. Кӯшиши нависандаи китоб низ аз ин рӯ пешниҳодҳои тоза дар заминаи баҳраҷӯӣ аз феълҳоест, ки то кунун камтар ба онҳо баҳо дода шудааст. Ин китоб нигоҳест жарф ва тоза ва дигаргуна ба “феъл” дар забони порсӣ, ки бисёре аз забоншиносон онро сутун ва пояи ҷумла медонанд.

“Фарҳанги форсии Амид”

Ҳасани Амид, фарҳангнавис, нависанда ва рӯзноманигори номдори эронӣ аст. Ў нависандаи “Фарҳанги Амид” аст, ки аз пуркорбурдтарин фарҳангҳои имрӯзи порсӣ ба шумор меояд. Ҳасани Амид дар соли 1289-и хуршедӣ дар шаҳри Машҳад чашм ба ҷаҳон гушуд. Ӯ дар ҳамон шаҳр омӯзишҳои пояиро дид ва дар ҷавонӣ ҳамванди Анҷумани адабӣ шуд ва кори рӯзноманигорӣ, нависандагиву фарҳангнависиро аз ҳамон солҳо оғоз кард.

Чаҳор сӯи ҷуғрофиёӣ дар забони порсӣ

Имрӯза дар забони порсӣ чаҳор сӯи ҷуғрофиёиро шимол, ҷануб, ғарбу шарқ меномем ва агар бихоҳем порситар бинависем ва ё сухан бигӯем, шарқро ховар ва ғарбро бохтар мегӯем. Он чи пайдост, ин аст, ки як забону фарҳанги куҳан наметавонад дар заминаи вожаҳое, ки дар зиндагии ҳаррӯзааш корбурд доштааст, камбуде дошта бошад.

1 4 5 6 7