Шаҳрбароз: Гоҳе дар бораи забони порсиг ё порсии миёна ё ҳамон паҳлавӣ гуфта мешавад, ки забоне мурда аст. Ба назари ман, ин сухан бештар ба хотири ноошноӣ бо забони порсии миёна аст. Аз ин рӯ, дар ин нивиштор мекӯшам бо овардани бархе матнҳои намуна ба ин пурсиш посух диҳам.
Яке аз монеъҳои ошноии мо бо забони паҳлавӣ хатти он аст. Барои намуна, ба ин чанд ҷумла аз оғози китоби “Ардовирофномаг” нигоҳ кунед. Достони “Ардовирофномаг” ба оғози даврони Сосониён (наздики 300-и милодӣ) бозмегардад ва ба эҳтимоли зиёд матни Ардовирофномаг дар шакли кунунии худ ба даврони Хусрави якум Анушервон (560-и милодӣ) бозмегардад.
Рӯшан аст, ки агар ба ин матн нигоҳ кунем, бароямон чизи ғарибу “мурдае” хоҳад буд. Ҳол бигзоред чанд банди оғози ин китобро бо ҳарфҳои ошнои худамон таронивисӣ кунам:
Пад ном и Язадон
Эдун гӯянд кӯ эвбор аҳлав Зардухшт ден пазируфт андар геҳон равог бекард то бавандагиҳ сесад сол ден андар абезагиҳ уд мардум андар абегумониҳ будҳенд.
Уд пас гизистаг гунногминуг дурванд гумон кардан мардумон пад ин денрой он гизистаг Александар Ҳрумиг Музроиг-монишн виёбоненид. Уд пад грон сизд уд набард уд вешиг ӯ Эроншаҳр фристед. Ӯш ӯй Эрон-деҳибад узад. Уд дар уд хвадоиҳ вешифт уд аверон кирд.
Уд ин ден чиюн Абестог уд Занд абар гов пӯстиҳои веростаг пад об и зар нибиштаг андар Стахр и Побагон пад диж и “нибишт” ниҳод истод. Ӯй патёраг вадбахт аҳлумағ дурванд аног-кирдор Александар Ҳрумиг Музроиг-монишн абар овард уд бесӯхт. Уд чанд дастурон уд додварон уд ҳирбадон уд мӯбадон уд динбурдорон уд абзормандон уд доногон и Эроншаҳр рой бекушт.
Мебинед, ки хеле беҳтар шуд. Ҳол чанд вожа дар ин матнро тавзеҳ медиҳам:
Пад: ҳарфи изофа, ки имрӯза ба сурати “ба” кӯтоҳ шудааст. Агар пас аз он “алиф” биёяд, дубора ба ҳамон сурати қадимӣ бозмегардад, монанди бад-ӯ = ба ӯ, бад-ин = ба ин, бад-он = ба он, бад-ишон = ба ишон ва ғайра.
-и: нишони изофа, ки имрӯза ба сурати зер (касра) нивишта мешавад.
Абегумониҳ: абе = бе, гумон = гумон
-уд: ҳарфи пайванд, ки имрӯза ба шакли “-у” кӯтоҳ шуда, аммо ба шакли “ву” (وُ) нивишта мешавад. Гоҳе бархе касон баиштибоҳ ва барои лафзи қалам онро “ва” (وَ) мехонанд ва гумон мекунанд “-у” ъомиёна аст! Ҳол он ки дар Шоҳнома ва тамоми осори адаби забони порсӣ ин ҳарфи рабт “-у” хонда мешавад.
Ба рӯзи набард он яли арҷманд,
Ба теғу ба ханҷар, ба гурзу каманд
Буриду дариду шикасту бибаст,
Ялонро сару синаву пову даст.
-Музроя: Миср. Музроиг-монишн: Он ки монё хонааш дар Миср бошад, мисрнишин
Эроншаҳр: кишвари эрҳо, Эронзамин, Эрон
Эр: озода, ориёӣ, эронӣ
Шаҳр: сарзамини паҳновар, ки имрӯза кишвар ё давлат мегӯем.
Деҳибад: деҳбад = бузурги деҳ ё сарзамин
Стахр и Побагон: Истахр, шаҳри Бобак
-иҳо: нишони ҷамъ, ки имрӯза ба шакли “-ҳо” сода шудааст. Говпӯстиҳо = пӯстҳои гов
Даствар: вазир, мӯбади бузург, дастур
Додвар: он ки дод бидиҳад = қозӣ
Денбурдор: он ки баранда ё ҳомили дин бошад
Бознивисии ин матн ба порсии нав ё забони имрӯзии мо чун ин аст:
Чунин гӯянд, ки пас аз он ки Зартушти некукор дин пазируфт, онро дар ҷаҳон ривоҷ дод. То сар омадани сесад сол дин дар беомехтагӣ (покӣ ё ноолудагӣ) буд ва мардумон дар бегумонӣ буданд.
Пас Аҳриман (Ангра-майну)-и гуноҳкори гуҷастаи дурӯғгӯй барои ба гумон андохтани мардумон ба ин дин он Искандари румиии мисрнишинро аз роҳ бадар кард. Ӯро бо ваҳшигарӣ ва хушунату ҳароси фаровон ба сӯи Эроншаҳр фиристод. Ӯ фармонравои сарзамини озодагонро узад (кушт) ва он подшоҳиро ошуфту вайрон кард.
Ва Авестову Занди ин динро бар пӯстҳои гов пардохта, ба оби зар нивишта буданд ва дар Истахри Побагон дар диже (ба номи) “Нибишт” ниҳода буданд. Искандари румии мисрнишини бадкораи бадбахти зишткори дарӯғгӯйи бадкирдор онҳоро баровард ва бисӯхт. Ва чанд дастуру додвару ҳирбаду мӯбад ва динбурдору тавоноёну доноёни Эроншаҳрро бикушт.
Намунаи дигаре аз матнҳои порсии миёнаро аз ҷилди нахусти китоби “Сабкшиносӣ”, нивиштаи устоди шодравон Маликушшуъаро Муҳаммадтақии Баҳорро меоварам.
Шеъре ба номи “Дар ситоиши дарахти нур” аз ёфтаҳои Турфон (Turfan) мутаъаллиқ ба пайравони Монӣ, ки гӯё бахше аз китоби “Шобуҳрагон”-и Монӣ бошад. Яъне замони он ба оғози даврони Сосониён (240-и милодӣ) мерасад:
Хуршед и рӯшан уд пурмоҳ и барозог
Рӯжендо барозанд аз танвор и ӯй драхт
Мурвон и Бомивон ӯй возенд шодиҳо
Возенд кабӯтар (уд) фрашамурв и висп (гунг)
Саровенд уд овоженд… канигон
Бистоенд (ҳамог) танвор и ӯй (драхт)
Пурмоҳ: моҳи пур, моҳи комил,
Мурв: мурғ, паранда
Фрашамурв: мурғи ҷангалӣ, товус, қарқовул,
Бомивон: бомӣ, бомдодӣ. (сифати шаҳри Балх низ бомиён аст, ба ҳамин маънои рӯшан ва бомдодӣ)
Возенд: воҷанд, аз воҷидан ё вожидан ба маънои сухан гуфтан. Вожа аз ҳамин реша аст. Боботоҳир низ дар дубайтиҳои худ гӯяд: Чи воҷум? Аз чи воҷум? Бо ки воҷум?
Висп: кӯтоҳшудаи ҳарвисп, аммо мо бахши нахусти он, яъне “ҳар”-ро ба кор мебаремю Виспгунг = ҳаргуна
Бознивисӣ ба забони имрӯзӣ:
Хуршеди рӯшану моҳи пури барозанда
Рӯшанӣ диҳанду барозандагӣ кунанд аз танаи он дарахт
Мурғони бомдодӣ сухан гӯянд (овоз хонанд) ба шодӣ
Сухан гӯянд кабутарону мурғони ваҳшӣ ва ҳама гуна мурғон
Суруд гӯянду овоз баркашанд… духтарон (дӯшизагон)
Биситоянд ҳамагӣ танаи он дарахтро.
Намунаи дигар таронаи “Драхти осуриг” ё дарахти ошӯриг аст. Осуриг ё ошуриг сифати нисбии Ошур/Осур аст, ки дар забони паҳлавӣ ба Миёнрӯдон ва бавижа шимоли он гуфта мешуда, яъне ончи имрӯз Курдистони Ироқ хонда мешавад. Ин минтақа баъдҳо дар забони порсӣ “Шаҳрошур” ва ба сурати кӯтоҳшудаи “Шаҳразӯр” даромада, ки фалсафадону пизишки бузурги эронӣ, яъне Шамсиддини Муҳаммади Шаҳразӯрӣ аз бастагони Шаҳобиддини Яҳёи Суҳравардӣ аз ҳамин минтақа бархостааст.
Ин ҳам бахше аз “Драхт и осуриг”:
Драхтӣ руст аст тарав Шатру Осуриг
Бунаш хушк аст, сараш ҳаст тар
Варгаш каниё (не) монад, бараш монад ангур
Ширин бор оварад
Мартумон винои он им драхт и буланд
Буж овом напардат кӯ аз ҳеч ту авартар эм пат вас гунаг ҳир
Тавзеҳи бархе аз вожаҳо:
Тарав: таро, он сӯ. (шабеҳи пешванди trans дар лотин) имрӯза ба сурати пешванд ба кор меравад монанди таробарӣ, тародесӣ
Шатру: кӯтоҳшудаи он имрӯза “шаҳр” аст, сарзамин
Буж: буз
Пат: пад, ба
Вас: басе
Бознивисӣ ба забони имрӯзӣ:
Дарахте рустааст он сӯи сарзамини Ошур
Бун (реша)-аш хушк аст ва сараш тар аст
Баргаш ба най мемонад (шабеҳ аст) ва бар (мева)-аш ба ангур
Бори ширин меоварад
Мардумон бинӣ/гӯё ман он дарахти буландам
Буз бо ман набард (рақобат) кунад, ки ман аз ту бартарам ба басе гуна чиз
Ҳамчунин нигоҳ кунед ба нивишторе пешин дар бораи китоби “Шаҳристонҳои Эроншаҳр”, ки аз даврони Сосониён ба ёдгор мондааст.
Албатта, ёдовар мешавам, ки забони порсии миёна забонест, ки ба муддати 800 сол (аз 200-и пеш аз милод ва замони Ашкониён то 600-и милодӣ, дар поёни даврони Сосониён) дар Эрон ривоҷ дошта ва дар тӯли замон тағйирҳое кардааст. Аммо ҳамон гуна, ки мебинед, ин забон бисёр ба забони имрӯзии мо наздик аст. Ҳатто бархе аз сохторҳои дастурӣ ва гунаҳои паҳлавии вожаҳо дар бархе забонҳои дигари эронӣ (лурӣ, курдӣ, гелакӣ, мозандаронӣ ва …) ва гӯишҳои шаҳрҳои Эронзамин барҷо мондааст.
Намехоҳам тафовутҳои дастурӣ ва вожагонии забони порсии миёна ва порсии навро нодида бигирам. Ин гуна тағйирҳои вожагонӣ ва дастурӣ ва тағйири маънои вожагон дар ҳар забоне, бавижа дар дарознои торихе монанди ин табиъӣ ва пазируфтанӣ аст ва ба гуфтаи устод Баҳор “номуси татаввур” (қонуни фаргашт ё evolution) ҳамвора дар кор аст. Аммо ба назари ман, шабоҳат ва пайвастагӣ бисёр бештар аз тафовут ва гусастагӣ аст. Ба ҳамин хотир, низ устод дуктур Парвизи Нотили Хонларӣ дар китоби “Торихи забони порсӣ” менивисад, ки забонҳои порсии куҳан ва порсии миёна (паҳлавӣ) намурдаанд, балки дар колбади забони порсии нав ба зиндагии худ идома медиҳанд.
Нукта дар ин ҷост, ки чун забони порсии миёна ё паҳлавӣ бо хатте мутафовит нивишта мешавад, бисёрии мо аз он бехабарем ва ин гумон дар мо падид омада, ки забонест бисёр мутафовит ва “мурда”, ки мо ҳеч аз он намефаҳмем. Агар матнҳои паҳлавиро бо ҳарфҳои порсии имрӯзӣ таронивисӣ кунем, хоҳем дид, ки чи андоза афсонаи “мурда будани” ин забон бепоя аст. Замоне пеш аз омадани роёнгар (компютер) ба Эрон ва ривоҷи он дар миёни мардум ва бисёр пеш аз падид омадани интернет ва маҷбур шудани мардум ба нивиштани забони порсӣ ба хатти лотин иддае барои сар ба сар гузоштани дӯстон ҷумлаҳои порсиро бо хатти инглисӣ менивиштанд ва яке аз онҳо чунин буд: zur nazan farsi neveshtam! (зӯр назар, форсӣ нивиштам.) Ҳол достони забони паҳлавӣ ва забони имрӯзии мо то андозае шабеҳи ин зӯр заданҳост! Манзурам ин аст, ки хат набояд бо забон иштибоҳ шавад ва мутафовит будани хат набояд шубҳаи мутафовит будани забонро сабаб шавад.
Ба назари ман, яке аз паёмадҳои муҳими пазируфтани зинда будани забони паҳлавӣ рӯй овардани бештари мардуми имрӯз ба мероси адабии ин забон ва ошно шудан бо он аст. Паёмади дигар боз шудани ганҷинаи ин бахш аз забон барои корбурд дар вожасозӣ барои заминаҳои илмию фаннӣ тавонад буд.
Пайнивишт
Дӯсти хонандае дар бахши назарҳо гуфта, ки кош Фарҳангистон ба тавоноии забони паҳлавӣ дар вожасозӣ таваҷҷуҳ кунад. Мутаассифона, Фарҳангистони кунунӣ бисёр аз худ лахтиву кундӣ нишон медиҳад ва муҳофизакорона амал мекунад ва барои зудудани бархе сохторҳои таҳмилии забони арабӣ ба забони порсӣ вокуниш нишон намедиҳад. Мавзӯъи таваҷҷуҳ ба забонҳои эронии дигар, бавижа забони паҳлавӣ, чизест, ки наздики 80 сол пеш устод Иброҳими Пурдовуд бад-он ишора кард. Ҳатто 40 сол пеш низ дуктур Содиқи Киё ва дуктур Муҳаммади Муқаддам дар Фарҳангистони дувум ҳамин корро дунбол карданд. Аммо ба корашон анги “бостонгароӣ” зада шуд. Имрӯза низ ҳамон гуна ки пештар нивиштаам, дуктур Миршамсуддини Адибсултонӣ ва дуктур Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ ҳамин равишро пай гирифтаанд ва дастовардҳои бузурге доштаанд. Вале касоне чун Дориюши Ошурӣ кори ононро “далерона” аммо ғайриилмӣ ва нокорбурдӣ медонанд ва тарҷеҳ медиҳанд, худ ба сохтани таркибҳои шутурговпалангӣ чун “мудерният” ва “системона” бипардозанд. Хушбахтона, насли имрӯзии донишҷӯён ва донишгоҳиён ба аҳаммияти дидгоҳи Пурдовуд ва корҳои дуктур Адибсултонӣ ва дуктур Ҳайдарии Малоирӣ пай бурда ва ба пешвози онҳо рафтаанд.
متن فارسی را “اینجا” بخوانید
Бифирист