Раҳнаварди Зарёб: Мекӯшем вожаҳои бегонаро аз дарӣ берун кунем

Ҳамин акнун дар манотиқи паштуннишин вақте кӯдаке мехоҳад босавод шавад, “Гулистон”-и Саъдӣ мехонад, Мавлоно ва Ҳофиз мехонад. Як муаррихи бузурги Афғонистон, ки дар Эрон низ чеҳраи шинохташудае аст, ба номи устод Абдулҳаййи Ҳабибӣ, мегуфт, мо забони дариро аз Байҳақӣ ва Ҳофиз ва Саъдӣ омӯхтаем, яъне ҳамин ҳоло ҳам осори таълимии забони форсӣ барои кӯдакон дар масоҷиди паштуннишин вуҷуд дорад.

No Image

Чанд пешниҳод барои порсинивисон

Вожаҳоеро, ки дорои вокҳои вижаи забони арабӣ (ث، ح، ع، ق، ص، ض، ط و ظ) ҳастанд, метавон ба чандин десаи гуногун нивишт. Барои намуна, вожаи “амиқ” (عمیق)-ро ба чаҳор десаи гуногун (امیغ، امیق، عمیغ و عمیق), вожаи “аср” (عصر)-ро ба шаш десаи гуногун (اسر، اثر، اصر، عسر، عثر و عصر), вожаи “азм” (عزم)-ро ба ҳашт десаи гуногун ва ҳатто вожаи “эҳтизоз” (اهتزاز)-ро метавон ба 128 десаи гуногун нивишт. Чироии он ин аст ки овои вокҳои вижаи забони арабӣ дар рожмони овоии забони порсӣ вуҷуд надоранд ва ин сабаб шуда, ки шуморе аз вокҳо дар забони порсӣ хониши яксон дошта бошанд.

Садриддин Айнӣ ва тағйири алифбо

Идеулужии ҳоким дар даврони шӯравӣ Садриддин Айниро яке аз бунёнгузорони алифбои лотин ва пириллик дар Тоҷикистон муъаррифӣ мекард. Бисёре ҳам ба ин пиндор вақъ ниҳоданду бовар карданд; ғофил аз ин ки “бунёнгузор”-и алифбоҳои бегона дар Тоҷикистон ҳатто як асар ё номаи худро ба хатте ҷуз порсӣ нанигоштааст ва дар воқеъ, аз мухолифони хомӯши тағйири алифбо дар поёни даҳаҳои 1920 ва 1930 будааст.

Боргирии вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон

Фарҳангистони Эрон ниҳоде буд, ки дар 29 ардибиҳишти 1314 барои посдорӣ ва полоиши забону дабираи порсӣ ба фармони Ризошоҳ оғоз ба кор ва кӯшишҳои худро то соли 1333 дунбол кард. Онро “Фарҳангистони нахуст” низ номидаанд. Дар нигоҳе гузаро метавон гуфт, ки бештари кӯшишҳои Фарҳангистони Эрон дар заминаи вожагузинӣ буд, ки бо рӯйовариши густардаи тӯдаҳои мардум низ рӯбарӯ шуд.

Боргирии ройгони “Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ”

“Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ”, ки дарбардорандаи ҳудуди 3000 вомвожа ва решаҳои он аст, дар тирмоҳи 1347 дар Теҳрон аз сӯйи Анҷумани осори миллӣ ба чоп расидааст. Ҳамон гуна ки аз номи ин наск (китоб) бармеояд, гӯшае аз партавафканиҳои забону адаби порсӣ дар забони арабиро, он ҳам ба гунае донишӣ ва мустанад менамоёнад, ки аз нигари решаҳои бисёре аз вожаҳо дар ин ду забон арҷи фаровоне дорад.

Ба “Эрони паҳновари фарҳангӣ” бияндешем

Барои нахустин бор дар даҳаҳои кунунӣ аст, ки устодони донишгоҳ ва мудироне аз иқлими Курдистони Ироқ барои густариши пайвандҳои фарҳангӣ ба Эрон омадаанд ва дар ин росто нишасти “Забони порсӣ, вазъияти кунунӣ ва пешинаи он дар Курдистони Ироқ”-ро ба кӯшиши Пижӯҳишкадаи фарҳанг ва ҳунари ҷиҳоди донишгоҳӣ дар донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон рӯзи 24 баҳманмоҳ баргузор карданд.

No Image

“Гузашта ва ояндаи форсӣ” аз устод Ҳайдарӣ-Малоирӣ

“Гузашта ва ояндаи форсӣ” ва “Гуфторе чанд перомуни порсии сара” аз устод Муҳаммади Ҳайдарӣ-Малоирӣ ва ҳамчунин гапугуфти эшон бо устод Дориюши Ошӯрӣ дар барномаи “Паргор”-и Би-би-сиро дар ин ҷо бибинеду бишнавед.

Боргирии ройгони панҷумин шумораи фаслномаи “Забони порсӣ”

Панҷумин шумораи фаслномаи илмӣ-фарҳангии “Забони порсӣ” (баҳори 1393/2014) аз сӯйи бунёди иҷтимоъии “Забони модарӣ” дар Тоҷикистон ба ройгон мунташир шуд. Дастандаркорони ин шумораи “Забони порсӣ”, ки ба ду дабираи порсӣ ва сириллик чоп шуда, Зарафшон Мардонова, Назаршоҳ Назаршоев, Фирӯз Набиев ва Дориюши Раҷабиён ҳастанд.

Нигарише нав ба феъли форсӣ

Ҷумлаҳо дар канори ҳам гуфтор ва забонро месозанд. Забон худ дашти паҳновар ва беинтиҳоест, ки метавонад чизе беш аз абзор барои пайванд миёни инсонҳо бошад. Кӯшиши нависандаи китоб низ аз ин рӯ пешниҳодҳои тоза дар заминаи баҳраҷӯӣ аз феълҳоест, ки то кунун камтар ба онҳо баҳо дода шудааст. Ин китоб нигоҳест жарф ва тоза ва дигаргуна ба “феъл” дар забони порсӣ, ки бисёре аз забоншиносон онро сутун ва пояи ҷумла медонанд.

Форсии аз об гузашта

Ҳасани Анӯша бо ишора ба китоби дар дасти нигориши худ аз пахши китобҳояш дар бисту ҳафтумин намоишгоҳи китоби Теҳрон хабар дод.

Ин фарҳангноманавис дар бораи китоби “Форсии аз об гузашта” гуфт: “Ин китоб дарбардорандаи вожаҳое аст, ки дар дигар кишварҳои порсизабон ва Осиёи Миёна аз онҳо баҳра гирифта мешавад.”

1 11 12 13 14