Бозандешии забони форсӣ 2

Забон мантиқ ва меконике дорад, аммо сохти он меконикӣ нест, ургоник аст ва ҳамонанд кардани он ба мавҷуди зинда дурусттар аст, то ба мошин ва касоне, ки мехоҳанд бо мантиқи истиснонопазири худ ба забон ҳамла баранд ва онро аз нав бисозанд, аз рози зиндагӣ бехабаранд.

Посухе ба номаи гурӯҳе аз дабирони зистшиносӣ

Ҳар вожаи ошное рӯзгоре ноошно будааст. Барои намуна, барои Сайидҳасани Тақизода вожаи «вожа» бисёр шигифтовар ва нодуруст менамуда ва ё адиби бузурге чун Муҳаммадъалии Фурӯғӣ ба ҷойгузинии вожаҳои «пешванд» ва «пасванд» ба ҷойи «мазиди муқаддам» ва «мазиди муаххар» интиқод мекунад. Ъаллома Ъаббоси Иқбол мегӯяд имкон надорад, ки «донишкада» ва «донишгоҳ» ҷойи «фокулта» ва «юниверситӣ»-ро бигиранд ва Содиқи Ҳидоят вожаи «бошгоҳ»-ро ришханд мекунад.

Бозандешии забони форсӣ (1)

Забони форсӣ дар ин шаст соли ахир ҳамроҳ бо уфтухезҳои бузурги иҷтимоъӣ ва сиёсию фарҳангӣ дигаргуниҳои жарфро гузарондааст, чунонки форсии мудерн ҳанӯз забонест дар ҳоли «шудан» ва шакл гирифтан ва метавон гуфт, ки то замоне ки ба навъе қарори фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ нарасидаем, ба қарори забонӣ ҳам нахоҳем расид ва забни мо ҳамроҳ бо ҳамаи зиндагии иҷтимоъӣ ва торихамон зеруболоҳо хоҳад дошт.

Устод Фравашӣ: Хатти форсӣ шоҳкор аст

Хатти форсӣ мазоёи бисёре дорад. Яке аз мазоё ин аст, ки калимаҳо кӯтоҳтар нивишта мешавад. Ба тавре, ки агар як сафҳа матлаби форсиро бихоҳем ба хатти лотинӣ бинвисем, тақрибан як сафҳаву ним ҷой мегирад. Дар натиҷа, хатти мо таврест, ки дар муқоиса бо китобҳое, ки бо ҳуруфи лотин дар дунё чоп мешаванд, як севум то як чаҳоруми сафҳа сарфаҷӯӣ дар масрафи коғаз дар бар дорад.

Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (4)

Яке дигар аз паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои ъарабӣ ҳамоно «бегона пиндоштани» шуморе аз вожаҳои забони порсӣ аст. Дар давраи омехтагӣ нивисандагон ва хушнивисон на аз рӯи ниёз, ки барои нозидан, ба гунае бедару пайкар, вожаҳои ъарабии бисёреро ба даруни забони порсӣ кашонданд.

Чолишҳои забони форсӣ дар Осиёи Миёна ва Афғонистон

Калимоти ҳиндӣ, инглисӣ ва туркӣ, ба сурати беравия дар ҳоли истифода дар Афғонистон ҳастанд, ҳеҷ кас ҳам ҳеҷ нигаронӣ надорад, аммо ба маҳзи корбурди чанд калимаи форсии навин – масалан донишгоҳ ва донишҷӯ, — ҳаҷмае сангин алайҳи гӯяндаи он ба кор гирифта мешавад ва муттаҳам ба хиёнат ва ё ҷосусӣ барои Эрон мегардад.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…

Танҳо роҳи пешрафти чи фарҳангӣ ва чи иқтисодию илмӣ дар Тоҷикистон бозгашт ба хатти худӣ, яъне хатти порсӣ ва фаро гирифтани забони порсии меъёр аст. Мухотаби офаридаҳои мо ба хатти пириллик имрӯза камтар аз 10 милюн нафар аст. Дар сурати бозгашт ба хатти порсӣ ин рақам болиғ бар 200 милюн хоҳад шуд.

Боистагии гузор ба хатти порсӣ: бояд охирбин буд, на охурбин!

Имрӯз тамоми манобеъ ва маохизи мавриди ниёз дар ҳар ришта аз риштаҳои ъулуми рӯз (инсонӣ ва таҷрибӣ) ба хатти порсӣ на танҳо фароҳам ва муҳайёст, балки манобеъе дар ин риштаҳо ба порсӣ ҳаст, ки як олмонӣ ё русӣ ва ё ингилис бояд аввал порсӣ биёмӯзад, то ба онҳо дастрасӣ пайдо кунад.

Боргирии «Дастури хатти форсӣ»-и Фарҳангистон

«Дастури хатти форсӣ», ки бароянди кӯшишҳои Фарҳангистони забону адаби форсӣ аст, дафтарест, ки ҳар нивисандаеро ниёз бад-он уфтад. Гуфтанист, ки бар ин дафтар метавон хӯрдаҳои донишик гирифт ва онро написандид ва шеваномае нав дарандохт, лек дар пурсмони дабира чизе, ки беш аз ҳар чиз боиста аст, дӯрӣ аз ошуфтагӣ ва кӯшиш андар ҳамгароии бештари касонест, ки бад-он дабира менависанд.

1 2 3 4 5 7