* Назираҳмади Ҳанафӣ (пажӯҳишгар ва мардумшиноси фақид афғонистонӣ) мегӯяд ман дар ҷазираи Сумотро дар Андунезӣ санги қабре дидаам, ки рӯи он нивишта шуда буд: «Басе тиру даймоҳу урдибиҳишт / Биёяд, ки мо хок бошему хишт», ки мутаъаллиқ ба «Бӯстон»-и Саъдӣ аст.
* Ибни Батута мегӯяд, ҳангоме ки ман ба Срилонко (Сарандеб) рафтам, на ман забони срилонкоӣ балад будам ва на шоҳи Срилонко забони ъарабӣ балад буд, аммо ҳардуи мо забони форсиро медонистем. Яъне забони форсӣ, ба ъиборате, забони миёнҷӣ ҳам будааст.
* Ҷамшед Геуношвилӣ, сафири асбақи Гурҷистон дар Эрон, интур мегуфт, ки дар Гурҷистон ҳатто ронандаҳои токсӣ чанд рубоъии Хайёмро – валав бо қироати иштибоҳ – аммо метавонанд аз ҳифз бихонанд.
* Ҳоло ки ъиддае пайдо шудаанд ва понтуркисмро ъалам кардаанд ва дар маёдини варзишӣ хитоб ба “Шоҳнома” носзо мегӯянд, Самад Вурғун, шоъири милли Ҷумҳурии Озарбойҷон, вақте ки дар бемористон маргро ба интизор нишаста буд, гуфта буд, ки барои ман “Рустам ва Суҳроб” бихонед, ки ман роҳаттар ҷон бидиҳам!
* Ман ба Шонтиникетон рафта будам, ки зодгоҳи Тогур аст ва музейе дар онҷо буд, ки дар он нивиштае аз падари Тогур буд, ки гуфта буд: «Ифтихори Тогур ин буд, ки ман ҳофизи кулли девони Ҳофизам!»
*Нуфуз фарҳанги мо бо нуфузи сиёсӣ ҳамроҳ набуда, балки ҳежемунии фарҳангӣ будааст ва ин саркардагии фарҳангӣ ҳаргиз ранги сиёсат ба худ нагирифт.
*Султон Салими Ъусмонӣ, ки бо шоҳ Исмоъили Сафавӣ ҷангид, девоне ба забони форсӣ дорад. Султон Сулаймони Қонунӣ (Бошукӯҳ) ҳам девони форсӣ дорад.
* Забони форсӣ яке аз вежагиҳояш ин аст, ки забони завқ аст. Ба ҳамин хотир, аҳолии дигар сарзаминҳоро ба худ ҷазб мекардааст. Мо аз тариқи Саъдӣ, Хайём, Мавлоно ва Ҳофиз ва … ба густариши фарҳанги ҷаҳонӣ хидмат кардем. Зеро мо аз чизҳое сухан мегуфтем, ки онҳо нашнида буданд ва барояшон тозагӣ дошт.
* Шоъире дар Шӯравӣ будааст ба номи Сергей Есенин, ки дар ҷавонӣ аз дасти Истолин худкушӣ кард! Вай шефтаи Ҳофиз буд, то ҷое ка гуфта буд маро бибаред, то Ҳофизро бибинам. Вайро то яке аз шаҳрҳои Қафқоз оварданд ва қабреро ба вай нишон доданд ва гуфтанд, ки ин қабри Ҳофиз аст ва ӯ ором гирифт!
* Вожаҳое, ки аз забони форсӣ ба забони ъарабӣ рафтааст, бӯи таҷаммул медиҳад. Ҳамон тур, ки вожаҳое, ки аз туркии Осиёи Миёна ба форсӣ меояд, бӯи хушунат медиҳад; вожаҳое назири чумоқ, қулчумоқ, чоқу ва қочоқ!
* Ототурк мубориза кард, ки забони форсӣ аз забони туркӣ берун равад, аммо муваффақ нашуд ва ҳанӯз ҳам забони форсӣ дар забони туркӣ нуфузи фаровон дорад.
Муҷтабо Искандарӣ (Хабаргузории ИЛНО): Забонҳои форсӣ ва юнонӣ дар низоми маърифатии башарӣ таъсироти бисёр густардае доштанд. Забони юнонӣ, бо парвардани мазомини дарҳамтанида ва дар ъайни ҳол печидаи фалсафӣ, ва забони форсӣ бо низоми печидае аз ашъор, мутуни мансур ва орояҳои дилкаш, ва ҳамчунин саршор аз қудрати тасвирсозӣ, тавониста бо офаринишҳои адабии паёпай дар қуруни мутамодӣ ҳамвора қуллае ба қуллаҳои пешин биёфзояд ва риштакӯҳе аз фарҳанге сайқалхӯрдаро дар тундбоди ҳаводиси торихӣ, бишкӯҳу настӯҳ, дар домани торих ва ҷуғрофиёи Осиё бинишонад. Посдорӣ аз забони форсӣ аз ин ҷиҳат ҳифозат аз ганҷе торихӣ ва зиқимат аст.
Ба ҳамин рӯй, дар гуфтугӯ бо Ҳасани Ануша, пажӯҳишгари торихи Донишгоҳи Кембриҷ, устоди забони форсӣ ва сарпарасти гурӯҳи нивисандагони Донишномаи забони форсӣ, ба мурури мероси пурарҷи забони форсӣ дар густарае ба дарознои торих ва паҳнои ҷуғрофиёи осиёӣ пардохта шудааст.
Шумо маҷмӯъаи осоре доред дар робита бо Донишномаи бузурги адаби форсӣ, ки аз Онотулӣ ва Балкан то шибҳиқорра ва Афғонистон аст. Чиро забони форсӣ дар қуруни гузашта дар аксари нуқоти осиёӣ густариш ёфта буд?
Ъиллаташ ин аст, ки мо барои муддате нисбатан тӯлонӣ, тафаввуқ ва бартарии фарҳангӣ доштаем. Ин бартарии фарҳангии мо ба сарзаминҳои муҷовири мо саррез кард ва мо соҳиби як ҳавзаи фарҳангӣ шудем, ки метавонем исмашро “ҷаҳони эронӣ” ё “ҳавзаи фарҳангии эроншаҳрӣ” бигузорем. Ин ҳавзаи фарҳангӣ шибҳиқорраро дар бар мегирифтааст ва Осиёи Миёна ва Осиёи Сағирро низ таҳти нуфуз дошт ва Афғонистон, ки худаш ҳам бахше аз Эрон будааст.
Ба қавли Ричод Фройи омрикоӣ, Эрони шарқӣ буд.
Бале. Афғонҳо ҳам, ки исрор доштанд исми мамлакаташонро «Ориёно» бигузоранд, ҳамон Эрон ё сарзамини ориёиҳоро мадди назар доштаанд. Қаламрави фарҳангии мо то Ӯш будааст, ки дар мағриби Қирғизистон аст ва аз як тарафи дигар ҳам то Чимкант будааст, ки дар ҷануби Қазоқистон қарор дорад. Ҳамчунин саросари Узбакистон ва Тоҷикистони имрӯзро низ дар бар мегирифтааст. Дар ъасри пас аз ислом, Тоҷикистон хостгоҳи забон форсӣ ва забони эронӣ дар давраи Сомониён будааст. Самарқанд, Бухоро, Чоч, Тирмиз, Хуҷанд ва … бахше аз ҳавзаи шарқии тамаддуни мо будаанд. Мо аз самти мағриб ҳам таъсир гузоштаем, ки доманаи ин таъсиргузорӣ то Бӯснӣ ва Ҳерзугувин, ҷануби Укрлйн, Криме ва ҳатто ҷазираи Керет дар Юнон мерасад. Таъсироти фарҳангӣ доштаем, ки гоҳе то қалби Урупо ҳам пеш рафтааст. Баъдҳо бино ба ъиллатҳое мо уфул кардем ва доманаи нуфузи мо кам шуд, аммо ҳамчунон дар бархе ҷоҳо нуфузи фарҳангии мо побарҷо мондааст. Миқдоре аз ин уфул албатта натиҷаи ғафлати мо низ будааст. Мо даргири масоиле шудаем, ки аз ин ҷоҳо ғофил шудаем.
Назираҳмади Ҳанафӣ (пажӯҳишгар ва мардумшиноси фақиди афғонистонӣ) мегӯяд, ман дар ҷазираи Сумотро дар Андунезӣ санги қабре дидаам, ки рӯи он нивишта шуда буд: «Басе тиру даймоҳу урдибиҳишт / Биёяд, ки мо хок бошему хишт», ки мутаъаллиқ ба «Бӯстон»-и Саъдӣ аст. Ибни Батута мегӯяд, ҳангоме ки ман ба Срилонко (Сарандеб) рафтам, на ман забони срилонкоӣ балад будам ва на шоҳи Срилонко забони ъарабӣ балад буд, аммо ҳардуи мо забони форсиро медонистем. Яъне забонт форсӣ, ба ъиборате забони миёнҷӣ ҳам будааст! Аммо рафта-рафта ин доманаи нуфуз кам шудааст. Бо ин ҳол, ҳанӯз дар Бангол, Покистон ва Туркия забони форсӣ нуфуз дорад ва шеъри моро мехонанд. Ман ба ёд дорам, ки оқои Ҷамшед Геуношвилӣ, сафири асбақи Гурҷистон дар Эрон, интур мегуфт, ки дар Гурҷистон ҳатто ронандаҳои токсӣ чанд рубоъии Хайёмро, валав бо қироати иштибоҳ, аммо метавонанд аз ҳифз бихонанд. Ҳоло, ки ъиддае пайдо шудаанд ва понтуркисмро ъалам кардаанд ва дар маёдини варзишӣ хитоб ба «Шоҳнома» носазо мегӯянд, Самади Вурғун, шоъири миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, вақте ки дар бемористон маргро ба интизор нишаста буд, гуфта буд, ки барои ман «Рустаму Суҳроб» бихонед, ки ман роҳаттар ҷон бидиҳам!
Ин густарае, ки забони форсӣ доштааст, оё мутаассир аз ҳежемунии сиёсӣ, монанди лашкаркашиҳои Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ё футӯҳоти Дориюш ҳам буда ё танҳо зарфиятҳои дарунии забони форсӣ омили ин густариш буда?
Мо бо ҳежемунии фарҳангӣ рафта будем. Ҳежемунии сиёсӣ ба ин маъност, ки мо бо лашкаркашӣ ба онҷо рафта бошем, дар ҳоле ки мо ҳаргиз Бангол нарафтаем. Ман ба Шонтиникетон рафта будам, ки зодгоҳи Тогур аст ва музейе дар онҷо буд, ки дар он нивиштае аз падари Тогур буд, ки гуфта буд: «Ифтихори Тогур ин буд, ки ман ҳофизи кулли девони Ҳофизам!» Мо ҳаргиз ба Бангол, ки нарафта будем ва ҳатто Амир Темур ҳам, ки ба Ҳинд ва Деҳлӣ рафта буд, ки аз мо набуд. Нодир ҳам агар рафт, ба далоиле дигар (низомӣ) рафта буд!
Албатта, ки Султон Маҳмуди Ғазнавӣ мутаассир аз забони форсӣ буд, аммо боъиси бурдани забон форсӣ ба шибҳи қорра нашудааст. Дар робита бо Дориюши Ҳахоманишӣ ҳам бояд бигӯям, ки забони эрониён дар он замон тафовутҳои бисёр зиёде бо форсӣ дар ъасри ҳозир дорад, вале ин ҳарфро қабул дорам, ки футӯҳоти ъасри ҳахоманишӣ забон форсиро дар бахшҳое аз шибҳи қорраи Ҳинд густариш дод.
Понинӣ, ки аввалин дастури-забон-нивиси торихи ҷаҳон будааст, аз маҳдудае аз Ҳинд омадааст, ки дар замонт Ҳахоманишиён ҷузъи Эрон будааст. Яъне Дориюши аввали ҳахоманишӣ ҳам он маҳдудаҳоро ба сотропҳои Эрон изофа карда буд.
Мо то шарқи Покистон ва то канори Синдро дар ихтиёр доштем. Ман торихро бисёр хондаам ва метавонам бигӯям, ки мо ҳеҷ нуфузи сиёсӣ дар ин навоҳӣ надоштаем. Мумкин аст Султон Маҳмуд ба ин навоҳӣ мерафта ва ғорат карда ва бармегаштааст, аммо ин боъиси ин намешуд, ки забони мо ба онҷо биравад. Магар Султон Маҳмуд чи қадр ҳукумат кард? Нуфузи фарҳангии мо бо нуфузи сиёсӣ ҳамроҳ набуда, балки ҳежемунии фарҳангӣ будааст ва ин саркардагии фарҳангӣ ҳаргиз ранги сиёсат ба худ нагирифт.
Забони дарбори Ъусмонӣ – ки душмани Эрон будааст – форсӣ аст ва ҳеҷ мукотиба ё фармоне ба забони туркӣ аз салотини ибтидоӣ ва миёнии ъусмонӣ дар даст нест. Ё забони дарбори Ҳинд, ки форсӣ будааст.
Султон Салими ъусмонӣ, ки бо шоҳ Исмоъили Сафавӣ ҷангид, девоне ба забони форсӣ дорад. Султон Сулаймони Қонунӣ (Бошукӯҳ) ҳам девони форсӣ дорад. Ин девонҳоро дар замоне ки олмониҳо мехостанд, ки ампротурии Ъусмонӣ ба онҳо наздик шавад ва ҷалби қулуб кунанд, бархе аз ин девонҳоро дар Берлин чоп мекарданд, ки ҳатто тарҷумаҳои туркии ин осор, – ки аслан форсӣ ҳастанд, – норасоии бисёр доранд. Мо тафаввуқи фарҳангӣ доштаем. Онҳо бо фарҳанги мо ҳеҷ душманӣ надоштанд. Бо шоҳ Исмоъил ва инҳо душманӣ доштанд. Чиро ки шоҳ Исмоъил хоҳони ин буд, ки дар Онотулӣ нуфузи сиёсӣ дошта бошад ва онҳо ҳам ҷилавгирӣ карданд.
Яке аз пуштвонаҳои ҳар забоне дастовардҳои ъилмии он забон ва гӯишварони он забон аст ва ҳамин тур қудрати иқтисодии ҳар забоне бисёр пураҳаммият аст. Оё густараи ъилмии Эрон, бавежа дар ъаср тилоии қарнҳои се то шаши ҳиҷрӣ ва қудрати иқтисодияш асаре бар ин густардагӣ дошта ё хайр?
Лобуд метавониста дошта бошад, аммо забони форсӣ яке аз вижагиҳояш ин аст, ки забони завқ аст. Ба ҳамин хотир, аҳолии дигар сарзаминҳоро ба худ ҷазб мекардааст. Мо аз тариқи Саъдӣ, Хайём, Мавлоно ва Ҳофиз ва … ба густариши фарҳанги ҷаҳонӣ хидмат кардем. Зеро мо аз чизҳое сухан мегуфтем, ки онҳо нашнида буданд ва барояшон тозагӣ дошт. Ин тозагии андешаи мо сабаб шуд, ки дигарон ба донистани забони мо иштиёқ пайдо кунанд.
Кант ду Губинуи фаронсавӣ ҳам забони форсиро обгинаи ҳисории андешаҳои сайқалхӯрда медонист…
Бале, мо аз забони Хайём ва Ҳофиз ҳарфҳои зиёде гуфтаем. Дар Ҳинд оқое ҳаст ба номи Монмуҳон Рой. Ишон аз ислоҳталабони бузурги Ҳинд дар қарни нуздаҳум будааст ва як китоб дар бораи як байт аз Ҳофиз нивиштааст, ки он байт ин аст: «Мабош дар пайи озору ҳарчӣ хоҳӣ кун, / Ки дар шариъати мо ғайри ин гуноҳе нест». Касе мегӯяд, «ман меандешам, пас ҳастам» ва бо ин ҳарф ҷаҳонӣ мешавад. Мо наметавонем бо як байт ҷаҳонӣ шавем?!
Дориюши Шойгон асаре таҳти ъунвони «Панҷ иқлими ҳузур» дорад ва дар он баҳси шоъиронагии эрониёнро матраҳ мекунад. Ба ин маъно, ки эрониён шоъирона меандешанд ва зист мекунанд. Оё ин ваҷҳи шоъирона метавонад бар вуҷӯҳи дигари зисти эрониён дар гузашта ва ҳол ғалаба кунад?
Бале, ҳамин тур аст ва ин асар бисёр ҷаззоб аст. Замоне гуфта буданд, ки дар забони инглисӣ касе наметавонд бо хондани шеъре оштӣ кунад! Ва дар ҷое гуфта буданд дар Фаронса имкон надорад, ки ҳарфе ба касе бизанед ва ӯ дар посух бо шеъре аз Будлер ё Ломортин ва шуъарои дигар ба шумо ҷавоб диҳад. Дар ҳоле ки дар Эрон, дар кӯчаву бозор ҷумлае мегӯед ва касе бо байте аз Саъдӣ ба шумо ҷавоб медиҳад! Мардуми ъодӣ ҳатто бо шеъре аз як шоъир истидлол ҳам мекунанд.
Аз назари Шумо, далели вуқӯъи ин падида чист?
Ин аз завқи мост.
Сарманшаъи ин завқ куҷост ва чиро дар миллатҳои дигар ин тавр нест?
Ин ки чиро ин тур аст, намедонам, аммо мардуми Эрон бештар мардуми дил будаанд. Бештар аҳли сулҳу сафо будаанд. Шоъире дар Шӯравӣ будааст ба номи Сергей Есенин, ки дар ҷавонӣ аз дасти Истолин худкушӣ кард!
Албатта, гуфта мешавад, ки кушта шуд ва ин ки худкушӣ кардааст, таблиғоти Шӯравӣ будааст…
Баъид ҳам нест; ба ҳар ҳол аз он инқилоб сархӯрда буд. Вай шефтаи Ҳофиз буд, то ҷое ка гуфта буд, маро бибаред, то Ҳофизро бибинам. Вайро то яке аз шаҳрҳои Қафқоз оварданд ва қабреро ба вай нишон доданду гуфтанд, ки ин қабри Ҳофиз аст ва ӯ ором гирифт! Дар Тоҷикистон муътақиданд ҳар кас се бор қабри Ҳофизро зиёрат кунад, ҳоҷӣ мешавад! Дар давраи Истолин, ки намегузоштанд зери сари навзоди ба дунё омада Қуръон бигузоранд, онҳо зери сари бачаҳояшон девони Ҳофиз мегузоштанд ва ин ъодат шудааст ва баъд аз рафтани Истолин ҳам ҳамчунон ин корро мекарданд!
Ин густараи нуфуз агар бисёр васеъ бошад, забонро хориҷ аз кунтрули Эрон қарор намедиҳад? Яъне ҳежемуник будани Эрон бар забони форсиро аз байн намебарад?
Агар манзуратон тағйиротест, ки мумкин аст онҳо дар забон эҷод кунанд, бале, ҳамин тур аст. Забоне, ки дар Тоҷикистон ба кор меравад, бо забоне, ки дар инҷо ба кор мебарем, миқдоре фарқ мекунад. Мо форсии ҳиндустонӣ ҳам дорем. Ман китобе ба риштаи таҳрир даровардам, таҳти ъунвони «Форсии ношунида», ки ҳудуди даҳ ҳазор луғат пайдо кардаем, ки гунае аз забони форсӣ аст, ки дар Афғонистон корбурди рӯзона дорад ва дар Эрон аслан мардуми маъмулӣ онҳоро намешиносанд.
Забони роиҷ дар Афғонистон бештар ба форсии куҳан наздик аст.
Бале. Баъд аз Асадии Тӯcӣ ва нигориши асари «Луғати фуٌрс» мо ин тағйиротро кардем. Дар Озарбойҷон шуъарое буданд, ки мегуфтанд мо шеъри Хуросонро намефаҳмем! Чиро ки дар шеъри Хуросон луғати суғдӣ буд ва инҳо ба далели дӯрӣ намешинохтанд ва вай омад ва луғоти суғдиро барои онҳо маънӣ кард.
Албатта Низомӣ дар Озарбойҷон бисёр хуросонӣ месуруд. Ё Хоқонӣ ва Маҳастии Ганҷавӣ…
Хоқонӣ ба ъасри мо наздиктар аст. Муҷируддини Байлақонӣ ва Ъусфурӣ ва Қатрони Табрезӣ дар қуруни болотаре буданд.
Низомӣ чи тур?
Низомӣ ин осорро мехонду мефаҳмид. Низомӣ марбут ба қарни шишум аст.
Роҷеъ ба нуфузи форсӣ ва масодиқи он тавзеҳ медиҳед? Дуктур Нотил-Хонларӣ пеш аз инқилоб рисолае нивишта буданд, таҳти ъунвони «Таъсири забони порсӣ бар забони тозии пеш аз ислом», ки акнун бисёр кам пайдо мешавад. Оё дар сохторсозии забони ъарабӣ забони форсӣ нақш доштааст? Аз ин ҷиҳат, ки афроде назири Ибни Сибавейҳ ва Солеҳ ибни Насри Систонӣ дар тарроҳии қавоъиди забони ъарабӣ бисёр асаргузорӣ карданд.
Дар сохторсозӣ мумкин аст то ин ҳад таъсир надоштааст, аммо вожаҳо, ки дар забони ъарабӣ ончунон, ки мо дорем, онҳо ҳам доранд. Онҳо ҳам вожаҳои моро гуфтанд ва вориди забони худашон карданд ва ин ҳам марбут ба пеш аз ислом будааст ва ин тавр гуфта мешуд, ки вожаҳое, ки аз забони форсӣ ба забони ъарабӣ рафтааст, бӯи таҷаммул медиҳад. Ҳамон тур, ки вожаҳое, ки аз туркии Осиёи Миёна ба форсӣ меояд, бӯи хушунат медиҳад. Вожаҳое назири чумоқ, қулчумоқ, чоқу ва қочоқ!
Таъсираш бар забонҳое мисли сонскрит ва забонҳои дигари минтақаӣ ва туркии онотулӣ чи тур будааст?
Ман намедонам ин таъсир бар забони туркии онотулӣ чи қадр будааст. Масалан, ин оқое, ки кушта шуд, Қошуқчӣ буд, ки дар асл Қошуқҷӣ будааст ва турктабор аст. Шахси дигарест, ки иттифоқан дар донишгоҳи Теҳрон дарс хондааст, ба номи Муҳаммади Алтунҷӣ, ки дарвоқеъ олтунчӣ ё заргар аст ва «ал»-и он ъарабӣ нест ва «олтун» ба забони туркӣ ба маънои тилост ва ин таъсирот бар ъарабӣ ҳам ҳаст.
Манзур таъсири форсӣ бар туркии онотулӣ аст…
Таъсири форсӣ, ки фаровон аст. Ототурк мубориза кард, ки забони форсӣ аз забони туркӣ берун равад, аммо муваффақ нашуд ва ҳанӯз ҳам забони форсӣ дар забони туркӣ нуфузи фаровон дорад. Чунонки саъй кард забони ъарабиро ҳам аз забони туркӣ берун оварад.
Нахуствазири Покистон чанд вақт пеш ба Эрон омада буд ва гуфт, ки агар истеъмори Инглистон дивист сол пеш ба сарзаминҳои Ҳиндустон наомада буд, ман алъон ниёз ба мутарҷим надоштам ва форсӣ суҳбат мекардам. Суол ин аст, ки ҷараёни истеъмор дар шибҳиқорра бо забони форсӣ зиддият доштааст? Ва чиро? Дар ҳоле ки бисёре забонҳои дигар дар Ҳинд вуҷуд доштанд, ки бо онҳо мушкиле надошт…
Ин ба ин далел аст, ки забони фарҳангӣ дар шибҳи қорра форсӣ будааст. Шоҳони онҷо ба форсӣ ҳарф мезаданд. Гӯркониён, Ъодилшоҳиён, Қутбшоҳиён ҳама ба форсӣ такаллум ва нигориш мекарданд. Дар давлати Гӯрконӣ, ки шарти вуруд ба хадамоти давлатӣ, донистани забони форсӣ будааст ва ин боъис шудааст, ки ин ҳама луғатнома дар шибҳиқорра нивишта шавад. Аз Онандроҷ ва Рашидӣ гирифта, то Фарҳанги Низом. Мо дар Эрон ва дар забони форсӣ ҳаргиз ба луғатнома «фарҳанг» намегуфтем. Ин ҳиндиҳо буданд, ки ба он фарҳанг гуфтанд, чиро ки фикр мекарданд, ки ҳар кас ин китобҳоро бихонад, бофарҳанг мешавад! Номи фарҳангро барои китоби луғат мо аз ҳиндиҳо гирифтем. Ин ки мо дар даврони Сафавӣ гуфтем фарҳанги «Бурҳони қотеъ», дарвоқеъ инро аз ҳиндиҳо гирифта будем. Ба ҳар ҳол, бояд бигӯям, ки забони форсӣ асаргузории бисёр хос ва мутафовите бар фарҳанги миллатҳо ва кишварҳои ҳарду сӯи Эрон дошт.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید
Бифирист