Асосномаи забони порсӣ (замимаи номаи фарҳехтагон)

Дар оғози асри 20 Садриддин Айнӣ ин вазъиятро дарк карда, барои “ЗАБОНИ ПОРСИИ СОДА” (иборае, ки ӯ бисёр истифода мебурд) кору фаъолият мекард. Саид Нафисӣ ва Парвиз Нотили Хонларӣ забони содаи порсиро дар Тоҷикистон писандида, аммо дар ҳеч сурат онро забони бегона дарнаёфта буданд.

Номаи саргушодаи фарҳехтагон: Мо тоҷикем ва забонамон порсӣ аст!

Тамоми бузургоне, ки ба ин забон нивиштаанд, чи Рӯдакию Фирдавсӣ ва чи Пури Синову Берунӣ, чи Хайёму Мавлавӣ ва чи Ҳофизу Саъдӣ, худро порсизабон медонистанд ва дар саросари ҷаҳон “порсизабон” ба шумор меоянд. Порсӣ забонест, ки имрӯз ҳам бо офаридаҳои тозаи худ мояи ифтихори мост.

Боргирии ‘Шоҳнома’-и Фирдавсӣ – чопҳои Мокон, Вулерс, Мул, Маскав ва Холиқӣ

“Шоҳнома” корномаи сипанди эрониёни бостон, гаронсангтарин ва пурарҷтарин нивиштаи порсӣ ва яке аз волотарину бузургтарин нивиштаҳои адабии ҷаҳон аст. Ҷуз инҳо, шоҳномахонӣ ва шоҳномапажӯҳӣ роҳе бас ширин аст барои ҳар он кас, ки хостори ошноии жарфпоя бо ториху фарҳанги Эронзамин ва низ порсинивисии баҳанҷору ойинманд аст.