Аббос Салимии Онгил (дабири коргурӯҳи осебшиносии Порсӣ Анҷуман): Аллома Қазвинӣ аз нахустин пижӯҳишгароне буд, ки дар пероиши матнҳои куҳан ва шиносондани зиндагӣ ва офаридаҳои сарояндагон ва нивисандагони қанди порсӣ, корашро бо равиши илмӣ оғоз кард. Қазвинӣ, ба сабаби омӯзишҳои суннатӣ ва ҳавзавӣ, насри охундӣ дошт. Бо ин ҳол, зиндаёд Иброҳими Пурдовуд, ки гироиши сарагароёна дошт, ҷилди нахусти мақолоти эшон (“Бист мақола”)-ро гирд овард, чиро ки қадри зар заргар шиносад.
Ҳамчунин, аллома Қазвинӣ аз нахустин пижӯҳишгаронест, ки дар майдони дурустнивисӣ ҳуши болои худро намоёнда ва бар гиругирифтҳои партав афканда, ки ҳамасронашро тавони дидани онҳо набудааст. Ба эҳтимоли бисёр, эшон нахустин касест, ки ба гартабардорӣ аз забонҳои дигар таваҷҷуҳ кардааст. Мегӯяд: «Инро ҳам арз кунам, ки бадтар ва ба дараҷот хатарноктар аз истеъмоли калимоти хориҷӣ, истеъмоли асолиби таъбири калимоти хориҷӣ аст, ки бадбахтона осораш ҷаста-ҷаста дар нивиштаҷоти баъзе аз «нивисандагон»-и давраи ҷадид дида мешавад… » (рӯяи 97).
То пеш аз он ки Фарҳангистони якум корашро оғоз кунад ва вожагузиниҳояш ривоҷ ёбад, вазъи форсинависӣ таърифи чандоне надошт. Ҷавлони вожаҳои бегона дар забони форсӣ яке аз паёмадҳои ошноии эрониён бо ғарб ва рафтуомадашон ба он диёр буд. Аллома Ќазвинӣ менивисад: «Яке аз авомили муҳимми миллияти як қавм забони он қавм аст, лиҳозо ин таноқузро намедонам бар чи ҳамл кунам, ки ин нивисандагон дар они воҳид аз тарафе фарёди ватанпарастӣ ва истиқлоли Эрон ва бақои миллияти Эронро мезананд ва аз тарафи дигар олиман ва омидан ба дасти худ решаи миллияти Эронро теша мезананд ва яке аз ақавии асбоби ибқои миллияти Эронро, ки забони форсӣ бошад ба ин шиддат ва суръат савқ ба фано медиҳанд ва дар ҳар рӯз ва дар ҳар мақола ба воситаи зарбати тоза сару дасту пойи онро мешикананд ва гӯё «шери бедасту сару ишкам» мехоҳанд бисозанд. Чи қадар ҳикояти он шахс, ки бар сари шох нишаста ва бехи он шохро бо табар мебурид бар ҳоли эшон содиқ аст.» (рӯяи 86)
Аллома Қазвинӣ нақши шоирон ва нивисандагонро дар ривоҷи вожаҳои арабӣ дар форсӣ ночиз медонад: «Нивисанда ё шоири бечора ҳарчанд дар ниҳояти дараҷаи ватанпарастӣ ва таъассуб бошад, ҳеч чорае надорад ҷуз ин ки забонеро, ки феълан роиҷ ва маъмул аст гирифта дар он забон чиз бинивисад ё шеър бигӯяд. Тақрибан ҳамон тавр, ки як шахси ватанпараст, ки дар таҳти салтанати ғосиби хориҷӣ зиндагӣ мекунад, маҷбур аст, ки пули сиккаи хориҷиро дар муъомилоти худ ба кор бибарад ва наметавонд ба доияи ватанпарастӣ аз он пули роиҷ иҷтиноб варзида аз хариду фурӯши ҳавоиҷи явмияи худ ба куллӣ даст бикашад ё онки ба ҷойи пули роиҷи хориҷӣ сиккаҳои кӯҳнаи ватани худро воситаи таъомул ва табодул худ қарор диҳад. Агар тақсире дар тороҷи забони арабӣ бар забони форсӣ бар касе мутаваҷҷеҳ аст медонед ба гардани кист? Аввал ба гардани халифаи сонӣ Умар ибни Алхаттоб, ки қушунт арабро ба тарафт Эрон савқ дод. Дувум ба гардант Язҷирди севум ва сардорони қушуни ӯ, ки бо он ҳама қуввату қудрат ва ҷоҳу ҷалол ва ҷабаруту тамаддуну сарват, ки яроқи асбашон аз нуқра буд ва найзаҳошон аз тило (ё баръакс) натавонистанд саде дар муқобили хурӯҷи он арабҳои фақири лухтсар ва побараҳна бибанданд. Севум ба гардани баъзе эрониёни хоин ва арабмаъобони он вақт (шабеҳи ба фарангимаъобон ва русу инглиспарастони имрӯза, ки билошак нисбати инҳо ба хатти мустақим бо онҳо мунтаҳӣ мешавад) аз авлиёи умур ва ҳуккоми вилоёт ва марзбонони атроф, ки ба маҳзи ин ки ҳис карданд, ки дар аркони давлати соcонӣ тазалзуле рӯй дода ва қушуни Эрон дар ду се вақъа аз қушуни араб шикаст хӯрдаанд, худро фавран ба домани арабҳо андохта ва на фақат онҳоро дар футӯҳоташон кумак карданд ва роҳу чоҳро ба онҳо намуданд, балки сардорони арабро ба тасхири соири арозӣ, ки дар қаламрави онҳо буд ва ҳанӯз қушуни араб ба онҷо ҳамла накарда буд, даъват карданд ва калиди хазонинро дудастӣ таслими онҳо намуданд, ба шарт он ки арабҳо онҳоро ба ҳукумати он навоҳӣ боқӣ бигузоранд ва кутуби таворих, бахусус “Футӯҳ-ул-булдон” аз асомии шуми онҳо пур аст ва яке аз маъруфтарин онҳо Моҳуяи Сурӣ марзбони Марв қотили Язҷирд аст… ва ҳамчунин баъзе аз эрониҳои дигар, ки дар басти нуфузи араб ва забони араб фавқулода мусоидат карданд, мисл он эронии беҳамияят, ки барои тақарруб ба Ҳуҷҷоҷ ибни Юсуф давовини идороти ҳукуматиро, ки то он вақт ба форсӣ (яъне ба паҳлавӣ) буд ба арабӣ табдил кард. Ё мисли «Хоҷаи бузург, шайхи ҷалил, шамсулкафоҳ» Аҳмад ибни Ҳасани Маймандӣ вазири Султон Маҳмуд, ки пас аз чаҳорсад сол аз ҳиҷрат ва хомӯш шудани давлати араб дар Хуросон ва навоҳии шарқи Эрон, тоза оқои кофиюлкафоҳ аз ҷумлаи кифоятҳое, ки ба харҷ дод, яке ин буд, ки давовини идороти давлати Ғазнавияро, ки вазири қабл аз ӯ Абулаббос Фазл ибни Аҳмади Исфароинӣ ба форсӣ табдил намуда буд, дубора ба арабӣ таҳвил кард.» (рӯяҳои 105-107)
Аллома Қазвинӣ дар бораи китоби дарсие, ки Аббос Иқболи Оштиёнӣ нивишта буд, ёддоште менивисад ва дар он ба нуктаҳое ишора мекунад, ки ҳанӯз ҳам посухе дархур ба суханпарониҳои гоҳубегоҳи форсинадонҳои пургӯст:
«Намедонам куҷоянд он касоне, ки мегӯяанд забони форсӣ ҳолия тунук аст ва истеъдоди тадвини кутуби илмию адабӣ мутобиқи эҳтиёҷоти асри ҷадидро надоранд, хуб аст биёянд ва дар ин китоб назаре афкананд, то бибинанд муаллифи ҳунарманди он бо чи устодӣ ва маҳорат аз уҳдаи ин кор баромада ва …» (рӯяи 274)
Ӯ дар идома, китоби Аббос Иқболи Оштиёниро дорои вежагии муҳим медонад ва он ин аст, ки китоби ёдшуда аз вожагони туркии усмонӣ тиҳист. Манзури эшон он даста аз вожаҳои арабӣ ё арабӣ-форсиест, ки дар туркии истомбулӣ маънояшон дигаргун шуда буд ва дар даврони машрута ба забони форсӣ ворид мешуданд ва бархешон ҷо уфтоданд. Монанд: аъоша, эъзом, тамаддун, мушаъшаъ, султа, муҳайирулъуқул, арзи андом, зуввоти муҳтарам, мунавварулфикр, ишғол намудан, сафолат, сафил ва…. (рӯяи 276). Ў дар бораи вожаҳое аз ин даст мегӯяд: «Савғоти туркҳост [туркони усмонӣ], ки дар дунё ҳеч чизеро шарти ҳеч чизе намедонанд.» (рӯяи 276)
Ончи гузашт чакидае аз нигарониҳои баҷои аллома Қазвинӣ дар бораи забони форсӣ ва дурустнивисӣ дар ин забон буд.
Понавишт:
Барои дидани гуфтовардҳо бингаред ба: Қазвинӣ, Муҳаммад. Бист мақола, дуҷилдӣ, чопи дувум, Теҳрон: Дунёи китоб, 1363.
——————————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист