Забони порсӣ бузургеро аз даст дод: Найсорӣ ба меҳмонии Ҳофиз рафт

Найсорӣ ба меҳмонии Ҳофиз рафт

Устод Салими Найсорӣ аз устодони забон ва адаби порсӣ ва аз ҳофизшиносони баном дар 98-солагӣ даргузашт.

Ба гузориши “Мардумсолорӣ Онлойн” номи Найсорӣ дар торихи адабиёти Эрон бо номи Ҳофиз гиреҳ хӯрдааст, зеро ки пажӯҳишҳои борикбинонаи ӯ даре тоза ба ҷаҳони ҳофизпажӯҳӣ гушуд. Виросте, ки зиндаёд Найсорӣ аз девони Ҳофиз ба даст додааст, дар канори вирости зиндаёд Нотили Хонларӣ аз беҳтарин виростҳои то ба имрӯз чопшудаи девони Ҳофизанд.

Ҳар касе, ки бо дастнивиштҳои куҳани порсӣ сару кор доштааст, медонад, ки ҳамсанҷии дастнивиштҳои куан коре душвор ва замонбар аст ва ба донише фарох низ ниёз дорад. Дар ин замина, устод Найсорӣ бо ранҷе бисёр 50 дастнивишт аз девони Ҳофиз дар садаи нуҳумро гирд овард, онҳоро бо якдигар ҳамсанҷид ва пас аз 30 сол кори шабонарӯзӣ бар пояи ин 50 дастнивишт “Дафтари дигарсониҳо дар ғазалҳои Ҳофиз”-ро дар ду дафтар нивишт ва девони Ҳофизро низ бар ин поя виросту чоп кард.

Найсорӣ худ дар дебочаи “Дафтари дигарсониҳо дар ғазалҳои Ҳофиз” дар бораи дигаргуниҳое, ки рӯнивискунандагони ғазалҳои Ҳофиз дар ин ғазалҳо падид овардаанд ва боистагии кӯшиш барои пероишу зудудани ин афзудҳо аз сурудҳои Ҳофиз чунин нивиштааст: “Аз замоне ки он дӯст ва мусоҳиби Ҳофиз (Муҳаммади Гуландом) ба тадвини ашъори Ҳофиз ҳиммат гумошт, беш аз шишсад сол мегузарад. Пас аз даргузашти Ҳофиз (791қ) то фосилаи чаҳорсад сол, ки ҳануз санъати чоп роиҷ нашуда буд, шеъри Ҳофиз беш аз ҳар китоби шеър рӯнивисӣ шуда ва ба дасти шар котибе хоста ё нохоста дастхуши дигаргуниҳое гардидааст. Дар фосилаи дивист соли ахир низ, ки аз давраи ривоҷи чоп мегузарад, девони Ҳофиз беш аз ҳар матни шеъри дигар ба кисвати чоп ороста шуда, вале аз нуфузи ъавомили таҳриф ва тасарруф дар калимоти он коста нашудааст… Танҳо роҳи дастёбӣ ба матне, ки бештар мавриди вусуқ ва эътимод бошад, кӯтоҳ гардонидани фосила то маншаъи аслӣ ва парҳез аз рахнаи тасарруфот ва тағйироте аст, ки тайи қуруни мутаохир дар девони Ҳофиз рух додааст… Кӯшиши арзанда дар боби тадвини ғазалҳои Ҳофиз он аст, ки то ҳадди имкон таркиботи зоид ва илҳоқӣ аз аҷзои нобу асили ин сурудаҳо сутурда шавад.” (Дафтари якум. рӯяҳои 9 то 10).

Нигоҳе ба як зиндагӣ

Найсорӣ омӯзишҳои нахустинро дар Табрез гузаронд ва пас аз пушти сар гузоштани озмунҳои донишсарои Табрез ба Теҳрон омад ва коршиносии хешро дар соли 1321 дар риштаи “Адабиёти форсӣ ва ъулуми тарбиятӣ” гирифт. Сипас ба Урупо ва Омрико рафт ва саркоршиносии худро аз Донишгоҳи Ландан ва дуктуроашро дар риштаи “Забоншиносӣ ва ъулуми тарбиятӣ” аз Донишгоҳи Индиёнои Омрико гирифт.

Найсорӣ пас аз гирифтани коршиносӣ дар вазоратхонаи фарҳанг дар корҳое ҳамчун дастёри вижаи вазир, раиси идораи дафтари вазоратӣ, бозраси вазоратӣ ва ройзани вазир ба кор пардохт. Вай дар соли 1335 донишёри Донишсарои ъолии Теҳрон шуд. Дар соли 1336 ба Порис рафт ва дар дабирхонаи ЮНЕСКУ дар симати раиси идораи ёриҳои фаннӣ ба кор пардохт. Дар соли 1344 ба Эрон бозгашт ва мудири кулли равобити фарҳангии вазоратхонаи омӯзишу парвариш гардид. Дар 1346 ба радаи устодӣ расид ва ба Донишкадаи ъулуми тарбиятии Донишгоҳи Теҳрон рафт. Ӯ дар 1356 аз сӯи Донишгоҳи Теҳрон ва Вазорати фарҳангу ҳунар ба ройзании фарҳангии Эрон дар Туркия гумошта шуд. Зиндаёд Найсорӣ дар соли 1359 худро бознишаста кард, то замоне бештарро бар пажӯҳишҳои адабӣ бигзорад. Замоне ки ишон даргузашт, ҳамванди пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ буд.

Бархе аз нибегҳои чопахшшудаи зиндаёд устод Найсорӣ чунинанд:

* Баргузидаи насри форсӣ
* Торихи адабиёти Эрон баъд аз ислом: Азистилои ъараб то ҳамлаи муғул, 2327
* Сухани Ҳофиз, 1327
Дарси иншои орсӣ барои дабиристонҳо ва донишсароҳо, 1327
* Форсӣ ёд бигиред, 1334
Роҳнамои муколимаи инглисиву форсӣ, 1335
* Роҳнамои муколимаи форсиву инглисӣ, 1335
Китоби аввали форсӣ, 1335
* Рубоъиёти Ъумари Хайём, 1341
* Намунаҳое аз осори ҷовидони шеъри форсӣ, 1344
Усули тамрини дабирӣ ва куллиёти равиши тадрис дар дабиристон, 1344
Тадриси забони форсӣ дар дабистон ё омӯзиши ҳунарҳои забон, 1344
* Форсӣ ёд бигиред: Муколимоти инглисӣ ба форсӣ, 1344
Ғазалҳои Ҳофиз, 1353
Куллиёти равиши тадрис дар дабиристон, 1355
* Муқаддимае бар тадвини ғазалҳои Ҳофиз: 1367
* Дафтари дигарсониҳо дар ғазалҳои Ҳофиз: баргирифта аз чиҳилу се нусхаи хатии садаи нуҳум, 1383;
* Дафтари дигарсониҳо дар ғазалҳои Ҳофиз: баргирифта аз панҷоҳ нусхаи хаттии садаи нуҳум, 1383
Дастури хатти форсӣ: Пажӯҳише дар бораи пайвастагии хатти форсӣ бо забони форсӣ, 1374
Девони Ҳофиз: Бар асоси чиҳилу ҳашт нусхаи хатти садаи нуҳум, 1377
* Девони Ҳофиз бо минётурҳои Маҳмуди Фаршчиён ва хушнивисии Амираҳмади Фалсафӣ ва тарҷума ба инглисии Ортур Ҷон Орберӣ ва Томас Одомз, 1382
Нусхаҳои хаттии Ҳофиз (садаи нуҳум), 1390
Табсирае бар тадвини ғазалҳои Ҳофиз, 1392

Зиндаёд Найсорӣ аз 1320 бад-ин сӯ ба омӯзишу пажӯҳиш дар забон ва адаби порсӣ рӯй овард. Ӯ бо нивиштани нибегҳое дар 1334 ва 1335 аз пешгомони омӯзиши навини забони порсӣ ба нопорсизабонон буд. Вай ҳамчунин аз пешгомони пажӯҳишҳои донишӣ дар шеваи нивиштани дабираи порсӣ буд.

Устод Найсорӣ дар бахше бузург аз зиндагии дарозу пурбори худ ба густариши забону адаб ва дабираи порсӣ пардохт ва эрониён ва порсизабонони ҷаҳонро аз дониши саршори худ баҳраманд сохт. Равони ӯ шод бод, ки хидмате мондагор ба забони миллӣ кард.

***

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*