Пешинаи забони порсӣ ва мушкили номи расмии он дар Тоҷикистон

Исфандиёри Назар*: Дӯстон ба таври алоҳида суол медиҳанд, ки пешинаи забони порсиро бидонем, ки кайу аз куҷову чи гуна бархост ва чи гуна дар сарзамини кунунии мо забони миллӣ шуд? Дар ин бора осори фаровоне таълиф шудаву таълиф мешавад. Иллати бехабарии мо аз пешинаи торихии забони модарии худ дур мондани мо бо ҷурми ъалании риҷоли сиёсӣ аз дабираи порсист.

Агар ба ҷои ин дабираи “лаънатӣ”-и кирилӣ бар дабираи хеш мебудем, ҳаргиз касе наметавонист қад алам кардаву худро тамомии миллат пиндошта ва ҷор занад, ки номи ин забон “тоҷикӣ”-ст, на порсӣ. Ва ҳам ҳаргиз чунин баҳсҳое сурат намегирифт ва ҳеч фарде аз тоҷикон ҳам дар он сурат розӣ ба табдили дабирааш ё радди он ё тавҳин ба он намешуд.

Ман вожаи нохуби “лаънатӣ”-ро дар ҷумлаи худ аз Моркс овардам. Дар ҷое хонда будам, ки гӯё Моркс гуфтааст: “Агар зеру забари ин хатти лаънатии ъарабӣ намебуд, ман онро дар як ҳафта аз худ мекардам… (Ва шояд аслан чунин сухане аз Моркс набошад, аммо ман онро дар ҷое ба номи ӯ хондаам ё шунидаам, ки дар зеҳнам нишастааст.)

Бале, батаъкид мегӯям, ки агар дабираи тоҷикро аз порсӣ ба кирилӣ иҷборан ъиваз намекарданд, имрӯз ҳар фарди тоҷик ба беҳтарин намунаи асарҳои ҷаҳонӣ мустақиман бо хатти худу забони худ ошно мебуд ва дар симои кишвари ҳамзабононаш “душман”-ро намедид (бо таблиғи гурӯҳе ва ё ниҳоде).

Бадбахтии мо дар он аст, ки мухолифи “порсӣ” номидани забони миллати мо хонандаи ъодии шабакаҳо не, балки ъиддае аз қаламбадастону баистилоҳ рӯшангарони ӯ ҳастанд. Бадбахтии мо ин аст, ки ҳатто дар “порсӣ” номидани забони худ, ки порсӣ ҳаст, хатари кудом як ҷангро ва хосса такрори воқеъаҳои соли 1990-ро мебинанд. Бадбахтии мо дар ин аст, ки бо “порсӣ” номидани забон ва ъазми гузариш ба дабираи порсӣ, хатари нобудии истиқлолу якпорчагии кишвару таҳти таъсири Эрон ва мазҳаби расмии он монданро мебинанд…

Ҳеч кас намехоҳад фаротар аз ин “тарс”-ҳои сунъӣ андеша намояд. Ҳеч кас намехоҳад суол диҳад, ки бо “порсӣ” номидани забонамон Эрон чи хатаре ба сари мо меоварад? Назорати вуруди китоб аз Эрон ба кишвари мо дар ҳадде шуда, ки як китоби шеърро, агар ҳатто он китоби Ҳофиз бошад ё девони Рӯдакӣ ё… имконнопазир кардааст. Пас, чи хатаре аз гузариш ба хатти порсӣ вуҷуд дорад?

‘Душмантарошӣ’

Мегӯянд, омӯзиши забони порсӣ (дабираро дар назар доранд) дар кишвар озод аст ва дар мактабҳову бархе донишкадаҳо омӯхта мешавад. Дуруст, вале ин маънои дабираи расмӣ будани порсиро намерасонад. Ва онгоҳ, агар хатар ин аст, ки бо расмӣ кардани ин хат ҷавонон зери бори ақидаҳои мазҳаби дигар мераванд, худро фиреб додаем. Тамомии осори мазоҳибу адёни дигар, бо ҳар забоне, ки бихоҳем, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мавҷуд аст ва аз тариқи барномаҳои мухталиф таблиғу ташвиқ мешаванд. Имкони мамнӯъияти инсони ҳозир аз васоили интернетӣ аз даст рафтааст. Пас, тарсидани гузариш ба дабираи порсӣ бемаънист.

Бадбахтии мо дар он аст, ки ҳамаи масоилро бо ҳам омехтаем. Аз ҳар фикри иброзшуда, аз ҳар пешниҳод, аз ҳар навиштаи ҳамватану ҳамзабони худ мехоҳем чеҳраи “душман”-ро барои ҳукумат ва давлат ва миллати худ ифшо созем.
Гӯйӣ барномаи кории так-таки мо аз “душман”-созиву “душман”-номии ҳамдигар ъиборат шудааст. Мо худ ҳукумати кишварро аз интиқодпазир будан дур кардаем ва ҳар интиқодеро “душманӣ бо ҳукумату халқу Ватан” қабул мекунем ва соҳиби андешаро мехоҳем, ки нобуд созанд.

Бархе аз дӯстон ба пинҳону ошкор пешниҳод мекунанд, ки дар ҳеч коре аз интиқод истифода нашавад. Яъне, аз корҳои анҷомшудаи хуб ситоиш шавад ва дар натиҷа масъулон дилгарм шудаву бештар ба анҷоми корҳои нек барои миллат иқдом кунанд. Ситоиши як фард нобуд кардани мақоми аслии ӯст. Ситоиш, ки аз чаҳорчӯбаи худ фаротар рафт, шахси ситоишшавандаро гумроҳ месозад. Пушти ҳар ситоише ғаразе нуҳуфтааст. Бояд донист, ки ситоишгар чи ҳадаф дорад, чи мехоҳад ва чи мехоҳад кардан?

Ҳамчунин интиқод ҳам ғаразноку беғараз мешавад. Ба ҳар ҳол интиқод – чи ғаразноку чи беғараз – мушкилоти мавҷудро ошкор месозад ва роҳро барои рафъи онҳо ҳамвор менамояд. Ойина барои дидани ъайби худ ва ислоҳ намудани он аст. Чи гуна барои фарсуда будани пироҳани худ ё чирку чурук доштани рӯйи худ ойинаро метавон гунаҳкор кард ва онро шикаст? Масъалаи забон ва замин (гузашта аз масоилу мушкилоти дигаре, ки мардум ҳамарӯза атрофи он баҳс мекунанд), на аз мушкилотест, ки бар асари он миллат ба душманномии ҳамдигар бархезад. Ин ду аз масоиле нестанд, ки битавон аз бари онҳо сарсарӣ гузашт ва онро ба ихтиёри худ гузошт.

Сухан аз забони як миллат, ки як ъунсури муҳимми будани ӯст ва аз замини марбут ба ӯ меравад, ки дар он ҳудуди давлатияш ҷойгир аст ва бе он имкони доштани давлатро надорад. Мо масъалаи заминро осон ба боди фаромӯшӣ супоридем ва дар мавриди номи забону аҳаммияти он низ мехоҳем ҳарчи зудтар дари ин баҳсро бипӯшем. Бадбахтист, ки бар сари ночизтарин ва пучтарин масоил ҳафтаҳо ҳазорон нафар вақт талаф кардаву саҳоифи интернетиро бо нивиштаву ъаксу сабтҳо пур мекунанд, аммо дар муҳимтарин масоили миллӣ намехоҳанд “сари бебало”-яшон “дар бало” уфтад. Воқеан, бо ин ҳол ва чунин шароите ҳар фарде ҷои нигарониву тарс дорад. Зеро бо камтарин андеша, ки “хилофи майл”-и кормандони ҳукуматӣ бошад, метавонанд шахсро парванда кунанд, боздошт кунанд, зиндонӣ кунанд ва дастикам ба ӯ унвони “хоини миллат”, “фурӯхташуда” ва амсоли инро бидиҳанд.

Аммо ҳеч кас фикр намекунад, ки зери мафҳуми “хоин” чи касе фаҳмида мешавад? Ва онгоҳ, “хоин”-у “фурӯхташуда” хондани шахсе ба хотири пуштибонияш аз номи забони модарӣ ё пешниҳодаш барои гузариш ба дабираи порсӣ ё бонги хатар заданаш аз хатари чун коло фурӯхта шудани замин… магар қабул аст?

Мо зарбулмасалгӯиро дӯст медорем. Дӯст медорем ҳамеша насиҳат кунем, ки “Бозӣ макун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб”, “Сари хамро шамшер набуридааст”, “Сари бебалоро дар бало намон”, “Як ҷои хушк ёбу нишин”… Аммо ҳеч гоҳ фикр намекунем, ки ин масалҳо ҳамеша боъиси шикастхӯрии пайдарпайи миллати мо дар гузари замон шудаву мешаванд. Ҳеч кас намегӯяду намехоҳад ҳис кунад, ки “Дӯст табарвор мегӯяду душман шакарвор”. Як дӯст бо сахтгӯӣ иштибоҳи дӯсташро ба ӯ нишон медиҳад ва мехоҳад ӯро наҷот диҳад, аммо душман бо ситоиш чашми ӯро мебандад ва барои ба чоҳ уфтоданаш ёрӣ медиҳад. Лоақалл, ҳоло ҳам ман чунин фикр мекунам, агарчи шиъори ман “Танқид меваи кумунисм” набуду нест, чун акнун кумунисте вуҷуд надорад.

‘Сарфаҷӯии дурӯғин’

Масъалаи забон барои ман як масъалаи муҳимму дар айни замон дарднокест. Чи гуна метавон аз он осон чашм пӯшиду гузашт? Магар онро канор ниҳодан, канор гузоштану рад кардани осори 1150-солаи адабиёти миллӣ, дастовардҳои ъилмии он, тарки шахсиятҳои бонуфузи он, пушти по задан ба Рӯдакиву Фирдавсиву Синову Беруниву… устод Айнӣ нест? Магар инҳо забони худро порсӣ наномидаанд ва ба порсиву дабираи он иншо накардаанд?

Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон осори 1150-солаи адабиёти мо “порсӣ” ва забони он “забони порсӣ” гуфтаву нивишта мешавад. Дар ҳеч куҷое онро ба гунаи дигар намегӯянд ва сабт ҳам нахоҳанд кард. Миллати тоҷикро дар ҷаҳон ҳамчун миллат мешиносанд, эътироф мекунанд, саҳми онро дар тамаддуни башарӣ нек медонанд ва забони онро ҳам “порсӣ” мешиносанд. Дар тамоми ҷаҳон медонанд, ки хату забони тоҷиконро Ҳукумати Шӯравӣ табдил кард.

Ҳар кишвари дигаре аз Иттиҳоди собиқи шӯравӣ, бо ёфтани истиқлол барои бозгашт ба ъурфу ъодату фарҳангу хатти худ кӯшиш намуд. Ҳатто Узбакистон ба хотири он ки “порсизабон” номида нашавад – бо ин, ки осори адабии ин кишвар аз замони Алишер Навоӣ то ишғоли Бухоро аз сӯи Русия ва то табдили хат ба лотинӣ, ба порсӣ нигориш ёфтааст, – ба дабираи лотинӣ бигзашт то дур аз иттиҳоди ҷаҳонии туркизабонон набошад!

Аммо дар кишвари мо ҳамеша ба муқобили фарҳангу забони худ набарди лафзиву ҷонӣ сурат мегирад. Кори миллати мо ба онҷо расида, ки беҳтарин анъанаву русуми неки хешро бо қонунҳо манъу нобуд кардем. Дар ҳоле ки дигар қавмҳо камтарин расму ъурфи хешро бо ифтихор анҷом медиҳанд. Ҳеч кишваре бо манъ кардани ъурфу ъодати мардумаш сарватманд нашуда ва ҳеч миллате ҳам аз ин роҳ ба зиндагии осудатаре нарасидааст. Мардум дар ҳама ҳол сарфу хароҷоте доранд ва ончиро, ки бояд масраф кунанд, ба ҳар василае масраф хоҳанд кард. Омори “гову гӯсфандҳои аз куштан эмин монда” ва “милюнҳо сомонии экономшуда”-и мардум бар асари чунин қонунҳо комилан дурӯғ аст. Ки оғил ба оғили мардум гаштаву гову гӯсфанди онҳоро шумориш кардааст?

Бигзарем, ки мушкили мо ҳоло забону замини миллати мост! Баъид намедонам, ки шояд Мирзиёев барои боз ҳам беҳтар ба даст овардани дили мардуми худ, барои ҷовидонӣ кардани номи худ, дар баробари он ҳама озодиҳое, ки ба кишвараш дод, дар баробари бардоштани деворҳои каримуфӣ, дар баробари озод кардани фаъолияти рӯҳониён ва дубора ба кор андохтани мадориси пешин, миллаташро ба хати порсӣ баргардонад.

Бале, дару девору ҳар макони торихии дар ҳудуди Узбакистон боқӣ монда пур аз нақшу нигораву катибаҳои порсиву каломи динист. Алакай донишмандони он кишвар чанд ҷилд матни деворнивиштаҳоро ба чоп расонданд! Гузор ба дабираи порсӣ мустақиман халқи он кишварро ба адабиёти клосики мо роҳнамоӣ мекунад ва онро беҳтар меомӯзаду аз худ мекунад. Ман баъид намедонам, ки Узбакистон чун дар ҳазорон масъалаи дигар, дар ин маврид низ аз Тоҷикистон пешдастӣ менамояд!

Бешак, барои мо мояи таассуф аст, мояи бадбахтист, ки то ҳол бар сари чи ном доштани забони худ, маънои номи миллати худ баҳс дорем. Магар намедонем, ки адабиёти мо бо кадом забон нигориш ёфта ва он забон чи ном доштааст?
Ман бо овардани қавли бузургон дар бораи “забони порсӣ” ном доштани забони миллати худ дар шарму хиҷолат гӯр мешавам. Ҳамватану ҳамзабонҳоям дидаву дониста, намехоҳанд далелҳои ошкору раднашавндаро бипазиранд. Барояшон на ҳарфи Рӯдакӣ эътиборе дорад ва на қавли Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Ъайнӣ, ва на сухани Қаҳрамони дигари Тоҷикистон, соҳиби китоби “Тоҷикон”, ъаллома Бобоҷон Ғафуруф.

Мушкил аст вақте дидаву дониста, ҳама ба ҳарфи як даҳон вобаста шуда бошанд. Масъалаи забон набояд ба масоили сиёсӣ омехта шавад. Расман “порсӣ” номидани забон ҳамонанди миллисозии ному насаби шаҳрвандон аст. Ҳеч мушкилеву хатаре дар он несту нахоҳад буд. Илова бар ин, мо хоҳему нахоҳем, дер ё зуд касони дигаре дар ин сарзамин миллатро ба хатти асливу дерини худаш бармегардонанд ва ба ин васила номи худро ба некӣ ъумри ҷовид мебахшанд.

Вақте “порсӣ” номидани забон ин қадар мухолифатро боло мебарад, ки дар радаи болоии ҳукумат мехоҳанд ба он нуқтаи таммат бигзоранд ва ҳарфи сохтаи Шӯравиро бар курсӣ нишонанд, тасаввураш душвор нест, ки зимомдорон ба ҳеч ъунвон ҳозир ба гузариш ба дабираи порсӣ нахоҳанд буд. Аммо ин пофишориҳову мухолифатҳо ногузир ин ъақидаро дар мағзи шаҳрвандон тасбит месозад, ногузир онро ҳамеша таъкид мекунанд ва ҳатто минбаъд саҳоифи комилан форсиро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ роҳ меандозанд.

Саффориён ва Сомониён

Дар кишварҳои урупоӣ макотиби омӯзиши “забони тоҷикӣ” вуҷуд надорад. Ба ғайр аз забони кишвари урупоӣ зарурати омӯхтани тифл ба забони модарии худи он низ ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳол табиъист, чунонки дар Тоҷикистон ҳамзабонони хуросониямон (Афғонистони ба зӯр сохташудаи паштунсолор) фарзандони худро ба мактаби порсии худ мебаранд (ё мебурданд), тоҷикон ҳам атфоли худро ё ба макотиби порсии мустақар дар кишвари урупоии ҷои зист интихоб намудаашон ё ба макотиби русии он хоҳанд бурд.

Нашри рӯзномаҳо ба хатти порсӣ низ дар ин кишварҳо аз ҷониби тоҷикон дер ё зуд роҳандозӣ мешавад. Ҳамчунин таъсиси шабакаҳои ҷаҳонии телевизиюние мисли “Ориёно”-и хуросониҳо, ногузир аз ҷониби тоҷикон дар ояндаҳои наздик ё дур ба миён хоҳад омад. Яъне, дар баробари бархурди манфӣ дар масъаллаи забон, бархурди мардум низ ба ниҳону ба ошкор сурат мегирад. Пас, оё беҳтар нест ин масъала яксара ва ба манфиати Ватану Миллат ҳал шавад!? Номи сохтаро ба забони миллат бор кардан ва мардумро маҷбур ба кашидани ин бор намудан, ҳаргизу ҳеч гоҳ ба суди давлатдориву миллати мо нест. “Порсӣ” номидани забони миллати тоҷик ва дар оянда гузор ба дабираи он, ҳеч иртиботе ба сохти Эрон ё муноқишаҳои мазҳабӣ надоштаву нахоҳад дошт!

Ҳарфи мо рӯи забони миллии мост, забоне, ки дар дарбори Яъқуби Лайси Саффорӣ ба он эътибор дода шуд. Дар “Торихи Систон” омадааст: “Пас аз тасарруфи Ҳироту Пушанг шоъирон амири Систонро ба ъарабӣ мадҳ гуфтанд. Яъқуб гуфт: “Чизе, ки ман андар наёбам, чиро бояд гуфт?” Аз ин рӯ, Муҳаммад бинни Васиф шурӯъ ба сурудани шеъри форсӣ кард.” (Торихи Систон, саҳ. 215-138)

Сомониён порсиро курсии заррине бахшиданду забони дуюми ҷаҳони Ислом ва забони адабиёти мондагори ҷаҳон карданд! Ҳоло чи гуна мешавад, ки Исмоъили Сомониро бунёдгузори давлати мутамаркази тоҷикон бидонему муҷассамаи ӯро ҳамчун намоди давлатдории худ барпой кунем ва аммо забонеро, ки онҳо порсӣ номидаанд, напазирем?

Устод Ъайнӣ дар “Сарсухан”-и “Намунаи адабиёти тоҷик”, (соли нашр: 1925) барои баёни пешинаи забони порсӣ дар ҳудуди давлати Бухоро навиштаанд: “Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба ъасре ё тасаллути подшоҳею амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар ъаҳди СОМОНИЁН, КИ ЪИРҚАН ФОРСИЗАБОН ҲАСТАНД, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, Шайбонӣ, Астархонӣ ва Манғит, ки ъирқан муғул, турк ва узбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст.”

Дар ин ду ҷумла устод Ъайнӣ на танҳо аз забони қадими миллат будани порсӣ, балки аз порсизабон будани Сомониён низ ба сароҳат гуфтаанд. Дигар чи далеле барои “порсӣ” ном доштани забони тоҷик ба кор аст ва чи далеле барои “забони тоҷикӣ” номидани он?

Наршахӣ дар “Торихи Бухоро” навиштааст: “Мардуми Бухоро дар аввали Ислом, дар намоз, Қуръон ба форсӣ мехондандиву ъарабӣ натвонистандӣ омӯхтан ва чун саҷда хостандӣ, бонг кардӣ: Нагун бо нагун кунет.” Ин ҷумла мерасонад, ки забони порсӣ дар Бухоро то омадани Ислом низ ривоҷ доштаву барои мардумаш қобили дарк будааст. Ин ҷумла мерасонад, ки дар Бухоро ки мо онро гаҳвораи тамаддуни тоҷик мешуморем ва то ҳол даъвии онро дорему хоҳем дошт, номи забони тоҷик “порсӣ” будааст.

Мардуми Тоҷикистон ғолибан дар мазҳаби Имом Абӯҳанифа (р) ҳастанд ва бахше дар Бадахшон ба мазҳаби исмоъилӣ эътиқод доранд. Ҳарду мазҳаби номбаршуда дар Бухоро ҷойгоҳе доштанд ва агарчи пас аз фавти устод Рӯдакӣ болину бистари исмоъилия ба зарби шамшери хонаводаи Сомониён ва дахолати бевоситаи ъаносири турк барчида шуд, боз ҳам баъди садае – беш ё кам – тавассути тоҷики дигар – Носири Хисрави Қубодиёнӣ – дар сарзамини кунунии Тоҷикистон, дар Бадахшон, барои худ ҷойгоҳе пайдо кард. Дар канори ҳам ба таври мусолиматомез зистани намояндагони ин мазҳаб дар ҳудуди кунунии Тоҷикистон дар тӯли наздик ба ҳазор сол, воқеъан мояи ҳайрату ситоиш ва нишони таҳамулпазириву фарҳанги баланд доштани тоҷик буду ҳаст.

Имом Абӯҳанифа (р) тақрибан нахустин касест, ки хондани намозро то омӯхтани забони ъарабӣ ба мардуми тоҷики он рӯзгор иҷоза додааст. Агарчи Имом Сарахсӣ ҳам дар китоби “Алмабсут” овардааст, ки аҳли Форс аз Салмони Форсӣ хостанд сураи Фотиҳаро барои онҳо ба забони форсӣ тарҷима кунад, то дар намоз бихонанд. Салмон аз ҳазрати паёмбар (с) иҷоза хост, паямбар иҷоза доданд, ки то замоне калимоти ъарабиро наомӯхтаанд, ба форсӣ бигӯянд. Тоҷикон ва ҳатто бархе ақвоми турки бумӣ нияти намозро аз он рӯзгор то кунун ба порсӣ анҷом медиҳанд.

Порсӣ дар Варорӯд 

Бархе аз ховаршиносон, аз ҷумла Горник Осотурён, дар мусоҳибаи худ зери ъунвони “Забону қавмият дар Эрон” бар ин боваранд, ки: “Вақте забони форсӣ аз Мовароуннаҳр баргашт, дар худи Форс, дигар забони форсӣ он форсии пешин набуд… 1300 сол пеш вақте гурӯҳе аз эрониён ба Мовароуннаҳр фирор карданд ва ба дунболи он, ҳангоме ки эрониёни мусалмон бо ҳамроҳи аъроб ба он минтақа рафтанд, бино бар далоили сиёсиву фарҳангӣ, забони форсӣ ба дувумин забони ислом дар минтақа ва ба забони норматив, яъне забони меъёри девонӣ, адабиёт ва ъилм табдил шуд ва сайри такомулии он дар ҳамин замон, яъне 1300 сол пеш, мутаваққиф шуд.”

Мо бо қавли Наршахӣ дар “Торихи Бухоро” ин иддиъоро рад мекунем. Забони порсӣ ба Мовароуннаҳр, ки Бухоро маркази маъмуриву фарҳангии он буд, ҳамроҳи эрониёни фирорӣ наомадааст. Ин забон дар худи ин минтақа ба гунае ривоҷ дошт ва қобили фаҳм буд. Зеро дар як муддати кӯтоҳ суғдиёну хоразмиён ва ҳар забони дигаре, ки инҷо дар он рӯзгор роиҷ буд, наметавонистанд порсиро аз эрониёни бар асари ҳуҷуми аъроб ба ин қисмат фирорнамуда омӯзанд. Чунин тасаввуре мушкил аст. Балки суғдиён дар баробари забони худ забони пешини порсиро ҳам медонистанд ва ба он такаллум мекарданд. Ҳамчунонки суғдиҳои яғнобӣ акнун ҳам бо забони модарии худ ва ҳам ба забони порсӣ такаллум мекунанд. Ҳамчунонки бадахшониҳо ҳам бо забонҳои модарии худ ва ҳам ба забони порсӣ ҳам такаллум мекунанд.

Устод Ъайнӣ ҳам дар “Сарсухан”-и “Намунаи адабиёти тоҷик” ба ин масъала дар ибтидо ишораи сареҳ кардаву навиштаанд: “Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба ъасре ё тасаллути подшоҳею амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди СОМОНИЁН, КИ ЪИРҚАН ФОРСИЗАБОН ҲАСТАНД, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, Шайбонӣ, Астархонӣ ва Манғит, ки ъирқан муғул, турк ва узбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст. Пас, маълум мешавад, ки дар ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ъирқи орист, дар ин ҷоҳост. Дар ҳоли ҳозир ҳам мо мебинем, ки дар Бухоро, Самарқанд, Истаравшан, Хуҷанд, Фарғона, Фалғар, Масчоҳ ва ъумуман дар шарқи Бухоро ин қавм зиндагонӣ доранд ва забон, ъурф, ъодат ва адабиёти худро батамому камол нигоҳ доштаанд.”

Бибинед, устод Ъайнӣ сабаби ривоҷ доштани забонро дар ҳудуди сарзамини мо мансуб ба дарбори ину он подшоҳе намедонад. Мустақиман онро ба мавҷудияти халқи тоҷик пайванд медиҳад, ки аз ъирқи орист. Яъне забони порсӣ ҳам мансуб ба ин ъирқ аст! Ъаллома Бобоҷон Ғафуруф ҳам дар шоҳасари “Тоҷикон”-и худ ба пешинаи торихи забони порсӣ нигариставу нивиштаанд: “Нивиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии миёна)-и ъасрҳои 7-8, ки дар қарибии Марв ёфт шуд, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар ин ҷойҳо ба забони форсӣ… ҳарф мезаданд… Дар нимаи аввали ъасри 7 дар Балх забони форсӣ паҳн шуда буд… Забони форсӣ аз Марв, Балх ва дигар марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании Хуросони шимолӣ ба тамоми Мовароуннаҳр интишор ёфта, батадриҷ ҷои забонҳои шарқӣ-эронии Осиёи Миёна – суғдӣ, тухорӣ (бохтарӣ)-ро гирифт… Эҳтимол, забони форсӣ чандин ъаср пеш аз истилои ъарабҳо ба Осиёи Миёна баробари монавия омада бошад» (Ниг. Б. Ғ. Ғафуруф. Тоҷикон. Қисми 2. , С. 75-76).

Пештар аз ин асари худ ъаллома Ғафуруф бо ҳамдастии Прухуруф нивишта буд: “Баъд аз ишғоли Эрон ва Осиёи Миёна аз тарафи ъарабҳо, дар ъасрҳои IX-X забони суғдӣ, ки пешиниёни қадими тоҷикони имрӯза ба ин забон гуфтугӯ доштанд, ҷои худро ба забони форсии нав дод ва онро забони эрониёни ғарбӣ меномиданд.” (Ниг. Ғафуруф Б., Прухуруф Н. Тоҷикон ва талошҳои торихии онҳо барои озодии ватан. (Очеркҳо аз торихи тоҷикон ва Тоҷикистон). – Душанбе, «Адиб», 2012, 256 саҳ.).

Номаи Бертелс ба Ъайнӣ

Муҳимтар аз инҳо, мехоҳам диққати хонандаро ба маъхази дигаре ҷалб намоям. Ин маъхаз номаи Е.Э. Бертелс ба устод Ъайнист, ки 23-уми оврили соли 1939 нивишта шудааст. Номаи мазкурро Бертелс дар робита бо “Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик” нивиштааст. Порае аз матни он номаро меоварам, то вазъияти устод Ъайнӣ дар он рӯзгор тасаввур шавад. Бертелс нивиштааст:

“Устоди донишманди муаззам! Дар ин рӯзҳо рафиқ Зингер дар шуъбаи ленингродии Нашриёти Тоҷик шоҳкори нави шуморо ба ман нишон додааст, яъне “Луғати забони адабии тоҷик”-ро. Баъзе қисматҳои онро хонда баромадам ва гуфта метавонам, ки ғайр аз Шумо, ҳеч касе дигар аз ъуҳдаи чунин коре наметавонист барояд. Ин китоб ганҷинаест аз ҷавоҳири гаронбаҳои моломол, асарест, ки ҳазорон мардум метавонанд солҳои дароз аз он истифода кунанд…

Бо он ҳама, баъд аз хонда баромадани он баъзе шубҳаҳо пайдо шуд, ки мехоҳам Шуморо аз он иттилоъ бидиҳам. Рафиқ Зингер гуфта буд, ки ман бояд ин китобро таҳрир (редаксия) кунам. Ба назарам, ин таҳрир аз тарафи ман ғайр аз рафъ кардани ғалатҳои чопӣ ҳеч чизе дигар нахоҳад буд…

Ончи шумо нивиштаед, ман бояд фақат тасдиқаш кунам, ки дар ин ҷо албатта ҳеч ҷои эътирозе нест. Вале мехостам бигӯям, ки ин шубҳаҳо ъиборат аз чист? Дар луғати Шумо бо он ҳама сарват, ки дорои он аст, калимаҳои советӣ (шӯравӣ) ва интернотсиюнолӣ (байналмилалӣ) ҳеч ёфт намешавад. Агарчи ман шояд сабабашро мефаҳмам, вале метарсам, ки агар ин китоб дар ҳамин шакли ҳозирааш аз чоп барояд, баъзе танқидчиёни мӯшикоф як ҳайоҳӯе хоҳанд баровард, ки он сараш нопайдо хоҳад буд. Хоҳанд гуфт, ки шумо мухолифи дохил кардани чунин калимаҳо дар забони адабии тоҷик ҳастед ва дигар ҳамин хел музахрафот. Агарчи шумо албатта метавонед ба чунин танқид чунон як ҷавоби қатъӣ бидиҳед, вале ба назарам аз ин қисм гуфтугӯҳо ҳеч касро хушаш намеояд. Аз ин сабаб ман фикр кардам, ки бояд роҳе пайдо карда шавад, то барои чунин эътирозот дигар роҳ дода нашавад.

Шояд мумкин мебуд як луғати иҷимоъӣ-сиёсӣ гирифта, аз он китоб луғати Шумо такмил карда шавад? Мо метавонем барои як мутахассис супориш кунем, ки муҳимтарин терминҳо (истилоҳт)-и русӣ аз як луғатчаи сиёсии русӣ интихоб кунад, бо шарҳи он терминҳо ба забони русӣ. Баъд аз он, он ҳама луғатҳоро бо шарҳи он як мутарҷими забардаст аз қабили Улуғзода ба забони тоҷикӣ тарҷима кунад. Ин калимаҳо барои Шумо фиристода хоҳад шуд ва агар Шумо ба дохил кардани он ба китоби худ ризоят диҳед, он вақт ба китоб ъилова карда шавад.

Тасаввур мекунем, ки дар ин сурат ҳеч касе ёрои онро нахоҳад дошт, ки чизе бар хилофи ин китоб бигӯяд. Ин назари ман аст, ки хеле майл дорам ъақидаи Шуморо дар бораи он бидонам. Бояд такрор кунам, ки худи ман албатта ба ҳеч ваҷҳ чунин ҷасорате надорам, ки барои Шумо, устоди донишманди муҳтарам, як пешниҳод ва ё чизе мисли он кунам. Ман фақат хоҳиш мекунам, ки ин асари пурбаҳо зудтар чоп шавад ва ҳеч касе натавонад монеъи чопаш шавад…
Бо саломи самимона ва хоҳишҳои ъофият ва саломатӣ, дӯсти мухлиси Шумо,
Е. Бертелс, 23.04.39”

Ин нома бо ъакси дастнивиси Бертелс ба дабираи форсӣ дар ибтидои ҷилди 12-и Куллиёти устод Ъайнӣ, аз тарафи нашриёти “Ирфон” дар соли 1976 чоп шудааст. Ман намедонам, ки чопи пешини ин асар кай сурат гирифта. Ин номаи Бертелси маъруф ба хонандаи имрӯз чиро мерасонад? Бале, хатаротеро, ки барои ҳар асар ҷони устод Ъайниро аз тарафи “танқидчиёни мӯшикоф” (ъиборати Бертелс) дар он айёми каҷдорумарез таҳдид мекард. Устод Ъайнӣ ва ҳар каси дигаре, ки забонашро “порсӣ” ном мебурд, дар он айём гирифтори хатари ҷонӣ мегардид. Устод Ъайнӣ маҷбур буд, ки дар хилоли нивиштаҳои худ истилоҳи маҷбурсохти “забони тоҷикӣ”-ро ҷой-ҷой ба кор барад, то даҳони бадгӯёнро бибандад ва хатарро аз сари худу осори худ дур созад.

Бертелс аз хатарҳои қаблан бар сари устод Ъайнӣ омада хуб огоҳ буд. Дилсӯзона ба ӯ муъомила дошт ва шахсияти нотакрор будани ӯро дарк мекард. Аз ин рӯ, ъоқилона пешбинӣ мекард, ки агар дар ин асари Ъайнӣ бархе аз “калимаҳои советӣ (шӯравӣ) ва интернатсионалӣ (байналмилалӣ)” ворид карда нашавад, китоб ва соҳиби он мавриди ҳуҷум қарор мегиранд. Ин ҳол дар мавриди “Одина”-и устод Ъайнӣ низ такроор шуда буд. Устод маҷбур шуд “образ”-и коргари рус Ивонро ноъилоҷ ба повести (достони кӯтоҳи) худ ворид намояд.

Бо ин ҳама, устод Ъайнӣ дар ин луғат ҳам, дар шарҳи калимоти куҳан дар қавсайн аз овардани номи аслии забон худдорӣ намекунад. Масалан, дар шарҳи вожаи “Абар” дар қавсайн меорад: “дар форсии қадим” (Ҳамон асар, саҳ. 25). Дар дигар ҳолот аз таркибҳои “дар забони зиндаи халқ”, “ин маънӣ мурдааст” истифода мекунад. Муҳимтарин далелҳо барои қавли мо дар мавриди ба қалами устод Ъайнӣ “порсӣ” номида шудани забони тоҷик, дар “Намунаи адабиёти тоҷик” мавҷуданд, ки онҳоро дар нивиштаи дигар овардем.

Порсӣ ва паҳлавӣ

Ва аммо боз ҳам дар мавриди пешинаи забони порсӣ дар сарзамини худ бигӯем. Агарчи истиноди мо ба “Торихи Наршахӣ”, ба гуфтори устод Ъайнӣ, ба нивиштаи Ғафуруф, дар “Тоҷикон” барои огоҳону аҳли басират кофист.

Осотуриён дар мусоҳибааш зери ъунвони “Забону қавмият дар Эрон”, агарчи дар ибтидо мегӯяд, ин забон вақте аз Мовароуннаҳр ба Форс баргашт ва чунон менамоёнад, ки забони порсӣ бо ҳамроҳи эрониёни фирорӣ ба ин сарзамин омада бошаду дубора ба мақарри худ баргашта бошад, худ дар охири бахши аввали мусоҳибааш бо ин ҷумла қавли аввалияашро зери суол мебарад: “Гӯишҳои форсии Афғонистон бо Тоҷикистон аз лиҳози системи фунетикӣ ва дастурӣ куҳангаротар аз забони форсии меъёри Эрон ҳастанд. Низоми мусавватҳои форсии Осиёи Миёна ҳолати мусавватҳои форсии миёна ва клосикро ҳифз кардааст, зеро форсии роиҷ дар Осиёи Миёна аз лиҳози замони шаклгирӣ ва пояи торихӣ куҳантар аз забони форсии кишвари Эрон аст.”

Матни зер, зери ъунвони “Портҳо” аз як нивиштаи муфассал дар торнамои “Осмонӣ” барои суолҳои мо дар мавриди пешинаи забони порсӣ дар ин марзу бум посух мерасонад. Дар ин торнамо омадааст: “Дигар забони паҳлавист, ин забонро форсии миёна ном ниҳодаанд ва мансуб аст ба “Порсуо” ном қабилаи бузурге ё сарзамини васеъе, ки маскани қабилаи порсуо буда ва он сарзамин Хуросони имрӯзист, ки аз машриқ ба саҳрои Атобак (дашти Ховарони қадим) ва аз шимол ба Хоразму Гургон ва аз мағриб ба Қумис (Домғони ҳолия) ва аз Нимрӯз ба Синду Зобул мепайваста, мардуми он сарзамин аз эрониён (сака) будаанд, ки пас аз марги Искандар юнониёнро аз Эрон ронда, давлате бузургу паҳновар ташкил карданд ва мо ононро Ашкониён гӯем ва калимаи паҳлавӣ ва паҳлавон, ки ба маънии шуҷоъ аст, аз ин қавми далер, ки ғолиби достонҳои афсонаии қадими “Шоҳнома” зоҳиран аз корномаҳои эшон бошад, боқӣ мондааст.

Забони ононро забони “парсавӣ” гуфтанд ва калимаи парсавӣ ба қоъидаи табдил ва тақлиби ҳуруф “паҳлавӣ” гардид ва дар замони шаҳаншоҳии онон хатту забони паҳлавӣ дар Эрон ривоҷ ёфт ва нивиштаҳое аз онон ба даст омадааст, ки… ба хатти паҳлавии ашконӣ бар рӯи варақи пӯсти оҳу нивишта шуда… ва торихи он ба 120 соли пеш аз мелоди Масеҳ мекашад. Забони паҳлавӣ забонест, ки даврае аз татаввурро паймудаву бо забони форсии дерин ва авастоӣ тафовутҳое дорад,… ба забони дариву форсии баъд аз ислом наздиктар аст…”

Хуллас, ба ҳар тариқае, ки ҷустуҷӯро идома надиҳем, ва кудом матни адабии клосикиеро, ки наҷӯем ва кудом торихеро, ки варақ нагардонем, номи ин забон “порсӣ-форсӣ – форсии дарӣ” сабт гардида ва истилоҳи “забони тоҷикӣ” сохтаи таҳмиливу иҷбориест, ки аз 100-110 сол бештар собиқа надорад. Ин истилоҳро понтуркистҳо ва шӯравиҳо махсусан ҳангоми табартақсими сарзамини тоҷикон ба онҳо бор карданд.

Напазируфтани ин истилоҳ боъис мегардид, ки понтуркистон Маскавро комилан ба “эрониҳои омада” ва “туркҳои забонгумкарда” будани тоҷикон мутақоъид созанд ва ъилова бар ин тоҷиконро шарт гузоранд: ё омӯзишу гуфтор бо забони туркии чағатоӣ (на узбакӣ) ё тарки сарзамину рафтан ба Тоҷикистон, ки он рӯзгор ягон маркази маъмурии обод ва ягон шаҳр дар ҳудуди ҷуғрофиёии тозатаъсиси худ надошт. (Хуҷандро баъдан ва муваққатан ба ихтиёри Тоҷикистон вогузоштаву дар ъиваз Тирмизу ҳаволии онро бозгирифтанд.)

Ин “шартгузорӣ” ва таҳдидҳои ъаланиро хонанда метавонад аз шумораҳои солҳои 1924 то соли 1927-и рӯзномаи нахустини баъдазинқилобии тоҷикон “Овози тоҷик”, ки то ҳол дар Самарқанд ба чопу ъумри худ идома медиҳад, пайдо намояд. Мо намунаи мақолаҳои дар ин бора нашркардаи он рӯзномаро аз он солҳо дар таҳқиқи худ зери ъунвони “Фоҷиъаи миллати тоҷик” (бар асоси асноди рӯзномаи “Овози тоҷик”) дар беш аз 300 шумораи рӯзномаи “Имрӯзнюс” ба чоп расонидаем.

Хат ва пешрафт

Такрор мекунем, барои иддае аз тоҷикон ва хосса мансабдорон, қисмате аз олимон даст бардоштан аз истилоҳи маҷбурсохти “забони тоҷикӣ” дардноку сангин ва тасаввурнашуданӣ ба назар меояд. Ҳамчунонки бар эшон даст бардоштан ва озод шудан аз ҳайъату мустамликаи Русияи Шӯравӣ сангин уфтода буд ва худ ба муқобили озодиву истиқлоли хеш сари пой бархоставу хуни ҳамдигарро рехтанд. Ин тасаввури ғалатро эшон мушкил аст аз худ биронанд, ки гӯӣ омӯзиши порсӣ мушкилоти ъазимеро барои миллат меоварад ва онро аз пешрафт боз медорад.

Гарави пешрафти як миллат ҳаргиз баста ба хатти миллати дигар, хосса ба хатти кирилии миллати рус нест! Агар дабираи порсӣ мояи пешрафт набуд, чи гуна тавонист ҳукумати шоҳии Ризо Паҳлавӣ Эронро тараққӣ диҳад? Ва Эрони кунунӣ чи гуна бо ин дабира тавонист ба ғанисозии урониюм ва тараққиёти дигар бирасад? Ҳамин тавр Покистони дорои силоҳи ҳастаӣ бо ин хат ҳаргиз ъақибмонда набудааст ва ин хат ҳаргиз боъиси ҷангҳои Афғонистон набуда ва баръакс, душманони ин марзу буму ваҳдату ягонагиву якпорчагии он ҳамеша ба муқобили ин хатту ин фарҳанг мубориза кардаанд, зеро ин забону ин хатро нерӯи қавии ваҳдату якпорчагӣ ва забони миёнҷӣ дар минтақа шинохтаанд.

Дар мавриди мушкилоти ҳуруф ва навоқиси он, ки дар даврони табдили хат ба лотинӣ, бо супориш барои он шумурдаву чоп мекарданд ва акнун ҳам ъиддае бар он ъақида такя мекунанд, бояд гуфт, ки чунин “мушкилот”-ро ҳар дабирае дорад. Дабираи порсӣ бамаротиб мукаммалтару расотар аз дабираи лотинии олмонист. Агар дар алифбои порсӣ се ҳарфи “с” ҳаст, пас дар дабираи олмонӣ барои нивиштани фақат як овози “ч” бояд аз чаҳор ҳарф истифода кард ва ё дар миёни калимаҳо “ҳ”-ро нивишту нахонд ва ё “С”-ро дар ибтидои калима “с” ва гоҳе “ш” ва дар миёни калима бояд “з” хонд…
Ин навоқис ҳаргиз баҳонае барои вомондагии як миллат, барои тараққӣ накардани ъилму надоштани саноъату корхонаҳо буда наметавонад.

Таъкид мекунем, “порсӣ” номидани забон ва расмият бахшидан ба номи аслии забон моро ба адабиёти беш аз ҳазорсолаи худамон соҳибияти қонунӣ мебахшад, дар баробари мардуми форсизабони ҷаҳон ба ин ганҷинаи пойдор ҳаққи баробар пайдо мекунем. Ин, ки мегӯянд, агар “тоҷик” номи миллат аст ва мурод аз он ҳамаи эрониён, мурод аз он ғайриъарабу ғайритурк аст, комилан баҷост ва аммо ин, ки мегӯянд пас чиро эрониҳо намехоҳанд худро тоҷик номанд: як масхара аст. Чиро? Зеро Эрони қадим то ҳол бо шумули Хуросону Варозруд дар худ чандин қавмҳои эрониро доштаву дорад.

Лурҳо, балучиҳо, курдҳо, табариҳо, озариҳо, мозандарониҳо,… пашаиҳо, паштунҳо, ҳазораҳо… помириҳо, яғнобиҳо… – инҳо ҳамагӣ қавмҳои эрониянд, ки забони модарии худро доранд ва забони форсӣ забони муштараку миёнҷии онҳост. Ҳамаи ин ақвом дар шукуфоии ин забону фарҳанги ин миллат нақше гузоштаанд ва ба он ифтихор мекунанд. Тоҷикони Шероз дар шиносномаи худ “тоҷик”-ро пушти номи худ сабт мекунанд. Аммо дар ъумум тамоми ин ақвом дар шиноснома “эронӣ” навишта мешаванд.

Тоҷикистон ҳам ин авохир аз сабти ҷои зодгоҳ даст бардошт ва боистӣ ҳамаи ақвоми худро – чи русу чи узбаку чи туркмону қирғизро – яксон “тоҷикистонӣ” сабт намояд. Оре! Инҳо тоҷикистониҳоянд, дар инҷо зиндагӣ доранд, зода шудаанд ва ё аз садаҳо пеш ҷойу маконе доштаанд. Забони модарии худро доранду ба он такаллум мекунанд, аммо забони форсӣ – забони расмӣ, коргузорӣ ва забони давлатии Тоҷикистон бояд бошад ва ба он бояд ба таври муштарак ҳарф зананд. Чунин равише нонивишта дар Убакистон ҷорист. Форсивон, русҳо, қарақалпоқҳо, қазоқҳо ва алғараз ҳар қавме, ки дар Узбакистон аст, ночор аст, ки забони узбакиро бидонад, бо он ба идораҳои давлатӣ ва макотиб муроҷиъа намояд. Аммо дар хонааш мухтор аст, ки ба он ҳарф бизанад ё хайр.

Пофишорӣ ва нигоҳ доштани истилоҳи маҷбурсохти “забони тоҷикӣ” моро пеш аз ҳама дар назди Узбакистон ва онгоҳ ҷаҳон кам меоварад. Мо дигар иддиъои соҳибият ба осори “забони порсӣ”-ро нахоҳем дошт. Охир дар куҷои ҷаҳон як забон чанд ном дорад? Шумо дар Олмон як олмониро “немис” гуфта наметавонед, бояд ба ӯ номи миллаташро онгунае, ки худ медонад ва номи забонашро ба гунае, ки худ мехонад, бигӯед: дойч, забони дойчӣ! Бигзор рус забони моро “забони тоҷикӣ” ном барад, аммо ҳамин рус ҳозир нест, ки Хайёмро шоъири тоҷик ва забони ӯро “тоҷикӣ” номад. Хайёмро шоъири порсизабон мешиносанд!

Ҳатто дар Узбакистон ҳеч як аз шуъарои клосикии моро “тоҷик” ва “тоҷикзабон” напазируфтаву ҳамаро “эронӣ”, “шоъири бузурги Шарқ”, “шоъири форсизабон” гуфтаву менивисанд. Ман намунаҳои фаровонеро дидаам. Аммо вақте забони мо ба номи аслияш ба курсӣ менишинад, ба мухолифон дигар чорае намемонад, ҷуз ин ки соҳибияти моро ба ганҷинаи худи мо эътироф намоянд.

Ба миллат номи забони худашро диҳед, на номи сохтаи ғосибонро!
Миллати мо “тоҷик” ном дорад ва забони онро “порсӣ” меноманд!

* * * * *

*Исфандиёри Назар шоъир, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари фарҳангу адаби порсии муқими Олмон аст.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*