Форсизабонони бегона ва ягона

Ъабдуннабии Сатторзода*: Ҷойи масаррат аст, ки солҳои ҳаштодум (-и қарни ХХ) бар асари дигаргуниҳои мубораке, ки дар авзоъи дунё ва минтақа ба ъамал омад, қавмҳои эронинажод пас аз ҷудоӣ ва парешонии чандинъасра ва чандинсола дубора мисли қатраҳои оби аз ҳам пошхӯрда боз ба ҳам омада, дубора ба дидори якдигар расиданд.

Ду ъаср пеш аз ин хонадонҳое, гурӯҳҳое ва ашхосе пайдо шуда буданд, ки ба хотири баровардани ғаразҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва қавмии хеш қавми пурнуфус ва ягонаи моро, сарзамини бузург ва ягонаи моро пора-пора намуда, миёни он пораҳо марзҳои таҳмилии сиёсӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ гузоштанд. Онҳо дар ин кор ба дараҷае тавфиқ ёфтанд, ки дар ниҳоят пас аз мурури якчанд садсола мо ҳама қариб буд ба он бовар бикунем, ки аз азал аз ҳам бегона ҳастем ва ҳеч гуна иртиботи қавмӣ миёни мо вуҷуд надорад. Эронинажодоне, ки дар Афғонистон ҳастанд, афғон ва онҳое, ки дар Эрон буданд, эронӣ ва онҳое, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна мебошанд, тоҷиканд. Забони ҳар яке аз ин қавмҳо дигар аст: яке дарӣ, дигаре форсӣ ва севумӣ тоҷикӣ. Фарҳангашон дигар аст: фарҳанги афғонӣ, фарҳанги эронӣ ва фарҳанги тоҷикӣ. Мусиқияшон низ дигар аст: мусиқии афғонӣ, мусиқии эронӣ ва мусиқии тоҷикӣ ва ғайра.

Дар Тоҷикистон то ба ҳамин наздикиҳо метарсиданд бигӯянд, ки дар хоки Афғонистони имрӯза қавме ба номи тоҷик низ будубош дорад. Имрӯз ҳам дар Тоҷикистон ба ном донишмандони забоншинос ва адабиётшиносе ҳастанд, ки бо як пофишории ифротгароёна мехоҳанд исбот кунанд, ки забони дарӣ дигар аст, забони форсӣ дигар аст ва забони тоҷикӣ дигар аст. Адабиёти Афғонистон дигар асту адабиёти Эрон дигар аст ва адабиёти Тоҷикистон дигар аст. Ҳамчунин фарҳанги онҳо, мусиқии онҳо ва ғайра. Ин гуна иштибоҳот миёни донишмандони афғонистонӣ ва эронӣ низ ҷой дорад.

Мо, ки қазияи ягонагии забон ва адаби дарӣ, форсӣ ва тоҷикӣ, таърих, фарҳанг ва мусиқии Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистонро аз оғоз то ба имрӯз матраҳ менамоем, манзурамон забони сараи дарӣ, форсӣ ва тоҷикӣ, таърих, фарҳанг ва мусиқии асили ин кишварҳост. Вагарна дарвоқеъ, он забони шикастаи тоҷикӣ, ки миёни гурӯҳи бузурги шахсони мактабдида ва баистилоҳ босавод, аз он ҷумла миёни аҳли илму адаби Тоҷикистон, маъмул аст, ҳеч иртиботе бо забони форсии сара надорад. Вай аслан як забони маснӯъиест, ки дар он аз сарфу наҳви суннатӣ, аз қолиби сохторҳои пешина, метавон гуфт, нишоне намондааст. Аксари навиштаҷоте ҳам, ки ба номи “адабиёт” дар Тоҷикистон имрӯз ҳам пешкаш мешавад, асосан ҳеч иртиботе бо адабиёти асил ва шеъру насри нағзи форсӣ надорад. Ҳамчунин, дар мусиқӣ ва фарҳанги он ва ғайра. Ин гуна намунаҳои тасаннӯъии шеъру достон, мусиқии кӯчабозорӣ ва форсии шикаста, пур аз лукнат ва сакта дар Эрону Афғонистон ҳам кам нестанд.

Мутаассифона, онҳое, ки ба истиқлоли мутлақи забон, адабиёт, ъилм, фарҳанг, мусиқӣ ва ғайра дар қаламрави қавмҳои эронинажод сухан меронанд, маҳз дар заминаи ҳамин гуна забони сохта, адабиёт, фарҳанг ва мусиқии ғайриасил қазоват кардаанд. Аз истиқлоли мутлақи забон, адабиёт, фарҳанг ва мусиқии дарӣ, форсӣ ва тоҷикӣ сухан ба миён овардан дар ҳолате дуруст аст, ки агар сарфу наҳв, қолибҳои калимасозӣ, ъиборатороӣ ва ҷумлабандӣ, системаи забонҳои ба истилоҳ дарӣ, форсӣ ва тоҷикӣ ҳам бо ҳам фарқ кунанд. Ҳайъати тасвирҳо ва усули тасвиргарӣ, воситаҳои баён дар адабиёти дарӣ, форсӣ ва тоҷикӣ дигар бошанд. Ҳамчунин дар мусиқӣ ва дигар анвоъи ҳунарҳои зебо.

Вақте ки ъунсурҳое, ки баршумурдем, дар ин забонҳо, дар ин адабиёт, дар ин мусиқӣ ва дигар ҳунарҳои зебо як аст ва ҳеч фарқе бо ҳам надоранд, пеш бурдани назарияи мустақил будани забону адабиёт, мусиқӣ ва ғайра дар Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон як чизи сохта ва бофта аст. Фарқе, ки дар муҳтавои осори адабӣ ва фарҳангии ин кишварҳо дар ду-се ъасри ахир зуҳур намудааст, як чизи табиъӣ ва қонунӣ буда, ба ҳеч ваҷҳ далели истиқлоли мутлақи ин забонҳо, ин адабиёт ва фарҳанг намебошад. Оё аз лиҳози муҳтаво ва ҳатто сабки баён осори намояндагони ҳавзаҳои адабӣ ва фарҳангӣ дар давраҳои гузашта байни худ фарқ намекард? Агар Қатрони Табрезӣ дар дарки шеъри шоъирони Мовароуннаҳру Хуросон мушкиле дошт ва рӯи ниёз ба Носири Хусрави Қубодиёнӣ оварда буд, ҳаргиз ин маънои онро надорад, ки адабиёти ҳавзаҳои Самарқанду Бухоро ё Ғазнину Табрез ҳар як ба сари худ мустақил аст, яъне ки яке моли адабиёти тоҷикӣ, дигаре моли форсӣ ва севумӣ моли адабиёти дарӣ мебошад.

Онҳое, ки гумон мекунанд адабиёти форсӣ дар Эрон баъд аз қарни XVI-и масеҳӣ дар замони салтанати Сафавиён, дар Мовароуннаҳр, ки Тоҷикистони имрӯза як ҷузъи он ба шумор меравад, пас аз қарни XVI-и масеҳӣ баъди ба сари қудрат омадани хонадони Шайбониён ва дар Афғонистон баъд аз қарни ХVII-и масеҳӣ дар давраи салтанати Дуррониҳо ба се бахши мустақил қисмат шуд, иштибоҳи ъазим мекунанд. Зеро ташхиси тамоюлҳои асосии адабиёт ба забони форсӣ дар ин кишварҳо дар як-ду-се қарни баъдина бармало месозад, ки он ягона боқӣ мондааст.

Зуҳури вежагии маҳаллии мовароуннаҳрӣ ё хуросонӣ ва ғайра дар адабиёти ин давр ба ҳеч ваҷҳ далел бар истиқлоли адабиёти он маҳалҳо нест. Осору афкори Бадруддини Ҳилолии Астарободӣ, Зайнуддини Восифӣ, Ъабдурраҳмони Мушфиқии Бухороӣ, Мирзо Бедили Деҳлавӣ, Соиби Табрезӣ, Шавкати Бухороӣ, Фонии Кашмирӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқи Ҳиротӣ ва дигарон моли як адабиёт аст, на моли се ё чаҳор адабиёти мустақил. Инро соҳибони тазкираҳое, ки дар заминаи адабиёти ин қарнҳо таълиф гардидаанд, дуруст дарк намудаанд. Ҳеч яке аз онҳо адабиёти форсии ягонаро бахш накардаанд, аз он ҷумла соҳиби “Тазкираи Насрободӣ”, “Миръот-ул-хаёл” ва ғайра.

Як навъ истиқлоли нисбӣ танҳо дар даврони ба истилоҳ адабиёти муъосири кишварҳои форсизабон ба назар мерасад. Ва ташаккули адабиёти муъосир дар Эрон, Мовароуннаҳр (аз ҷумла Тоҷикисгон) ва дар Афғонистон мутаносибан ба чаҳоряки аввали нимаи дувум ва охири қарни XIX-и масеҳӣ ва ибтидои садаи XX-и масеҳӣ рост меояд, ки аз онҳо бо номҳои адабиёти раашангарӣ, адабиёти ҷадида ва адабиёти маъорифпарварӣ ёд мекунанд.

Аммо лозим ба тазаккур аст, ки дар даврони муъосир низ миёни адабиёти кишварҳои форсизабон ҳеч гоҳ пайвандҳои адабӣ қатъ нагардида буд. Он гоҳ хафиф ва гоҳе заъиф шуда, вале ҳаргиз аз ҳам нагусастааст. Барои мисол, осор ва афкори Зайнулъобидини Мароғаӣ ва хосса китоби ӯ “Саёҳатномаи Иброҳимбек ё балои таъассуби ӯ”, намоишнома ва номаҳои номии Мирзо Малкумхон, ки дар сарзамини Эрон мезистанд, барои аҳли Бухоро, Ҳирот ва Кобул ноошно набуданд. Агар навиштаҳои Маҳмуди Тарзӣ ва “Сироҷ-ул-ахбор”-и ӯ дар танвири афкори мардуми Бухоро ва Самарқанд нуфуз доштанд, таълифоти Садриддини Ъайнӣ, монанди “Намунаи адабиёти тоҷик” ва “Саргузашти як тоҷики камбағал”-и ӯ, дар Эрон ва Афғонистон диққати аҳли ъилму адаби ин кишварҳоро ба худ ҷалб намуда буданд.

Аз ваҳдат ва қаробати муъосир дар қаламрави забони форсӣ он чиз ҳам шаҳодат медиҳад, ки бисёр ҳодисаҳо ва падидаҳои адабӣ миёни онҳо муштарак мебошанд, аз қабили равшангарӣ, шеъри нав, ъарӯзи озод, шеъри сафед, насри муъосир (румон ё новелла ё ҳамон достони буланд ва ғ.), таҷдиди анвоъи шеъри суннатӣ (ғазал, қасида, рубоъӣ ва дубайтӣ), мактаби вуқӯъ ё адабиёти реолистӣ, ривоҷи шеъри ъирфонӣ ва ғайра. Ҳар яке аз ин ҳодиса ва падидаҳои адабӣ бидуни истисно бар асари таъсирпазирӣ ва таъсиргузории онҳо бар якдигар шакл гирифтаанд.

Бо ин ҳама ошноии дубораи забон, адабиёт, фарҳанг ва мусиқии кишварҳои форсизабон ба таври мустақим танҳо дар охири солҳои 50-ум ва ибтидои солҳои шастуми масеҳии ъасри бистум шурӯъ гардида, ба тадриҷ ривоҷ ёфт ва ахиран ба марҳалаи тозаи худ аз лиҳози каммӣ ва кайфӣ расид. Ба эътирофи яке аз донандагони воқеъии шеъри пешина ва кунунии форсӣ, шоъири номии тоҷик Бозор Собир “назми мо ба Афғонистону Эрон ва назми онҳо ба муҳити адабии мо ворид шуд. Мо ин падидаи тозаро бо камоли хушнудӣ истиқбол кардем. Дар ин асно дар ҷиҳати тасвир, шакл ва ифодаи ин равияҳои адабӣ хеле омехта шуданд (ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, 3.04.1986, с. 16).

Тасаввури он ки “шеъри тоҷик аз корвони таҳаввулоти шеъри форсӣ ҷудо монда ва он обе, ки Нимо Юшиҷ дар хобгоҳи шоъирони форсӣ рехт, ба ин ошён роҳ набурд” ва “ба ҳамин сабаб… метавон аз тадоъиёти ташбеҳоти бештар тасодуфии байни шеърҳои ин ду диёр (Эрон ва Тоҷикистон – А. С.) сухан ба миён овард, ки аз таъсироту таассуроти огоҳона”, тавре ки Ъабдурризои Муҳаққиқ дар “Кайҳони фарҳангӣ” гумон дорад, натиҷаи он аст, ки раванди дарки падидаҳои ин ошноии дубораи забону адабиёт ва фарҳанги форсизабон низ батозагӣ шурӯъ шудааст ва дар марҳалаи ибтидоӣ мебошад ва, аз ҳамин рӯ, ҳанӯз ноқис аст.

Дар ин замина то имрӯз танҳо кӯшишҳои аваалия шуда ва гомҳои шумурдае бардоштаанд. Бадеҳист, ки на ҳамаи онҳо барор гирифтаанд. Аз ҷумлаи мақолаҳое, ки муаллифонашон тавфиқ ёфтаанд, тақризи шоъири навпардоз ва тавонои Афғонистон Латифи Пидром ба маҷмӯъаи шеърҳои шоъири тоҷик Бозори Собир “Оташбарг” ба шумор меравад. Аз миёни бародарони эронӣ ибтикори Сайиди Ҳушангӣ ва Ъабдурризои Муҳаққиқ дар саҳифаҳои “Кайҳони фарҳангӣ” – вежаи фарҳанги Тоҷикистон” (соли даҳум, обонмоҳи 1372, шумораи 8) қобили дастгирист.

Якумӣ нигоҳи ъоҷиле ба “Гулчини ашъори устод Лоиқи Шеръалӣ” кардааст ва дигарӣ ҷаҳд намудааст ба тариқи ихтисор мушаххасоти шеъри муъосири тоҷикро баррасӣ бикунад. Коре низ, ки Алиасғари Шеърдӯст дар муқаддимаи “Гулчини ашъори устод Лоиқи Шеръалӣ” (чопи интишороти “Алҳудо”) ва дар китоби “Чашмандози шеъри имрӯзи тоҷик” (Душанбе, “Адиб”, 1997) анҷом додааст, иқдоми муборак ва умедбахш аст. Вале ин ҳама, ки ёд овардем, ҳанӯз кофӣ нестанд.

Таҳқиқи қонунмандии пайдоиш, рушд ва такомули адабиёти форсӣ, муъаррифии муҳимтарин падидаҳои адабии он, мушаххас сохтани вежагиҳои зуҳури он дар кишварҳои ҷудогона, муъаррифӣ ва нашри осори адибони форсизабон, чопи вожаномаҳо ва китобҳои истилоҳот, таҳқиқ дар сарфу наҳви забони форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ) ва ғайра аз ҷумлаи ъумдатарин ва муҳимтарин масъалаҳоест дар эроншиносии кунунӣ. Ва рисолати бузургтарини эроншиносон дар даврони кунунӣ он аст, ки ягонагии забон ва адабиёт ва фарҳанги форсиро дар тамоми қаламрави забон ва адабиёти форсӣ ва фарҳанги он ба исбот бирасонанд. Ва дигар ин забон ва ин адабиёт ва ин фарҳанги ягонаро ба бегонаву худӣ, ба иртиҷоъӣ ва пешрав, ба дохилӣ ва хориҷӣ, ба бурунмарзӣ ва дарунмарзӣ, динӣ ва сиёсӣ, сӯсиёлистӣ ва ғайрисӯсиёлистӣ, ба форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ, ба эронӣ ва афғонӣ ва тоҷикӣ қисмат накунанд. Бас аст ҷудоӣ, бегонагӣ ва ноогоҳӣ аз ҳамдигар.

Аввали баҳмани соли 1352-уми ҳиҷрӣ (21.01.1974), яъне 24 сол қабл аз ин дар ҳамин рӯзҳо донишмандоне мисли Бобоҷони Ғафуруф, Ъисо Сиддиқии Ъалим, Раъдии Озарахшӣ, Хонларӣ ва дигарон дар мусоҳибаҳое дар рӯзномаи “Иттилоъот” (чопи Теҳрон) пешниҳоде карда буданд, ки зарурате ба бунёди Фарҳангистони милали форсизабон аст. Воқеъан ҳоло мавриди фархунда фаро расидааст, ки чунин як фарҳангистоне, аз ҷумла дар қадамҳои аввал Фарҳангистони адаби форсӣ дар Теҳрон ва ё дар Душанбе таъсис шавад ва дар он донишмандони тоҷикӣ, эронӣ ва афғонистонӣ ва дигар қавмҳои эронинажод ва ҳам эроншиносон машғул ба таҳқиқ ва тадқиқ бишаванд.

*Ин мақолаи устод Сатторзода зери ъунвони “ФОРСИЗАБОНОНИ БЕГОНА ВА ЯГОНА” қаблан дар маҷаллаи “Паёми андеша” (Соли аввал. – Шумораи чаҳорум) дар моҳи морси 1998 (С. 41-44) мунташир шудааст. Матни электруники ин мақоларо Субҳони Аъзамзод, пажӯҳишгари фарҳангу адаби форсӣ, дар ихтиёри мо гузошт.

***

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*