Порсӣ Анҷуман: Нибеги бисёр пижӯҳишии «Виҳруд ва Аранг» дар бораи гетишиносии торихии сарзаминҳои Фарорӯд ва нишондиҳандаи бармондҳои дерпой ва густурдаи шаҳройин (тамаддун)-и Эрон дар он марзубум аст, ки пижӯҳишгари олмонӣ, Жузеф Моркворт, додаҳое меҳанд (муҳим) дар бораи рӯзгорони он ҷойро аз бунхонҳо (манобеъ ва маъохез) дар забонҳои гуногун дастчин ва дар ин нибеги пижӯҳишӣ овардааст.
Дар ин пижӯҳиш вожаҳои фаровон аз порсиг (паҳлавӣ), юнонӣ, чинӣ, сурӣ (сурёнӣ), арманӣ, гурҷӣ ва ҷуз инҳо воковӣ шуда, ки бегумон ба кори хонандагони забонпижӯҳи Порсӣ Анҷуман хоҳад омад.
Порсигардони донишманди ин кор зиндаёд дастур (дуктур) Довуди Муншизода аст, ки донишомӯхтаи дастурӣ дар навишторгони адабӣ (адабиёт) ва фалсафа аз донишгоҳи Берлин ва устоди пешини донишгоҳҳои Мюнхен, Искандария ва Упсоло буд. Муншизода ҳамчунин бунёдгузори СУМКО (ҳизби Сусиолисти миллии коргарони Эрон) аст. Аз Муншизода чаҳор нибег дар заминаи эроншиносӣ ба олмонӣ чопахш шуда ва ҳамчунин нибегҳои “Ҷаҳондори Порсҳо”, “Дорюши якум подшоҳи Порсҳо” ва “Гилгамеш”-ро аз олмонӣ ба порсӣ гузоридааст, ки ин вопасин (“Гилгамеш”)-ро Аҳмади Шомлу бо дасткорӣ ба номи худ чопахш кард.
«Виҳруд ва Аранг»-ро аз «ин ҷой» бор гиред.
Бифирист