Омӯзиши забони модарӣ “оре”, омӯзиш ба забони модарӣ “на”

Масъуди Луқмон
Панҷуми баҳмани 1392

iranian-persian-language

Эронзамин ва тамаддуни баромада аз он ба сони фарши рангоранги шигифтангезест, ки эрониён дар дарозои торихи куҳансолашон аз ҳар деҳкада, шаҳру устон бо ҳар фарҳанг, ойину бовар, гӯишу забоне дар сохту болиданаш нақше басазо доштаанд.

Забони порсии дарӣ, ки идомаи ниёи худ порсии бостон, модарбузургаш паҳлавоник ва модараш порсиг ё паҳлавист, на танҳо забони фарҳангу шаҳройинии эронист, ки “хонаи вуҷуд” ва “ҳастии” мост. Забонест, ки эрониён дар дарозои 2500 сол бо ҳар гӯиш ё забоне ва бо ҳар дину боваре бад-он навишта, суруда ва хондаанд ва ҳамаи андешаи худро бо он пардохтаву маъно бахшидаанд ва эронӣ буданро бо фарҳанг ва фарҳангро бо забони порсӣ шиносондаанд.

Порсӣ бар хилофи соири забонҳои мудерният на аз рӯйи зӯру фишори сардамдорон, ки бо хости ҳамаи бошандагони ҳавзаи тамаддунияш забони ваҳдатбахшашон будааст. Аз Рӯдакии Самарқандӣ ва Сайфи Фарғонаӣ то Ҷомиву Мавлонои Балхӣ ва Хоҷа Адуллоҳи Ансории Ҳиротӣ то Аттори Нишобурӣ ва Фирдавсиву Асадии Тӯсӣ ва Фаррухии Систонӣ то Иқболи Лоҳурӣ ва Бедили Деҳлавии Ҳиндӣ то Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ то Ҳотифи Исфаҳонӣ ва Муҳташаму Калими Кошонӣ то Боботоҳиру Айнулқуззоти Ҳамадонӣ ва Убайди Зоконии Қазвинӣ то Низомии Ганҷаӣ ва Хоқонии Шервонӣ то Аҳмадии Мароғаӣ ва Шамсу Қатрони Табрезӣ ва Мастураи Курдистонӣ ва ҳазорон фарзонаи дигар дар дарозои садаҳо ин забонро дар ҷой-ҷойи Эрон парваронда ва забони тамаддуни эронӣ кардаанд ва дар садаи ахир ва аз ҷунбиши Машрутият ба ин сӯ ҳам ба ёрии садҳо нависандаву мутарҷими кӯшо ва забардаст бо баҳрае аз пешинаи ғанӣ ва пурбори ин забон, форсӣ ба яке аз забонҳои пӯё дар заминаи донишу фанноварӣ дар донишгоҳҳо бадал шудааст.

Имрӯза низ асли 15-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин муҳим таъкид варзида ва барӯшанӣ навиштааст: “Забону хатти расмӣ ва муштараки мардуми Эрон форсӣ аст. Аснод ва мукотибот ва мутуни расмӣ ва кутуби дарсӣ бояд бо ин забон ва хат бошад, вале истифода аз забонҳои маҳаллӣ ва қавмӣ дар матбӯъот ва расонаҳои гурӯҳӣ ва тадриси адабиёти онҳо дар мадорис дар канори забони форсӣ озод аст.”

Ҳамон гуна ки наметавон аз эронӣ будан гуфту нақши тамаддуниву ваҳдатбахш ва фарҳангофарини забони порсиро нодида гирифт, наметавон аз нақши гӯишҳову дигар забонҳои ин сарзамин ба унвони пуштвонаи тамаддунӣ ва пурбор шудани фарҳанги эронӣ сухан нагуфт. Ҳамон гуна ки Қонуни асосӣ барӯшанӣ мегӯяд омӯзиши адабиёти забонҳои маҳаллӣ ва қавмӣ дар мадрасаҳо дар канори забони форсӣ озод аст, ва табъан ҳам “омӯзиши забони модарӣ” боиста аст ва ҳар эронӣ низ бояд аз ин ҳақ дифоъ кунад ва онро ба расмият бишносад.

Мушкил, аммо, дар ин ҷо бурӯз мекунад, ки сухан аз “омӯзиш ба забони модарӣ” ва канор ниҳодани забони форсӣ матраҳ мешавад ва ин мухолифи насси сареҳи Қонуни асосӣ аст, чиро ки омӯзиш бояд ба забони форсӣ бошад ва адабиёти забонҳои дигар танҳо дар канори забони ваҳдатбахши эрониён метавонад омӯзиш дода шавад. Агар ғайр аз ин бошад, пас аз яке ду насл эрониён миллате хоҳанд шуд, ки аз ҳар шаҳре ба шаҳре дигар ва аз ҳар устоне ба устоне дигар ба гӯиш ва забоне мутафовит ва ғайри қобили фаҳм барои якдигар сухан хоҳанд гуфт, ва дар ин сурат дигар чизе аз миллияти эронӣ боқӣ нахоҳад монд. Он ҳам дар замонае ки душманони торихии эрониён барои нестии тамаддуни эронӣ нақшаҳо дар сар мепарваронанд ва аз дари забон анвоъи понҳои қавмгароро дар баробари ториху ҳувийяти эронӣ алам кардаанд.

Суханони ҳуҷҷатулислом ва-лмуслимин Алии Юнусӣ, дастёри вижаи раисҷумҳур дар умури ақвому ақалийятҳои диниву мазҳабӣ, ки дар охирин рӯзи даймоҳ ба меҳр гуфтаанд: “Омӯзиш “ба забони модарӣ” барои соири забонҳо дар дастури кор аст”, на танҳо бар хилофи насси сареҳи Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки заминаҳои боиста бари фурӯпошии ваҳдати эрониёнро дар ростои омоли душманони ин марзу бум омода мекунад.

Ҳамчунин, мушовирони эшон ба бисёре аз нуктаҳо дар ин миён таваҷҷуҳ намекунанд. Бигзоред, мисоле бизанам. Забони курдӣ, ки ба сони форсӣ аз забонҳои ҳинду-урупоӣ аст, ба забонҳову гӯишҳои гуногуне чун ҳавромӣ, сӯронӣ ва бодинон ё курмонҷӣ, гарусӣ, кирмоншоҳӣ, лакӣ, кулҳарӣ, ардалонӣ ва ҷалолӣ ва… шохабандӣ мешавад, ҳол дастёри вижаи раисҷумҳур дар умури ақвому ақаллийятҳо чигуна метавонанд яке аз инҳоро ба унвони меъёр барои китобҳои дарсӣ баргузинад, то ба соири гӯишварони забони курдӣҷафо накунад?!

Ё масалан оё биност ба забонҳои каронаи Коспиян, чун толишӣ, гелакӣ, дайламӣ, мозандаронӣ, шаҳмирзодӣ ва… ҳам китобҳои дарсӣ навишта шавад?! Дигар ин ки бино ба пешинаи тамаддунӣ, девонӣ ва торихӣ-фарҳангӣ танҳо забони эронӣ, ки метавонад ҳомили мудернияти ҷадид бошад, забони форсист ва дигар забонҳои ин паҳна барои чунин ормоне парвардаву озмуда ва сайқалхӯрда нашудаанд ва дар интиқоли мафоҳими мудерният нотавонанд ва баҳра аз онҳо ба унвони забони омӯзишӣ, эрониёнро аз қофилаи тамаддун дур мекунад ва ақаб нигаҳ медорад.

Дар фарҷом бори дигар таъкид мекунам, ки “омӯзиши забони модарӣ” дар канори забони форсӣ, ки забони расмӣ, тамаддунӣ ва девонист, хостаест баҳақ, ки бояд аз сӯи ҳамагон пайгирӣ шавад, аммо “омӯзиш “ба” забони модарӣ” ва ҳазфи забони форсӣ аз сомонаи омӯзишӣ бар хилофи насси сареҳи Қонуни асосӣ ва ҳамчунин муаллафаҳои ваҳдатбахши эрониён аст.

Матлаби форсӣ инҷост.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*