Боргирии ройгони “Фарҳанги адабиёти форсӣ”-и дуктур Заҳро Хонларӣ

Заҳро Хонларӣ (Киё) дар 1294-и хуршедӣ дар Теҳрон зода шуд. Падараш Ҳодии Киёнурӣ (писари Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ) ва модараш Исматулҳоҷияи Буруҷирдӣ буданд. Заҳро аз шогирдони барҷастаи Омӯзишгоҳи духтаронаи “Номус” буд, ки ба Донишсарои олӣ рафт ва сипас вориди Донишкадаи адабиёт шуд ва дар соли 1318 дар давраи дуктурои адабиёт пазируфта шуд ва бо Парвизи Нотили Хонларӣ ҳамдарс шуд.

Боргирии ройгони “Фарҳанги Рашидӣ” дар ду пӯшина

“Фарҳанги Рашидӣ” дар соли 1064-и қамарӣ дар Ҳиндустон ба хомаи Абдуррашид писари Абдулғафури Ҳусайнии Мадании Татавӣ аз мардуми Татаи Синд нивишта шудааст. Вожагони омада дар “Фарҳанги Рашидӣ” аз пижӯҳиш дар нивиштаҳо ва чомаҳои куҳани порсӣ баргузида шудаанд ва аз ин нигар, ин фарҳанг аз барҷастатарин фарҳангҳо дар ин замина ба шумор меояд.

Боргирии вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон

Фарҳангистони Эрон ниҳоде буд, ки дар 29 ардибиҳишти 1314 барои посдорӣ ва полоиши забону дабираи порсӣ ба фармони Ризошоҳ оғоз ба кор ва кӯшишҳои худро то соли 1333 дунбол кард. Онро “Фарҳангистони нахуст” низ номидаанд. Дар нигоҳе гузаро метавон гуфт, ки бештари кӯшишҳои Фарҳангистони Эрон дар заминаи вожагузинӣ буд, ки бо рӯйовариши густардаи тӯдаҳои мардум низ рӯбарӯ шуд.

Боргирии ройгони “Вожаномаи фалсафӣ”-и Суҳайли Муҳсини Афнон

Дар пайи сайри андеша ногузир мебоистӣ бар Ховар ва Бохтар ҳарду рӯ бурд. Ҷуз он ки дар Эронзамин дониши ин ду бахши ҷаҳон бо пиндорҳои деринаи кишвар омехта шуд ва аз он омӯзише ба миён омад, ки то кунун пойдор аст. Бино бар ин, фарҳанге таҳия шуд дорои вожаҳои фалсафӣ дар паҳлавию форсӣ ва арабӣ аз як сӯ ва юнонию инглисию фаронсавӣ аз сӯйи дигар, ба умеди он ки пижӯҳандагонро писанд ояд ва донишҷӯёнро судманд.

Боргирии ройгони “Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ”

“Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ”, ки дарбардорандаи ҳудуди 3000 вомвожа ва решаҳои он аст, дар тирмоҳи 1347 дар Теҳрон аз сӯйи Анҷумани осори миллӣ ба чоп расидааст. Ҳамон гуна ки аз номи ин наск (китоб) бармеояд, гӯшае аз партавафканиҳои забону адаби порсӣ дар забони арабиро, он ҳам ба гунае донишӣ ва мустанад менамоёнад, ки аз нигари решаҳои бисёре аз вожаҳо дар ин ду забон арҷи фаровоне дорад.

Боргирии ройгони панҷумин шумораи фаслномаи “Забони порсӣ”

Панҷумин шумораи фаслномаи илмӣ-фарҳангии “Забони порсӣ” (баҳори 1393/2014) аз сӯйи бунёди иҷтимоъии “Забони модарӣ” дар Тоҷикистон ба ройгон мунташир шуд. Дастандаркорони ин шумораи “Забони порсӣ”, ки ба ду дабираи порсӣ ва сириллик чоп шуда, Зарафшон Мардонова, Назаршоҳ Назаршоев, Фирӯз Набиев ва Дориюши Раҷабиён ҳастанд.

Ҳорулд Бейлӣ ва забони хутанӣ

Бейлӣ дар соли 1799 дар Вилтшери Инглистон зода шуд. То 10-солагӣ ба мадраса рафт, аммо чун падараш замини бузурге дар Устролиё харида буд, ки мехост бад-он ҷо муҳоҷират кунад ва он заминро ба киштзор табдил кунад, Ҳорулд ва дигар фарзандонашро аз мадраса берун овард, то ба ӯ кумак кунанд. Ҳорулд дигар ба мадраса нарафт ва дар хона дарс хонд. Вай аз ҳамон кӯдакӣ нубуғ ва истеъдоди шигифтовари худро дар заминаи забономӯзӣ нишон дод. Дар хона пас аз забони инглисӣ забонҳои олмонӣ, юнонӣ, лотин, фаронса, испониёӣ ва итолиёиро омӯхт. Дар ҳамин даврон буд, ки номи “Авесто” ва “Теҳрон” ба гӯшаш хӯрд.

Нигарише нав ба феъли форсӣ

Ҷумлаҳо дар канори ҳам гуфтор ва забонро месозанд. Забон худ дашти паҳновар ва беинтиҳоест, ки метавонад чизе беш аз абзор барои пайванд миёни инсонҳо бошад. Кӯшиши нависандаи китоб низ аз ин рӯ пешниҳодҳои тоза дар заминаи баҳраҷӯӣ аз феълҳоест, ки то кунун камтар ба онҳо баҳо дода шудааст. Ин китоб нигоҳест жарф ва тоза ва дигаргуна ба “феъл” дар забони порсӣ, ки бисёре аз забоншиносон онро сутун ва пояи ҷумла медонанд.

“Фарҳанги форсии Амид”

Ҳасани Амид, фарҳангнавис, нависанда ва рӯзноманигори номдори эронӣ аст. Ў нависандаи “Фарҳанги Амид” аст, ки аз пуркорбурдтарин фарҳангҳои имрӯзи порсӣ ба шумор меояд. Ҳасани Амид дар соли 1289-и хуршедӣ дар шаҳри Машҳад чашм ба ҷаҳон гушуд. Ӯ дар ҳамон шаҳр омӯзишҳои пояиро дид ва дар ҷавонӣ ҳамванди Анҷумани адабӣ шуд ва кори рӯзноманигорӣ, нависандагиву фарҳангнависиро аз ҳамон солҳо оғоз кард.

Форсии аз об гузашта

Ҳасани Анӯша бо ишора ба китоби дар дасти нигориши худ аз пахши китобҳояш дар бисту ҳафтумин намоишгоҳи китоби Теҳрон хабар дод.

Ин фарҳангноманавис дар бораи китоби “Форсии аз об гузашта” гуфт: “Ин китоб дарбардорандаи вожаҳое аст, ки дар дигар кишварҳои порсизабон ва Осиёи Миёна аз онҳо баҳра гирифта мешавад.”

1 3 4 5 6