Андарзи устод Шакурӣ ба манкуртон

Устод Шакурӣ: “Истилоҳи «адабиёти тоҷикӣ» аз нимаи солҳои бистуми садаи бистум ба вуҷуд омад. Истилоҳи «забони тоҷикӣ» низ ҳамон вақт ба тақозои замон пазируфта шуд. Пайдоиши истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» низ ба сабабҳои ҷиддии торихӣ вобастагӣ дошт. Имрӯз вазъи торихӣ дигар аст ва имконе ба миён омадааст, ки ъадолати торихӣ барқарор шавад ва ба номи [ростини] забону адабиёти тоҷикон баргардем ва боз забони онҳоро забони ФОРСӢ ва адабиёташонро АДАБИЁТИ ФОРСӢ биномем.”

Тозизадагӣ дар гузориш ва воковии адаби порсӣ

Аз дер боз, порае аз пажӯҳандагон бар ин бовари дурӯғ будаанд, ки чомасароён ва гӯяндгони эронӣ дарунаи корҳои хешро вомдори чомагуёни ъараб буданд, то онҷо ки адаби порсиро резахору дарюзагари адаби ъарабӣ баршумурдаанд! Дар ин ҷустор Ваҳиди Сабзиёнпур, устоди забону адабиёти ъарабии Донишгоҳи Розӣ дар Эрон, барменумояд, ки бисёре аз амсолу ҳикам ва мазоминеро, ки ин пажӯҳандагон банораво ъарабӣ донистаанд, худ баргирифта аз фарҳанги эрониёни пеш аз ислом будааст.

Тоҳири Ъабдулҷаббор: ‘Растохез’ ва забони порсӣ

Созмони “Растохез” мехост, ки дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ (порсӣ) ҳамаи вазифаҳои забони давлатиро иҷро кунад, то заминаи рушду такомули забону фарҳанги миллии мо фароҳам ояд. Зоҳиран, ин ҳадаф хилофи Қонуни Асосии кишвар набуд. Мувофиқи он, Тоҷикистон яке аз 15 ҷумҳурии шӯравӣ маҳсуб мешуд, яъне як давлати миллӣ буд. Муҳимтарин нишонаи давлати миллӣ доштани забону фарҳанги миллӣ аст. Пас забони давлатии Тоҷикистон бояд забони тоҷикӣ (порсӣ) бошад.

Чиро Тоҷикистон сӣ сол пеш форсиро забони расмӣ кард?

Тоҷикистон аз нахустин ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар поёни даҳаи 1980-и милодӣ шоҳиди ҷунбишҳои миллӣ ва мардумӣ шуд, ки аз ҳукумати вақт хостанд забони миллии мардумро ба ҷои забони русӣ бар ҷойгоҳи забони расмии ин ҷумҳурӣ биншонад. Тазоҳуроти мардумӣ комгор шуд ва рӯзи 31 тири 1368 (баробар бо 22 жуиеи 1989) забони форсӣ бо номи “тоҷикӣ (форсӣ) дар Тоҷикистон расмият ёфт.

Чиро нодурустнивисӣ дар Афғонистон ҳанҷор шудааст?

Иштибоҳоти дастуризабонӣ ва имлоӣ дар адабиёти нивишторӣ ва гуфтории форсӣ дар болотарин сутӯҳи идорӣ ва окодемик дар Афғонистон – аз дафтари риёсати ҷумҳурӣ ва порлумону визоратхонаҳо гирифта, то ниҳодҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳо – баҳсе тоза нест, ҳарчанд барои ъалоқамандон ба забони форсӣ дар Афғонистон башиддат нигаронкунанда аст.

Идеи Эрон: Торихи як мафҳум

Зиндаёд пруфесур Шопури Шаҳбозӣ дар ин ҷустор нишон медиҳад, ки «идеи Эрон» – чунон як киёни миллӣ ё кишваре бо як ҳувияти забонӣ, сиёсӣ ва қавмӣ ба рӯзгори авестоӣ бозмегардад ва идеи Эрон аз он рӯзгори бисёр куҳан то ба имрӯз зинда ва устувор будааст; ҳам бад-он гаҳ, ки чунин ҳувияти миллиеро юнониёну румиён бисёр дертар шинохтанд ва бад-он даст ёфтанд. Бар ин поя, эрониён нахустин миллати ҷаҳонанд, ки ба худогоҳии миллӣ даст ёфтанд ва бар пояи он давлат пай ниҳоданд.

Барномаи шунидории «Вопасин мардони тот»

Бар пояи гувоҳҳои устувор ва рӯшани торихӣ ва забоншинохтӣ, забоне, ки тотиёни имрӯз бад-он сухан мегӯянд, то чаҳорсад сол пеш (то замони Сафавиён) забони ҳамаи озарбойҷониён буд, лек бо турктозии забони туркӣ, забони тотӣ андак-андак аз миён бирафт ва танҳо бошандгони чанд ободӣ ин забонро нигаҳ бидоштанд ва то ба имрӯз расонданд. Забони тотӣ гӯишҳои гуногун дорад ва худ бозмондаи забони озарӣ – забони куҳани Озарбойҷон – аст, ки гӯише аз забони порсиг (паҳлавӣ) будааст.

Баррасии густараи забони порсӣ дар ҷаҳон дар гуфтугӯ бо Ҳасани Ануша

Қаламрави фарҳангии мо то Ӯш будааст, ки дар мағриби Қирғизистон аст ва аз тарафи дигар то Чимкант, ки дар ҷануби Қазоқистон қарор дорад. Ҳамчунин саросари Узбакистон ва Тоҷикистони имрӯзро низ дар бар мегирифтааст. Дар ъасри пас аз ислом, Тоҷикистон хостгоҳи забон форсӣ ва забони эронӣ дар давраи Сомониён будааст. Самарқанд, Бухоро, Чоч, Тирмиз, Хуҷанд ва… бахше аз ҳавзаи шарқии тамаддуни мо будаанд.

Инфандиёри Одина: Дар Бухоро забони порсиро булшевик аз расмият андохт, на босмачӣ

Оё пешвоёни понтуркисм дар минтақа монанди Ъабдуррауфи Фитрат, Файзулло Хоҷаюф, Ъабдулло Раҳимбоюф ва чанде дигар босмачӣ буданд ё ҷузви артиши сурх ва ҳизби булшевики Русия, ки Бухороро бумборон кард ва онҳоро бар тахт нишонд? Ин артиши сурхи Русия буд, ки Бухороро вайрон кард ва понтуркистонро дар онҷо бар тахт нишонд, на босмачиҳо! Ин артиши сурхи Русия буд, ки забони порсиро дар Бухоро мамнӯъ кард ва ба ҷояш чағатоӣ ва русиро забонҳои расмӣ кард, на босмачиҳо!

Дидгоҳҳои дуктур Муллоҷон дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ

Истилоҳи “забони тоҷикӣ” на ба лиҳози ъилмӣ дуруст аст, на аз назари торихӣ саҳеҳ ва на ба эътибори нажодӣ солим, балки дарвоқеъ ҳомили навъе табъиз аст. Чун “форсӣ” аз даврони Сомониён ба ъунвони як забони муштарак барои ҳамаи эрониёни шарқӣ ба кор бурда мешуд; мардумоне, ки тақрибан то замони ҳамлаи муғул, ва дар манотиқи кӯҳистонӣ то охирҳои қуруни вусто, ба забонҳои эронии шарқӣ такаллум мекарданд.

1 2 3 13