Дидгоҳҳои дуктур Муллоҷон дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ

Парвизи Муллоҷон:* Дирӯз дар шабакае иҷтимоъӣ бо ҳамкоронам баҳсу гуфтугӯе доштем дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ. Ба назари ман, ин масъала барои ҷомеъаи Тоҷикистон ва ояндаи кишвар бисёр муҳим аст. Ба ҳамин ҷиҳат, лозим медонам чанд калима дар ин мавзӯъ бигӯям, аз дидгоҳи фарде бо таҳсилоти фарҳангистонӣ дар риштаи торих ва адабиёт:**

Аввалан, ба назари ман, сиёсати расмии мо дар робита бо забонҳои эронии шарқии мавҷуд дар Тоҷикистон ҳадди ақал ғайримантиқӣ ва нодуруст аст. Агар мо дар сатҳи расмӣ помириён ва яғнобиҳоро ҷузъе аз миллати тоҷик мешуморем, пас ногузир забонҳои онҳо низ бахше ҷудоинопазир аз мероси фарҳангии муштараки мо ба шумор мераванд. Ба сухани дигар, ин забонҳо, ба ҳамон андоза бахше аз мероси фарҳангии муштараки мо маҳсуб мешаванд, ки забони расмии тоҷикӣ ё форсӣ бахше аз он аст.

Ва ин бад-он маъност, ки ҳукумат бояд барои рушди ин забонҳо ҳамон андоза таваҷҷуҳ ва ҳамон миқдор аз манобеъро мабзул бидорад, ки барои забони давлатӣ ба харҷ медиҳад. Ҳарчанд бояд гуфт, таваҷҷуҳе ҳам, ки ба забони давлатӣ мешавад, қатъан кофӣ нест, ки ин албатта баҳсаш ҷудост.

Сониян, тоҷикони имрӯз аз назари реша ва фарҳанг ғолибан эрониёни шарқӣ ба шумор мераванд. Бар ин асос, забонҳои эронии шарқӣ низ, чи шакли куҳани онҳо ва чи гунаҳои имрӯзин, бахше аз мероси фарҳангию торихии мо маҳсуб мешаванд. Пас воҷиб аст таваҷҷуҳе вежа ба ин мерос бишавад, аз ҷумла дар заминаи омӯзиши ин забонҳо.

Мутаассифона ин кор сурат намегирад. Ахиран яке аз ҳамкорони пажӯҳишгар аз ман хост китобе дар бораи забони шуғнонӣ пайдо кунам. Ба иттифоқи ҳам кулли интернетро ҷустуҷӯ кардем, вале чизе наёфтем. Шабеҳи ҳамин достон, дар робита бо забони яғнобӣ низ бо ман иттифоқ уфтод, вақте барои як кори ъилмӣ ба он ниёз доштам.

Солисан, воқеъият ин аст, ки ин забонҳо дигар ба ъунвони забонҳои холӣ аз нивиштор шумурда намешаванд. Зеро ба ин забонҳо мардум на танҳо гуфтугӯ мекунанд, балки шеър менивисанд, суруд эҷод мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба онҳо назаре андешаҳоеро менивисанд. Бино бар ин, алорғами мушкилоте ин забонҳо дар ҳоли рушду тавсеъа ҳастанд ва ин фароянди баргаштнопазир аз сӯи худи мардум сурат мегирад, ҳарчанд аз вазоифи давлати Тоҷикистон аст.

Чаҳорум ин ки ин масъала як масъалаи марбут ба сиёсати давлат дар заминаи миллатсозӣ ҳам ҳаст. “Ваҳдати миллӣ” на танҳо баргузории маросими рақсу суруд дар истодиюмҳо ва намоиши кунсертҳо дар телевизиюн аст. Ваҳдати миллӣ доштани як барномаи сиёсӣ дар ҳавзаи забон, ҷилавгирӣ аз падидаи маҳалгароӣ ва муҳайё кардани шароит ва фурсатҳои баробар ҷиҳати дастрасӣ ба манобеъ ва расондани имконоти лозим ба тамомии манотиқи кишвар ва гурӯҳҳои қавмист, ки ташкилдиҳандаи миллати тоҷик ҳастанд (аз ҷумла узбакҳо ва русҳо низ).

Намояндагони ҳамаи манотиқи кишвар бояд худро роҳат эҳсос кунанд, бояд ин итминонро дар худ дошта бошанд, ки давлат аз манофеъи онҳо низ бидуни ҳеч табъизе муҳофизат мекунад.

Панҷум он ки ваҳдат ба ин маъно нест, ки ҳама бояд дар қолабе воҳид дароварда шаванд. Танҳо гузинаи воқеъӣ аз “ваҳдати миллӣ” барои тоҷикҳо дар пиёдасозии асли “ваҳдат дар танаввуъ” хулоса мешавад.

Бино бар ин, агар касе аз мақомот фикр кунад, ки таълиму омӯзиши ин забонҳо мунҷар ба ҷудоиталабӣ мешавад, ҳатман иштибоҳ мекунад. Балки қазия дуруст баръакс аст.

Хуб, ҳоло ин пурсиш худнамоӣ мекунад, ки дар ин росто чӣ кор бояд сурат бигирад?! Ман мавориди зерро ба ҳукумат пешниҳод мекунам:

1) Бояд низоми омӯзиши забонҳои эронии шарқӣ ё ба сурати муассисае тахассусӣ ва ё ба сурати риштае тахассусӣ дар Фарҳангистони ъулум, дар донишгоҳҳо ва ғайра эҷод (ва дурусттараш, бозсозӣ) шавад. Дар маҷмӯъ, дар кишвари мо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мактаби эроншиносӣ рӯ ба уфул аст, ҳамаи марокизи таҳқиқотии забонҳои куҳани эронии шарқӣ дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд, насли ҷавони мутахассис ва коршинос дар ин риштаҳо дар Тоҷикистон ъамалан вуҷуд надорад, ки ин як мусибат аст!

Бо таваҷҷуҳ ба мероси торихӣ ва фарҳангиямон Тоҷикистон бояд яке аз муҳимтарин марокизи ъилмӣ (дар ҷаҳон) дар заминаи таҳқиқу омӯзиши забонҳои эронии шарқӣ ва куллан дар ҳавзаи эроншиносӣ бошад.

2) Муассисоти ъилмии эроншиносӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин бояд ба рушду тавсеъаи ин забонҳо, таҳия ва интишори китобҳо, луғатномаҳо, тавсеъаи вожаҳо ва истилоҳот, алифбо ва ғайра камар бибанданд. Бар ин асос, давлат бояд дарҳои худро боз ва имконоти лозимро барои тавсеъаи расонаҳо ва адабиёт ба забони яғнобӣ ва кулли забонҳои помирӣ, бидуни истисно, фароҳам созад.

Тавсияи ман ин аст, ки бояд бахшҳое дар иттиҳодияҳои нивисандагон, рӯзноманигорон ва оҳангсозони Тоҷикистон барои нивисандаҳо ва шоъирону мусиқидонҳое, ки ба ин забонҳо осоре эҷод мекунанд, таъсис гардад.

3) Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дигар фурсати ворид кардани забонҳои эронии шарқӣ дар низоми омӯзишии Тоҷикистон фаро расидааст, ва дар дараҷаи аввал, дар манотиқи маҳалли зисти гӯишварони ин забонҳо – Бадахшон, Душанбе, Варзоб (Такоб), водии Зарафшон ва ноҳияи Зафаробод. Дар ин манотиқ низоми омӯзиши миёна бояд ду вазифаи асосиро анҷом диҳад: яке, фориғуттаҳсилон (донишомӯзон) баъд аз итмоми мадорис бояд комилан ошно бо забони давлатӣ ба бор биёянд, то худро роҳат эҳсос кунанд ва дар бозори кор рақобатпазир бошанд.

Аз сӯи дигар, ҳаққи онҳо ба омӯзиши забони модарияшон (забонҳои маҳаллӣ) муроъот ва тамоми шароит барои ҳифзу тавсеъаи маҳоратҳои лозим дар ба кор бурдани ин забонҳо барояшон фароҳам гардад. Анҷоми ин муҳим, бахусус дар робита бо забони яғнобӣ, ки дар маърази инқироз қарор дорад, зарурӣ ва фаврӣ аст. Таҷрубаи ворид кардани забонҳои давлатӣ ва маҳаллӣ дар низоми омӯзиш ва фарҳанг дар бисёре аз кишварҳо вуҷуд дорад ва дар ҳама ҷо муваффақиятомез будааст.

* * *

Бархе масоил ҳам ҳаст роҷеъ ба эҷоди “ҳувияти миллӣ”. Ҳол, дар ин ҷиҳат, мешавад тавсияҳои зеринро дод:

Ба назари ман, нахустин чизе, ки бояд бо он шурӯъ кард, тағйири номи забони давлатиямон “форсӣ-тоҷикӣ” аст; масъалае, ки хеле вақт аст дар забони равшанфикрони тоҷик ҷараён пайдо кардааст.

Истилоҳи “забони тоҷикӣ” на ба лиҳози ъилмӣ дуруст аст, на аз назари торихӣ саҳеҳ ва на ба эътибори нажодӣ солим, балки дарвоқеъ ҳомили навъе табъиз аст. Чун “форсӣ” аз даврони Сомониён ба ъунвони як забони муштарак барои ҳамаи эрониёни шарқӣ ба кор бурда мешуд; мардумоне, ки тақрибан то замони ҳамлаи муғул, ва дар манотиқи кӯҳистонӣ то охирҳои қуруни вусто, ба забонҳои эронии шарқӣ такаллум мекарданд.

Усулан, вожаи “тоҷикҳо” барои ишора ба эрониёни шарқӣ (дар қарнҳои 12-16 барои ҳамаи эрониён), сарфи назар аз забон ва мазҳабашон, ба кор бурда мешуд ва форсӣ танҳо яке аз “забонҳои тоҷикон” маҳсуб мегардид — ҳамон забонҳо ва гӯишҳое, ки эрониёни шарқӣ ба ъунвони аслитарин гӯяндагонаш ба онҳо гуфтугӯ мекарданд.

То солҳои 20-уми қарни 20и милодӣ ба сурати расмӣ вожаи “форсӣ” (ба ъунвони номи забони мо) ба кор бурда мешуд ва “тоҷикӣ” ё “сартӣ” (ё сортӣ) аз сӯи муғулҳо ва туркҳои пиромун — он ҳам фақат дар гуфтугӯҳои шифоҳӣ — мавриди истифода қарор мегирифт.

Ҳол, барои чӣ булшевикҳо ном (-и забони моро) тағйир доданд? Ъиллаташ ин аст, ки онҳо саъй доштанд як миллати ҷадид ба номи “миллати сусиёлистӣ” ва забоне ҷадид ба номи “забони сусиёлистӣ” эҷод кунанд ва форсӣ аз сӯи понтуркистҳо расман ба ъунвони мероси даврони феудллӣ шинохта шуд. Ъилова бар ин, булшевикҳо талош доштанд “миллати сусиёлистӣ”-ро аз ҳавзаи нуфузи ҷаҳони эронӣ ва форсизабон хориҷ кунанд.

Дар натиҷа, ин фароянд ъамалан табдил ба як табъизи воқеъӣ нисбат ба он даста аз тоҷиконе гардид, ки ба забонҳои эронии шарқӣ гуфтугӯ мекарданд. Дар фаҳми бештари тоҷикони форсизабон ин пиндор шакл гирифт, ки танҳо касе тоҷик шумурда мешавад, ки ба “тоҷикӣ” гуфтугӯ мекунад, аммо бақияи вежагиҳо (-и як тоҷик) ё аркони ҳувиятии тоҷикон аз зеҳнияти мардум батадриҷ зудуда шуд. Нахустин ва муҳимтарин қурбонии ин табъиз забонҳои эронии шарқӣ гардиданд, замоне ки раҳбарияти Шӯравӣ дар солҳои 30-ум тамоми корҳо дар ҷиҳати рушду тавсеъаи онҳоро, дар ҳоле ки бе нивишторашон гузошт, мутаваққиф кард.

Имрӯз ин вазъият ҳамчунон идома дорад, дар ҳоле ки бо тарҳи расмии эълоншудаи “ваҳдати миллӣ” дар таноқузи том аст. Дар авоили солҳои 2000-ум саъй кардам масъалаи тағйири номи забонамонро дар сатҳи расмӣ – аз тариқи дӯстон ва ҳамкорон дар ҳукумат, – матраҳ бикунам. Аммо бароям шигифтангез буд, ки бо вокунише тунду дарднок мувоҷеҳ шудам. Вожаи “форсӣ” дар назди бисёре аз онҳо бо Эрон иртибот пайдо кардааст.

Ман воқеъан намедонам ъиллати ин эронситезӣ дар сатҳи расмӣ чист, аммо ин рӯйкард, ба назарам, на дурандешона аст ва на дар сатҳи манофеъи кишвар муфид.

Ман он замон ба ҳамсуҳбатҳоям ин тавсияро кардам, ки агар дар дафъаҳои баъд хостед мушкилоти марбут ба худогоҳии миллӣ ва сохтани як миллати воҳидро баррасӣ ва дар бораи онҳо баҳсу табодули назар кунед, кофист, ки назди оийна биравед ва як нигоҳи ъамиқтару дақиқтар ба сурати худ бияндозед. Намедонам, аммо зоҳиран як ойинаи муносиб барои онҳо пайдо нашудааст, ки “худ”-ашонро дуруст барои эшон мунъакис бисозад.

*Парвизи Муллоҷон (Парвиз Муллоҷонов) соли 1960 дар шаҳри Душанбе дар хонаводае фарҳангӣ зода шуд. Ӯ соли 1982 аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи ховаршиносӣ фориғ шуд. Чанд сол ба ъунвони мутарҷим дар кишварҳои ъарабӣ фаъолият кардааст. Соли 2017 дар Донишгоҳи Бозели Суис рисолаи дуктурияшро дар мавзӯъи “Торихи ҷанги дохилии Тоҷикистон” дифоъ кард. Дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон киёи Муллоҷон ъузви гурӯҳе аз мубтакирони сулҳи тоҷикон буд. Солҳои ахир бештар дар бораи кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳавзаи пасошӯравӣ пажӯҳишҳое анҷом дода, матолибе ъилмӣ менивисад. Ҳоло дар Омрико машғули пажӯҳишҳои ъилмӣ аст. (Родиюи Озодӣ)

**Дидгоҳҳои киёи Муллоҷон, ки пештар дар сафҳаи фейсбукии ишон ба забони русӣ мунташир шуда буд, аз сӯи Сайидюнуси Истаравшанӣ, пажӯҳишгари фарҳангу адаб, аз русӣ ба порсӣ баргардон ва нахуст дар шакли мақолае дар торнамои “Кимиёи Саъодат” шудааст.

____________________________

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*