Пайванди ҷашнҳои миллӣ бо гоҳномаи миллӣ

Адаш Истад:* Тамаддуни эронӣ (тоҷикӣ) фалсафаи хосси ҳаётии худро ба вуҷуд оварда буд. Ман аз ин қабл дар асоси далелҳо аз як мақолаи Муҳаммадалӣ Исломии Надушан бартарии тамаддуни эронии тоисломиро бар тамаддуни мисрӣ нишон дода будам. Яъне асоси зиндагии эрониёнро кӯшиш барои ҳаёти шоду босурур дар ин дунё ташкил медодааст. Ба ин сабаб гузаштагонамон ба ҷашну ъидҳо, ки аз унсурҳои шодиовару фараҳбахшанд, эътибори зиёд медоданд.

Ҳерудут, муваррихи юнонии даврони бостон, менивисад, ки дар миёни эрониён ҷашни зодрӯзи инсонҳо бо шукӯҳи хоссе таҷлил мешавад. Ба ин сабаб, тақвими ниёгонамон пур аз ҷашнҳо будааст. Бубинед, ба ғайр аз ҷашнҳои бузурге чун Наврӯзу Меҳргону Сада боз чӣ ҷашнҳои хурде будаанд, ки ниёгонамон аз онҳо таҷлил мекарданд ва ҳатто бар асоси китоби  “Осор-ул-боқия”-и Абӯрайҳони Берунӣ, рўзи ёдбуди мурдагон низ дар миёни эрониён роиҷ будааст.

Ҷашну ъидҳо аз бисёр ҷиҳат вобастаи гоҳномаи миллиянд. Бубинед, ки ҷашни Меҳргон ба рӯзи Меҳри моҳи Меҳр (яъне рӯзи шонздаҳуми он) рост меояд. Ва ин рӯзе буд, ки некӣ бар бадӣ пирӯз шуд, яъне Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд дар банд карданд.

Ҷашнҳои Сада ва Шаби Ялдо низ, ки дар зимистон ҷашн мегиранд, як навъ нумоди пирӯзии гармо ё некӣ бар олами сардӣ ё нерӯҳои бад маҳсуб мешавад.

Берунӣ дар фасли “Дар ъидҳои моҳҳои суғдиён” овардааст: “Аҳли Суғдро дар моҳҳои худ ъидҳои бисёре дар рӯзҳои маълум ва рӯзҳои гарон миқдорест, ки монанди ъидҳо ва айёми форсиён аст…

Навсард – рӯзи аввали он Наврӯзи суғдиён аст, ки Наврӯзи бузург бошад. Ва рӯзи бисту ҳаштуми он зардуштиёни Бухороро ъидест, ки “Ромиш-оғом” меноманд… Ва дар ҳар деҳе, ки бошад, назди раиси худ барои хӯрдану ошомидан ҷамъ мешаванд.”

Сипас, Берунӣ аз ҷанҳое монанди Чарчинамо, Найсанч, Басоканч, Мохирчаи дуюм, Амсихора ном мебарад ва мегӯяд, ки дар ъиди Амсихора аз он чи дар оташ пухта мешавад, парҳез мекарданд. Дар ъиди Ашнохандо танҳо шароби холису ноб менӯшидаанд. Баъд аз Мажихандо ёд мекунад, ки рӯзи севуми ъиди Кашмин гуфтааст. Эҳтимол, ъиди бозаргонӣ аст, зеро бо оғози он ҳафт рӯз дар (рустои) Тавовиси Бухоро бозор баргузор мешудааст.

Фуғкон ъиди миёнаи сол аст. Дар ин ъид ҳар чизе ки бо орди арзан дар равғану шакар пухтаанд, дар оташкадаҳо ҷамъ шуда ва мехӯрдаанд. Сипас Берунӣ Обонч ва Фуғ ном ъидҳоро ном бурда, дар бораи чигунагии онҳо чизе намегӯяд ва дар бораи ъиди Масофуғ гуфтааст, ки даҳ рӯз тӯд мекашад.

Сипас, аз ҷашне ба номи Жимжанч ёд мекунад. Ва Берунӣ дар бораи ҷашни Хишавӣ мегӯяд, ки дар охири ин моҳ аҳли Суғд бар мурдагони пешини худ гиря мекунанду бар онҳо навҳа мекашанд ва рӯйҳои худро мехарошанду барои мурдагон таъому шароб мебаранд. Чунонки порсиён дар Фарвардигон ба ҳамин тариқ рафтор менамоянд. Ва аҳли Суғдро дар деҳкадаҳо дар айёме, ки номҳои он дар ҳар моҳ якест, бозорҳоест, ки дар деҳкадаҳои Бухоро ва Суғд барпо мегардад.

Баъди аз байн рафтани гоҳномаи миллии ниёгонамон (дар Варорӯд) ъидҳои пешин ҷои худро гум карда, кам-кам фаромӯш шуданд. Ҳатто аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз, маънои ҷашни сари соли навро гум кард. Вақте ки ин маънои асосии худро гум кард, ҷашни оғози мавсими киштукор гардид.

Акнун чандин сол аст, ки ҳам аҳли фарҳанг, ҳам ҳукуматдорон дар Тоҷикистон зӯр мезананд, ки мақоми пешинаи Наврӯзро барқарор кунанд. Аммо чӣ тавр як кас ҳамзамон ба ду асп савор шавад? Яъне ҷашнҳои миллии пешин ҳамон вақт пурра барқарор хоҳад шуд, ки давлат тақвими миллиро эҳё ва ҷорӣ кунад.

*Адаш Истад  нивисанда ва пажӯҳишгари маъруф аз Самарқанд аст.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*