Аҳрум ё аҳром: корбурди кудом дуруст аст?

Аҳрум милае чӯбӣ ё оҳанист мисли ъасо, ки ба кумаки он шайъи сангинеро аз ҷояш ҳаракат медиҳанд. Аҳрумро зери он шайъи сангин мебаранд ва зери аҳрум масалан санге мегузоранд ва фишор меоваранд, то баосонӣ он шайъи сангин аз ҷо биҷунбад. Аҳрум бо ҳо-и ҳавваз нивишта мешавад (اهرم) ва вожае порсӣ аст. Аммо “аҳром” вожае ъарабӣ аст ва ҷамъи вожаи “ҳарам” аст ва ба маънои а) ҳарамсаро ё хонаи подшоҳон ва аъёну ашроф ва ё б) ҷои муқаддас ва зиёратгоҳ ва оромгоҳ ва ё хонаи каъба аст.

Устоди Донишгоҳи Колифурниё: Забони порсӣ куҳантарин забони зиндаи ҷаҳон аст

Забони имперотурии Ъусмонӣ то пеш аз таъсиси давлати Туркия форсӣ буд ва туркони ъусмонӣ дар мукотибот ва суханрониҳо ва ашъорашон ба забони форсӣ такя доштанд! Ин нишон медиҳад, ки забони форсиро ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад ба ъунвони як забони қавмӣ пазируфт, балки як забони торихӣ аст, ки боъиси эҷоди ҳамбастагӣ дар миёни бисёре аз мардумони мутамаддини Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ ва Ховари Миёна шуд ва мероси бузурги фарҳангӣ, адабӣ, торихӣ ва динӣ ба вуҷуд овард.

Чӣ бояд кард, то як забонамон се забон нашавад?

Ҳоло забони порсиро ҳам чун забони модарӣ ва ҳам чун забони расмӣ ақвоми бисёр ба кор мебаранд, ки яке аз чунин ақвоми асосии соҳиби ин забон тоҷиконанд, ки ҳам дар Тоҷикистону Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳам дар Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон ва Чин зиндагӣ мекунанд. Ва мо ба ҳеч ваҷҳ наметавонем забони онҳоро дар Тоҷикистон ‘тоҷикӣ’-ву дар Афғонистон ‘дарӣ’ ва дар Ӯзбакистону Покистон ва соири кишварҳо бо ягон номи дигаре ёд кунем.

Боргирии “Торихи адабиёти Эрони пеш аз ислом”-и дуктур Аҳмади Тафаззулӣ

Китоби “Торихи адабиёти Эрони пеш аз ислом” нивиштаи устоди ҷонбохтаи Донишгоҳи Теҳрон, дуктур Аҳмади Тафаззулӣ, адабшиноси баном, аст. Ин нибег феҳристе аз садҳо нибегест, ки аз Эрони Бостон ба имрӯз расидаанд, ба ҳамроҳи чакидае аз дарунаи онҳо. Ин нибег ва дигар монандони ин нибег батанҳоӣ посухеанд ба ин густохии он даста аз камхонони пургӯ ва дужогоҳе, ки гӯянд эрониёни бостон нивиштае надоштаанд!

Тозизадагӣ дар гузориш ва воковии адаби порсӣ

Аз дер боз, порае аз пажӯҳандагон бар ин бовари дурӯғ будаанд, ки чомасароён ва гӯяндгони эронӣ дарунаи корҳои хешро вомдори чомагуёни ъараб буданд, то онҷо ки адаби порсиро резахору дарюзагари адаби ъарабӣ баршумурдаанд! Дар ин ҷустор Ваҳиди Сабзиёнпур, устоди забону адабиёти ъарабии Донишгоҳи Розӣ дар Эрон, барменумояд, ки бисёре аз амсолу ҳикам ва мазоминеро, ки ин пажӯҳандагон банораво ъарабӣ донистаанд, худ баргирифта аз фарҳанги эрониёни пеш аз ислом будааст.

Тоҳири Ъабдулҷаббор: ‘Растохез’ ва забони порсӣ

Созмони “Растохез” мехост, ки дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ (порсӣ) ҳамаи вазифаҳои забони давлатиро иҷро кунад, то заминаи рушду такомули забону фарҳанги миллии мо фароҳам ояд. Зоҳиран, ин ҳадаф хилофи Қонуни Асосии кишвар набуд. Мувофиқи он, Тоҷикистон яке аз 15 ҷумҳурии шӯравӣ маҳсуб мешуд, яъне як давлати миллӣ буд. Муҳимтарин нишонаи давлати миллӣ доштани забону фарҳанги миллӣ аст. Пас забони давлатии Тоҷикистон бояд забони тоҷикӣ (порсӣ) бошад.

Чиро нодурустнивисӣ дар Афғонистон ҳанҷор шудааст?

Иштибоҳоти дастуризабонӣ ва имлоӣ дар адабиёти нивишторӣ ва гуфтории форсӣ дар болотарин сутӯҳи идорӣ ва окодемик дар Афғонистон – аз дафтари риёсати ҷумҳурӣ ва порлумону визоратхонаҳо гирифта, то ниҳодҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳо – баҳсе тоза нест, ҳарчанд барои ъалоқамандон ба забони форсӣ дар Афғонистон башиддат нигаронкунанда аст.

Аз «тавон доштан» то «тавонистан»

Муҳаммадҳасани Ҷалолиёни Чолиштурӣ, устодёри донишгоҳи Табрез, дар гуфтори “Аз «тавон доштан» то «тавонистан»” ба сохти корвожаи бекасонӣ (ғайришахсӣ)-и «тавон» дар забони порсиг мепардозад, то аз ин роҳ чигунагии сохти корвожаҳои бекасонӣ дар забони порсиро, ки реша дар порсиг (паҳлавӣ) ва порса (порсии бостон) доранд, барнамояд.

Дар бораи корвожаҳои барсохта

Ъалиашрафи Содиқӣ, нивисандаи ин ҷустор, бад-ин гурӯҳ ҳушдор дода ва ёдовар шудааст: «Усулан набояд масдарро бо феъл хилт кард. Масдар яке аз муштаққоти феъл аст, ҳамон туре ки исми масдар ва сифати фоъилӣ ва сифати мафъулӣ чунинанд, аммо феъл шаклҳои сарфшудаест, ки дорои шахсу шумору замонанд ва дар ҷумла дар нақши гузора ба кор мераванд. Ончи дар вожагони ъилмӣ мавриди ниёз аст, муштаққоти исмӣ ва сифатии феъл аст, на шаклҳои сарфшудаи он.

Баррасии густараи забони порсӣ дар ҷаҳон дар гуфтугӯ бо Ҳасани Ануша

Қаламрави фарҳангии мо то Ӯш будааст, ки дар мағриби Қирғизистон аст ва аз тарафи дигар то Чимкант, ки дар ҷануби Қазоқистон қарор дорад. Ҳамчунин саросари Узбакистон ва Тоҷикистони имрӯзро низ дар бар мегирифтааст. Дар ъасри пас аз ислом, Тоҷикистон хостгоҳи забон форсӣ ва забони эронӣ дар давраи Сомониён будааст. Самарқанд, Бухоро, Чоч, Тирмиз, Хуҷанд ва… бахше аз ҳавзаи шарқии тамаддуни мо будаанд.

1 2 3 11