Чиро нодурустнивисӣ дар Афғонистон ҳанҷор шудааст?

Порсӣ Анҷуман: Ъазизи Ҳакимӣ, рӯзноманигор ва нивисандаи ҳиротӣ, дар ин ҷустор ба нодурустиҳои дастуризабонӣ, нивишторӣ ва гуфтории забони порсӣ дар Афғонистон мепардозад ва чироии ин нодурустиҳоро воковӣ мекунад ва нишон медиҳад, ки чигуна ин нодурустнивисӣ дар Афғонистони имрӯз ҳанҷор гардидааст:

***

“Ончи мавзӯъи кажиҳои забони форсӣ дар Афғонистонро бори дигар дар шабакаҳои иҷтимоъӣ матраҳ кард, бознашри китоби қиссае барои кӯдакон бо ъунвони ‘Ду пишакҳо’ буд.”

Иштибоҳоти дастуризабонӣ ва имлоӣ дар адабиёти нивишторӣ ва гуфтории форсӣ дар болотарин сутӯҳи идорӣ ва окодемик дар Афғонистон – аз дафтари риёсати ҷумҳурӣ ва порлумону визоратхонаҳо гирифта, то ниҳодҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳо – баҳсе тоза нест, ҳарчанд барои ъалоқамандон ба забони форсӣ дар Афғонистон башиддат нигаронкунанда аст.Дар рӯзҳои гузашта ончи мавзӯъи кажиҳои забони форсӣ дар Афғонистонро бори дигар дар шабакаҳои иҷтимоъӣ матраҳ кард, бознашри китоби қиссае барои кӯдакон бо ъунвони “Ду пишакҳо” (гурбаҳо) буд. Ношири ин китоб муассисае дар Ҷалолобод, дар шарқи Афғонистон, аст, ки ин китобҳоро бо ҳимояти молии як ниҳоди жопунӣ мунташир ва дар сатҳи васеъ аз тариқи Визорати маъорифи Афғонистон дар макотиби ин кишвар тавзеъ кардаанд.
Бо баррасии панҷ китоби чопи ин ношир дар Ҷалолобод ба ин натиҷа расидам, ки ҳатто як ҷумла дар ин китобҳо наметавон ёфт, ки ъорӣ аз иштибоҳи дастурӣ, маъноӣ ё имлоӣ бошад. Ъилова бар он, корбурди вожаҳо ва истилоҳоти ъомиёна, мисли “занака” (барои ишора ба як зан) нишон медиҳад, ки нивисандагон ва таҳиякунандагони ин китобҳо на танҳо бо адабиёти кӯдак ошно нестанд, балки тасаллути онҳо бар забони форсӣ дар сатҳи гуфтори ъомиёна аст ва донише дар заминаи адабиёт ва нигориши саҳеҳи забони форсӣ надоранд.

Иштибоҳоти забонӣ дар китобҳои дарсии Афғонистон ҳам бедод мекунад. Нигоҳе иҷмолӣ ба китобҳои сунуфи аввал то дувоздаҳуми макотиби Афғонистон, ки ба шакли пидиэф (PDF) бар рӯи вебсойти визорати маъориф мавҷуд аст, нишон медиҳад, ки на танҳо муҳтавои он бо чолишҳои фаровон рӯбарӯст, балки нигориши он низ башиддат заъиф ва ибтидоӣ аст. Иттифоқан ин рӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоъии Афғонистон корзори дигаре низ дар ҷараён аст, ки дар он донишомӯзони аҳли Афғонистон бо забти филме дар ҳоли хониши бахше аз матни китоби дарсии худ аз вазири маъориф мехоҳанд, то ба онҳо бигӯяд маънои он матн чист. Ҳадафи ин корзор барҷаста кардани иштибоҳоте аст, ки ин китобҳо дорад.

 

“Корбурди вожаҳо ва истилоҳоте ъомиёна мисли “занака” (барои ишора ба як зан) нишон медиҳад, ки нивисандагон ва таҳиякунандагони ин китобҳо бо адабиёти кӯдак ошно нестанд"
“Корбурди вожаҳо ва истилоҳоте ъомиёна мисли “занака” (барои ишора ба як зан) нишон медиҳад, ки нивисандагон ва таҳиякунандагони ин китобҳо бо адабиёти кӯдак ошно нестанд”
Ҳувиятсозии иҷборӣ 

Баррасии иҷмолии ин вазъият нишон медиҳад, ки инҳитоти забони форсӣ дар Афғонистон ҳарчанд ъавомили зиёде дошта, аммо муҳиммтарину деринатарини он сиёсатзада шудани ин забон аст.

Ъомили сиёсӣ чандпаҳлӯ ва печида аст: аз тағйири номи забони форсӣ ба дарӣ дар қонуни асосии соли 1964 гирифта, ва гароиши физоянда ба шаклдиҳии як ҳувияти миллии мустақил, ки ба заъми ҳокимони он давра бо ҷудоангории форсизабонони Эрон ва Афғонистон мумкин мешуд, то чаҳор даҳа ҷанг, ки ба мухтал шудани низоми омӯзишу маъориф дар Афғонистон анҷомид.

Торихи муъосири Афғонистон мамлув аст аз талошҳо ва барномаҳое, ки ҳадафи он ҷудоангории форсизабонони Эрон ва Афғонистон будааст. Чунин барномаҳое, на дар хафо, ки ба ъунвони сиёсати расмии ҳукуматҳои Афғонистон дар гузашта иҷро шуда ва ҳанӯз ҳам бахше муҳим аз сиёсати расмӣ дар ин кишвар аст. Масалан, тавбихи рӯзноманигоре дар Балх ба хотири корбурди вожаи “донишгоҳ” (ба ҷои вожаи паштуи пуҳантун) аз сӯи вазири иттилоъот ва фарҳанги пешини Афғонистон дар соли 2008 нишон медиҳад, ки зоҳиран сиёсати расмии ҳукумат дар Афғонистон ин аст, ки забони форсӣ дар ин кишвар абзори сиёсӣ дар хидмати шаклдиҳӣ ба ҳувиятест, ки ҳукумат ба назар мерасад ба навъе огоҳона ва ё ноогоҳона қасди таҳмили онро дорад.

Тасмими вазири собиқи иттилоъот ва фарҳанги Афғонистон дар тавбихи он рӯзноманигор аз ин ҷиҳат муҳим аст, ки метавон онро фасле ҷадид дар корзоре донист, ки ба ъиборати форсизабонҳои Афғонистон бар зидди ончи ки метавон аз он ба ъунвони “форсиситезӣ” ном бурд, оғоз карданд ва то кунун ба ашколи мухталиф идома дорад.

Аммо ҳатто агар нияти воқеъии ҳукуматҳои Афғонистон аз талошҳо ва барномаҳои деринаашон барои ҷудосозӣ ва ҷудоангории форсизабонҳои Эрон ва Афғонистон сирфан кумак ба шаклгири як ҳувияти миллӣ ва давлате мудерн бар мабнои он буда бошад, пурсиши асосӣ ин хоҳад буд, ки оё дарки сиёсатмадорони Афғонистон аз мафҳуми “ҳувияти миллӣ” дуруст аст?

Сиёсатҳои ҳукуматҳои пешини Афғонистон нишон медиҳад, ки рӯйкарди аслии онҳо дар мудирияти ин кишвари чандқавмӣ “яксонсозӣ” будааст. Ба ъиборате, ба заъми бисёре аз нозирони масоили Афғонистон ҳокимони ин кишвар ъубур аз пораҳувиятҳои фарҳангӣ, забонӣ ва қавмиро ҳамвора лозимаи дастёбӣ ба ҳувияти миллӣ медонистаанд ва ҳамзамон таърифи ғолиб аз ҳувияти миллӣ, ҳамон ҳувияти қавмӣ ва фарҳангии паштун будааст. Шавоҳиди торихии зиёде низ дар ин хусус вуҷуд дорад, ки хориҷ аз ҳавсалаи ин хутут аст.

Сиёсатзадагии забони форсӣ

Наздик ба шаст сол (муъодили ъумри ду насл) аз тағйири номи забони форсӣ ба дарӣ дар қонуни асосии 1964 мегузарад. Бахши бузурге аз насли имрӯзи Афғонистон ҳатто намедонад, ки то қабл аз соли 1964 ъунвон китоби “дарии” онҳо “Қироати форсӣ” будааст. Бисёре таҳти таъсири ҳамин сиёсатҳо бар ин боваранд, ки дарӣ забоне мутафовит бо форсӣ дар Эрон аст. Ва ҳатто онҳо, ки медонанд ин ду забон якест, қавиян бар ин боваранд, ки “дарӣ” номидани ин забон ба шаклгирии як ҳувияти миллии мутафовит бо Эрон кумак мекунад.

Ҳарчанд наметавон иддиъо кард, ки забони форсии Афғонистон пеш аз соли 1964 дар масири шукуфоӣ қарор дошт, аммо тағйири номи он ба “дарӣ” ва сиёсати ҷудоангории он аз забони форсии Эрон боъиси рукуд ва сипас инҳитоти тадриҷии забони форсӣ дар Афғонистон шуд. Ва аз онҷо ки ин барномаи ҳукуматҳои Афғонистон ангезаҳои сиёсӣ дошт (ва дорад), эҷод ё ҳимоят аз ниҳодҳое барои кумак ба рушди забони “дарӣ” дар Афғонистон ҳаргиз дар авлавияти муҷриёни ин барномаҳо набудааст. Дар Афғонистон ба таври расмӣ ҳеҷ гоҳ ниҳоде ъурфӣ ё расмӣ барои назорат бар забони форсӣ/дарӣ вуҷуд надоштааст. Ҳарчанд вуҷуди ниҳоде дар давлати Афғонистон ба номи “Пашту тӯлана” барои ҳимоят аз рушди забони пашту нишон медиҳад, ки идеи чунин сохторе барои ҳукуматҳои Афғонистон бегона набудааст.

“Имрӯза ғалатнивисӣ ва баднивисӣ табдил ба як ҳанҷор шуда”
Сиёсатзадагии забони форсӣ ва рӯйкарди “яксонсозӣ” ба мурури замон боъис шуда, ки бештари афрод ва ҳатто чеҳраҳои донишгоҳӣ ва сиёсии номдор натавонанд миёни ҳувияти миллӣ/сиёсӣ ва ҳувияти қавмӣ, фарҳангӣ ва забонӣ тафкик қоил шаванд. Аммо воқеъият ин аст, ки дар ҷаҳони имрӯз ҳувияти миллӣ/сиёсӣ лузуман нафйкунандаи ҳувияти фарҳангӣ/забонӣ ва ё қавмӣ нест. Кишварҳои зиёде ҳастанд, ки забони расмии онҳо инглисӣ, испониёӣ ва ё ъарабӣ аст. Аммо ҳар кудом ҳувияти миллӣ/сиёсии худро доранд ва муштаракоти забонӣ ва фарҳангӣ лузуман ба иштироки ҳувияти миллӣ/сиёсӣ намеанҷомад. Ҳамонтур ки паштунҳои он сӯи марзи Дуранд ҳувияти миллии худро покистонӣ медонанд, форсизабонҳои Афғонистон низ ҳувияти худро афғон (ё афғонистонӣ) медонанд.

Ончи омад, сирфан ишорае буд ба сиёсатҳое, ки бар инҳитоти забони форсӣ дар Афғонистон нақш дорад ва ҳадафи нигоранда қазовати ин сиёсатҳо нест. Ончи муҳим аст, ин ки натиҷаи ин сиёсатҳо тазъиф шадиди забони форсӣ дар ин кишвар аст, то ҷое ки имрӯза банудрат метавон ҷумлае бе иштибоҳи дастурӣ, маъноӣ ва имлоӣ дар адабиёти нивишторӣ ва гуфтории ҳукумат ё нисоби таълимии беш аз даҳ милюн донишомӯзу донишҷӯ ёфт. Паёмади ҳамин сиёсатҳост, ки ғалатнивисӣ ва баднивисӣ табдил ба як ҳинҷор шуда, тавре ки агар ҷумлае бо риъояти дастури забони форсӣ нивишта ва ё баён шавад, кам нахоҳанд буд шумори касоне, ки он нигориш ё гуфторро “эронӣ” бихонанд.

Ва ин вазъият, ба забоне сода, тарснок аст.

Таъсири ҷанг бар забон

Ҷанг низ ба ъунвони як падидаи сиёсии дигар мунҷар ба ихтилол дар низоми омӯзиши Афғонистон шуд ва на танҳо як наслро аз омӯзиши дуруст (аз ҷумла ёдгирии забони форсӣ) бебаҳра кард, балки насли қабл аз он низ аз дастрасӣ ба манобеъи тоза барои барӯзсозии дониши худ маҳрум шуданд ва саводи онҳо дар беҳтарин ҳолат, дар ҳамон сатҳи қабл аз ҷанг боқӣ монд.

Дарвоқеъ, яке аз шикоятҳои аслии донишҷӯён дар донишгоҳҳои (бавижа давлатии) Афғонистон ин аст, ки бештари устодон аз ҳамон ёддоштҳо (ё лекчарҳо) ва манобеъе дар тадриси худ истифода мекунанд, ки шояд сӣ ё чиҳил сол пеш аз устодони худ фаро гирифта буданд.

Дар ғиёби сохторҳои ҳимоят аз тавлиди осори нивишторӣ, забони гуфтории ъомиёна бар забони адабӣ пешӣ гирифт ва таъсири онро акнун метавон барӯшанӣ дар ҳама ҷо дид: аз китобҳои қиссаи кӯдакон гирифта, то мактубҳои визоратхонаҳо ва баёнияҳои дафтари риёсати ҷумҳурӣ. Муъзали бузургтар ин аст, ки корбурди бархе вожаҳои ъомиёна дар китобҳо ва асноди мухталифи давлатӣ чунон роиҷ аст, ки муъодили нивишторӣ/адабии он вожаҳоро “форсии Эрон” медонанд ва корбурди онро қобили накӯҳиш. Ба ъунвони намуна, чанде пеш шаҳрдори Ҳарот вожаи “хиёбон” дар лавҳаҳои ҷоддаҳои ин шаҳрро ба “сарак” тағйир дод, бо ин истидлол, ки хиёбон вожаи эронӣ аст ва сарак “дарӣ”. Дар ҳоле ки сарак, ки решаи ҳиндӣ дорад, дар гуфтори ъомиёна ба кор меравад ва шаҳри Ҳарот, ба гуфтаи соҳибназарони адиб, зодгоҳи вожаи “хиёбон” аст.

Дарвоқеъ, бахши бузурге аз ончи ки гурӯҳи тарафдори “забони дарӣ” аз он ба ъунвони тафовутҳои ин забон бо форсии Эрон ёд мекунанд, чизе беш аз роҳёбии тадриҷии вожаҳои гуфтори ъомиёна ва ғалатҳои имлоӣ ва иншоӣ дар забони форсии Афғонистон нест. Вале бадушворӣ метавон ин нуктаро ба насле қабулонд, ки фурсати омӯхтани забонро надоштааст.

“Ожонси инкишофи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида (USAID) дар соли 2014 аз барномае омӯзишӣ ҳимоят кард, ки муҷрии он дар пустерҳои омӯзишии худ барои кӯдакон алифбои забони ъарабиро ба ҷои алифбои забони форсӣ чоп карда буд.”
Фасоди идорӣ ва пружегароӣ

Ҷомеъаи байналмилалӣ пас аз суқути Толибон омӯзишу маъорифро ба ашколи мухталиф дар авлавияти худ қарор дод. Имрӯз вуҷуди милюнҳо донишомӯзи духтар ва писар дар Афғонистон ҳамвора ба ъунвони яке аз дастовардҳои бузурги ҷомеъаи байналмилалӣ талаққӣ мешавад. Аммо мушкили бузурге, ки бештари ниҳодҳои байналмилалӣ ба он таваҷҷуҳи чандоне накарданд, набуди зарфияти лозим барои бозсозии маъорифи Афғонистон буд.

Дар бозсозии низоми маъорифи Афғонистон пул фақат яке аз абзорҳои лозим буд, чиро ки бозсозӣ ё эъмори як мактаб бидуни вуҷуди муъаллимони хуб ва ботаҷруба сирфан боъис шуда, ки насли имрӯзи донишомӯзон низ бо норасоиҳои зиёде дар фароянди ёдгирӣ рӯбарӯ бошанд. Ҷомеъаи байналмилалӣ фақат чанд солест, ки ба аҳаммияти зарфиятсозӣ дар омӯзишу парвариш пай бурда ва барномаҳои маҳдуде барои тарбияти муъаллим ва беҳбуди маҳоратҳои ибтидоӣ, мисли тадвини нисоби таълимӣ ва шеваҳои мудерни тадрис, ба роҳ андохтааст.

“Ҷомеъаи байналмилалӣ пас аз суқути Толибон омӯзишу маъорифро ба ашколи мухталиф дар авлавияти худ қарор дод.”
Дар мавориде сарозер шудани кумакҳои молӣ ба бахши маъориф ба ривоҷи фасод дар ин бахш ва итлофи он манобеъ мунҷар шудааст. Қазияи “мактабҳои хаёлӣ” – макотибе, ки вуҷуд надошт, аммо барои онҳо манобеъи молӣ ихтисос дода мешуд – фақат яке аз намунаҳои фасод ва фурсатталабӣ дар бахши маъориф аст, ки чанд сол пеш хабарсоз шуд.

Барои ҳукумати Афғонистон ва ҷомеъаи байналмилалӣ омӯзишу парвариш ва тадвину тавлиди китоб ва фаъолиятҳои муртабит бо он ҳамонанди бозсозии як ҷодда ё сохтмони як “пуруже” бо боздеҳе фаврӣ ҳисоб мешавад ва на як “барномаи дарозмуддат” ба ин маъно, ки на ҳукумати Афғонистон ва на ҷомеъаи байналмилалӣ ъалоқамандӣ ва ё абзоре барои санҷиши зарфиятҳои “муҷриёни” ин пуружеҳо надоранд. Ҳамин аст, ки масалан таҳия ва интишори китобҳои қиссаи кӯдакон ба муассисае супурда мешавад, ки ҳамаи шавоҳид нишон медиҳад, ки на бо забони форсӣ ба сурати ҳирфаӣ ошноӣ дорад ва на бо адабиёти кӯдак.

Пуружеҳои дигаре дар бахши омӯзишу маъориф бо ҳимояти ниҳодҳои байналмилалӣ тавассути муассисоте иҷро шуда, ки ба маънои дақиқи калима ҳатто бо алифбои забони форсӣ ҳам ошно набудаанд. Ожонси тавсеъаи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида (USAID) дар соли 2014 аз барномае омӯзишӣ ҳимояти молӣ кард, ки муҷрии он дар пустерҳои омӯзишии худ барои кӯдакон алифбои забони ъарабиро ба ҷои алифбои забони форсӣ чоп карда буд.

Забони форсӣ ва ояндагон

… Забони форсӣ… нақше муҳим дар Афғонистон дошта ва дар оянда низ хоҳад дошт. Як туркман ва як паштун ба эҳтимоли зиёд ба забони форсӣ бо ҳам суҳбат хоҳанд кард ва бештарини манобеъи ъилмии қобили истифода дар Афғонистон ба забони форсӣ аст. …Бино бар ин, забони форсӣ муҳиммтар аз он аст, ки ба абзоре барои пешбурди аҳдофи сиёсӣ ё қавмӣ тақлил дода шавад. Ҷомеъаи мадании Афғонистон, расонаҳо ва сиёсатмадорон ба хотири кӯдакони Афғонистон ва ояндае, ки қарор аст онҳо раҳбарӣ кунанд, бояд фаъолона ба дунболи роҳе барои дур нигаҳ доштани забони форсӣ аз бозиҳои сиёсӣ ва кӯтоҳмуддат бошанд.

Ҷое ки забон алкан аст, таҷруба нишон дода, ки пешрафт низ алкан хоҳад буд.

Баргирифта аз: Бибисии Порсӣ, бо андаке кӯтоҳсозӣ.

***

_____________________________

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*