Фарҳанги вожагони Мавлоно дар гуфтугӯ бо шоъири самарқандӣ

Ҳаёт Неъмат, шоъир ва пажӯҳишгари самарқандӣ, фарҳанге аз вожагони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро таҳия карда ва барои чоп ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон супурдааст. Шамсияи Қосим (авоили моҳи декабри 2012) ба дидори ӯ рафта ва дар мусоҳибае аз кору фаъъолиятҳои ӯ дар замони иқоматаш дар Тоҷикистон ҷӯё шудааст.

Нигоҳе ба гузарвожаҳо аз паҳлавӣ ба порсии нав

Забони паҳлавӣ ё порсии миёна наздик ба як ҳазора забони расмии ду хонадони эронии Ашконӣ ва Сосонӣ будааст. Вожаҳои фаровоне аз забонҳои авестоӣ ва порсии бостон ба забони паҳлавӣ расида ва аз онҷо вориди забони порсии нав шудаанд. Ҳамчунон ки сангрезаҳои кафи рӯдхона ҳарчи бештар дар гузари об бошанд, бештар собида мешаванд, вожаҳо ҳам дар дарозои замон ҳарчи бештар ба кор гирифта шаванд, кӯтоҳтар мешаванд. Бар ин поя, дар гузари табиъии вожаҳо аз паҳлавӣ ба порсии нав дигаргуниҳое рух додааст:

Масоили вожасозӣ (6)

Вожасозӣ масъалаест мавридӣ ва сайри забони форсӣ ва вожасозӣ дар ин чиҳил-панҷоҳсола ҳам пуштибони ин муддаъо аст. Ҳукмҳои куллӣ аз ин даст, ки метавон ва бояд дар баробари ҳар вожаи хориҷӣ як вожаи форсӣ гузошт, ҳукмест нодуруст ва нашуданӣ. Ҳукм ба ин ки ба ҳеч ваҷҳ вожа набояд сохт ва вожаҳои хориҷиро ба ҳамон сурат пазируфт, низ ҳукмест нодуруст ва ношуданӣ. Ва ё тасаввури ин ки дар баробари тамоми мафҳумҳо ва номҳои тозаи фарҳанги урупоӣ дар китобҳои куҳан ногузир баробарӣ ёфт мешавад, содаандешона аст.

Диранге бар нивиштаи Дуйче Велле дар бораи наввожагони Фарҳангистон

Торнамои бахши форсии “Дуйче Велле” (Садои Олмон) батозагӣ бо сариҳам кардани гуфтовардҳои гуногуни расонаҳо нивиштае дар бораи вожагони барсохтаи Фарҳангистон мунташир карда [инҷо], ки дар он омадааст: “Бархе аз устодони донишгоҳ ва забоншиносон муътақиданд бисёре аз вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забони форсӣ фақат ба дарди танз мехӯрад,” вале нагуфтааст кудом устодон ва забоншиносон ва низ далелҳои ин устодон! барои танзомез донистани ин наввожагон чист. Сипас дар дунбола аз сӯи Аҳмади Пурӣ чунин гуфтовард кардааст: “Оё умедворед аммаи ман аз баққоли маҳаллаашон бихоҳад ба ӯ ду баста”хамирок” бидиҳад ва марди баққол низ дарёбаду ду баста “мокорунӣ” аз қафаса берун оварад?!”

Вожасозӣ дар чанд марҳила (7)

Барои як мафҳум ё истилоҳ дар марҳилаи нахуст чи басо баробарии дуруст ё кӯтоҳу расо ёфт нашавад ва ин кӯшиш дар мароҳили сипасин ба натиҷа бирасад. Дар рӯзгори мо, ки гароиш ба он аст, ки забони порсӣ ба пуштибонии қоъидаҳо ва қолабҳои худ ва бо сармояи худ вожаҳои тоза бисозад, дар айни ҳол ин имкон фароҳам шудааст, ки ончи дар чиҳил-панҷоҳсолаи ахир сохтаанд ва норасост, низ ислоҳ шавад, ва таркибҳо ва вожаҳое кӯтоҳтар ва беҳтар ҷонишини онҳо шавад.

Пойиши барномаи “Клик”

Коргурӯҳи пойиши Порсӣ Анҷуман дар моҳрӯзҳои (= торихҳои) ёздаҳум ва ҳиҷдаҳуми меҳрмоҳ барномаи “Клик” аз барномаҳои шабакаи Би-би-сии Форсиро пойиш кардааст. Дар ин барнома гардонандагон ба шиносондани тозатарин дастовардҳои фанноварик дар густараҳои роёнаӣ мепардозанд. Чунин ба нигар меояд, ки агарчи онон мекӯшанд то онҷо ки шуданӣ аст, аз корбурди вожагони бегона бипарҳезанд, вале будмояи (= моҳияти) чунин барномае ва пайванди он бо дастовардҳои навине, ки реша дар фарҳангу забони Бохтарзамин дорад, кори порсигӯиро дар ин заминаҳо сахттар кардааст.

Дар бораи пешванди “ҳо-“

“Ҳо-“ яке аз пешвандҳои камшинохтаи порсӣ аст, ки ҳам дар бофа (матн)-ҳои куҳани порсӣ дида мешавад ва ҳам дар гӯишҳои кунунии Эрон ба кор меравад. Корбурдҳои ин пешванд чунинанд: А) Ба карвоз (феъл) мепайвандад, вале чимор (маъно)-и онро дигар намекунад, балки гунае согин (нуонс, тағйири кам дар маъно) падид меоварад, ё бар он куниш таъкид мекунад.

Дар бораи пасванди “-гон”

Дарвоқеъ, порсизабонон барои сохтани десаи бешоли вожае, ки ба é поён меёбад, ба дунболи чигунагии он дар паҳлавӣ намегарданд, балки худкорона пасванди “-гон”-ро ба кор мебаранд. Гувоҳии ин зӯя (муддаъо) вожаҳои арабие ҳастанд, ки ба é поён меёбанд ва бо “-гон” бешол меёбанд: хосса – хоссагон, сифла – сифлагон, нухба – нухбагон, раққоса – раққосагон, наззора – наззорагон, ва дигарҳо.

Сарагароии донишик ва сарагароии адабик

Надонистани дигарсонӣ (тафовут) миёни сарагароии донишик ва сарагарои адабик аз бузургтарин гирифториҳо ва чолишҳои дӯстдорони забони порсӣ ва бовармандон ба полоишу поксозии забонӣ аст. Барои бозшинохтани ин ду рӯйкард ба сарагароӣ нахуст боёст (воҷиб аст), ки ҳидорише (таърифе) аз ин ду рӯйкард ба даст диҳем.

Пойиши метруи Теҳрон

Метруи Теҳрон густарае ҳамагонӣ аст, ки ҳамчун расонаи пурбинанда огаҳиномаҳои бисёреро дар баробари чашми ҳазорон раҳсипор (мусофир) мегузорад. Коргурӯҳи пойиши Порсӣ Анҷуман бо пурнигарӣ (таваҷҷуҳ) ба ҳамин нақши ҳаноянда (муассир) ба пойиши нивиштаҳои даруни метруи Теҳрон ва ҳамчунин торнамои он пардохтааст.

1 6 7 8 9 10 11