Порсӣ Анҷуман: Замони Сафавиён рӯзгори нишеби андеша, фарҳанги эронӣ ва забони порсӣ буд ва дар замони онон буд, ки бахше аз эрониёни порсизабон, монанди Озарбойҷонён, туркзабон шуданд, чи Сафавиён ҳам худ туркзабон буданд ва ҳам қизилбошон, ки пояи сарриштадоришон бар онон устувор буд.
Дар рӯзгори Сафавиён ба забони туркӣ, ки инак «туркӣ» ё «туркии озарбойҷонӣ» хонда мешавад, «туркӣ» ё «туркии қизилбошӣ» мегуфтанд ва дар дарбори онон ба ҷойи порсӣ ба туркӣ сухан гуфта мешуд. Дар ҳамин замон, ки ба забони миллии эрониён, порсӣ, дар сарзамини худ кам баҳо дода мешуд дар дарбори Гӯркониёни муғултабори Ҳинд порсӣ дар авҷи шукуфоӣ буд то он ҷой, ки дар дарбори Акбаршоҳи Бузург ҷунбише ба раҳбарии Абулфазли Алломӣ дар заминаи посдорӣ ва полоиши забони порсӣ аз вожагони бегона пайрезӣ шуд.
Ин Фарҳанги туркӣ-форсии Насирӣ аз куҳантарин фарҳангҳои туркии озарбойҷонист, ки дар замони Сафавиён нивишта шуда ва нишонгари ҷойгоҳи ин забон аст назди салотини Сафавӣ.
Пешгуфтори Ҳасани Ҷаводӣ ва Вилем Флур бар ин фарҳанг дарбардорандаи ин бахшҳост: «Муқаддима, Шохаҳои забони туркӣ, Забони туркӣ дар рӯзгори Сафавӣ, Таърихчаи фарҳангнивисӣ, Муаллифи китоб ва хонадони ӯ, Забони туркӣ ва дорулиншо, Нусхаи фарҳанги туркӣ, Манобеи мавриди истифодаи муаллиф, Наҳваи танзими фарҳанг ва Аҳаммияти фарҳанги туркӣ».
“Фарҳанги Насирӣ”-ро аз «ин ҷой» бор гиред.
Бифирист