‘Даргилмодак’: Нашри нахустин тазкираи адабӣ ба забони рӯшонӣ

dargilmadak220Порсӣ Анҷуман: Дар Тоҷикистон нахустин тазкираи адабиёт ба забони рӯшонӣ, яке аз ҳафт забони эронии шарқии муравваҷ дар Бадахшон, мунташир шуд. Ин китоб, ки ахиран дар Маркази Исмоъилия дар шаҳри Душанбе рӯнамоӣ шуд, “Даргилмодак” ном дорад ва намунаҳое аз сурудаҳои омиёна ва ашъори шуъарои маҳаллӣ ба забони рӯшониро аз поёни садаи 19 то имрӯз дар бар дорад. Ин китоб ҳамчунин чанд ҳаҷвия, ҳикоят ва зарбулмасалу мақоли роиҷ дар миёни мардуми Рӯшонро гирд овардааст.

Китоби “Даргилмодак” бо кӯшиши шоъир ва рӯзноманигор Лутфишоҳи Қиматшоҳ ва бо виростории Сардори Раҳдор, шоъири маъруф, ки ашъори зиёде ба забони рӯшонӣ нивишта, ва зери назари дуктур Назрӣ Офаридаев, донишманди забон ва адабиёт, дар чопхонаи “Андалеб-Р” дар шаҳри Душанбе дар 140 сафҳа ва бо тирожи 500 нусха ба хатти сириллик ба табъ расидааст. Чопи ин китоб бо кумаки молии созмони “Равшандилон” муясссар шудааст.

Вожаи “даргилмодак” ба маънои “дилтангӣ барои модар” ва унвони сабке аз таронахонӣ дар бораи модар аст, ки дар миёни мардуми Бадахшон, бавижа ноҳияи Рӯшон, ривоҷ дорад. Ин китобе илмӣ нест, аммо барои соҳибзабонон ба унвони ҷузъе аз манобеъи ҳувияти худшиносӣ ва барои пажӯҳишгарони донишмандони забонҳои эронӣ, бавижа забонҳои роиҷ дар Бадахшон, метавонад ба унвони манбаъ ё маъхази илмӣ хидмат кунад. Китобҳо ва ашъоре ба забони рӯшонӣ дар гузашта ҳам чоп шудаанд, вале ин нахустин тазкираест, ки намунаҳое аз осори дастикам 20 шоъиру нивисандаро дар бармегирад.

Лутфишоҳи Қиматшоҳ, ки таҳиякунандаи китоб, мегӯяд агарчӣ “даргилмодак” ба маънои “пазмон шудани модар ва ё дилгир шудани онҳо аз дурии фарзандон” аст, аммо дарвоқеъ ин жонри вижаи адабист, ки занони рӯшонӣ ба василаи дарду ғамашонро бо назм баён мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз нашри китоб эҳёи забонҳои бидуни хатти эронии шарқӣ дар Тоҷикистон аст, ки масъулон дар солҳои охир ба онҳо камтар таваҷҷуҳ доранд.

Рӯи муқоваи ин китоб тасвире аз равзани хонаҳои суннатии помирӣ бо ду дасте, ки шамъеро фурӯзон нигаҳ медоранд, дида мешавад. Қиматшоҳ дар бораи ин тасвир гуфт: “Ин нақш ба хотири он аст, ки дар ойини зартуштӣ равзанаи чорхона рамзи чаҳор унсури табиъат ва дар мазҳаби исмоъилӣ чаҳор зинаи камолот аст. Шамъи фурӯзон рамзи рушноӣ ҳам дар дини ислом ва ҳам дар дини зартуштӣ аст.”

Китоби “Даргилмодак” аз чаҳор бахш иборат аст: бахши аввал иборат аз суханон ва осори афроди солманд аст, ки қаблан ҳаргиз мунташир нашудаанд; бахши дувум ба ашъори ғиноӣ бахшида шудааст; бахши севум аз намунахои наср (ҳикоёт) иборат аст ва бахши чаҳорум иборат аз зарбулмасалу мақол ва чистонҳост.

Дар пешгуфтори ин китоб ба қалами Лутфишоҳи Қиматшоҳ омадааст: “Ҷои таассуф аст, ки сол ба сол даҳҳо вожа ва ибораҳои пурқимату тилоии забони модарии мо, ки маҳсули эҷоду эъҷози ҳазорсолаи ниёкони ормонии мо ҳастанд, бо нафасҳои вопасини кампиракону мӯйсафедони солдида ба коми нестӣ мераванд. Аз нобудшавии тадриҷии забони модарии мо бонги изтироб ва ҳушдорҳои пайдарпай аёну ноаён ироа шаванд ҳам, то кунун вокунише дар сатҳи пойину болои ҷомеъа, дар ин замина сурат нагирифтааст, балки баръакс аксарияти мо бетафовутию берағматиро ихтиёр намуда, тамошобини мурдани тадриҷии забони модариямон шудаем.

lutfishah300Алакай, вақту фурсати он расидааст, масъулин бояд иқдому ташаббусе аз худ нишон дода, дар такя ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон бо ҳимоят аз забонҳои помирӣ,бо ҷалби мутахассисони забоншинос, адибон, рӯзноманигорон, рӯшанфикрон ва намояндагони табақоти дигари ҷомеъа барномаи вижаи инкишофи забонҳои помириро таҳия намоянд ва тарҳи он аз тариқи расонаҳо ба баррасии умум гузошта шавад.

Таблиғи забонҳои помирӣ аз тариқи родию ва телевизиюн ва рӯзномаю маҷаллаҳо, нашри осори адабии хаттию шифоҳӣ, гиромидошти рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо баргузории ҷаласаҳо, кунфронсҳо ва маҳофили адабию фарҳангӣ аз табдирҳоеанд, ки барои амалӣ намудани онҳо танҳо ҷуръату ҳиммат кофӣ аст.”

Дар пешгуфтори китоб ҳамчунин ба ҳифзи вожаҳое аз забонҳои куҳани эронӣ ишора шудааст: “Дар матнҳои китоби муқаддаси зартуштиён “Авесто” ва катибаи бостонии кӯҳи Бистун вожаҳои зиёде дучор мешаванд, ки айнан ба ҳамон шакл дар забони имрӯзаи рӯшонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд (пид-падар, мод-модар, путс-писар, ях-хоҳар, ардъон-оташдон, дъив-дев, муна- аз ман, тайа – аз ту, азум-ман, муф –инҳо, дуф-онҳо, райд-монд, вунтов-дидан, тайдан-рафтан…)”

Муаллифи пешгуфтори китоб дар бораи бархе аз жонрҳои шеър ва мусиқӣ, ки дар миёни мардуми Рӯшон ва соири манотиқи Бадахшон ба забонҳои бумӣ роиҷанд, иттилоъоте арзишманд ироа додааст. Вай менивисад:

“Лалаймодак” сари гаҳвораи тифл бо лаҳну оҳанги ширину пурнавозиш иҷро мешавад ва мазмуни он асосан муҳаббату дӯстдорӣ, садоқату вафодорӣ, дилсӯзӣ, навозиш, меҳурбонии модар нисбат ба фарзанди худ аст.

“Даргилмодак” дар мавриди фироқу ҳиҷрон ва сӯгу мотам бо садою оҳанги маҳзуну пурсӯзу гудози занона суруда шуда, муҳтавояш афсӯсу дареғ, ҳасрату надомат, таассуфу пушаймонӣ ва шикоят аз қисмату рӯзгор, ҷудоӣ аз шахси азизу дилсӯз аст.

Жонри “Пойгаҳсоз”, ки дар Рӯшонзамин ривоҷу равнақ дошт, мазмуну муҳтавои иҷтимоъӣ-лирикӣ (тағаззулӣ) дошта, баёнкунандаи эҳсосоту ҳолати рӯҳии инсон ва бардошту таассуроти ӯ аз ҳодисаҳои гуногуни атроф аст. Агар дар “Лалаймодак” ва “Даргилмодак” истифода аз созҳои мусиқӣ роиҷ набошад, “Пойгаҳсоз” бо сози мусиқии зарбӣ – даф, дар пойгаҳ ё ҳавлии сурхона (шояд ба ҳамин сабаб унвони пойгаҳсозро гирифта) аз ҷониби як нафар бо нақаротхонии чанд кас иҷро мешавад.”

Муаллифи пешгуфтор менивисад, ки ба иллати мавҷуд набудани алифбо намунаҳои комили адабии забони рӯшонӣ то замони мо нарасидаанд. Танҳо он даста аз сурудаҳое ба ёдгор мондаанд, ки тавассути ҳунармандон ва овозхонҳо даҳон ба даҳон ва сина ба сина мунтақил шудаанд, вале “умри ин сурудаҳо низ бо танг омадани муҳити истифодаи жонрҳои мусиқии суннати помирӣ рӯ ба кӯтаҳӣ овардааст.”

Забони рӯшонӣ яке аз чанд забони помирӣ (рӯшонӣ, бартангӣ, шуғнонӣ, вахонӣ, ишкошимӣ, язғуломӣ, мунҷӣ, йидға ва сарикулӣ) аст, ки ҳамагӣ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ таъаллуқ доранд ва умдатан дар Кӯҳистони Бадахшон (Тоҷикистону Афғонистон) ва қисматҳое аз Покистону Чин дар миёни ҷамоъатҳои камшуморе ривоҷ доранд.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*