Боргирии вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон

Фарҳангистони Эрон ниҳоде буд, ки дар 29 ардибиҳишти 1314 барои посдорӣ ва полоиши забону дабираи порсӣ ба фармони Ризошоҳ оғоз ба кор ва кӯшишҳои худро то соли 1333 дунбол кард. Онро “Фарҳангистони нахуст” низ номидаанд. Дар нигоҳе гузаро метавон гуфт, ки бештари кӯшишҳои Фарҳангистони Эрон дар заминаи вожагузинӣ буд, ки бо рӯйовариши густардаи тӯдаҳои мардум низ рӯбарӯ шуд.

Боргирии ройгони “Вожаномаи фалсафӣ”-и Суҳайли Муҳсини Афнон

Дар пайи сайри андеша ногузир мебоистӣ бар Ховар ва Бохтар ҳарду рӯ бурд. Ҷуз он ки дар Эронзамин дониши ин ду бахши ҷаҳон бо пиндорҳои деринаи кишвар омехта шуд ва аз он омӯзише ба миён омад, ки то кунун пойдор аст. Бино бар ин, фарҳанге таҳия шуд дорои вожаҳои фалсафӣ дар паҳлавию форсӣ ва арабӣ аз як сӯ ва юнонию инглисию фаронсавӣ аз сӯйи дигар, ба умеди он ки пижӯҳандагонро писанд ояд ва донишҷӯёнро судманд.

Фарҳанг (вожанома)-и сангисарӣ

Сангисар дар устони Симнон қарор дорад ва бисёре аз сангисариҳо ба кори домдорӣ машғуланд. Аз онҷо ки дар Сангисар ҷамъияти баҳоии қобили таваҷҷуҳе вуҷуд дошта, дар солҳои ахир номи расмии он ба Меҳдишаҳр баргардонда шудааст. Аммо бештари мардум ҳамчунон онро ба ҳамон номи аслӣ мехонданд. Ду тан аз сангисариҳои номдор дар даврони пеш аз инқилоб иборатанд аз Ҳажири Яздонӣ ва Парвизи Собитӣ. Забони сангисарӣ ба ҳамроҳи “сурхаӣ” ва “лосгардӣ” ва “афтарӣ” ва “шаҳмирзодӣ” гурӯҳеро ташкил медиҳад, ки бештар ба забони табарӣ наздиканд, то забони симнонӣ.

Боргирии ройгони “Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ”

“Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ”, ки дарбардорандаи ҳудуди 3000 вомвожа ва решаҳои он аст, дар тирмоҳи 1347 дар Теҳрон аз сӯйи Анҷумани осори миллӣ ба чоп расидааст. Ҳамон гуна ки аз номи ин наск (китоб) бармеояд, гӯшае аз партавафканиҳои забону адаби порсӣ дар забони арабиро, он ҳам ба гунае донишӣ ва мустанад менамоёнад, ки аз нигари решаҳои бисёре аз вожаҳо дар ин ду забон арҷи фаровоне дорад.

Вожаҳои сара дар порсии тоҷикистонӣ

Бозёфтани вожаҳои сара дар гӯиши тоҷикӣ кори содае нест, чун сараҷӯ ҳангоми пажӯҳиши гуфтори тоҷикон ба ҷои шунидани вожагони сара садҳо ва ҳазорон вожаи русиеро мешунавад, ки бисёришон бе он ки ниёзе вижа ба онҳо бошад, ба гӯиши тоҷикӣ роҳ ёфтаанд ва дар он ҷо уфтодаанд. Ба ҳар рӯй, ончи ман дар инҷо ба даст медиҳам, бархе аз вожаҳои сараест, ки дар гӯиши тоҷикӣ ба кор меравад ва метавон корбурди онҳоро ба дигар порсизабонон пешниҳод кард.

No Image

“Гузашта ва ояндаи форсӣ” аз устод Ҳайдарӣ-Малоирӣ

“Гузашта ва ояндаи форсӣ” ва “Гуфторе чанд перомуни порсии сара” аз устод Муҳаммади Ҳайдарӣ-Малоирӣ ва ҳамчунин гапугуфти эшон бо устод Дориюши Ошӯрӣ дар барномаи “Паргор”-и Би-би-сиро дар ин ҷо бибинеду бишнавед.

Нигарише нав ба феъли форсӣ

Ҷумлаҳо дар канори ҳам гуфтор ва забонро месозанд. Забон худ дашти паҳновар ва беинтиҳоест, ки метавонад чизе беш аз абзор барои пайванд миёни инсонҳо бошад. Кӯшиши нависандаи китоб низ аз ин рӯ пешниҳодҳои тоза дар заминаи баҳраҷӯӣ аз феълҳоест, ки то кунун камтар ба онҳо баҳо дода шудааст. Ин китоб нигоҳест жарф ва тоза ва дигаргуна ба “феъл” дар забони порсӣ, ки бисёре аз забоншиносон онро сутун ва пояи ҷумла медонанд.

“Фарҳанги форсии Амид”

Ҳасани Амид, фарҳангнавис, нависанда ва рӯзноманигори номдори эронӣ аст. Ў нависандаи “Фарҳанги Амид” аст, ки аз пуркорбурдтарин фарҳангҳои имрӯзи порсӣ ба шумор меояд. Ҳасани Амид дар соли 1289-и хуршедӣ дар шаҳри Машҳад чашм ба ҷаҳон гушуд. Ӯ дар ҳамон шаҳр омӯзишҳои пояиро дид ва дар ҷавонӣ ҳамванди Анҷумани адабӣ шуд ва кори рӯзноманигорӣ, нависандагиву фарҳангнависиро аз ҳамон солҳо оғоз кард.

Падидоршиносии забони порсӣ аз нигоҳи Каззозӣ дар “Овое аз жарфо”

“Овое аз жарфо” дарбардорандаи гуфтушунудҳои дароздомани Муҳаммадризо Иршод бо Мир Ҷалолиддини Каззозӣ дар падидоршиносии забони форсӣ аст. Омоҷи ин китоб нигоҳе ба забони порсӣ дар бистари фароянди мудернитеи эронӣ аст.

Чаҳор сӯи ҷуғрофиёӣ дар забони порсӣ

Имрӯза дар забони порсӣ чаҳор сӯи ҷуғрофиёиро шимол, ҷануб, ғарбу шарқ меномем ва агар бихоҳем порситар бинависем ва ё сухан бигӯем, шарқро ховар ва ғарбро бохтар мегӯем. Он чи пайдост, ин аст, ки як забону фарҳанги куҳан наметавонад дар заминаи вожаҳое, ки дар зиндагии ҳаррӯзааш корбурд доштааст, камбуде дошта бошад.

1 9 10 11 12