Баҳра аз корвожаҳои сода ба ҷои омехта

Корвожаҳои омехта [=афъоли мураккаб] дар порсии имрӯз ҷои бисёре аз корвожаҳои сода ва пешвандиро гирифтаанд ва шумори бисёре аз корвожаҳои сода дар порсии имрӯз аз ёд рафтаанд ва ба ҷои онҳо корвожаҳои омехта нишастааст.

Корвожаҳои пешвандӣ

Забони порсиг [=паҳлавии соcонӣ] забони бисёр тавонмандест, ки баосонӣ аз номвожаҳо ва зобҳо корвожа месозад. Андар ин забон корвожаҳои пешвандӣ низ фаровон ба кор меравад ва баҳра аз он барои расондани чамҳои бориксанҷона равоги бисёр дорад, чунон: фарозрасидан, абаррасидан, фарозомадан, андаромадан, фарозрафтан, абозрафтан, фурудшудан, андаршудан, андарабоистан, абозмондан, абозвардидан.

Даромаде бар полоиши забони порсӣ

Ҳомиди Қаннодӣ: Пас аз поёни давраи Қоҷор ва оғози подшоҳии Паҳлавӣ бисёре аз нивисандагон, ки аз забони нивишторӣ сахт монда шуда буданд, ба забони кӯчабозорӣ рӯй оварданд. Забони кӯчабозорӣ ё ҳамон забони тӯда, бештар аз вожаҳои худи забон буд, аз ин рӯй, дарёфт он бисёр содатар аз нивиштаҳои пешин буд. Чанд сол пас аз он Фарҳангистони забон падид омад ва ҳамзамон бо он бузургоне ҳамчун Аҳмади Касравӣ, рӯ ба саранивисӣ оварданд.

Бобоҷон Ғафуров: Фаромӯш кардани форсӣ мумкин нест

То замоне ки ҳанӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон падид наёмада буд, сухан аз миллияти тоҷик гуфтан кори душворе буд. Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ин ноҳия андак-андак худро тоҷик эълом карданд ва аз ин роҳ бештар муттаҳид шуданд. Ин иттиҳоди, ба истилоҳ, форсизабонони Осиёи Миёна сабаб шудааст, ки имрӯза Тоҷикистон ба як маркази иттиҳоди забонӣ ва фарҳангӣ бадал шавад.

Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (1)

Ҳамаи забонҳо, камубеш, ниёзманди вом гирифтани вожаҳое аз дигар забонҳо ҳастанд. Албатта, вижакорони забон мекӯшанд нахуст баробарҳое барои он вожаҳо бисозанд, агар нашуд, вожаҳои бегонаро бар пояи рожмони овоии худ дигаргун мекунанд ва онгоҳ онҳоро мепазиранд.

Форсӣ шакар аст

Яке аз достонҳои кӯтоҳи зебои Муҳаммадъалии Ҷамолзода достонест ба номи “Форсӣ шакар аст”. Дар ин достон ду даста аз мардум бахубӣ нишон дода мешаванд: Яке, гурӯҳе тозизада, ки ҳамаи вожаҳои суханонашон тозӣ аст ва гумон мекунанд ин гуна сухан гуфтан нишонаи бартарӣ ва дониш аст. Ва гурӯҳи дувум фарангимаобҳои ғарбзада аст, ки ҳамаи суханонашон ғарбӣ (дар инҷо фаронса) аст.

No Image

Забони ширини форсӣ

“Забони ширини форсӣ” варноми суханронии устод Жолаи Омӯзгор аст, ки дар ойини гушоиши Анҷумани андаркишварол (байналмилалӣ)-и эроншиносӣ (The International Society for Iranian Studies, ISIS) дар 27 жуани 2010 дар Лус-Онҷелес хонда шудааст.

Баҳсе дар бораи сарфи феъл дар забони ъилмии форсӣ

Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ: Хушбахтона, забони ъилмии форсӣ дар гароиши ҷадиди худ ба сӯи тавоноӣ ва ғинои бештар … муъодили истилоҳҳои возеҳи ъилмиро месозад. Аз ин рӯ, танҳо маъное, ки масалан ба масдари “обидан” дар ъилм дода шуда, ин аст: “таркиб кардан бо об.”

Дигаргунии вожагони форсӣ

Яке аз осори муҳимми забонии бархӯрд бо тамаддуну фарҳанги нав зинда шудани дастгоҳи вожасозии забони форсӣ ва дубора зоё шудани он аст. Бад-ин маъно, ки дар даврони нахусти ин бархӯрд ба сабаби одатҳои дерина ҳанӯз вожасозӣ ба сабки арабӣ ва дар қолаби забони арабӣ ривоҷ дошт ва агар ба унвонҳои китобҳое, ки дар даврони нахусти пас аз бунёнгузории мадрасаи дорулфунун тарҷума шуда, таваҷҷуҳ кунем, ин нукта бахубӣ рӯшан мешавад.

Эрон сарзамини мо ва порсӣ забони мо!

Ин мақолаи устод Айнӣ дар торихи 30.9.1934 нивишта шудааст – андаке пештар аз шурӯъи қатлиъоми труйкои истолинӣ ва терури сартосарии равшанфикрони тоҷик ба ҷурми дониши донишгоҳӣ (мадориси Самарқанду Бухоро) доштан ва пеш аз лак андар лак ба оташ кашидани китобҳои ҳазорсолаи мо ва пеш аз он ки забони моро хоҷагони бадманиши Кремлин “забони тоҷикӣ” (соли 1938) эълом доранд. Замони нивиштани ин мақола ҳатто дар андешаи устод Айнӣ намегунҷид, ки пас аз се-чаҳор солаке ба забон овардани вожаи “порсӣ” ё “форсӣ” ҷурму ҷиноят маҳсуб хоҳад шуд.

1 5 6 7 8 9 11