Вожасозӣ дар чанд марҳила (7)
Барои як мафҳум ё истилоҳ дар марҳилаи нахуст чи басо баробарии дуруст ё кӯтоҳу расо ёфт нашавад ва ин кӯшиш дар мароҳили сипасин ба натиҷа бирасад. Дар рӯзгори мо, ки гароиш ба он аст, ки забони порсӣ ба пуштибонии қоъидаҳо ва қолабҳои худ ва бо сармояи худ вожаҳои тоза бисозад, дар айни ҳол ин имкон фароҳам шудааст, ки ончи дар чиҳил-панҷоҳсолаи ахир сохтаанд ва норасост, низ ислоҳ шавад, ва таркибҳо ва вожаҳое кӯтоҳтар ва беҳтар ҷонишини онҳо шавад.