Шаҳрестãниҳã-ӣ Êрãншаҳр

<Пед куст-ӣ Хварãсãн> Самарганд шаҳрестãн Каюс-ӣ Кавãдãн бун фраганд, Сйãваш-ӣ Каюсãн бê-фразãмêнид. (3) Кайҳöсрö-ӣ Сйãвашãн ãнöҳ зãд, у-ш варзãванд ãташ Ваҳрãм ãнöҳ нишãст. (4) Пас Зардушт дêн ãвурд. Аз фрамãн-ӣ Виштãсп-шãҳ ҳазãр-у-двêст фрагард пед дêндибӣрӣҳ пед тахтагӣҳã заррêн канд уд нибишт уд пед ганз-ӣ ҳãн ãташ ниҳãд. (5) Уд пас гузастаг Сукандер сухт, уд андар ö драйãб абганд. Сугуд-ӣ ҳафт-ãшйãн: У-ш ҳафт-ãшйãнӣҳ êд кӯ ҳафт хвадãй ãшйãн андар буд: êк ҳãн-ӣ Ҷим…

Тозизадагӣ дар гузориш ва воковии адаби порсӣ

Аз дер боз, порае аз пажӯҳандагон бар ин бовари дурӯғ будаанд, ки чомасароён ва гӯяндгони эронӣ дарунаи корҳои хешро вомдори чомагуёни ъараб буданд, то онҷо ки адаби порсиро резахору дарюзагари адаби ъарабӣ баршумурдаанд! Дар ин ҷустор Ваҳиди Сабзиёнпур, устоди забону адабиёти ъарабии Донишгоҳи Розӣ дар Эрон, барменумояд, ки бисёре аз амсолу ҳикам ва мазоминеро, ки ин пажӯҳандагон банораво ъарабӣ донистаанд, худ баргирифта аз фарҳанги эрониёни пеш аз ислом будааст.

Идеи Эрон: Торихи як мафҳум

Зиндаёд пруфесур Шопури Шаҳбозӣ дар ин ҷустор нишон медиҳад, ки «идеи Эрон» – чунон як киёни миллӣ ё кишваре бо як ҳувияти забонӣ, сиёсӣ ва қавмӣ ба рӯзгори авестоӣ бозмегардад ва идеи Эрон аз он рӯзгори бисёр куҳан то ба имрӯз зинда ва устувор будааст; ҳам бад-он гаҳ, ки чунин ҳувияти миллиеро юнониёну румиён бисёр дертар шинохтанд ва бад-он даст ёфтанд. Бар ин поя, эрониён нахустин миллати ҷаҳонанд, ки ба худогоҳии миллӣ даст ёфтанд ва бар пояи он давлат пай ниҳоданд.

Боргирии «Фарҳанги тотӣ ва толишӣ»-и Ъабдулӣ 

Бадбахтона, забони толишӣ ҳамакнун низ зери фишору тозиши рӯзафзуни забони туркӣ ҷой дорад, то онҷо ки дар бахшҳое аз дӯшастари Гелон, ҳамчун бахшҳое аз Осторо, ки рӯзгоре ҳамагӣ толишизабон буданд, забони туркӣ ба ҷои забони толишӣ нишастааст ва дар Аррон низ гӯишварони толишӣ, ки шуморашон 500 ҳазор тан баровард мешавад, бо сахтиҳои густардаи фарҳангӣ ва забонӣ даступанҷа нарм мекунанд.

Барномаи шунидории «Вопасин мардони тот»

Бар пояи гувоҳҳои устувор ва рӯшани торихӣ ва забоншинохтӣ, забоне, ки тотиёни имрӯз бад-он сухан мегӯянд, то чаҳорсад сол пеш (то замони Сафавиён) забони ҳамаи озарбойҷониён буд, лек бо турктозии забони туркӣ, забони тотӣ андак-андак аз миён бирафт ва танҳо бошандгони чанд ободӣ ин забонро нигаҳ бидоштанд ва то ба имрӯз расонданд. Забони тотӣ гӯишҳои гуногун дорад ва худ бозмондаи забони озарӣ – забони куҳани Озарбойҷон – аст, ки гӯише аз забони порсиг (паҳлавӣ) будааст.

Дидгоҳҳои дуктур Муллоҷон дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ

Истилоҳи “забони тоҷикӣ” на ба лиҳози ъилмӣ дуруст аст, на аз назари торихӣ саҳеҳ ва на ба эътибори нажодӣ солим, балки дарвоқеъ ҳомили навъе табъиз аст. Чун “форсӣ” аз даврони Сомониён ба ъунвони як забони муштарак барои ҳамаи эрониёни шарқӣ ба кор бурда мешуд; мардумоне, ки тақрибан то замони ҳамлаи муғул, ва дар манотиқи кӯҳистонӣ то охирҳои қуруни вусто, ба забонҳои эронии шарқӣ такаллум мекарданд.

Забони порсӣ ва мардуми форс

Дужандарёфте (суитафоҳуме) вуҷуд дорад, ки гурӯҳе аз эрониёнро “форс” меноманд ва бар пояи ин бардошти нодуруст гӯё “мардуми форс” ба дигарон, ой (яъне) туркизабонон, ъарабизабонон, курдон, лурон, балучон, арманиён, гелониён, мозандарониён, зартуштиён ва… ситам раво медоранд. Дар ҷусторе зери ъунвони “Забони порсӣ ва мардуми форс” Катоюни Маздопур рӯшан месозад ва барменамояд, ки чунин гумоне дар бунёд нодурусту норавост.

Шодӣ гуҳари мост

Дар ҷаҳонбинии устураии эрониён Аҳриман бар ҷаҳони поку минавии Аҳуромаздо метозад ва онро бо бадӣ олуда мекунад. Пас аз он фраваҳр ё фурӯҳари инсон ҷомаи гетӣ мепӯшад ва ба ин ҷаҳон меояд, то дар ин даврони омехтагии неку бад, ки саранҷом бо пирӯзии некӣ ба поён хоҳад расид, бо корҳои хуби худ ба пирӯзии Аҳуромаздо ёрӣ бирасонад. Аҳуромаздо низ шодиро меофаринад, ки тобоварӣ (таҳаммул)-и зиштиҳо ва бадиҳоро барои инсон осонтар кунад.

Гуфтугӯ бо Ричорд Фултз, нивисандаи китоби ‘Торихи тоҷикон: эрониёни шарқ’

Ахиран китоби тозае аз Ричорд Фултз, эроншиноси баноми омрикоӣ, таҳти ъунвони “Торихи тоҷикон: эрониёни шарқӣ” дар Мадрасаи мутолеъоти осиёӣ ва офриқоии Донишгоҳи Ландан рӯнамоӣ шуд. Дориюши Раҷабиён, хабарнигори Би-би-сии Форсӣ, гуфтугӯе бо Ричорд Фултз анҷом дод, ки ба торихи шанбеи 21 урдибиҳишти 1398 (11 майи 2019) дар барномаи “Чашмандози бомдодӣ”-и родиюи Би-би-сӣ пахш шуд.

Андар боистагии порсигогоҳӣ

Забони порсӣ дунболаи Забони порсиг (паҳлавӣ) ва он низ дунболаи забони “порса” (ориё ё порсии бостон) аст. З-ин рӯ, порсишиносӣ бе порсигшиносӣ шуданӣ набошад. Бо порсигогоҳӣ аст, ки ба шинохте жарф аз порсӣ тавон даст ёзидан. Вожасозии баҳанҷор ва ойинманд низ бе порсигдонӣ шуданӣ набошад. Зеро то натавон бо вожаҳои порсиг ва шеваҳои вожасозӣ андар ин забон ошно шуд ва хӯ гирифт, вожасозӣ ҳам натвон кард.

1 2 3 7