Вожагузинӣ дар даврони сосонӣ ва таъсири он дар форсии дарӣ

Даврони Сосониён даврони пуршукӯҳи шаҳройинии эронӣ аст. Фарҳанг дар рӯзгори Сосониён ба чунон шукуфоӣ расида буд, ки агар бажарфӣ ба андешаҳои андешакорони даврони исломӣ, ки бештари онон эронӣ буданд, бингарем, дармеёбем, ки решаҳои ҳамаи ононе, ки хираде рӯшан ва сухане барои гуфтан доранд, ба ин рӯзгор мерасад.

Боргирии “Вожагони иқтисодӣ”-и дуктур Ҳусейни Ваҳидӣ

Забони порсӣ аз гаронбортарин, равонтарин, гӯётарин, зеботарин ва барои густариш аз тавонотарин забонҳои ҷаҳон аст. Бадбахтона ин забони бузург ва зебо монанди сарзамини бархостгоҳи он дар дарознои замон гирифтори тозиши фаровон гардида ва ба гӯёӣ ва вижагию зебоии он газанди бисёр расидааст ва имрӯза ин забон бо сахттарин ва пургазандтарин тозишҳо рӯбарӯ шуда ва он тозиш забонҳои бохтарӣ аст.

Боргирии “Роҳнамои решаи феълҳои эронӣ”-и дуктур Муҳаммади Муқаддам

Роҳнамои решаи феълҳои эронӣ (дар забонҳои авесто ва форсии бостон ва форсии кунунӣ) аз устоди зиндаёд Муҳаммади Муқаддам, забоншиноси барҷастаи эронӣ ва вижакор дар забонҳои Эрони Бостон ва ҳамванди Фарҳангистони дувум, аст. Бунёди ин роҳнамо бар “Вожаномаи эронии бостон”-и Бортулуме ва “Вожаномаи авесто-инглис ӣ”-и Конго гузошта шудааст.

Боргирии “Фарҳанги истилоҳоти фалсафа ва улуми иҷтимоъӣ”

Зербинои китоби “Фарҳанги истилоҳоти фалсафа ва улуми иҷтимоъӣ” ба пеш аз инқилоби исломӣ мерасад, ҳангоме ки дар соли 1355 Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ вожагони фалсафа ва улуми иҷтимоъӣ (баробарниҳодҳои мутарҷимон ва нивисандагони эронӣ)-ро бо гирдоварии Таййибабегуми Раисӣ ва вироиши Дориюши Ошурӣ мунташир ва сипас дар соли 1357 Фарҳанги фалсафа ва улуми иҷтимоъиро вогонд (=мунташир кард).

Ойини номанигории паҳлавӣ

“Ойини номанигорӣ”, ҳамон гуна ки аз номаш бармеояд, роҳнамоест барои номанигорӣ дар хитоб ба касони гуногун дар ҷойгоҳҳои иҷтимоъӣ ва сиёсии гуногун (монанди шоҳону фармонравоён ва падару бародару фарзанд) ва низ барои рухдодҳои гуногуне (чун пирӯзӣ ё даргузашти наздикон ё барои дархости ёрӣ ба ҳангоми мушкил ва тангдастӣ ва монанди он).

Боргирии китоби “Вожаҳои форсии арабишуда”-и Аддӣ Шер

“Вожаҳои форсии арабишуда” фарҳангвораест, ки ба баррасии вожаҳои порсии даруншуда дар забони арабӣ мепардозад ва аз решаҳо ва чигунагии дигаргунии ин вожаҳо сухан мегӯяд. Ин китобро нивисандаи донишманди он, Аддӣ аш-Шер, дар соли 1908-и тарсоӣ дар Бейрут ба чоп расондааст. Аш-шер зодаи 1867 дар яке аз рустоҳои Каркуки Ироқ буд. Ӯ, ки ба забонҳои порсӣ, курдӣ, лотин, фаронсавӣ, арабӣ, ибрӣ, калдонӣ ва туркӣ чира буд, дар Ҷанги Ҷаҳонии Нахуст ба дасти туркон кушта шуд.

Вожаҳои порсӣ дар лаҳҷаи арабии Ҳиҷоз

Воқеъият он аст, ки забони тозӣ низ чи пеш ва чи пас аз тозиши тозиён ба Эрон дар додуситаде табиъӣ вожаҳои бисёреро аз забони порсӣ вом гирифтааст. Аммо ин вомвожаҳоро чунон дар дастгоҳи дастурии худ гуворда (ҳазм карда) ва бо вижагиҳои забонии худ ҳамоҳанг кардааст, ки бозшинохтанашон гоҳ бисёр сахт мешавад. Барои намуна, вожаҳои “муҳандис” ва “ҳандаса” аз “андоза”-и порсӣ ва вожаҳои “созаҷ” ва “сазоҷа” аз вожаи “сода”-и порсӣ сохта шудаанд.

Боргирии китоби “Забон ва адаби форсӣ дар қаламрави Усмонӣ”

Саргузашти пурфарозунишеби забон ва фарҳанги эронӣ дар ҳар диёр ҷудо-ҷудо бояд бадиққат мавриди баррасӣ ва шинохт қарор гирад. Ҳосили кор, аз як тараф, риштаҳои дӯстӣ ва пайванди маънавӣ миёни мо ва ҳамсоягони моро устувории бештар хоҳад бахшид. Аз тарафи дигар, чеҳраи фарҳанги ҷаҳонгири дерсоли Эрон, ин пири сарфарози қурун ва аъсорро, тобноктар хоҳад кард. Гавҳарҳои гумшудае ба бозор хоҳад омад, ки таҳқиқ дар онҳо ва баҳраҷӯӣ аз онҳо забону фарҳанги моро ғанитар хоҳад кард ва бар ҷилваю ҷамоли он хоҳад афзуд.

Боргирии “Фарҳанги ривояти динӣ”

“Фарҳанги ривояти динӣ”, нивиштаи порсӣ аз соли 1023-и яздигирдӣ (1654-и тарсоӣ/милодӣ) аст. Манучеҳри Санҷоно, нивисандаи он, порсиро хуб намедониста ва гӯё барои ёдгирии худ ин фарҳангвораро фароҳам овардааст. Ҳарчанд кори Санҷоно пур аз бадхонӣ ва бадгирӣ аст ва бархе аз вожаҳоро дуруст нахонда ё дуруст андар наёфта, аммо фарҳангҳое аз ин даст нишонгари тародод (суннат)-и фарҳангнивисӣ дар бахше аз густараи шаҳройинии эронӣ (Гуҷарот) ва низ пайванди беҳдинони он паҳна бо забони порсӣ дар се-чаҳор садаи пеш аст.

Боргирии ройгони “Вожаҳои эронӣ дар забони суэдӣ”

Дуктур Ҳусйени Озарони Нахаъӣ дар соли 1303-и хуршедӣ / 1924-и милодӣ дар шаҳри Арок зода шуд ва дар Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ дониш омӯхт ва солҳо дар дабиристонҳои Теҳрон ва Караҷ ва Шамирон забон ва адабиёти порсӣ омӯзиш дод ва давраи коршиносии аршад ва дуктурии худро дар Донишгоҳи Теҳрон ба поён расонд ва поённомаи дуктурии худро дар забоншиносӣ ва забонҳои эронӣ гузаронд.

1 2 3 4 5 6