Вожагузинӣ дар даврони сосонӣ ва таъсири он дар форсии дарӣ

ساسانیانПорсӣ Анҷуман: Даврони Сосониён даврони пуршукӯҳи шаҳройинии эронӣ аст. Фарҳанг дар рӯзгори Сосониён ба чунон шукуфоӣ расида буд, ки агар бажарфӣ ба андешаҳои андешакорони даврони исломӣ, ки бештари онон эронӣ буданд, бингарем, дармеёбем, ки решаҳои ҳамаи ононе, ки хираде рӯшан ва сухане барои гуфтан доранд, ба ин рӯзгор мерасад.

___

Ҷустори “Вожагузинӣ дар даврони сосонӣ ва таъсири он дар форсии дарӣ”

Нивиштаи дуктур Ҳасани Ризоии Боғбедиро

Ба десаи Пидиэф аз “инҷо” дарёфт кунед.

___

Нивисанда дар ин ҷустор шеваҳои вожагузинӣ ва вожасозӣ барои донишвожаҳо, бавижа дар заминаҳои фалсафӣ, пизишкӣ ва ситорашиносиро дар нивиштаҳои порсиг (=паҳлавӣ) ва пайванди ин шеваҳо бо нивиштаҳои носурудини порсии дарӣ, бавижа дар садаҳои чаҳоруму панҷум ва дар нивиштаҳои бузургоне чун Пури Сино, Берунӣ ва Носири Хисравро бармерасад.

Гуфтанист дар ҷустор нодурустиҳое низ ба чашм мехӯрад. Барои намуна, дар бахши “Тарҷумаи қарзӣ” онҷо ки нивисанда бархе аз вожаҳои порсигро бе ҳеч чамварзии рӯшане баргардоне аз вожаҳои суриг (=сурёнӣ) ва юнонӣ ва тозӣ медонад. Барои намуна, “дониши шумор”, ки Берунӣ дар “Аттафҳим” ба кор бурдааст ва реша дар порсиг дорад, ва пешинае дар тозӣ надорад, Боғбедӣ баргардони “илми ҳисоб”-и тозӣ медонад, ки агар нек бингарем, вожгуна аст ва илми ҳисоб баргардоне аз дониши шумор аст ва нодурустиҳои дигаре аз ин даст.

Ба ҳар рӯй, ин ҷустор то андозае пешина ва тавонмандии порсӣ ва порсигро дар вожасозӣ нишон медиҳад. Ҷо дорад, ки пажӯҳандагон дар ин замина, ки ҳанӯз кори чандоне нашудааст, ба пажӯҳишҳои жарфтаре даст бизананд, то ҳам гиреҳ аз бисёре аз душвориҳо дар вожасозӣ бигшояд ва ҳам вожасозӣ дар порсиро бо нигар бар ин пешинаи пурбор устувор кунанд, то порсӣ битавонад хуррамияшро бештар аз порсиг ва низ авестоӣ бистонад.

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*