Ҳарфи ‘вов’-и торихӣ ё ғайрималфуз чист?

Чиро ин “вов” нивишта мешаваду талаффуз намешавад? Чун дар гузаштаҳои дур таркиби “хв” як садои воҳид буд ва талаффуз мешуд. Масалан, вожаи “хуш” ба шакли “хваш” ба забон меомад ва рафта-рафта “вов” уфтод ва табдил ба “хаш” шуду баъдан “хуш” бо “у”-и кӯтоҳ. Ҳанӯз ҳам дар бисёре аз гӯишҳои порсӣ “хаш” ба маънои “хуш” роиҷ аст. Ҳамин таркиби “хв” дар бархе аз забонҳои жерманик ҳам ба ашколе дигар вуҷуд дорад. Ба монанди sw дар забони инглисӣ ва schw (шв) дар забони олмонӣ.

Шеъре аз Абулқосими Лоҳутӣ: хатти ПОРСӢ ва кохи тамаддуни тоҷик

Шеъри “Қасри тамаддун”-ро Лоҳутӣ дар авоили вурудаш ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз ошноияш бо Тоҷикистон ва эҳтимолан дар аввалин сафараш ба Самарқанд ё Бухоро ё Душанбе нивиштааст ва дар ин шеър ъишқе, ки Лоҳутии бузургвор ба ХАТТИ ПОРСӢ дорад, бармалост! Вай хатти порсиро, ки имрӯз бархе бо он сари ситез доранд, “хатти тоҷикон” ва далеле мутқан барои исботи фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар Варорӯд медонад.

Форсизабонони бегона ва ягона

Онҳое, ки гумон мекунанд адабиёти форсӣ дар Эрон баъд аз қарни XVI-и масеҳӣ дар замони салтанати Сафавиён, дар Мовароуннаҳр, ки Тоҷикистони имрӯза як ҷузъи он ба шумор меравад, пас аз қарни XVI-и масеҳӣ баъди ба сари қудрат омадани хонадони Шайбониён ва дар Афғонистон баъд аз қарни ХVII-и масеҳӣ дар давраи салтанати Дуррониҳо ба се бахши мустақил қисмат шуд, иштибоҳи ъазим мекунанд. Зеро ташхиси тамоюлҳои асосии адабиёт ба забони форсӣ дар ин кишварҳо дар як-ду-се қарни баъдина бармало месозад, ки он ягона боқӣ мондааст.

Ҳаким Майсарӣ: Бигӯям тозӣ, арна ПОРСӢ нағз

”Донишнома”-и пизишкии Ҳаким Майсарии Суғдӣ аз лиҳози сабки нигориш, мазмунҳои ахлоқӣ ва нукоти ҳакимонааш дархури таваҷҷуҳ аст. Аммо бузургтарин вижагии ин асар он аст, ки Ҳаким Майсарӣ бо таъкид изҳор медорад, ки “Донишнома”-ро на ба ъарабӣ, балки ба забони модарияш – ПОРСӢ – сурудааст. Ин фарзанди арҷманди Суғд – Ҳаким Майсарӣ дар баробари тозӣ аз забони поки ПОРСИИ хеш, аз сарзамини номдораш ЭРОН бо ифтихори тамом сухан мегӯяд.

Забони ‘тоҷикӣ’ ё ‘форсӣ’ ё ҳарду?

Агар мо, тоҷикон, форсизабон набошем, чиро ва ба кадом сабабу далоил ин ҳама мероси “дигарон”-ро (яъне форсизабононро!) аз они худ кардаем?! Албатта, чунин сӯитафоҳумҳоро ба осонӣ бартараф кардан мумкин мебуд, агар мо забонамонро минбаъд “форсӣ” гуфта, “тоҷикӣ”-ро дар қавсайн меовардем, яъне моддаи 2-юми Қонуни Асосиро ин тур фурмулбандӣ мекардем: “Забони давлатии Тоҷикистон забони форсӣ (тоҷикӣ) аст”.

Устоди Донишгоҳи Колифурниё: Забони порсӣ куҳантарин забони зиндаи ҷаҳон аст

Забони имперотурии Ъусмонӣ то пеш аз таъсиси давлати Туркия форсӣ буд ва туркони ъусмонӣ дар мукотибот ва суханрониҳо ва ашъорашон ба забони форсӣ такя доштанд! Ин нишон медиҳад, ки забони форсиро ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад ба ъунвони як забони қавмӣ пазируфт, балки як забони торихӣ аст, ки боъиси эҷоди ҳамбастагӣ дар миёни бисёре аз мардумони мутамаддини Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ ва Ховари Миёна шуд ва мероси бузурги фарҳангӣ, адабӣ, торихӣ ва динӣ ба вуҷуд овард.

Ҷумҳурии дурӯғини ‘Озарбойҷон’ 

Порсӣ Анҷуман: Сарзамине, ки имрӯз дар болои рӯди Арас ҷой дорад ва «Озарбойҷон» номида мешавад, то садаҳои пеш (то 1918) ҳеҷ гоҳ бад-ин ном хонда нашуда ва «Аррон»/«Олбониё» ном доштааст. Ин номи дурӯғинро душманони ториху фарҳанг ва якпорчагии Эрон ба раҳбарии Истолин бар ин паҳнаи эронӣ ниҳоданд, то ҳар гоҳ бихоҳанд, Эронро зери фишор бигузоранд. Ҳарчанд аз ҳамон замон доноёни Эрон бад-ин дурӯғ вокуниш нишон додаанд, вале то кунун коре аз пеш набурдаанд.

Ғафуруф: Бархеҳо аз номи ‘Эрон’ ҳарос доранд…

Бархе аз вожаи “эронӣ” ҳарос доранд ва даркашон аз ин вожа фақат аҳолии имрӯза кишвари Эрон аст. Аммо ин афрод бакуллӣ фаромуш мекунанд, ки Эрон қаблан ба ду бахши шарқӣ ва ғарбӣ тақсим мешуд ва мардумони шарқи Эрон барои тавсеъаи фарҳанги башарӣ хадамоти бештаре анҷом додаанд. Ҳамин эрониёни шарқӣ буданд, ки мабно ё шолудаи имрӯза мардумони Осиёи Миёна – тоҷикон, узбакҳо, туркманҳо, қазоқҳову қирғизҳоро – ташкил медиҳанд. Чиро мо бояд аз гузаштаи худ бигзарем?

Чироии фурӯуфтодани Сомониён

Сомониён аз эрондӯсттарин сарриштадорони пас аз ислом будаанд ва ҷойгоҳе барҷаста дар густаришу болиши забони порсӣ доштанд. Пойтахти Сомониён шаҳри Бухоро буд, шаҳре, ки имрӯза бахше аз кишвари Узбакистон аст. Раҳбарони ин кишвар дар чанд даҳаи гузашта бо фишору зӯроварӣ забони порсиро дар Бухоро ва дигар шаҳрҳои бузурги Узбакистон, монанди Самарқанд, то марзи фаромушӣ саркӯб кардаанд.

Чиро нодурустнивисӣ дар Афғонистон ҳанҷор шудааст?

Иштибоҳоти дастуризабонӣ ва имлоӣ дар адабиёти нивишторӣ ва гуфтории форсӣ дар болотарин сутӯҳи идорӣ ва окодемик дар Афғонистон – аз дафтари риёсати ҷумҳурӣ ва порлумону визоратхонаҳо гирифта, то ниҳодҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳо – баҳсе тоза нест, ҳарчанд барои ъалоқамандон ба забони форсӣ дар Афғонистон башиддат нигаронкунанда аст.

1 2 3 4