Шамсияи Қосим: Забони модарӣ ва кӯдакони мо дардест мушкил, ки ҳамеша дар зеҳнам мечархид, аммо тайи чанд муддат бештару бештар диламро афгор кардааст, чун фарзанди хурди дар ҳоли омӯзиши забони модарӣ ва ташаккули зеҳн дорам. Бачаам сесола шуду ин мушкил ҳам ҳамроҳи писарам дар ҳоли бузург шудан аст ва бештар ҳис мешавад. Ман қаблан ҳам медонистам – аз мост ки бар мост – аммо ба тамоми ҷузъиёти ин ҳолат тозаҳо мутаваҷҷеҳ мешавам. Русҳо ин тур карданд, русҳо он тур карданд. Хуб, ҳоло ки дар дохили хонаи мову шумо рус тасмим намегирад, чи бало аст ки ин қадар аз забони модарӣ ва миллати худ безор аст тоҷик?…(((( Ҷавобашро гӯё медонам, аммо боз намедонам.
Қиссаи кутоҳ ин аст, ки барои рушди зеҳнии кӯдаконамон ба забони тоҷикӣ китоб нест! Ҳама гунаҳгорем. Мо соҳибони забон. Ман назди фарзандам эҳсоси гуноҳ мекунам. Дақиқан намедонам, аммо бояд дар ин маврид коре анҷом медодам. Шояд гуноҳам ин аст, ки барои тарҷумаи яке аз китобҳои кӯдакона иқдом накардам, ё ин мавзӯъро пештар ва бештар пайгирӣ накардам. Аммо дақиқан гунаҳгорем, ҳама; зеро чунин ҳолат қобили пазириш набояд бошад, аммо мо пазируфтаем!
Гоҳе дар дӯконҳои китоб мехоҳам бо дӯкондор даъво кунам. Боз фикр мекунам, магар айби ӯст? Як-ду китоби афсона бо сифати паст ва бо рангҳои парида ҳисоб нест! Бачаи ман мегӯяд, дар бораи аждаҳо китоб бихар, дар бораи кайҳон китоб бихар, ё дар бораи мошинҳо. Охир, ин китобҳои Бузичаи ҷингилапову Кали айёрро як модари мактабнохонда ҳам ба кӯдакаш нақл мекунад. Якто энсиклопедия барои кӯдакон ва наврасон ҳаст, аммо он бештар ба синни наврасон мехӯрад.
Ку фарҳангҳои кӯдакона барои кӯдакони тоҷик? Зеҳни кудак ба ин фарҳангҳои кучаку бузург, ки ҳама чизи дунёро бо забони кӯдакона ва тасвирҳо шарҳ медиҳанд, ниёз дорад. Ин китобҳо лозиманд, ки кӯдакро аз синни поён ба китоб алоқаманд бикунем. Ҳоло писар аз ман мепурсад ки “инҳоро бигир” ва ба китобҳои русию инглисӣ ангушт мебарад (чун тасовир ва мавзӯъҳои ҷолибро онҷо мебинад). Ман ҳам бояд барояш фароҳам кунам. Аммо ҲАМА китобҳои мавриди ниёзи писарам ба забони русӣ, ва инглисӣ ёфт мешавад. Ин ҳама китобҳо дар мавзӯъҳои гуногун ва рангоранг ва бо сифати олӣ ва ба синну соли писарам муносиб барои фарзанди ман нестанд! Барои кӯдакони русизабон ва инглисизабон ҳастанд. Ҳазорҳо офарин бар Сандуқи Оғохон, шояд бо кӯмаки молии онҳо фарҳангҳои ҷолиби кӯдакона бо сифати олӣ ба забонҳои помириро низ гоҳе дар дӯконҳо мебинам. Ҳатман кӯмак карда чун забонҳои помирӣ аз ҷумлаи забонҳое ҳастанд ки дар маърази хатар воқеъ шудаанд.
Азизон, забони тоҷикӣ ҳам дар маърази хатар аст! Вазъе ки мушоҳида кардам ғайри ин нест. ((((( Барои фарзанди русу инглис китоб дорем, (ҳазор сипос ба нависандагон ва ноширон ва тарҷумонҳояшон) то инки мабодо ин забонҳо дар Тоҷикистон дар маърази хатар воқеъ нашаванд, аммо ба тоҷикӣ надорем. Ҳоло, магар мо чи қадар кӯдаки рус ё инглис дорем, ки ин ҳама дӯкони китоб барояшон китоб мефурӯшанд? Агар дошта бошем, мутмаин бошед китобҳояшонро дар ин ҷо не, дар кишварҳои худашон мехаранд. Воқеъият ин аст ки ин китобҳои русӣ барои кӯдакони тоҷик аст! Китобфурушиҳо ба тоҷикон мегуянд, агар мехоҳед фарзандонатон хинг набошанд, барояшон китобҳои русӣ бигиред ва русиро барояшон омузед. Ё бадтар аз ин, шояд мегӯянд, тоҷик барои бачаш китоб намехарад?(((…
Ҳамон фарҳангҳои кӯдаконаро ба англисиву русӣ мебинам, чи қадар ҷолибу ҷаззоб ҳастанд! Мехоҳам аз нав кӯдак шавам ва ин китобҳо аз ман бошанд. О, чаро тоҷикиашро чоп намекунанд? Хуб, тоҷикиаш чоп нашавад, форсиашро ақалан фароҳам кунед! Мурдам аз ҷустуҷӯи тарҷумаи номи ҳайвоноту ҳашароту наботот дар Гугл, то ин ки тоҷикии бачаам тоза бошад. Агар тоҷикиашро надорем, чаро гузинаи дувум ҳатман русӣ аст?… Маҷбур китобҳоро ба забони хориҷӣ мехарам. Хуб, коре намешавад кард, бояд ишқи китобро дар дилаш ҷо кунам, бояд талаботи зеҳни пӯёи кӯдакро қонеъ кунам, то ки бо смартфону телевизор рақобатпазир бошанд. Китобҳои русӣ мехарам ва инглисӣ, бо муқоваи сахт, саҳифаҳои картонӣ, рангҳои рӯшан, бо иттилоъи ҷолиб дар бораи дунё. Ҷаҳонро ҳамроҳ бо қаҳрамонҳои ошно аз кортунҳояш меомӯзад, ҳарчи навиштор аст, тарҷума мекунам. Худам ҳамроҳаш як олам гап ёд мегирам… Масалан номи сайораҳои манзумаи шамсиро (ки то ҳол худам фақат номҳои русиашро медонистам), ё анвоъи мухталифи ҷонварони дарёиро. Аммо модаре, ки забони хориҷиро намедонад, ё интернет надорад ё вақт надорад бояд чи кор кунад? Китобро ба фарзандаш русӣ мехонад ва пагоҳ бачаашро ба мактаби русӣ медиҳад. О, ин таблиғи рӯирост ва бидуни рақобати забони русӣ аст.
Ҳоло аз вазоифи Кумитаи забон бароям бигӯ!
Манзурам нобуд кардани китобҳои хориҷӣ аз дӯконҳои китоб нест, албатта. Фақат мехоҳам китобҳои тоҷикӣ низ дар сатҳи онҳо дошта бошем, то ки мардум интихоб дошта бошанд. Магар зиёд хостам? Магар ин ҳаққи ман нест, ки бихоҳам дар кишвари худам, ба забони модариам, яъне ба забони давлатӣ барои кӯдакам китоби муносиб пайдо кунам?
Мушкили дигар, аммо боз ҳамон. Азизон, бояд шармандавор эътироф кунам, ки ҳатто ман ки сахт тарафдори забони модарӣ ҳастам, пас аз ҷустуҷӯ ва мушоҳида ва таҷрибаҳо писарамро бо виҷдони шармсор маҷбур ба кӯдакистони хусусӣ додам, ки дар он масъулони тоҷик бо ифтихор ба ман эълон доштанд: “Мы здесь говорим только на русском!”
Вақте дертар бароям равшан шуд, ки ин танҳо шиъор будааст, намедонистам хурсанд шавам ё гиря кунам. Гап сари ин аст ки аксар волидайни тоҷик мехоҳанд кӯдаконашон русиро омӯзанд ва барои рафтан ба мактаби русӣ омода шаванд! Хуб, ҳақ доранд. Давлат давлати демукротӣ. Ва масъулони ин кӯдакистон низ ҳамин тур худро таблиғ мекардаанд ва мегӯянд: “Только на русском”. Ман ҳам ба худ “Бошад, тоҷикиро дар хона меомӯзад” гуфтаму кӯдакро ба онҳо супурдам. Зеро пас аз дидани шароити кӯдакистонҳо қабл аз ҳама мехоҳӣ мутмаин бошӣ, ки аз фарзандат хуб муроқибат мешавад. Ва мушкил инҷост, ки кӯдакистонҳои тоҷикӣ аксаран давлатианд… Метавонам дигар шарҳ надиҳам, аммо медиҳам. Дар кӯдакистонҳои давлатӣ, ки ба хонаамон наздиктар ҳастанд, дар як гурӯҳ аз 35 то 40-у чанд кӯдак аст! Аммо утоқҳояшон хеле хурд. Сӯзан партоед, ба замин намеуфтад. Ними хона катҳои хоби дутабақаӣ, ними дигар ҷойи хӯрокхӯрӣ, 40 кӯдакро дар масоҳати ду ба ду мешинонанд, дар девор телевизор рӯшан мекунанд – Маша и Медведь- тамошо кунед! Кӯдак ҳатто ҷойи ғалтидан надорад. Аз пушти дар садои мураббиро мешунавам ва боварам намеояд. Ба кудакон: “Зае..т каден мара!”
Дар кӯдакистонҳои русӣ, асосан хусусӣ, гурӯҳҳо хурд, шароит олӣ, аммо хуб инҷо “Мы говорим на русском”. Дарсҳошон ҷолиб, китобчаҳои рангин фаровон ва вазифаҳои ҷолиб барои омӯзиш доранд… Ба худ фикр мекунам, ки ҳоло майда аст китобҳоро барояш тарҷума ва нақл мекунем, фардо бузургтар шавад чи кунем?…
Бигузор пургапӣ шавад, аммо як нуктаи муҳимми дигар дар мавриди китобхонаҳои кӯдакон: Ман қаблан дар бораи китобхонаҳои кӯдаконае, ки дар кишварҳои урупоӣ аз ҳисоби ҳукумат дар ҳар як ноҳияи шаҳр фаъол ҳастанд, навишта будам. Пас аз рафтан ба он китобхонаҳо ҳар кӯдак ҳатман ва бебозгашт ошиқи рафтан ба китобхона ва сипас китобхонӣ мешавад. Воқеан боиси таассуф аст, ки мо чунин маконҳоро барои кӯдаконамон надорем…Китобхонаҳои шаҳрамон ҳастанд, аммо ончи ман мегуям бештар ба маркази тафреҳии кӯдакон дар миёни сафҳои китобҳои рангоранги кудакона мемонад. Курсиву мизҳои кӯдакона, ҳарҷо-ҳарҷо, диванчаҳо, ҷойи нишаст дар рӯйи қолинчаҳо, ҷойи худмонӣ, кӯдакон дар миёни сафҳои тӯлонӣ ва рангоранги китобҳои кӯдакона ва кӯдакон мехонанд, наққошӣ мекунанд, ба афсонае аз муаллифи китоб гӯш медиҳанд ё ба хоҳарашон ҳарф меомӯзанд. Тасаввур мекунам, ки агар чунин китобхонаҳо мебуданд ҳам, боз ҳам китобашон ба русӣ ва инглисӣ мебуд…
Давлат ҳомии забон аст, агар гузор ба хатти форсиро намепазирем, хуб пас шояд ҷиддан дар бораи баргардони адабиёти томактабӣ ва фароҳам кардани адабиёти омӯзишӣ аз форсӣ ба хатти тоҷикӣ фикр кунем. Давлат бояд дар ин самт сармоягузориро дареғ надорад, ё шояд сармоя мегузорад, аммо кам? Ё шояд зиёд бошад, аммо иҷро намешавад? Ман намедонам. Кӣ медонад? Аммо чунин вазъиятро набояд таҳаммул кард. Ин вазъияти ғайриқобилиқабул аст. Ман ин вазъиятро таҳқир ба кӯдакони тоҷик, ба забони тоҷикӣ, ба миллати тоҷик медонам.
Имрӯз мураббии кӯдакистон ба ман гуфт: “Ваш сын все понимает но никак нехочет говорить на русском. Я сегодня ему сказала: Иди кушать, а-то сделаю укол. А он мне: Якта мезанам, мепарӣ Офриқо!”
Гуфтам аз ин мавзӯъ нигарон нестам аслан. Бо ҳама шароите, ки мо барои русиомузӣ дорем, бе талоши ману шумо ҳам русиро ногузир ёд мегирад.
Сарчашма: Фейсбуки рӯзноманигор
——————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист