Дигарсонии забон, гӯиш, лаҳҷа

Куруши Ҷаннатӣ: Он чи ба думбола меояд, нивиштори кӯтоҳ аст барои бозшиносии забон, гӯиш ва лаҳҷа. Ин нивиштор бар пояи суханронии дуктур Муҳаммади Дабирмуқаддам фароҳам шудааст.

 Забон (language)

 Дар ҷаҳон ҳудуди ҳафт ҳазору сад забон ва дар Эрон чанд даҳ забон дорем, ки забонвар доранд. Санҷаи пазируфташудаи ҷаҳонӣ барои забон фаҳми мутақобил аст. Ба ин маъно, ки барои ин ки бифаҳмем лакӣ ё суманонӣ ё мозанӣ забон ҳастанд ё гӯиш бояд ба сӯроғи забонвари нижодаи ин забон биравем. Масалан, як пиразан ё пирамарди рустоие, ки ба ин забон сухан мегӯяд ва сипас бибинем, ки оё фаҳми мутақобили забонӣ ба осонӣ миёнамон ҳаст ё на. Бо ин нигоҳ хонсорӣ, лорӣ, давонӣ, суманонӣ, лакӣ, ҳуромӣ, гилакӣ, нойинӣ, беҳбаҳонӣ, вафсӣ, абузайдободӣ ва… ҳама забон ба шумор меоянд.

 Гӯиш (dialect)

 Барои дарки гӯиш бояд бо ду фанвожаи пуркорбурд дар забоншиносӣ, яъне «лонг» (забони зеҳнӣ) ва «порул» (забони корбурдӣ/гуфтор) ошно шавем. Фердинон ду Сусур, миёни дисаи (шакли) зеҳнӣ ва дисаи корбурди забон ҷудосонӣ (тамоюз) гузошт. Барои намуна, забони форсӣ дисаи зеҳнии забонист бо ҳинҷорҳо ва санҷидорҳои (завобити) мушаххас; вале ҳамаи порсизабонон монанди ҳам сухан намегӯянд. Забони мардуми Кобул, Душанбе ва Теҳрон порсист; вале он форсие, ки дар Кобул суҳбат мешавад бо он форсие, ки дар Душанбе ва Теҳрон суҳбат мешавад дигарсониҳое дар сатҳи вожагонӣ, наҳвӣ ва овоӣ дорад. Бо ҳамаи ин, ин дигарсониҳо ба андозае нест, ки паноме(монеъе) барои фаҳми мутақобил бошад. Намунаи дигар, забони инглисиро дар нигар бигиред. Ин забон низ як дисаи зеҳнӣ дорад ва чандин дисаи корбурдӣ дорад, ки гӯишҳои он ба шумор мераванд: инглисии бритониёӣ, инглисии устролиёӣ, инглисии омрикоӣ.

 Бо ин тавзеҳот, дигарсонӣ миёни форсии Исфаҳон ва Теҳрон гӯиш аст, на лаҳҷа; чиро, ки эвоз ба дигарсонии овоӣ маҳдуд намешавад – чунонки дар Исфаҳон мегӯянд: рафтандешон, яъне ду бор мутобиқаи ниҳод ва шиноса дорем, ки дигарсонӣ дар сатҳи сарфист. Форсии Қоъин гӯиш аст, на лаҳҷа; зеро ҳангоме ки дар Теҳрон биринҷро ҷамъ мебандем ва мегӯем: биринҷҳо, дар Қоъин мегӯянд: биринҷу.

 Лаҳҷа (accent)

 Ҷое, ки дигарсонӣ эвоз (фақат) дар ово бошад, лаҳҷа аст. Лаҳҷа, яъне ҳарвиниш (таъмим додан) додани вижагиҳои овоии забони модарӣ ба забони мақсад. Монанди озарбойҷонӣ ё курдистоние, ки мехоҳад форсии меъёр сухан бигӯяд ё форсизабоне, ки мехоҳад ба фаронсавӣ ё инглисӣ сухан бигӯяд. Дар намунае дигар, дар Язд такяи номвожаро бар ҳиҷои нахуст мегузоранд. Яъне ҳангоме, ки як яздӣ мегӯяд «қалам» вогӯяаш (талаффузаш) бо вогӯяи як шерозӣ ё теҳронӣ дигарсонӣ дорад.

——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*