Порсӣ Анҷуман: «Фарҳанги Эрони бостон» гирдоварде аз ҷусторҳои гаронсанги устоди зиндаёд Иброҳими Пурдовуд – эроншинос, авастошинос ва устоди фарҳанг ва забонҳои куҳани эронист, ки ҳамон гуна, ки аз номи нибег бармеояд, равшангариест донишӣ дар заминаи вожаҳои пайванддор бо фарҳанги Эрони куҳан. Устод худ дар ин бора нивиштаанд: «Дар ин нома кӯшише шуда, ки бархе аз осори фарҳанг ё тамаддунии Эрони бостон намуда шавад. Давраи ин фарҳанг аз оғози торихи Эрон то поёни подшоҳии хонадони Соcониён аст.»
Фарҳанги Эрони бостон дарбардорандаи як дебоҷа, 11 ҷустор ва пайвастҳо аст. Дар дебоҷа, гузорише дар бораи фарҳанги Эрони бостон ва гузидае аз кӯшишҳои донишии нивисанда дар ин замина дода шуда. Дар се ҷустори нахуст, устод Пурдовуд ба вожаҳои меҳан, дасотир ва ҳамчунин номҳои 12 моҳи сол бар пояи навиштаҳои куҳани эронӣ ва бархе нивиштаҳои дигар пардохта. Баррасии вожагони фарҳангистон, родӣ ва дабирӣ = хат барноми се ҷустори дигари устод аст. Дар дигар ҷусторҳои ин нибег низ ҷойгоҳи бархе ҷондорон – чунон харафастар, саг, асб, шоҳин ва хурӯс – дар нибиштаҳои куҳани эронӣ ва низ бархе фарҳангҳои дигар – чунон юнонӣ, румӣ ва мисрӣ – баррасӣ шудааст. Дар пайвастҳо низ гузорише дар бораи бархе номҳо ва низ вожаҳои ёдшуда дар нибег омадааст.
«Фарҳанги Эрони бостон»-и устод Пурдовудро аз «инҷой» боргиред.
Бифирист