Нидои ниёкон: Порсиро пос бидоред!

Умари Саъдӣ*: Нидои ниёкони бузурги мо аз қаъри қарнҳо ба насли имрӯз: “Забони порсиро пос доред ва ба номи таърихии сарзаминатон, ки Эрон аст, арҷ гузоред!**

Вақте ки осори шоъирон ва донишмандони тоҷикро, ки дар Варазруд (Тоҷикистону Узбакистони имрӯзӣ) дар авоили қуруни вусто зистаанд, мутолеъа мекунед, ба як чизи ҷолиб мутаваҷҷеҳ мешавед. Он чиз масъалаи таърифи ҳувият ва худшиносии онҳост. Ҳувияти онҳо аз се ъунсури аслӣ иборат аст, ки ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Ҳамаи онҳо забони худро ПОРСӢ, сарзамини худро ЭРОН ва табори худро ПОРСӢ (муродифи тоҷик, эронӣ ё ъаҷамӣ – Порсӣ Анҷуман) медонанд. Суханро дар ин бобат дароз намекунаму барои таъйиди фикр ба осори бузургонамон рӯ меорам.

Одамушшуъаро Рӯдакии Самарқандӣ гуфтааст:

Тозиву порсӣ ҳама наздики мо якест,
Наздики ӯ гиромӣ(ст) парҳезгортар!

Байти мазкур, бешак, мулҳам аз ояти машҳури қуръонист. Он чи ки ҷадди бузурги мо ба мафоди он ояти муборака афзудааст, ҳамоно вожаи «порсӣ» аст, ки бидуни ҳеҷ тардиде ишора ба табори худи шоъир ҳам дорад. Яъне устод Рӯдакӣ ба мо аз қаъри қарнҳо мегӯяд, ки ӯ порсӣ аст.

Дар байти дигар Одамушшуъаро дар васфи подшоҳе Саффорӣ чунин мегӯяд:

Шодии Буҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад
Он маҳи озодагону мафхари Эрон!

Чунон ки сароҳатан малҳуз аст, устод Рӯдакӣ амир Абӯ Ҷаъфари Аҳмадро, ки яке аз шоҳони сулолаи Саффориён буд ва қаламрави давлаташ Тоҷикистону Узбакистони имрӯзиро низ фаро мегирифт, «мафхари Эрон» меномад ва ба ин васила иқрор мекунад, ки номи сарзамине, ки дар он шоъир ба сар мебарад, Эрон аст. Саффориён (солҳои 861-900) ин ҳамон дудмони номдори эронист, ки як гуфтаи машҳури сарсилсилаи он хонадон Яъқуб ибни Лайс боъис шуд, ки забони порсӣ ҷои худро дар дарбори сулолаҳои нави исломӣ дар Варазрӯд ва Хуросон ба забони тозаомадаи тозӣ надиҳад («Чизе ки ман андар наёбам, чиро бояд гуфт?!»). Кори ӯро сипас шоҳони Сомонӣ дар Бухоро идома доданд. Дар замони он шоҳони эронпарасти мо забони порсӣ тамоми қомати зебо ва буланди худро ба намоиш гузошт.

Акнун руҷӯъ мекунем ба шоъиру олими дигари шаҳиру ҷаҳонгарди тоҷик – Носири Хусрави Қубодиёнии Балхӣ. Ӯ дар «Девони ашъор»-аш мегӯяд:

Зи дунё рӯй зӣ дин кардам, эро-к
Маро бе дин ҷаҳон чаҳ буду зиндон.
Бурун кардаст аз Эрон дев динро,
Зи бединӣ чунин вайрон шуд Эрон.

Мулоҳиза фармудед? Ҳамшаҳрии мо – Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар ду байти фавқуззикр номи сарзамини худро ду бор Эрон хондааст!

Аммо дар сатрҳои зерин Носири Хусрав ба порсӣ будани худ ишора мекунад.

Бархостам аз ҷою сафар пеш гирифтам,
Н-аз хонам ёд омаду н-аз гулшану манзар.
Аз порсию тозӣ в-аз ҳиндию аз турк,
В-аз синдию румӣ в-аз ибрӣ ҳама кас.

Акнун биёед бибинем, ки Носири Хусрав дар бораи номи забони худ чи мегӯяд:

Гар ту ба табор фахр дорӣ,
Ман мафхари гавҳару таборам.
Ашъор ба порсиву тозӣ,
Бархону бидор ёдгорам!

Эҳсос мекунед, ки чи гуна Носири Хусрави Қубодиёнӣ на танҳо ба гавҳару табори порсияш, балки ба порсӣ будани забонаш меболаду мефахрад? Оё мо, насли муъосир, он мафхари гавҳару табор ва забонро, ки ҷадди бузурги мо дошт, ҳифз кардаем ва онро ёдгор медорем? Ба фикрам, мутаассифона, на ҳама!

Ҳамин гуфтаҳои Рӯдакӣ ва Носири Хусравро мо дар ашъори пизишки забардасти қарни даҳуми тоҷик Ҳаким Майсарии Суғдӣ низ мебинем. Пораи зерини шеър аз “Донишнома”-и ӯ гӯё бонгест аз ъумқи торих ба насли кунунии тоҷикон, то ки забони худро, ки порсӣ ном дорад ва номи торихии сарзамини худро, ки Эрон аст, пос ва гиромӣ доранд:

Бигӯям тозӣ ар, на, порсӣ нағз,
Зи ҳар дар ман бигӯям мояву мағз!
Ва пас гуфтам: Замини мост Эрон!
Ки беш аз мардумонаш порсидон!

Ъолими дигари барҷастаи варазрӯдӣ, ки дар риштаҳои гуногуни илм, аз ҷумла фарҳангшиносӣ, дониши фаровон дошт, таъкид мекунад, ки мардуми Хоразм асолатан порс ҳастанд. Сухан албатта дар бораи ъаллома Абурайҳони Берунӣ (973-1048) ва гуфтаҳои зерини ӯ меравад: «Аҳли Хоразм шохае аз дарахти порсиёнанд».

Афзун бар ин, тамоми ҷуғрофидонҳои мусалмони авоили қуруни вусто, амсоли Динаварӣ (815-895), Ибни Хурдодбеҳ (820-912/913), Истахрӣ (850-934), Масъудӣ (896-956) ва дигарон, ки ба Варазрӯд сафар карда буданд, дар ҳар ҷое ки роҷеъ ба Мовароуннаҳр менигоранд, мардуми бумии ин сарзаминро «фурс» (ҷамъи форс) меноманд.

Ё торихнигори маъруфи бухороӣ Наршахӣ (899-959) дар бораи забони ҳамшаҳриёни худ чунин менивисад: «Қутайба ибни Муслим масҷиди ҷомеъ бино кард андар ҳисори Бухоро ба соли 94 ва он мавзеъ бутхона буд. Мар аҳли Бухороро фармуд, то ҳар одина дар он ҷо ҷамъ шудандӣ, чунонки ҳар одина мунодӣ фармудӣ: “Ҳар ки ба намози одина ҳозир шавад, ду дирҳам бидиҳам!». Ва мардумони Бухоро ба аввали ислом дар намоз Қуръон ба ПОРСӢ хондандӣ ва ъарабӣ натавонистандӣ омӯхтан ва чун вақти рукӯъ шудӣ, марде буд, ки дар паси эшон бонг задӣ: «Бикунето накунет!» ва чун вақте саҷда хостандӣ кардан, бонг кардӣ: «Накуниё накунӣ!».

Чунон ки мулоҳиза мефармоед, ин ҷо танҳо аз шоъирону ъолимони Варазрӯд, яъне Осиёи Миёнаи имрӯзӣ нақли қавл шудааст. Ъайни ҳамин андешаҳоро ниёкони бузурги мо дар сартосари Эрони торихӣ низ гуфтаанд. Ба ёд орем сурудаҳои шоъири тавонои мо – Низомии Ганҷавиро, ки дар он муҳаббати беканори ӯ ба сарзаминаш, ки Эрон ном дорад, баён шудааст! Ҳамин гуна сурудаҳо буданд, ки Низомӣ ва осори ӯро ба диже дастнорас табдил дода, аз сирқати фарҳангии бегонагон эмин нигаҳ доштанд:

Ҳама олам тан асту Эрон дил,
Нест гӯянда з-ин қиёс хиҷил.
Чунки Эрон дили Замин бошад
Дил зи тан беҳ бувад, яқин бошад!

Ба пиндори ман, мо тоҷикон, агар Низомиро ниёи бузурги худ донем, низ набояд аз чунин қиёсе хиҷолат бикашем, балки бо сарфарозӣ бигӯем, ки сарзамини торихии мо тоҷикон Эрон аст!

Пур возеҳ аст, ки “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ моломоли ситоиш аз Эрону забони порсист ва дар ин ҷо бобати ихтисори калом танҳо ба ин байти машҳури Ҳакими Тӯс, ки ӯ яке аз аркони аслии фарҳангу ҳувияти тоҷикон ва ҳофизи аслии забони порсист, иктифо мекунем:

Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Ъаҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!

Вале аз шавоҳиди фавқуззикр ва шавоҳиди ҳамгуни дигар чи метавон натиҷа гирифт?

Аввалан, дар даврони Майсарии Суғдӣ, Рӯдакӣ ва Носири Хусрав (қарнҳои 9-10-и милодӣ) дар Варазрӯд (Осиёи Миёна) истилоҳи “тоҷик” ба маънои ғайри аърабу турк ҳанӯз пойдор нашуда буд. Аз ин рӯст, ки ҳар сеи он ниёи бузурги мо худро “порсӣ” гуфтаанд. Чунон ки маълум аст, то омадани ъарабҳо ба Варазрӯд мардуми бумии ин сарзаминро суғдиҳо ва бохтариҳо (балхиҳо) ташкил медоданд, ки пас аз гаравидан ба ислом ва гузаштан ба забони порсӣ (албатта дар канори мардумони дигари эронӣ – Порсӣ Анҷуман) ба ташаккул ёфтани халқи тоҷик (ки ин ном ҳам монанди ъаҷамӣ муродифи эронӣ аст – Порсӣ Анҷуман) поя гузоштанд. Вале чунон ки аз он шавоҳид бармеояд, то роиҷ ва шоеъ шудани истилоҳи нави “тоҷик” суғдиёну бохтариён ва инчунин хоразмиёни дирӯзӣ худро дар тӯли чанд қарни дигар ҳамоно “порсӣ” мегуфтанд.

Сониян, номи забони тоҷикон аз ҳамон ибтидо (қарни 8-и милодӣ) “порсӣ” ном дошт ва ҳамаи ниёкони бузурги мо ба порсӣ будани забони худ таъкид мекарданд ва аз донистани ин забон ифтихор менамуданд. Истилоҳи сиёсии “забони тоҷикӣ” ихтироъ ва зоидаи ҳукумати булшевикии Русия буд, ки пас аз се пора намудани давлати Бухоро ва дар ҷои он таъсис намудани ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон, дар соли 1928 бино ба ғаразҳои сиёсӣ бар забони тоҷикони варазрӯдӣ таҳмил гардид. То соли мазкур истилоҳи “забони тоҷикӣ” аслан вуҷуд надошт ва забони расмии иморати Бухоро то суқути он ба дасти булшевикҳо дар соли 1920 “форсӣ” ном дошт.

Солисан, то авохири қуруни вусто тоҷикон сарзамини худро Эрон ном мебурданд ва ин номро посу гиромӣ медоштанд.

Робеъан, инкори “порсӣ” ба ъунвони номи забони тоҷикон ва инкори “Эрон” ба ъунвони номи сарзамини торихии тоҷикон, ки имрӯзҳо, мутаассифона, дар кишвари мо зиёд садо медиҳад, ба маънои нашинохтани аслу ҳувияту фарҳангии хеш аст!

Эрони торихию фарҳангиро набояд ба Эрони имрӯзии сиёсӣ маҳдуд кард, балки Варазрӯд (Тоҷикистону Узбакистони имрӯзӣ) дар замони бостонии авестоӣ сароғози Эрони торихӣ (Airyanem Vaejah) буд. Бино бар ин, дар баҳсҳои худ набояд мавзӯъҳои сирфан торихӣ, забонӣ ва фарҳангиро ба сиёсат биёмезему биёлоем ва ба ъиллати ногаҳӣ ва ихтилофҳои муаваққати сиёсӣ бо низому давлате эронситезиву порсиситезӣ кунем. Чунин кирдор барои тоҷикон ъайни ъамале манқуртона аст.

Охирсухан: Дар кишварҳои умдаи ҷаҳон, бавежа дар Омрико, кишварҳои Урупо, Русия, кишварҳои ъарабӣ, Чин, Жопун ва ҳатто дар Узбакистони ҳамсоя даҳҳо конуну маркази пажӯҳишӣ ва омӯзишӣ вуҷуд дорад, ки ба пажӯҳишу омӯзиши торих, забон ва фарҳанги тоҷикон машғул аст. Ва ин ҷо як нукта фавқулъода муҳим аст! Дар тамоми ин пажӯҳишгоҳҳо, донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва китобхонаҳо забони тоҷикон “порсӣ” ва номи сарзамини торихии мо “Эрон” эътироф шудааст. Аз ин рӯст, ки он марказҳои пажӯҳишӣ ва омӯзишӣ дар саросари ҷаҳон худро сирфан марказҳои эроншиносӣ меноманд.

Акнун ба пурсиши зерин посух бояд дод. Магар исрори ғайриъоқилона ва ғайримантиқии мо ба ин ки забони мо “тоҷикӣ” ном дорад, на “порсӣ” ва мо тоҷикон “эронӣ” нестем, моро дар чашми марокизи ъилмии байналмилалӣ аз он осори гаронбаҳо, ки сирфан бо номи забон ва адаби порсӣ шуҳрат ва беш аз 1200 сол ъумр дорад, бегона намесозад?

Дар тӯли торих дар ҳаққи тоҷикон аз ҷониби бегонагон беъадолатиҳои зиёде сурат гирифта. Аммо имрӯз мо набояд беъадолатии наверо дар ҳаққи худамон ва ба дасти худамон муртакиб шавем! Мо бояд бо сари баланд ва бо ифтихор ба ҷаҳон эълон кунем, ки забони мо тоҷикон ПОРСӢ аст ва мо соҳиби аслии он осори ъоламшумули ПОРСӢ ҳастем! Номҳои Тоҷикистон ва Эрон барои мо тоҷикон бояд баробар муқаддас бошанд. Номи якум наву номи дувум куҳан!

(24 урдибиҳишти 2018)

*Умари Саъдӣ пажӯҳишгар ва аз кунишмандони шабакаи Фейсбук аст.
**Ин мақола бори нахуст ба торихи 23 урдибиҳшти 1397 дар гурӯҳи фейсбукии Забони Порсӣ мунташир шуд.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*