‘Улвар’, куҳанвожае модӣ дар порсии Кошон

Кошон ва рустоҳои перомунаш, ки порае аз куҳанбуми Мод ба шумор раванд, бисёре аз вижагиҳои забоншинохтии забонҳои бостонии Эрон – аз гуфтшиносӣ (наҳв) ва чамшиносӣ (маъношиносӣ), то вожашиносӣ (сарф) ва воҷшиносӣ (фунулужӣ)-ро дар худ нигаҳ доштаанд. Имрӯза, Кошон ва рустоҳояш ба порсии равон сухан гӯянд, лек дастикам то як сада пеш дар бисёре аз ин рустоҳо яке аз куҳангӯишҳои порсӣ равог доштааст.

Забони порсӣ ва мардуми форс

Дужандарёфте (суитафоҳуме) вуҷуд дорад, ки гурӯҳе аз эрониёнро “форс” меноманд ва бар пояи ин бардошти нодуруст гӯё “мардуми форс” ба дигарон, ой (яъне) туркизабонон, ъарабизабонон, курдон, лурон, балучон, арманиён, гелониён, мозандарониён, зартуштиён ва… ситам раво медоранд. Дар ҷусторе зери ъунвони “Забони порсӣ ва мардуми форс” Катоюни Маздопур рӯшан месозад ва барменамояд, ки чунин гумоне дар бунёд нодурусту норавост.

Шодӣ гуҳари мост

Дар ҷаҳонбинии устураии эрониён Аҳриман бар ҷаҳони поку минавии Аҳуромаздо метозад ва онро бо бадӣ олуда мекунад. Пас аз он фраваҳр ё фурӯҳари инсон ҷомаи гетӣ мепӯшад ва ба ин ҷаҳон меояд, то дар ин даврони омехтагии неку бад, ки саранҷом бо пирӯзии некӣ ба поён хоҳад расид, бо корҳои хуби худ ба пирӯзии Аҳуромаздо ёрӣ бирасонад. Аҳуромаздо низ шодиро меофаринад, ки тобоварӣ (таҳаммул)-и зиштиҳо ва бадиҳоро барои инсон осонтар кунад.

Чолишҳои имрӯзи забони форсӣ

Дуктур Ризо Аминӣ дар ҷустори “Чолишҳои имрӯзи забони форсӣ” ба душвориҳои пеши рӯи забони порсӣ аз ду сӯяи забонӣ ва нозабонӣ пардохтааст. Ишон дар сӯяи забонӣ вогароии се гунаи порсии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро аз якдигар баррасида ва аз сӯяи нозабонӣ ё душвориҳое, ки пайванде бо худи забон надоранд, ба ҷойгоҳи порсӣ дар Эрон, Афғонистон ва ТОҷикистон пардохтааст.

Шайх Саъдӣ ва ‘Фирдавсии покзод’

Ҳамаи бузургони адаби мо пас аз Фирдавсии покзод (ҳамчун Низомию Аттору Мавлонову Ҳофизу Ҷомӣ…) мустақиман ва ё ғайри мустақим аз «Шоҳнома» мояву илҳом гирифтаанд. Аммо дар ин миён шояд ҳич яке ба андозаи Шайх Саъдии Шерозӣ нисбат ба ин абармарди ториху адаби мо иродату ихлоси бузург намоиш надодааст. Саъдӣ «Бӯстон»-ро бар вазни «Шоҳнома» (баҳри мутақориби маҳзуф) суруд ва дар осори дигараш ҳам инъикоси мазмунҳои «Шоҳнома» ба таври қобили мулоҳизае намоён аст.

Гуфтугӯ бо Ричорд Фултз, нивисандаи китоби ‘Торихи тоҷикон: эрониёни шарқ’

Ахиран китоби тозае аз Ричорд Фултз, эроншиноси баноми омрикоӣ, таҳти ъунвони “Торихи тоҷикон: эрониёни шарқӣ” дар Мадрасаи мутолеъоти осиёӣ ва офриқоии Донишгоҳи Ландан рӯнамоӣ шуд. Дориюши Раҷабиён, хабарнигори Би-би-сии Форсӣ, гуфтугӯе бо Ричорд Фултз анҷом дод, ки ба торихи шанбеи 21 урдибиҳишти 1398 (11 майи 2019) дар барномаи “Чашмандози бомдодӣ”-и родиюи Би-би-сӣ пахш шуд.

Андар боистагии порсигогоҳӣ

Забони порсӣ дунболаи Забони порсиг (паҳлавӣ) ва он низ дунболаи забони “порса” (ориё ё порсии бостон) аст. З-ин рӯ, порсишиносӣ бе порсигшиносӣ шуданӣ набошад. Бо порсигогоҳӣ аст, ки ба шинохте жарф аз порсӣ тавон даст ёзидан. Вожасозии баҳанҷор ва ойинманд низ бе порсигдонӣ шуданӣ набошад. Зеро то натавон бо вожаҳои порсиг ва шеваҳои вожасозӣ андар ин забон ошно шуд ва хӯ гирифт, вожасозӣ ҳам натвон кард.