Қавонини ҳуқуқибашарӣ дар бораи омӯзиши забонҳои маҳаллӣ ва қавмӣ чи мегӯянд?
Аббос Салимии Онгил: Дар ин ёддошт, бо истинод ба «Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар», «Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ», «Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ», «Кунвонсиюни ъадами табъиз дар омӯзиш ва парвариш», «Кунвонсиюни ҳуқуқи кӯдак» ва «Қонун асосии Эрон», иддаъоҳои ҳуқуқии мухолифони расмӣ будани забони форсӣ ва ҳаводорони иҷборӣ шудани «омӯзиши забони модарӣ» ва «омӯзиш ба забони модарӣ» баррасӣ мешавад. Дар оғоз, мавод ва усуле аз қавонини ёдшударо, ки ба амри «омӯзиш» пардохтаанд, меоварем то бидонем чи мегӯянд ва дар бораи чи чизе сухан мегӯем, онгоҳ назари яке аз ҳуқуқдонони баном ва ботаҷрибае, ки пижӯҳишҳояш дар ин бора дар дарун ва буруни Эрон маҳалли руҷӯъ аст, оварда мешавад ва сипас ба бархе савийяҳои нопайдои ин мабоҳис хоҳем пардохт.