Сарагароии донишик ва сарагароии адабик

Надонистани дигарсонӣ (тафовут) миёни сарагароии донишик ва сарагарои адабик аз бузургтарин гирифториҳо ва чолишҳои дӯстдорони забони порсӣ ва бовармандон ба полоишу поксозии забонӣ аст. Барои бозшинохтани ин ду рӯйкард ба сарагароӣ нахуст боёст (воҷиб аст), ки ҳидорише (таърифе) аз ин ду рӯйкард ба даст диҳем.

Эроншиноси тоҷик: Бояд хатти форсиро зинда кунем (бахши поёнӣ)

Сафари Абдуллоҳ: Эрон ҳам бояд эҳсос кунад, ки эрониёни дуруфтода аз он марзу бум пушту паноҳе доранд. Ва ба масоили миллӣ, ба масоили забони форсӣ бояд бештар бияндешанд, чун агар забони форсӣ набошад, на Эрон аст, на мо ҳастем ва на каси дигаре.

Ду гунаи бархӯрд бо забон (5)

Бар рӯи ҳам бархӯрдҳои гуногун бо забон ва масъалаи вожасозиро метавон зери ду унвон ҷамъ кард: яке бархӯрди хирадварзона (росиюнал), ки бар он аст, ки забонро метавон бар ҳасби қолабҳое, ки қоъидаҳои сарфӣ ва пешин ба даст медиҳад, густариш дод ва вожаҳову таркибҳои тоза сохт. Ва ҳатто гурӯҳе бар онанд, ки бо ҳамин равиш метавон моддаи аслии луғатро аз забони дигар вом гирифт ва барои корбурдҳои илмӣ мутобиқи қоъидаҳои дастурии форсӣ сарф кард ва ба кор бурд (монанди “юнидан” ва “юниш”, ки аз моддаи “юн” дар шимӣ сохта мешавад).

Масъалаи вожасозӣ (4)

Чи ниёзе вожасозиро зарурӣ мекунад? Ниёз ба номидани чизе тоза ё баёни мафҳуме тоза. Ҳангоме, ки чизҳои тозае, чи аз мақулаи зот, чи аз мақулаи маъно, дар миён меояд, ногузир номе металабад, ки пеш аз ин дар забон набудааст. Ҳол ин масъала матраҳ аст, ки ин чизҳои тозаро чи гуна метавон номид? Оё бояд айни он номҳо ва феълҳо ва ҷуз онҳоро аз забони бегона вом гирифту ба кор бурд ё дар забони бумӣ ҷонишине барои онҳо ёфт ё сохт?

Пероиш ва бозсозии забон (3)

Чи бихоҳем, чи нахоҳем, забони форсӣ бино ба зарурати тағйири зиндагӣ ва мабонии фарҳангӣ ва тамаддунии мо ниёзманди дигаргунӣ ва созгорӣ бо шароити тоза аст ва ин сайр ҳар замон шитоби бештаре ба худ мегирад. Форсизабонон мехоҳанд ба забони фалсафа ва илму ҳунари мудерн сухан бигӯянд ва вориди ҷаҳони текнулужик бишаванд ва ногузир забонашон низ ҳамчун абзори зарурии чунон шевае аз иртиботу зиндагӣ дигаргун мешавад.

Вожашиносӣ: ҷаҳаннам ва дӯзах

Ба навиштаи Фарҳанги решашиносӣ, вожаи ‘ҷаҳаннам’ аз ‘Ге-ҳиннум (Ge Hinnom)’ дар ибрӣ омадааст, ки худ дар асл Ge Ben-Hinnom будааст ба маънои ‘дараи писарони Ҳиннум’. Дар китоби Эрмиёи набӣ (Jeremiah) ‘панҷ бор аз ин дара ном бурда шуда ва гуфта шуда, ки ин дара дар даврони бостон дар ҷануби ғарбии шаҳри Уршалим қарор доштааст. Ва иброниён дар ин дара нахустин писар ё духтари худро барои худое ба номи Мулух (Moloch) қурбонӣ мекарданд. Номи ин худо низ гӯё гунаи дигаре аз ‘Милих’-и ибрӣ ё ҳамон ‘малик’-и арабӣ ба маънои ‘шоҳ’ бошад.

Дархости Шаҳриёрӣ аз Ҳаддоди Одил: ‘Амурдод’ ба ҷои ‘мурдод’

Маҳмуди Шаҳриёрӣ, муҷрии барномаҳои телевизиюнӣ, дар номае ба фарнишин (раис)-и Фарҳангистони забону адабиёти форсӣ аз ӯ дархост кард, то дар ба кор бурдани дурусти вожаи “амурдод” ба ҷои “мурдод” расонаҳоро огоҳ кунад. Куруши Некном, намояндаи зартуштиён дар давраи ҳафтуми Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, ҳам дар замони намояндагияш тазаккуре қонунӣ дар ин бора дод.

Ҷунбиши Машрутият ва дигаргунии насри форсӣ (2)

Бо ҷунбиши Машрутият мо вориди давраи тозае мешавем, ки дигаргунии забонро низ ногузир мекунад. Бо Машрутият ва заминаи он (пайдоиши чопу чопхона ва рӯзномаву шабнома) мо вориди рӯзгоре мешавем, ки рӯи сухани адабиёт дигар на бо амирону вазирон ё гурӯҳи саромадони аҳли фан, балки бо оммаи мардум аст.

Форсии дарӣ ва форсии дарӣ-варӣ (1)

Гирифтории мо дар боби забони форсӣ дар бархурд бо тамаддуни мудерн ва ниёзҳои забонии он ду реша дорад: яке марбут ба сохти забони форсӣ ва тавонмандиҳову нотавониҳои он аст, ва дигарӣ марбут ба забони насри форсӣ. Он чи акнун дар ин гуфтор бад-он мепардозем, ҳамин масъалаи насри форсӣ аст, ки дар тӯли чандин сада фарозу нишеби бисёр дошта ва ҳар кас, ки имрӯз дасте ба қалам мебарад, ба ҷиҳате гирифтори ин мероси гузашта аст, ки тамомии он мероси табиъии забон ва ҳосили густариши торихии он нест, балки бисёре аз он меросест, ки бозигӯшони кажнивис барои мо гузоштаанд.

No Image

Ҳафт фарнуди меҳодини носозгорон бо полоиши забони порсӣ

Рӯдакиву Балъамӣ ва дигарон ҳам навиштаҳои порсии камобеш сара доранд, ки гуёи тавоноии забони порсӣ буда, вале гурӯҳе тозипарасту шефтагон ба душманони пирӯзманд, ҷомаи бошукӯҳи худии забони порсиро аз танаш дароварданд ва ҷомаи бегонаи тозиро бар ӯ пӯшониданд (чиро ки аз диди равонӣ, мардуми шикастхӯрда душмани пирӯзмандро дар равони нохудогоҳи худ бартар аз худ дониста ва мекӯшанд худро ба онон бибанданд, ки ин ҳам ҳамвора баҷо нест).

1 4 5 6 7 8