Истиқлоли забонӣ – истиқлоли каёнӣ

Фотеҳи Абдулло
1
Забони форсии тоҷикӣ дар арзи ҳудудан беш аз якуним ҳазор соли рӯзгори хеш дар Осиёи Марказӣ, ки аз гаҳвораҳои парваришу болишу нозиши он ба шумор меояд, ҳаргиз он вазъи хиффатбору фарёдбарангезе надошт, ки тайи султаи коммунистон дар ин сомон пайдо кард. Чӣ таконаҳое мӯҷиби сиёҳбахтӣ, нокомӣ ва инҳитоти таърихнадидаву таърихнашунидаи он гардид? Бунёдитарин такона вожгунии забони форсии тоҷикӣ аз тахти аморати Бухоро ба таърихи 2 сентябри соли 1920 ва нишондани забони русӣ бар маснади Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон ба таърихи 14 октябри соли 1924 ва Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон ба таърихи 16 октябри соли 1929 буд. Ҳар забоне, ки аз майдони сиёсат ва қудрат берун омад, баночор дар тамоми ҳавзаҳои зиндагии иҷтимоӣ ва инфиродӣ дар тангно меафтад ва ба ҳуҷуму фишори забони ҳоким дучор меояд, хурду ночиз, беиёру беарзиш мегардад ва аҷалашро интизорӣ мекашад. Ин як қонуни ҷаҳонист.
Таконаи дуюм сарозерии селвори афкори моддигароиву илҳодӣ, табдили хатти форсӣ ба хатти лотинӣ (1929) ва хатти русӣ (1940) ва китобсӯзиву фарҳангсӯзии ваҳшиёнаи бесобиқае буд, ки солҳои бист оғоз ёфта, дар поёни солҳои сӣ то поёни солҳои панҷоҳ ба нуқтаи авҷ расид. Ин ҳама унсурҳои созандаву созмондиҳандаи ин омилро дар маҷмӯъ бояд диду шинохту арзёбӣ кард. Коммунистон нағз вуқуф доштанд, ки олитарин равиши задани табар ба шаҷари ҳастии таърихии як миллат тағйири хатти аҷдодиаш, маҳви хазинаҳои таърихиаш ва нобудсозии нухбагони сиёсиву фарҳангиаш мебошад. Садҳо ҳазор фарҳехтае, ки низоми сиёсии ҷадидро напазируфтанд, ё ҷоми шаҳодат нӯшиданд ё ба хориҷа фирор карданд ё дар маҳбасҳо мурданд ё ба Сибир бадаргаҳ шуданд. Даҳҳо ҳазор ҷилд китоб дар сартопои Осиёи Марказӣ мисли одамон дар оташ сӯхтанд ё дар зери хок пусиданд ва ё дар рӯдҳо ғарқ шуданд. Ин фоҷиаест бағоят сангин, ки ҳатто сангҳои кӯҳсор бо ҳама безабонию бебаёнӣ бар он нола мекунанд ва ҳар кӣ дил дорад, ин навҳаю шеванро аз ҷигари сангҳо мешунавад. Ва моддигароёни мулҳид ба ҳадафи хеш расиданд. Афроди миллат аз гузаштаҳову гузаштагони худ гусастанд, ин гусасти ниҳоят сутурге буд, гусасте ки миёни наслҳо ва асрҳо эҷод гашт. Наслҳое по ба арсаи сиёсат, иқтисод, матбуот, илм, адабиёт ва ҳунар ниҳоданд, ки саводи казоӣ надоштанд, на форсиро балад буданд, на русиро ва чаласаводӣ, бебунёдӣ ва беустодӣ тоунвор дар ҷомеа сироят кард.
Таконаи сеюм муҳоҷирати густурдаи русҳову русизабонҳо ба Тоҷикистон, билхусус ба шаҳри Душанбе буд, ки аз аввали солҳои бист ибтидо мегирифт ва батахмин шасту панҷ сол мудовимат дошт, ки мунҷар ба дигардесии бофти қавмии ҷумҳурӣ гардид, бар иловаи он ки дар ампиротурии шӯравӣ русҳо қавми ҳоким ва русӣ забони ҳоким маҳсуб мешуд. Бавижа муҳити пойтахт ғайритоҷикӣ буд. Ба навиштаи устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, «Дар оғози даҳаи панҷоҳ дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 12 дар сади ҷамъият тоҷик буд, дигар ҳама ғайри тоҷик, бештар рус ва русизабон буданд. Соли 1959 шумораи тоҷикон дар Душанбе ба 18,5 фоиз расид (ба ҳисоби афзоиши шумораи донишҷӯён), яъне тоҷикон камтар аз панҷяки аҳолии пойтахти Тоҷикистонро ташкил медоданд. Оё Душанбе бо ин фоизи аҳолии тоҷик метавонист вазифаи пойтахтро иҷро бикунад? Не, наметавонист». (Равшангари бузург. Д., 2006, с. 326. Минбаъд: Равшангар). Ин баррасии саҳеҳ аз Душанбеи солҳои сӣ то нимаи аввали солҳои ҳаштод мебошад, ки ин шаҳр рисолати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва миллиашро ба сифати пойтахти тоҷикон анҷом дода наметавонист. Душанбе як шаҳри русӣ буд ва нафасаш аз анбӯҳи бегонагон тангӣ мекард ва дар он бумиён мисли муҳоҷирони хориҷӣ ба нигоҳ меомаданд.
Забони форсии тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон, ки маҳз бо ҳадафи дифои ҳамасӯя ва сарсахтона аз миллати тоҷик, забони тоҷикӣ, ҳувияти тоҷикӣ ва фарҳангу таърихи тоҷикон соли 1929 дар бахше аз сарзаминҳои таърихии тоҷикони Осиёи Марказӣ таъсис ёфта буд, бо ҳама пайкорҳо ва ҷонбозиҳое, ки устод Айниву шогирдонаш баҳри ҳифзу посдориаш анҷом доданд, ҷон меканд ва нафас мешумурд.
Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, ки аз солҳои панҷоҳ ба ин сӯ вазъи забонро ба мушоҳида гирифта, баъзе қазияҳоро гӯё зери заррабин мӯшикофӣ карда, дар ин замина чанд асари пурарзиш навиштааст, иттилооти ҷолибе меоварад: «Ҳангоми саршумори соли 1926 дар қаламрави ампиротурӣ [и шӯравӣ] 194 миллат вуҷуд дошта, ҳангоми саршумори соли 1979 ҳамагӣ 101 миллат боқӣ мондааст, яъне дар зарфи 50 сол шумораи миллатҳо ду баробар кам шудааст ва ҳар соле қариб ду миллат нест шудааст. Омори дигаре ҳам дар Маскав чоп шуд, ки дар байни ҷоншумори солҳои 1926 ва 1979 қариб 40 забон аз байн рафтааст, яъне дар қаламрави шӯравӣ қариб ҳар соле як забон ба кӯи нобудӣ рафтааст». (Равшангар, с. 262).

2
Он вазъи басо сангини нобасомонӣ, саргиҷагӣ, нодоштӣ, бесуботӣ, ноландагӣ ва нобудмандиро, ки забони форсии тоҷикӣ дар рӯзгори шӯравӣ ба сар дошт, метавон бӯҳрони забонӣ номгузорӣ кард. Ҳар чизи зинда мумкин аст дар марҳила ё марҳилаҳое аз рушди худ бо бӯҳрон дасту панҷа нарм кунад. Инсонҳо ҳам гоҳ-гоҳе бемор мешаванд, ки бӯҳрони ҳаёт мебошад ва бонги бадан ба соҳибаш аз хатар аст, агар ин фарёд шунида нашавад ва ё беэътиноӣ ба он зоҳир гардад, кас ё осебҳои ҷуброннопазир таҳаммул мекунад ва ё по ба водии хомӯшон мениҳад; пас беморӣ тадовӣ шавад, то зиндагӣ ба мухотира мувоҷеҳ нагардад. Забон низ ба масобаи падидаи иҷтимоӣ мустасно аз ин қонуни ҳамагонии ҳастӣ нест. Дар таърихи банӣ башар ҳазор-ҳазор забоне вуҷуд доштанд, ки нахуст бӯҳронзада шуданд ва сипас сар ба зер ба партгоҳи ҳеҷӣ уфтоданд. Возеҳтарин мадраки таъйидкунандаву таърифкунандаи ҳар бӯҳрони забонӣ осебдидагии шадиди зистмуҳит (экология)-и он мебошад. Ҳар унсур ё падидаи табиӣ барои тадовуми бақои хеш ниёз ба муҳити зисти солиму бенуқсоне дорад, ба муҷарради ихтилол дидан ва ё газанд ёфтани ин доираи инҳисор ҳаёти аносир ё ҳаводис бо хатар дасту гиребон мешавад. Падидаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ аз ин қонуни кайҳонӣ дар канор нестанд. Ҳар фарҳанг, ҳар миллат ва ҳар забонро муҳити зисте мебояд, то ба нашъунамо ва шукуфоии худ идома диҳанд, чун ин зистгоҳ аз дарун ё берун зиён бинад ва ё дучори таҳоҷум шавад, ҳаройина рӯзгорашон мувоҷеҳи таҳдиди хурд ё калон гардад.
Забон азбаски унсури оғозини ҳувият ва рукни ракини қавмият аст, сахт мӯҳтоҷи муҳити зисти созандаву пӯяндаву поянда бувад. Садҳо санади таърихӣ мавҷуд аст, ки бо тасаллути ақвоми ғайр ба сарзаминҳои тоҷикон экологияи забони модариашон тахриб шуд, вожагону пайвожагони номодарӣ дар такаллумашон афзунӣ ёфт. Забон дар чаҳордевори хона маҳдуд монд ва бо охирин ҳомилонаш абадан тадфин шуд. Агар имрӯз ба забони тоҷикони Бухорову Самарқанд бо чашми тааммулу тааққул бингарем, зуд ба дид меояд, ки зистмуҳити он хеле абгору валангор шуда, рӯ ба нобудии комил дорад. Ин мардум бо тоҷикии омехтаву анбошта аз туркӣ ҳарф мезананд ва фаҳми забони адабии тоҷикии муосир барояшон душвор аст ва агар имдод аз олами ғайб нарасад, дур нест рӯзе ки ҳама тоҷикиро раҳо кунанд. Ҳамчунин забони тоҷикони Тоҷикистон, бо он ки тайи султаи коммунистон дар мактабҳо ҷорӣ буду матбуоту китобҳову адабиёти фаровоне ба он вуҷуд дошту садову симо аз он ҳимоят мекард, ба далели авомили сиёсиву фарҳангию иҷтимоии номбурда бо бӯҳрони фарсоишии шадид рӯбарӯ буд ва эҳсоси сархурдагиву шикаст дошт ва боризтарин паёмади бӯҳрон сахт осеб дидани муҳити зисташ буд.
Фаровон каҷфаҳмиҳою каҷравиҳое дар сиёсати забонӣ вуҷуд дошт. Сиёсати болшевикон ин буд, ки бесаводтарини одамон ҳам бояд аз идеологияи давлат бохабар бошанд ва бад-ин ҳайс ба забони хеле сода навиштан андарбоистӣ, то барои ҳама дастрасу фаҳмо бувад. Наздикиҷӯӣ бо забони вайрони авоми бемаърифат ва дуриварзӣ аз забони клосики боназму пурғанову боазамат ба содагароиву омиёнанависӣ анҷомид. Содагароӣ ба дурустӣ реша дар содаандешиву содалавҳӣ дошт. Дар натиҷа забони кӯчаву бозор, забони омиёнаи вайрон, забони онҳое, ки баҳрае аз илму дониш надоштанд, ба сафҳаи матбуот ва китоб андаромад ва ба идороти давлатӣ, донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳо роҳ пайдо кард, забони омиёна бар олимона зафар ёфт, кавдан бар хирадварз пирӯз омад ва забон ҳатто ба паймонае содаву оммафаҳм шуд, ки онро на омӣ мефаҳмид, на олим! Сухан беарзишу беэътибор шуд, фасоҳату балоғат, салосату матонат аз ёдҳо рафт. Қавмҳои мутамаддин кӯшогарӣ доранд, ки ба колбади забонашон рӯҳи зиндаи илму донишро бидаманду онро хирадварзу хирадпарвару хирадрутбат созанд, сад дареғ ки мо забонамонро кӯчабоғӣ кардем ва аз арши ҷалолу азамат ба фарши хиффату зиллат ғалтондем, забони ҷононаву диловезу бузурги ҳазору понсадсоларо зишту қабеҳу кӯчак ҷилва додем.
«Забони кӯчагӣ» (ибораи устод Айнӣ) ё забони хиёбонӣ ҳамоно забони оҷиз, нотавон, бемоя, норавон ва нокоромад аст ва дар муқобили забонҳои камолёфтаи бузург тобу тавони муқовимат надорад ва дарҳол сар паст меафканад ва сар ба бод медиҳад. Такя ба забони гуфторӣ, на навишторӣ аз ҳастибарандозтарин офатҳоест, ки ҳатто забонҳои ҷаҳонӣ ва ҷаҳоншумулро таҳдид мекунад ва забони форсӣ ҳафтсад соли пас аз кишварситонии султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар ин рада меистод.
Ин фоҷиае даҳшатбор буд. Форсӣ дар ҳеҷ замоне дар сайри таърихии хеш ин хориву зорӣ ва ин забуниву залилиро, ки дар асри бист ба сараш иттифоқ афтод, надидааст. Ва инро боз мардумисозии забон талаққӣ мекарданд. Наздиксозии забони адабӣ ба забони зиндаи мардум дигар асту содагароиву омиёнасозии забон дигар. Забони адабӣ бетардид дар айёми мо, ки ҳанӯз рӯдаки гӯйишҳову лаҳҷаҳо вуҷуд дорад, мумкин аст аз он нӯши ҷон кунад, аммо обе ширину зулолу гуворо нӯшад, ки саломат бубахшаду нерӯ барафзояд, на оби талху гандидаву зиёнбор, ки мӯҷиби инҳитоту ҳалокаташ гардад. Дар ин маврид сараро аз сақат, тиллоро аз мис бозшинохтан бояд.
Тарҷумазадагӣ низ аз паёмадҳои ин бӯҳрон буд. Аксари онҳое ки шуғли тарҷума доштанд, на тоҷикиро саҳеҳ медонистанд, на русиро. Баҳри ҳосилкарди итминон мумкин аст ба китобҳои дарсӣ, матбуот ва осори илмиву адабии он рӯзгор назар дӯхт ва «Луғати тоҷикӣ –русӣ» (1954)-ро варақ зад, ки ойинаи беғубору шаффофи забони замон аст. Ба даҳҳо ҳазор калимаву ибораи тозае вомехуред, ки ё омиёна ва ё бар асари тарҷумаи ҳарф ба ҳарфи маҳрум аз ҳусну назокат, ки маҳсули бемаърифатист, ба вуҷуд омада ва ҳикоятгӯст аз фарти безавқию беҳунарию забоннадонии мутарҷимон. Дар шаҳрҳову шаҳракҳо сафи забоншикастаҳо ва забонгумкардаҳо ҳам хеле рӯ ба афзоиш дошт ва инҳо бааксар русзадагон ва коммунизмзадагон буданд, ки аз буну бех аз хизонаҳои забони сутургу шукӯҳвари гузашта баҳраву насиб надоштанд ва иттифоқ уфтодани фарояндҳои номатлубу нораво саранҷом ба муҳити забон осебҳои ҷуброннопазир расонд ва худи забонро озурдаву ранҷдида сохт ва бо нобудӣ рӯбарӯ овард.
Як мушаххасаи ин бӯҳрон ин буд, ки дар ҷумҳурӣ ангуштшумор афроде вуҷуд доштанд, ки бенуқс ва озод ба забони адабӣ сухан гӯянд, дигар қариб ҳама бо забони адабии вайрон ва ё бо лаҳҷаи худ, бо бесаводии тамом дармонда-дармонда гап мезаданд ва мегумонидед, ки забонро нав аз худ кардаанд ва он ҳам забони валангорро. Муболиға намешавад, агар гӯем, батахмин наваду панҷ дарсади он чи ки қаламкашони тоҷик аз солҳои сиюми асри рафта то ба имрӯз навиштаанд, ниёз ба таҳрири ҷиддӣ дорад, дар сурате ки осори ҳазорсолаи мо ва навиштаҳои ҳамзабонҳои мо дар Эрону Афғонистону Покистон тайи асри бистум вироиш намехоҳад. Ин фоҷиаи мудҳише буд, ки далолати ҷиддӣ ба марги тадриҷии забони форсӣ дар густураи ҷуғрофиёии Осиёи Миёна дошт ва забони тоҷикӣ бо тамоми овоз мегуфт: миллати тоҷик маҳкум ба марг аст!

3
Чун насими форою гуворою созои бозсозӣ ва бозхезӣ бо нишастани Михаил Горбачов ба арикаи қудрати сиёсӣ дар фазои хафақоновари ҷомеаи шӯравӣ ба вазидан даромад, фазои сиёсию иҷтимоӣ то андозае боз шуд ва озодии баён, озодии қалам, озодии матбуот ва озодии забон матраҳ гашт. Миллатҳои маҳкуму мазлум ба шӯру ҳаяҷон омаданд ва барои бозҷӯиву бозёбии ҳуқуқи фарҳангию сиёсии аздастдодаашон бо файзёбӣ аз ин фурсати тиллоии фароҳамгашта вориди майдон шуданд. Эстонҳо якумин қавме буданд, ки ҳаққи мусаллами хешро ба арҷгузории забони миллии хеш ба миён ниҳоданд. Рӯшанфикрони тоҷик бо илҳом аз ин падидаи сурурбахшу сурудхез шайпури бузургдошти забони модариро навохтанд ва ҷунбиши забонӣ оғоз ёфт. Бад-ин дастур рӯшанфикрони пештоз ва пешмарг, ки исмҳои тобнокашон агар чашми басират дошта бошеду нашрияҳои он солҳоро варақ занед, ахгарвор аз худ нур меафканад, сарнавишти забони модариро сарнавишти худ, зодмандону ниёгони худ ва фарҳангу таърихи миллӣ ангоштанд, бо тамоми вуҷуд бонги хатар заданд, ки марги забон марги тоҷикону Тоҷикистон аст, пойдориву пойфишорӣ аз худ нишон доданд, инзоргариву рӯшангариву инқилобгарӣ намуданд ва хостори додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ гаштанд. Тӯдаҳои мардум дар пушти онон истоданд. Ҳазорҳо нома аз чаҳор гӯшаи ҷумҳурӣ расид.
Ҷунбиши забонӣ бунёди миллатгароӣ дошт ва ошкоро ҳадафаш барандозии истеъмори забонӣ буд, модом ки моҳияту ҷавҳари сиёсӣ дошт, дар батни хеш ҷанини як инқилоби сиёсиро мепарварид ва бад-ин рӯст, ки пасон оғозгари ҷунбиши сиёсӣ шуд ва мунҷар ба таъсиси созмонҳову ҳизбҳои сиёсӣ гардид, ки дар зеҳдони онҳо низ бачае бо номи «Истиқлоли миллӣ» меҷунбид. Ҷунбиши забониро сапедадами истиқлоли миллии тоҷикони Осиёи Марказӣ шинохтан бояд. Ин пайкори саҳлу осон набуд ва аз фарҳехтагону фарҳангиён нисори ҷонро иқтизо дошт, зеро дар хотираҳо ҳанӯз таъқиботи истолинии солҳои сию интиҳои чиҳил зинда буд ва низоми томгарою якандеши шӯравӣ ҳар лаҳза имкон дошт, ки муҳити тарсонишу хафақону фишору инзиҷору хушунатро дигарбора падид оварад.
Миллати тоҷик якумин бор пас аз ҳафтод соли салтанати коммунистон ба исбот расонд: ӯ рамаи гӯспанд нест, ки ба ҳар наҳвае ки хоҳанд, бонӣ кунанд. Қавми маҳкум ба марг ҳам нест ва фарёдаш дар гулӯяш нашикаста ва чун оташи зери хокистар шоистагиҳои нуҳуфтае дорад ва басанда аст, ки як боди мурод барвазад, то рӯшаноидиҳандагиву тобандагӣ пайдо намояд. Сангари забон сангари асорату ҳуррият, ғуломиву истиқлол буд. Ин ожирбонг, ин хезиши пурилтиҳоб корзоре барои бозёбии истиқлоли забонӣ, устуворсозии пояҳои ҳастии миллӣ ва тавонбахшоии ғуруру асолат ва аврангу авранди миллӣ буд.
Нуқтаи авҷи мавҷхези ин ҷунбиши муқаддас ба тасвиб расидани Қонуни забон ба таърихи 22 июли соли 1989 аз сӯи Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, ки моддаи якуми он ин аст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Ин қонун аҳамияти таърихии фавқулодае дошт ва нахустин пирӯзмандии рӯшангарони сарбакаф ва миллати тоҷик буд. Мубориза ва исори устод Айниву шогирдонаш ба бор нишаст ва сангбинои истиқлоли миллӣ гузошта шуд. Қонун мисдоқи худбоварию хударҷгузорию худбузургдории тоҷикон гардид. Ҷунбиши забонӣ бурҳаи таърихие аз бузургҷунбиши бозгаштани ба хештани миллии хеш буд ва наҳзати фарҳангии шуубияро дар аҳди хилофати Умавиён, ки ба тахмин ҳазору дувист сол муқаддам дар густураи ҷуғрофиёии Эрони Бузург иттифоқ афтода буд, дар ёдҳо фурӯзон месохт, ки ба пайрезии давлатҳои эронии исломӣ фарҷомид ва забони форсии дарӣ аз нав озодиву истиқлоли ростину матин ёфт.

4
Ин ҷо пурсише билфеъл пеш меояд: истиқлоли забонӣ чист? Истиқлоли забонӣ аз ҳассостарин ва бунёдитарин печвораҳои ҳастии таърихии ҳар миллат бувад ва бад-ин мафҳум аст, ки ҳар забон дар минтақаи сукунати сарҷамъии як миллат боистӣ бидуни фишору тазйиқи сойири забон (ё забонҳо) озодона нафас кашад ва озодона амал кунад, миёни афроди он миллат мавриди такаллуму баёни андешаҳои сиёсиву ҳунариву илмиву динӣ қарор бигирад ва аз сӯи давлат ба манзалаи забони коргузорӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ (забони меъёр) пуштбонӣ шавад, бар тавонмандиҳову дороиҳои хеш афзояд ва шукуфо гардад; ба мизони қобили мулоҳизае аз нуфуз ва ҳуҷуми лисонҳои ғайр дар амон бошад ва агар ба таҳоҷуми забонии муттасил дучор ояд, қудрате дорад, ки онро хунсо созад. Давлат бо тамоми аркон ва дастгоҳҳои худ, бо ҳамаи иқтидору нуфузи худ дар куллияи заминаҳо дар дифоъ, рушд, тавсиа ва эътилои забони давлатӣ, ки ҳамон лафзи расмиву коргузорист, нақши таъйинкунандаву ҳалкунанда дорад.
Ба гувоҳии таърих ҳамаи он қавму қабилаҳое, ки дар қиболи ҳамлаи забон (ё забонҳо)-и бегона аз забони қавмӣ ё қабилаии хеш, ки калидитарин унсури асолатсозу асолатнамои онҳо буд, дифоъ ба амал наёварданд, онро абадан аз даст доданд ва ба сифати як қавм ё як қабилаи худвижа абадан маҳв аз саҳнаи таърих гаштанд. Низ ба шоҳидии таърих қавмҳое, ки таассубу таарруз дар ҳифзу ҳиросат аз забони модариашон нишон доданд ва сар ба каф барои мустақилияту ҳуррияти он размиданд, ба мавҷудияти таърихии хеш мудовимат бахшиданд. Мо орёитаборони порсизабон дар саросари таърихи худ аз забони модариамон бо исору сарсупурдагӣ пуштбонӣ карда ва озодию истиқлоли онро дар бештари сарзаминҳои модариамон замонату амният додаем. Ниёгони номусойину номовари мо бо он ки аз умқи ҷон, аз мағзи дил ислом оварданд, вале забони модарии ширини чун шири модар ва таърихи ифтихорофарини чун панди падари худро ба боди фаромӯшӣ насупурданд ва баҳри посдориву арҷгузории он борҳову борҳо ба қиёмҳои хунини ғамзудояндаву раҳоибахшанда бархостанд. Ҷунбиши шуубия, наҳзати Абӯмуслим, ошӯби Муқаннаъ ва созмонгарии давлатҳои Тоҳириёну Саффориёну Сомониён –инҳо марҳилаҳои тоза ба тозаи пушткор, пойфишорӣ ва пайкори фикрию фарҳангӣ, сиёсиву низомӣ барои зиндаву пояндасозии маҳдудаи сиёсии Орёно, худвижагии ҳувияти орёӣ ва соҳибихтиёрии забони порсии дарӣ буд.
Ва дарахти озодиву истиқлол, ки бо хуни садҳо ҳазор орёӣ обёрӣ гашт, шукуфт ва ба бор омад ва яке аз меваҳои шаҳдбори он ба озодиву истиқлоли каёниву шаҳрёрӣ даст ёфтани забони форсӣ буд, ки идомаи таърихии ҳамон забони орёист, ки дар даврони шафақосои Пешдодиён ва Каёниён дар қаламрави Орёистон подшоҳии берақибу бешарике дошт ва истиқлоли каёнӣ ба маънии истиқлоли ҳақиқист. Гузиниши порсӣ ба ҳайси забони коргузорӣ ва фарҳангӣ аз ҳаяҷонангезтарину давронсозтарин падидаҳои таърихи миллии мост. Машийяти илоҳӣ чунин буд, ки забони форсӣ намирад ва дар маҳдудаи ҷуғрофиёии Эрони Бузург ҷойгузини арабӣ шавад ва барои ҳазорон сол пояндаву шукуфанда бозмонад ва ин ирода нахустин бор аз даҳони хуҷастаи Яъқуби Лайси Саффорӣ соли 867 пас аз тасарруфи шаҳри Ҳирот ногаҳон ҷорӣ шуд! Чун шоирон дар тавсифи диловариҳову қаҳрамониҳояш ба арабӣ шеър хонданд, ӯ ки тозиро намефаҳмид, арз дошт: «Чизе ки ман дарнаёбам, чаро бояд гуфт?» (Таърихи Систон, Теҳрон, с. 209). Ин сухан, ки аз даҳони амири пурхурӯшу пурзӯр, пурнашъаю пурифтихори Хуросон нобаюсон берун ҷаҳид, ҳарф набуд, сиёсат буд ва воқиан таърихсозӣ кард ва бистаре созгор барои иншои назму наср ва умури расмӣ ба гӯйиши забони мардуми бумӣ муҳайё сохт ва ин суннат то соли 900, то асорати бародараш Амр ибни Лайс ва вожгунии Саффориён тадовум дошт. Соли 867 аз санаҳои пурмайманату сутургу шукӯҳманди таърихи миллии мост, ки онро ба унвони «Соли бузургдошти забони порсӣ» боистӣ арҷ гузошту арҷманд дошт. Ин оғози истиқлоли забони мо дар давраи ҷадиди таърихи мо буд, ки оғози истиқлоли миллии ростини мо маҳсуб мешавад. Аз соли 821, ки Муҳаммади Тоҳир бар тахти аморат нишаст ва нахустин давлати исломии моро поя ниҳод, то соли 867 мо дар асл аз истиқлоли миллии ҳақиқӣ бархурдорӣ надоштем, зеро арабӣ забони расмӣ буд ва порсӣ ҳамчунон дар беиззатию бемоягӣ ба сар мебурд. Аммо аз соли 867, аз рӯзе ки Яъқуби бузургманишу бузургпиндор дар Ҳироти пурнишот ин каломи раҳнамоибахшандаро ба забон овард, ба ҳақиқат навин марҳилае дар сарнавишти таърихии форсии дарӣ шурӯъ ёфт.
Форсии дарӣ дар аҳди Сомониён дар Хуросони Бузург (900-999) ба масобаи забони давлатӣ даврони боландагиву шукуфандагию тобандагиро навардид ва дар ҳавзаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, адаб, мусиқӣ ва ҳунар тасаллут ёфт ва ба ноҳияҳои дин ва илм даст баргушод, ба мақоми забони байналмилалии ақвому қабоили ин сарзамини пурвусъату пурнузҳат эътибору эҳтироми собиту босукун пайдо кард ва арабиро дар ин густураи сиёсиву ҷуғрофиёӣ шадидан дар тангнои азим гузошт. Оё сиёсати форсипосдориву форсиарҷгузориро хонадони Сомонӣ аз Саффориён ба ирс гирифт ва ё ба гунаи худогоҳ ва мустақил ин ойину равиши мулкдориву мулкбонӣ ҳанӯз дар овоне ки халифа Маъмуни Аббосӣ чаҳор писари Асади Сомони Балхиро дар Мовароуннаҳр ба умури давлатӣ кашид ва ҳоким бар вилоёти Самарқанд, Фарғона, Чочу Истаравшан ва Ҳирот гуморид, ибтидо ёфта буд? Дар ин хусус мадраке дар даст нест, лек фақир ба ин пиндорам, модом ки ин хонавода ба арабӣ чандон балад набуд ва аксари мутлақи фарорудиён низ фосилаи тамом аз ин лафз доштанд, метавон гумон зад, ки ин чаҳор бародар дар қаламравҳои хеш форсиро ҳамчун забони идорӣ баргузида бошанд; эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки дар дарбори Исмоили Аҳмади Асади Сомони Балхии истиқлолбарсар ва истиқлолбардил , ки аз соли 874 вилояти Бухоро дар қабзаи тасарруф дошт, форсӣ ба унвони забони расмӣ арзи ҳастӣ мекард ва ин нуктаи муҳим мантиқан иддаои истиқлолхоҳии Исмоилро аз хилофат таъйид мекард ва беваҷҳ нест, ки халифа соли 898 бо даъвати ҳоҷиёни мовароуннаҳрии омада ба Бағдод ба ҳузури худ маншури сабукдӯшии Исмоил ва вогузории қудрат дар ин хитта ба Амри Лайсро хонд ва ин маншурро бо ҳадяҳои гаронбаҳо ба Амр фиристод, то ӯро алайҳи Исмоил бишӯронад ва бо заифсозии қудрати ҳар ду ҳокимияташро дар Осиёи Марказӣ истеҳком бубахшад. (Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон, ҷ. 1, 1998, с. 452). Ба ақидаи ин сӯ, дар ин қазияи сиёсии хеле муҳим ин нуктаро низ ба инобат гирифтан бояд, ки халифа Исмоилро дар нисбати Амр, ки ӯ ҳам аз форсӣ ҳимоят мекард, душмани зирактар, нерӯмандтар ва мустақилтар меҳисобид, агарчӣ ба зоҳир Исмоил ба халифа изҳори итоат дошт ва бурҳони барҷастаи истиқлолхоҳиаш шояд ин буд, ки Исмоил дар қаламрави сиёсии худ, то инқирози Саффориён, пуштупаноҳи қудратманди форсӣ буд, форсӣ корбурди расмӣ дошт, муровидоту муросилот бо давлатҳо (шояд ҷуз хилофат) ба ин забон сурат мегирифт ва дар дарбор чомаву чакомаҳои форсӣ арзише вижа дошт, зеро ҳар қавм гоҳе даст ба истиқлоли ростин меёбад, ки забони модариашро аз асорат берун кашад ва парчами озодии забониро баланд барафрозад. Худо кунад, ки ин санади таърихӣ рӯзе аз лобалои китобе ва ё аз синаи хоке кашф шавад.
Вале ҳақиқати таърихии бечунучаро бозгӯи ин аст, ки на Яъқуби Лайси Саффории Систонӣ, ки дар сар хаёли сутурги истилои Бағдод –пойтахти паҳновартарин, боазаматтарин ва пурҷалолтарин абарқудрати сиёсии замонро мепарварид, балки маҳз Исмоили Аҳмади Асади Сомони Балхӣ ба забони форсӣ шукӯҳу бузургӣ, пояндагиву намирандагӣ армуғон кард; маҳз дар аҳди ӯву фарзандонаш нобиғагони адабу дониш зуҳур карданд ва ба форсӣ осори адабӣ, ҳунарӣ, таърихӣ, илмӣ ва фалсафии мондгору нуфузгузор халқ шуд, ки арбоби ҳақиқату басират асри даҳуми милодиро асри заррини фарҳанг ва сароғози даврони Растохез (Ренесонс)-и Эронзамин хондаанд ва форсӣ дар радифи забонҳои ҷаҳоние чун арабӣ, лотинӣ, ҳиндӣ ва чинӣ ҷойгоҳ ёфт ва соҳиби обрӯю манзалати ҷаҳонӣ гашт. Сию се соли аморати Саффориён ва он осоре ки дар ин овон ба килки нигориш омад, ҳеҷ басанда набуд, ки форсӣ дар иҷтимоъ фарру шавкат ёбад ва маҳз баъди бар тахт нишастани Исмоили Сомонӣ форсӣ аз тахтаи зиллату ҳақорату ҳалокат бар тахти сиёсату сиёдату сиёнат биншаст ва ин падидаи сиёсӣ аксуламали иҷтимоиву фарҳангии доманадоре ва ба дунболи он як ҷаҳише бузургро дар сарнавишту саргузашти таърихии забони форсӣ падид овард. Азбаски форсӣ аз сӯи давлат пуштбону пуштвонае пурқудрату пуршукӯҳ пайдо намуд, мардум дар саропои Хуросони Бузург эҳсоси эътимод ба нафс, ифтихор, иқтидор ва шаҳомат доштанд.
Ҳукумати беш аз садсолаи Сомониёни пурқудрат ва қавишавкат ба форсӣ –забони модарии эшон ва аксари қотеъи мардуми Хуросони Бузург умри беш аз ҳазорсола ато кард; ҳудудан тамоми давлатҳое, ки баъдан дар густураи ҷуғрофиёии Орёистон зимоми умурро ба даст гирифтанд, ногузир омаданд суннати ононро пайгирӣ намоянд ва форсиро ба масобаи забони давлатӣ баргузинанд. Ғазнавиён, Қарохониён, Ғуриён, Салҷуқиён, Шервоншоҳиён, Атобакон, Хоразмшоҳиён, Чингизиён, Темуриён, Қуюнлуён, Шайбониён, Сафавиён, Ҷониён, Афшориён, Дуррониён, Зандиён, Қоҷориён, Манғитиён ва Паҳлавиён пойбанд ва вафодор ба ин дерпой суннати таърихӣ буданд ва дигар забонеро ҷойгузини он накарданд. Форсӣ тайи тақрибан ҳазор соли арзи вуҷуди хеш ба ҳайси забони давлатӣ дар сарзаминҳои модарии хеш аз истиқлолу озодӣ, тараққиву эътилои комил баҳраёб буд; ҳарчанд наҳмор (бешумор) минтақаҳое аз нуфузу тавсиаашро ҳам аз даст дод.
Бо таъсиси хониҳои Хева ва Хуқанд дар асри 18 забони туркӣ дар ин сомонҳо ҷойи форсиро гирифт ва ба гунае ки гуфта омад, 20 сентябри соли 1920 –бо вуқӯи инқилоби сурх форсӣ дар аморати Бухоро фурӯ аз маснад уфтод ва мақомашро ба ӯзбекиву русӣ дод. Соли 1936 забони пашту дар қаламрави сиёсии Афғонистон дар қиболи форсӣ қад алам кард ва сиёсати дузабонӣ дар корҳои давлат ҷорӣ шуд.
Пас агар ба сайру такомули таърихии забонҳои зинда ва мурдаи дунё нигоҳе бигуморем, бармеояд, ки забон ба унвони падидаи иҷтимоӣ бо давлат, бо сиёсат иртиботи мустақиму танготанг дорад ва ҳар гоҳ ин пайванд рӯ ба парокандагиву гусехтагӣ оварад, забон низ рӯ ба пароканишу гусилиш мениҳад. Биноан он пиндоре ки миёни асҳоби фазлу адаби форсигӯ ривоҷ дорад, ки гӯё сармояҳои фарҳангиву таърихии бегазанду мондгоре, монанди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомӣ, «Мантиқуттайр»-и Аттор, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Маснавӣ»-и Мавлавӣ, «Девон»-и Ҳофиз, «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ ва «Куллиёт»-и Бедил, ки ба сари худ забони форсиро дар дарозои садагон зиндаву поянда нигоҳ доштаанд, бозгӯи аслу ҷавҳари ҳақиқат нест, агарчӣ появу пуштвонаи ин забон ба ҳисоб меоянд ва форсӣ дар партави ҷонбахши ин асарҳо ғанову балоғат, иззату эъҷоз ёфтааст. Камина аввалин бор бар бемаҳакиву бемағзии ин ақида дар ҷустори «Ҷуғрофиёи забони форсӣ: дирӯз, имрӯз ва оянда» (нашрияи «Паём», 2001, 12, с. 8-9, чопи Маскав) рӯшанӣ андохта будам ва дафъае дигар пурсишҳои мантиқӣ дар ин боб ба миён меояд. Агар чунин буд, чаро дар Озарбойҷону Арон, ки давраҳое аз вилоятҳои пароканишу ҷӯшиши форсӣ омориш мешуданд, ин ганҷинаҳои адабӣ (девонҳову куллиётҳои Қатрони Табрезиву Фалакии Шервониву Муҷири Байлақониву Маҳастии Хуҷандиву Хоқонии Шервониву Низомии Ганҷавӣ…) лафзи пурузубату пурэъҷози дариро ҳифзу ҳиросат накарданд? Агар чунин буд, бигӯед аз чӣ «Маснавии маънавӣ» -ин боазаматтарин шоҳкори адабии ин даҳри дӯлобӣ, ки дар солҳои панҷоҳи қарни XIII дар шаҳри Қуния монои обшор аз забони қудсиву сеҳросои Худовандгори Балх резиш ёфта буд ва имрӯз аз даҳ китоби пурфурӯштарину пурфутӯҳтарини Амрикост, тобу тавоне наёфт, ки форсиро дар хомарави Салҷуқиёни Рум ва дасткам дар шаҳри Қуния, ки турбати Мавлонову тариқати мавлавия то кунун он ҷо боқист, зиндаву фархунда нигоҳ дорад? Агар чунин буд, барои чӣ форсӣ, ки тайи ҳафтсад сол дар нимақораи Ҳинд, ки алъон аз давлатҳои мустақили Покистону Ҳиндустону Бангладеш иборат асту дар онҳо наздик ба якуним миллиард кас зист дорад, ҳукумате беовард дошт, имрӯз аҳёнан дар анҷуманҳои адабие, ки анҷумани арвоҳро ба ёд меоранд ва сирфан дар катибаҳои қабрҳову мазорҳо боқӣ мондааст, ки муштоқони маҷду ҷалоли муҷаддади форсӣ дар ин манотиқ бо хондани онҳо дона-дона, талх-талх сиришки лолагуни ҳасрату надомат аз дилҳои гирёну ҷигарҳои бирён фурӯ меафшонанд?

5
Дар Қонуни забон пешбинӣ шуда буд, ки дар муддати шаш сол забони тоҷикӣ дар ҳамаи ҳавзаҳо ҷойгузини русӣ гардад, вале ҷанги шаҳрвандии панҷсола (1992-97), бӯҳрони иқтисодии фарсоишӣ ва сойири чолишҳо монеи таҳаққуқи комили он гашт. Бар афзун вобастагиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии ҷумҳурӣ ба Русия, ноошноии дастае аз коркунони давлату муассисаҳо ба нигориши саҳеҳи тоҷикӣ дар умури идорӣ ва хӯгирии онҳо ба забони русӣ, дарди тарҷумазадагӣ ва ҳуҷуми густурдаву беамони вожаҳои ғарбӣ аз ҷиддитарин монеаҳо ба шумор меоянд. Ҳатто афзоиши нуфузи забонҳои ингилисиву русӣ дар ҷомеа дағдағаи амиқи рӯшанфикронро падид оварда ва бархе аз нашрияҳо бонги хатар мезананд, ки забони тоҷикиро дубора нобудӣ таҳдид дорад; алалхусус ба он ованд, ки падидаи шуми бегонагӣ аз решаҳои миллӣ ва куҳансармояҳои фарҳангӣ, ки ҳанӯз бедод мекунад, мӯҷиб гаштааст, ки бахше аз ҷавонон аз забони модарӣ фосила бигиранд ва ба забонҳои бартар рӯ ниҳанд. Аз ин лиҳоз бӯҳрони забонӣ ҳанӯз фурӯкаш нашуда, вале он нуктае ки дилро сирфан таскин мебахшад, ин аст, ки айдун давлати миллӣ зомини қонун мебошад ва инояти ҳар чи бештаре ба он зоҳир менамояд. Тайи бист соли эъломи тоҷикӣ ба масобаи забони расмӣ корҳои муҳиму назаррасе дар ин ҳавза анҷом ёфтааст. Солҳост, ки ҷаласаҳо ва коргузориҳо дар дастгоҳҳои давлатӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад ва инчунин дар ғолиби корхонаҳо, муассисаҳо, донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳо ҷойгузини русӣ шудааст.
Вале мо дар унфувони қудратталабиҳою бартариҷӯиҳо, нооромиҳою кашмакашҳо дар сатҳи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мезиҳем ва ба ранги тундтаре пинҳон ё ошкор ҷанги забонҳо ҷараён дорад ва забонҳои бузург монои наҳангҳо забонҳои хурд –моҳиёнро дар коми бетаҳи худ фурӯ мебаранд ва ин фароянд ба иллати падидаи ҷаҳонгароии сарсомовар суръату қудрати афзунтар ба худ хоҳад гирифт. Ҷамеи забонҳои хурдро марги пойогеш сахт ба ошуфтагию жӯлидагӣ андохтааст.
Мутобиқи иттилооти Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз дар дунё беш аз 6 ҳазор забон вуҷуд дорад, ки ба 96 дарсади он фақат 4 дарсади ҷамъияти рубъи маскун сухан мегӯянд. Аз сӯи ЮНЕСКО дар Порис Атласи забонҳои рӯ ба завол ба нашр расид, ки иттилоотро дар мавриди зиёда аз 2500 забон дар бар мегирад ва бино бар ин атлас ҳар моҳ дар дунё ду забон мемирад, ҳазорҳо забон корбурде дар низоми омӯзиш надоранд ва дар мағзона низ арзи вуҷуд накардаанд. (Ҳафтаномаи «Азия-плюс», 2 марти 2009). Мо муътақидем, ки имрӯзу фардо ҳеҷ забоне зиндаю поянда нахоҳад монд, то ҳомилони он дар як қаламрави сиёсии паҳндомоне аксарияти қотеъи ҷамъияти он маҳдударо созмон надиҳанд ва аз ҷониби як давлати муқтадире пуштбонӣ ва дар сиёсат, иқтисод, иттилоот, илм, фановарӣ ва мағзона корбандӣ нашавад.
Умеди сабзи тоҷикӣ ин аст, ки як гӯйиши забони форсии боазамату босаодат мебошад, ки алъон ҳудудан ба он 120 миллион тан гап мезананд. Лекин лоқайду беғам будан нашояд, ки дар замони феълӣ ҳатто забонҳои бузурге монанди фаронсавӣ, олмонӣ ва итолиёвӣ, ки қудратҳои иқтисодии бартари ҷаҳонӣ ҳимоят аз онҳо мекунанду дар авҷи шукуфоианд, аз иқтидору эҳтишоми забони ингилисӣ ва афзоиши теъдоди муҳоҷирони хориҷӣ дар кишварҳояшон бими нобудӣ ба дил доранд. Низ силсилае кӯтоҳназар ба ояндаи форсӣ ва зарфиятҳои нуҳуфтаи он бо қудратёбии фароянди ҷаҳонгароӣ, ки офатҳои ҳангуфтеро барои резазабонҳову резафарҳангҳо ба дунбол дорад, бо чашми шубҳа менигаранд ва онро дар феҳристи забонҳои рӯ ба завол мебинанд, дар сурате ки гунҷоишу тавонмандии форсӣ поён надорад ва қодир аст тамоми он чиро ки дар оламҳои Носуту Лоҳут вуҷуд дорад, батамом фаро бигираду коинотро дар синаи фарохаш чун пиёла ҷой диҳад ва бар илова озодиву истиқлол дар фитрати форсӣ ҷӯш мезанаду аз алфозест, ки фармони сойири забонҳоро намениюшаду сар аз фармон мепечад, барвожгун фармон бар дигарон мегузорад.
Сиёсати забонии солиму мутавозин ва дархури манофеъи миллӣ ин аст, ки ҳамгароиҳову ҳамкориҳову ҳамёриҳои мо дар куллияи заминаҳо бо кишварҳои якзабону якфарҳанги мо ба марзе расад, ки форсӣ дар дарозмуддат ба унвони як абарзабони ҷаҳонӣ худнамоӣ кунад ва ба рӯзгори пурифтихори хеш барои ҳамеша идома бидиҳад. Бад – ин ваҷҳ наздикиҷӯию дороиафзоию иқтидорёбии ҳар чи фаровонтари расонаҳоро ба уқёнуси форсӣ ва ганҷинаҳои бостон, ки солҳои шасти асри бист шурӯъ шуда, роҳи росту ҳамвори ҳувиятҷӯию ҳувиятёбӣ ва истеҳкоми пояҳои ҳастии таърихии миллат мебошад, барҳақ аслу асоси хушнудию фараҳу сарбаландӣ меангорем, ки бе ҳеҷ гумон фароянде давронофарин аст ва пеши онро ҳеҷ нерӯе ёрое надорад бигирад, ки мӯҷиб хоҳад шуд забони форсии ягона бо файзёбӣ аз ҷонмояҳову мағзмояҳову дилмояҳои се гӯйиш шакл бигирад, тафовутҳои гӯйишиву музофотиву қавмӣ зудоиш ёбад ва ҳамбастагиву инсиҷоми миллии тазалзулнопазире арзи ҳастӣ намояд. Се гӯйиши бузурги форсӣ, ки дар Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон ва Эрон мутадовилу мутадовиманд, анбошта аз бегонавожаҳоянд ва ниёзварӣ ба полоишу пироишу ороиши ҷиддӣ доранд ва дар ин замонпора шиори «Бозгашт ба забони Фирдавсӣ!»-ро метавон сар дод. Ҳадаф аз бозгашт ба забони Фирдавсӣ бозгашт ба асолат, ба сарчашмаҳои нобу зулол ва ҷӯшону хурӯшони форсист ва хайрҷӯию баракатёбӣ аз обишхӯрҳои маънавии садагони –X-XII аст, ки ҳанӯз зистмуҳити форсӣ наҳмор осебҳо надидаву асолату наҷобаташро аз даст надода буд; ин бозгашт ба мафҳуме нест, ки имрӯз ба забони «Шоҳнома»-ву «Гаршоспнома»-ву «Насиҳатнома»-ву «Вису Ромин»-у «Хамса»-ву «Айвони Мадоин», таронаҳои Бобо Тоҳиру Умари Хайём ва таърихномаҳои Байҳақиву Табариву Наршахӣ гуфтугузор кунем, балки калимоту ибороти форсии сараи беолоишу беосебро монои заррезаҳо аз ин хизонаҳо берун кашему дар хидмати мардум гузорем. Низ ин бозгаштро набоистӣ бо содалавҳӣ ин сон ташреҳ дод, ки аз махзани арабӣ, ки забони Қуръону Паёмбар (с) асту афзун аз ҳазор сол аз он баҳра меҷустем, ба мояе фосила бигирем, ки мероси ниёгонро фаҳм накунем ва мӯҳтоҷи луғатномаҳо шавем; манзури бозгашт бартарию афзалият додан ба нобвожаҳои модарӣ дар забони адабӣ, хусусан забони расонаҳо ва бад-ин васила истеҳкоми истиқлоли забонист.
Виҷдонҳои бедор нағз огоҳанд, ки забони миллӣ бузургтарину волотарину азизтарин сармояи миллии мост, «мо»-и дигари мост, бо ин забони қудсӣ мо миллати тоҷик ҳастему бо гузаштаҳову гузоштаҳо ва Ҳастибахши Якто иртибот мегирем ва истиқлоли миллӣ бе истиқлоли забонӣ асп ба дарё тохтан бувад. Иҷрои Қонуни забон дар ҷумҳурӣ аз авлавиятҳои аввали миллист ва таҳаққуқи ҳар чи зудтари он дар бузургдориву арҷгузории ҳувияти миллӣ нақши ҳалкунандае дорад ва ҷавҳари ҳақиқии иззату ифтихору сарфарозии афроди миллат мебошад.

Сарчашма: Рӯзномаи «Ҷумҳурият», соли 2009, №90

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*