Ғолия Қамбарбеково (сарустоди ховаршиносӣ дар Донишгоҳи миллии Форобии Қаззоқистон): Забони порсӣ моҳиятан яке аз забонҳои зебо ва оҳангини Ховарзамин аст, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи пижӯҳишгарон, бавижа ховаршиносон, будааст. Бисёре аз донишварон дар бораи моҳият ва аҳаммияти забони порсӣ доди сухан додаанд. Бархе аз эроншиносон ба ҳадде даргири мутолеаи забони порсӣ ва эроншиносӣ шуда буданд, ки тарҷеҳ доданд дар Эрон бимонанд ва бархе ҳам дар кишваре, ки ба он ишқ меварзиданд ва такримаш мекарданд, барои ҳамеша орамиданд.
Дар ҳоли ҳозир фориғ аз ҷаҳонишудан ва масоили сиёсию иқтисодии бешумор, бисёре аз ховаршиносон ҳамчунон дар ҳоли мутолеаи забони порсӣ ва анҷоми таҳқиқот дар заминаи эроншиносӣ ҳастанд ва интизор меравад осори бештаре дар ин заминаҳо мунташир шавад. Аммо ин алоқа ва иштиёқ ба эроншиносӣ чи сарчашмае дорад ва чиро ховаршиносон ҳамчунон Эронро меомӯзанд ва забони форсиро ин ҳама дӯст доранд?
Чи эроншиносӣ ва чи забони порсӣ дар Қаззоқистон мавзӯъҳои тозае нест, аммо ҳамчунон боби рӯз аст, зеро бо гузаштаи Қаззоқистон гиреҳ хӯрдааст. Дар гузашта Қаззоқистон ва Эрон ҳамҷавор ҳам буданд ва фаротар аз он, аз замони қавми бостонии сакоӣ пайвандҳое доштаанд. Имрӯз ҳам Қаззоқистон ва Эрон ҳамсояанд ва марзи муштараки онҳо дар дарёи Хазар нақши иқтисодии муҳимме дорад. Ҳамаи ин никот аз аҷзоъи мутолеоти эроншиносӣ дар Қаззоқистон аст. Ва аммо чун эроншиносӣ муттакӣ бар забони порсист, ин ҷусторро ҳам аз мақулаи забон оғоз кунем.
Нақш ва аҳаммияти забони порсӣ дар гузашта: адабиёт ва маънавият
Забони порсӣ пеш аз ҳама забони шеър ва адабиёт аст. Пас аз оғози даврони исломӣ, ба лутфи қалами Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва сурояндагони дигари адабиёти клоссик (садаҳои 10 то 15-и мелодӣ), забони порсӣ [-и дарӣ] маҳбубияти зиёде ёфт. Муҳтавои ғанӣ ва фарогири осори ин бузургон буд, ки адабиёти порсиро шуҳраи офоқ кард.
Вақте ки дар бораи нақши забони порсӣ дар гузаштаи Қаззоқистон суҳбат мекунем, таъкид бар ин нукта боиста аст, ки ин забон, дар тамоми абъоди зиндагӣ ҳузур дошт; аммо пеш ва беш аз ҳама дар адабиёт, зиндагии рӯҳонӣ ва маънавию фарҳангии қаззоқон ва дигар мардумони турктабори Осиёи Марказӣ ин ҳузур машҳуд буд.
Адабиёти клоссики порсӣ бар ҷаҳони туркизабон таъсири жарф ва шигарфе гузоштааст. Ин фароянд дар замони ҳукумати дудмони Қарохониён (942-1212) шиддат гирифт; чун дар он давра, ислом дини расмии тамоми қаламрави таҳти фармони ин силсила шуда буд, ки манотиқи якҷонишин ва кӯчнишинро дарбар дошт. Сатуқ ибни Абдулкарими Буғрохон нахустин фармонравои мусалмони ин силсила буд, ки дар соли 955 даргузашт.
Пеш аз ҳамлаи муғул, дар ҳамаи шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр марокизи мазҳабӣ ва хонақоҳҳои аҳли тасаввуф шакл гирифта буданд. Забони порсӣ дар он даврон дар зиндагии мардумони Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи шохисе дошт. Мактаби тариқати ясавия, ки поягузораш Хоҷа Аҳмади Ясавӣ (садаи 12) буд ва асари маъруфи ӯ бо номи “Девони ҳикмат” на танҳо дар миёни мардумони турктабор, балки дар ҷавомеъи порсигӯ, ҳам шинохташуда буданд. Осоре форсӣ чун “Нафаҳот-ул-унс”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Ламаҳоту мин нафаҳот-ул-қудс” ба қалами Муҳаммадолами Садиқи Алавӣ ва “Рашаҳот айн-ул-ҳаёт”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ мулҳам аз омӯзаҳои ин тариқат буданд; бахшҳое аз ин осор ва дар мавориде кулли китоб ба тариқати ясавия ва пайравони он мепардозад. Ба баёни дигар, ҷаҳони турк ва ҷаҳони эронӣ дар ҷустуҷӯи маънавият ва олами рӯҳонӣ яке шуда буданд.
Ҷустуҷӯи олами маънавӣ ва рӯҳонӣ ба наздикии фарҳангҳо ба ҳамдигар ва омӯзишу густариши забони порсӣ анҷомид. Дар натиҷа, тарҷумаи осори шоирони эронӣ ба туркӣ ба ҷараён уфтод. “Гулистон” болтркӣ, “Шоҳнома” ва “Мантиқ-ут-тайр” аз ҷамлаи ин осори тарҷумашуда аст.
Тарҷумаи осори форсӣ таркиби забони туркиро дигаргуна кард. Аз садаҳои 11 ва 12 ба баъд вуруди вомвожаҳо ва ибороти форсию арабӣ ба туркӣ мушоҳида мешавад. Тарҷумаи осор ба туркӣ ривоҷ ёфт ва ба ҳамин ҷиҳат, валаъи омӯзиши забони форсӣ дар миёни туркизабонони Осиёи Марказӣ боло гирифт. Бино ба гувоҳи манобеъ, омӯзиши забони форсӣ нисбат ба арабӣ ба туркҳо осонтар даст медод. Аз ин рӯ, забони форсӣ ҳам ҷузъи барномаи таҳсилии мадориси бузурги минтақа буд ва забони арабӣ бо истифода аз китобҳои дарсии форсӣ тадрис мешуд. Китобҳои мухталифи дастури забони арабӣ навишта шуда буданд; бо тавзеҳи қавоъид ба забони форсӣ. Дар оғоз ин китобҳо дар миёни эрониён тадовул дошт, аммо рафта-рафта ба ҷавомеъи туркизабон ҳам роҳ ёфт ва маҳбуб шуд. Шавоҳиди онро метавон дар миёни китобҳо ва дастнивисҳои нодири форсӣ дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қаззоқистон ва Китобхонаи илмии мавсум ба “Ғилим ардосӣ” (сипоҳи дониш) дид.
Бо нигоҳе ба китобҳои камёби ин ганҷинаҳо мешавад ба натиҷаи зер расид: турктаборони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ниёгони қаззоқҳо дар қуруни вусто, ҳангоми вуруд ба мадориси бузурги минтақа забони порсиро фаро мегирифтанд; чун порсӣ забони омӯзишу парвариш дар он мадорис буд. Аммо ба тадриҷ дар садаи 18 то оғози садаи 20 ҳатто дар дурдасттарин манотиқи кишваре, ки акнун Қаззоқистон ном дорад, омӯзиши забони порсӣ содатар шуда буд ва забони порсӣ дар ҳамаи мадориси хурду бузург тадрис мешуд. Дар воқеъ, дар оғоз забони порсӣ ғолибан дар манотиқи ҷанубии сарзамини кунунии Қаззоқистон ва дар мадориси умда омӯзиш дода мешуд, вале дертар доманаи омӯзиши он тақрибан ҳамаи мадориси саросари Қаззоқистонро фаро гирифт.
Шавқон Валихонуф (1835-1865), Обой Кунонбоюф (1845-1904), Шокарим Худойбердӣ (1858-1931), Машҳур Купаеф (1858-1931) ва шумори бисёре аз донишмандон ва шоирону равшангарон қаззоқ дар садаи нуздаҳуми мелодӣ ба забони порсӣ тасаллути комил доштанд. Онҳо порсиро дар мадориси маъмулӣ омӯхта буданд; мадорисе, ки шуҳрати муассисоти омӯзишии маъруфе чун Кукалтош ва Мириарабро надоштанд, аммо донишомӯхтагони онҳо ҳам форсиро ба хубӣ фаро мегирифтанд. Обой Кунонбоюф, шоири саршиноси қаззоқ, нивишта буд:
Фузулӣ, Шамсӣ, Сайқалӣ,
Навоӣ, Саъдӣ, Фирдавсӣ,
Хоҷа ҳофиз бу ҳамаси
Мадад бир ё шоирӣ фарёд.
Ҳузури номи ин шуаро дар шеъри Обой ба ин маъност, ки осори онҳоро қаззоқҳо дар мадорис меомӯхтанд ва Обой, ки он замон шоири ҷавон буд, бо адабиёти форсӣ ошноии хубе дошта ва ашъори порсиро бисёр дӯст доштааст ва аз шоирони эронӣ хоста, ки дасташро бигиранд ва дар ҷаҳони шеъру шоирӣ ба ӯ мадад кунанд. Ҳамин ҳолатро мешавад дар осори ҳар як аз шоирон ва донишварони пешошӯравии қаззоқ мушоҳида кард.
Вале ҳамон тавре, ки дар шибҳиқорраи Ҳинд бо вуруди мустаъмарадорони Инглис забони порсӣ ҷойи худро ба инглисӣ дод, дар Осиёи Марказӣ ҳам бо оғози сиёсатҳои истеъмории имперотурии рус, забони русӣ ҷойгузини порсӣ шуд. Дар пайи он мардуми қаззоқ ба ҷойи забони порсӣ ба омӯзиши забони русӣ рӯй оварданд.
Булшевикҳо даст ба табаҳкории фарҳангии азиме заданд ва осори мактуби мусалмонони Осиёи Марказиро аз байн бурданд. Онҳо дар забонҳои шарқӣ сарриштае надоштанд ва ҳар он чиро, ки ба хатти арабӣ нивишта шуда буд, ҷузъи мутуни динӣ медонистанд ва нобуд мекарданд. Дар бойгониҳои илмӣ ва хусусӣ дар Қаззоқистон шумори андаке аз дастхатҳо ва кутуби нодир ба забони порсӣ боқӣ мондааст. Ҳар як аз он осори боқимонда ривояте дорад, ки чи гуна аз дасти булшевикҳо ҷон ба саломат бурда ва ба рӯзгори мо расидааст. Ва ҳар як аз онҳо сафҳае аз торихи зиндагии маънавӣ ва фарҳангии мардуми қаззоқ аст.
Афзун бар ин, ин дастнивисҳои порсӣ ҳокӣ аз аҳаммияти забони порсӣ дар зиндагии фарҳангии қаззоқҳост ва ҳамин осор аст, ки аз пайванди адабию фарҳангӣ ва маънавӣ миёни қаззоқҳо ва эрониён гувоҳӣ медиҳад. Яъне эроншиносони Қаззоқистон ҳанӯз корҳое барои анҷом додан доранд. Солиёни сол тӯл хоҳад кашид то ҳамаи дастнивисҳои порсӣ дар бойгониҳои илмии Ҷумҳурии Қаззоқистон баррасӣ ва мутолеа шавад.
Нақш ва аҳаммияти забони порсӣ дар гузашта: таърих ва диплумосӣ
Забони порсӣ фақат забони шеър ва адабиёт набуд, балки забони торих ва диплумосӣ ҳам ба шумор меомад. Манобеъи бисёре ба забони порсӣ, ки аз батни торихи Эрону Ҳиндустон ва Осиёи Марказию Қафқоз бармеояд, дол бар ин ҳақиқат аст.
Порсӣ, ба унвони забони дарӣ (дарборӣ) таҷрибаи зиёде дар умури дафтардорӣ ва коргузорӣ дошт. Дарбори шоҳони Эрон дафтар ва дабирхона дошт ва дар онҷо дабирону вақоеънигорон ва шоирону донишмандон ва ҳунармандону мутахассисони дигар кор мекарданд. Дар воқеъ, ҳамин дафотир ва дабирхонаҳои дарбори подшоҳ буд, ки бахши азиме аз мероси нивиштории эрониёнро падид овард, ки имрӯз ҳам дар китобхонаҳои Эрон ва дигар кишварҳои ҷаҳон нигаҳдорӣ мешавад.
Яке аз ақломи ин мероси мактуб, солномаҳо ва нивиштаҳои торихӣ ба забони порсист, ки торихи муфассале дорад. Аз ин рӯ, ба бовари ман, нивиштаҳои торихии пеш аз ҳамлаи муғул ба забони порсӣ бояд мавзӯъи ҷусторе дигар бошад. Дар ин матлаб суроғи манобеъи мактуби порсии пас аз ҳамлаи муғулро бигирем.
Ҳулокухон (1217-1265) пас аз он ки аз миёни ҳамаи наводагони Чингиз ба мақоми элхонӣ расид, дастур дод, ки торихи ниёгонаш нигошта шавад ва ҳамчунин торихи фармонравоии худи ӯ. Атомалики Ҷувайнӣ (1226-1283), торихдони эронӣ, ин хостаро баҷо овард. Маҳбубияти “Торихи Ҷувайнӣ” баъд аз марги Ҳулокухон ҳам камранг нашуд.
Вақте ки Султон Маҳмуди Ғозонхон (1271-1304) набераи Ҳулоку ба элхонӣ расид, дастур дод то торихи мабсут ва ҷомеътаре аз зиндагӣ ва корномаи ниёяш Чингизхон ва ҳамин тавр саргузашти наводагони Ҳулоку дар Эрон бинивисанд. Он китоб ҳам нивишта шуд ва “Ҷомеъ-ут-таворих” ном гирифт. Нивисандаи он Рашидуддин Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ (1247-1318) аст. Дар воқеъ, нахустин бор буд, ки шаҷараномаи фармонравоёни турку муғул ба забони порсӣ ба ин шакли мабсут ва илмӣ баён шуда буд. Баъд аз Рашидуддини Ҳамадонӣ торихдонони эронии бисёре ба шаҷараномаи шаҳрёрони турку муғул ва эронӣ пардохтаанд ва шоёни зикр аст, ки ҳамаи онҳо ба “Ҷомеъ-ут-таворих” ва “Таърихи Ҷувайнӣ” истинод кардаанд.
Торихнигори порсӣ дар даврони салтанати Темури Гӯрконӣ ва наводагони ӯ боз як пилла суъуд дошт ва осори торихии арзишманди бисёре нивишта шуд, ки ривояташон аз даврони Нӯҳи пайғамбар оғоз мешуд ва то замони салтанати шаҳрёрӣ идома дошт, ки нивиштани он асарро супориш дода буд.
Бад-ин гуна, мо бо чанд навъ аз манобеъе сарукор дорем, аам аз ҳулокуӣ, темурӣ, сафавӣ, бобурӣ, чағатоӣ, хеваӣ ва ғайра. Ҳамаи ин манобеъи порсӣ бо торихи Осиёи Марказӣ ва Қаззоқистон пайванди мустақим доранд. Дар замони Шӯравӣ порае аз ин манобеъи порсӣ, ки марбут ба торихи Осиёи Миёна ва Қаззоқистон буд, мутолеа ва мунташир шуд, мисли:
Матолибе дар бораи торихи хоннишинҳои қаззоқ дар садаҳои 15-18 (бо истинод ба нивиштаҳои порсӣ ва туркӣ), гирдоварии С. Иброҳимуф, Н. Мингулеф, К. Пешчулино, В. Юдин; Алмаато, Интишороти “Ноуко”, 1969.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, мутолеаи манобеъи порсӣ идома дошт ва як китоби дигар ҳам дар ин замина ба чоп расид:
М.Х. Абусаидуво, Ю. Г. Боронуво. Манобеъи мактуб дар бораи торих ва фарҳанги Қаззоқистон ва Осиёи Марказӣ дар садаҳои 13 то 18; Алмаато, Интишороти “Доикпресс, 2001.
Ба ҷуз ин ду китоб, дар заминаи дастнивисҳои порсӣ чанд кори илмӣ ҳам анҷом гирифта ва мақолоте мунташир шудааст. Дар ҳамин маврид мешавад ба интишори китоби панҷҷилдии “Торихи Қаззоқистон дар манобеъи порсӣ” ишора кард: “Торихи Қаззоқистон дар манобеъи порсӣ; Алмаато; Интишороти Доикпресс.
Дар бароянди ин бахш бояд гуфт, ки омӯзиши манобеъи порсӣ дар бораи хоннишини қаззоқҳо ва торихи равобити диплумотики мусалмонон, роҳи моро барои мутолеъаи торихи Қаззоқистон бисёр ҳамвортар мекунад. Мутолеъаи мукотиботи диплумотик миёни хонҳои қаззоқ ва подшоҳони эронии имрӯз ҳам мавзӯъи мавриди алоқаи эроншиносон аст. Дар воқеъ, ин бахш аз эроншиносӣ кор ва талоши бисёр бештаре мехоҳад, чун бисёре аз аснод ногушуда мондааст. Лозимаи мутолеъаи онҳо фақат забони порсӣ нест, балки дониши торихи Қаззоқистон ва Эрон ва кишварҳои ҳамсоя ҳам барои равшанӣ андохтан ба гӯшаҳои торик ин маъхаз зарурист.
Забони порсӣ дар ҳоли ҳозир
Дар гузаштаи Шӯравӣ, мо дар Қаззоқистон донишкадаи ховаршиносӣ надоштем ва забони порсӣ расман дар ҳеч муассисае тадрис намешуд. Ба ҳамин далел, барои таҳсили эроншиносӣ бояд ба Москав ё Ленингрод ё Тошканду Душанбе сафар мекардем.
Дуруст дар остонаи фурӯпошии иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар соли 1989 дар Донишгоҳи миллии Форобии Қаззоқистон донишкадаи ховаршиносӣ гушоиш ёфт. Дар ин донишкада дар оғози кор шаш забони шарқӣ тадрис мешуд ва акнун ҳашт забон. Аз он замон то кунун мактаби худвижаи ховаршиносии қаззоқистонӣ шакл гирифта, ки эроншиносиро ҳам дарбар дорад. Забони порсӣ ҳамчунин дар Донишгоҳи миллии Уруосиёи Гумилиюф ва Донишгоҳи равобити байналмилал ва забонҳои ҷаҳони Обилойхони Қаззоқистон омӯзиш дода мешавад.
Эроншиносони қаззоқистонӣ ҳамон кореро идома медиҳанд, ки ховаршиносон дар замони Шӯравӣ ва пеш аз он оғоз карда буданд. Ҳамакнун дар донишкадаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Форобии Қаззоқистон донишҷӯёни эроншиносӣ дар се ришта омӯзиш мебинанд: забоншиносии хориҷӣ, ховаршиносӣ ва тарҷума. Донишомӯхтагони ҳар як аз ин тахассусҳо дастовардҳои бисёре доштаанд ва дар арсаҳои илмии мухталифи Қаззоқистон кор мекунанд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳамоно Донишгоҳи миллии Форобии Қаззоқистон, муҳимтарин маркази парвариши мутахассисони зубдаи эроншиносӣ дар кишвар аст. Ҳамакнун донишомӯхтагони риштаҳои эроншиносӣ, тарҷума ва забоншиносии форсӣ аз ҷамлаи мутахассисони маҳбуби ин риштаҳо дар дохил ва хориҷи Қаззоқистон ҳастанд.
Эроншиносони қаззоқистонӣ торих, адабиёт, фарҳанг, адён, фалсафа, сиёсат ва иқтисоди Эронро меомӯзанд ва дар ҳамаи ин заминаҳо китоб ва мақолоти бисёре нивиштаанд. Дар айни ҳол, бо муассисоти омӯзишии Эрон нишастҳо ва семинорҳои илмии муштарак ё мизигирдҳо баргузор мешавад.
Тайи ин муддат беш аз бист китоб аз порсӣ ба қаззоқӣ тарҷума шуда ва ҳамин тавр аз қаззоқӣ ба порсӣ. Яке аз китобҳои тарҷумашуда румони ҳамосии Мухтор Авазуф, нивисандаи маъруфи қаззоқ бо номи “Роҳи Обой” аст, ки соли 1376 (1997) Нозлии Асғарзода дар Теҳрон онро ба забони порсӣ мунташир кард.
Осори шоирони клоссики Эрон ҳам ба забони қаззоқӣ тарҷума ва борҳо мунташир шудааст. Нивиштаҳои порсӣ дар бораи торихи хоннишини қаззоқҳо таҳқиқ шуда ва мукотиботи диплумотик миёни хонҳои қаззоқ ва подшоҳони эронӣ ҳамчунон мутолеа мешавад.
Эроншиносони қаззоқ чанд китоби дарсии дастури забони порсиро худашон нивиштаанд ва ҳамчунин китобҳоеро дар бораи адабиёт ва торихи Эрон.
Аммо ҳамаи инҳо тоза оғози роҳ аст ва интизор меравад, ки кори бисёр бештаре анҷом бигирад. Ҳанӯз метавон дар заминаи осори порсии бозмонда дар Қаззоқистон, радду бадали паёмҳои диплумотик ва адабиёти порсӣ дар кулл ва ҳамчунин тарҷумаи адабиёти клоссик ва навини порсӣ ба қаззоқӣ ва воруна таҳқиқот ва корҳои бисёре анҷом дод.
Дар ҳоли ҳозир эроншиносӣ дар Қаззоқистон беш аз пеш ниёзманди кумак ва пуштибонист. Таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон рӯйи барномаҳои фарҳангӣ ва илмии Эрон бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Қаззоқистон, сахт таъсир гузоштааст. Дар гузашта устодон ва донишҷӯён ва пижӯҳишгарони эроншиносӣ ба каррот ба Эрон сафар мекарданд ва дар нишастҳо ва семинорҳои илмӣ ҳузур меёфтанд, аммо зарфи чанд соли ахир теъдоди чунин сафарҳо ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Эроншиносии Қаззоқистон масоил ва мушкилоти дигаре ҳам дорад, ки яке аз онҳо камбуди фурсатҳои шуғлӣ барои донишомӯхтагони ин ришта аст. Дар натиҷа, бисёре аз фориғуттаҳсилон дар заминаҳои дигар кор мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир, аз диди бисёре аз ҷавонон, эроншиносӣ як шуғли бокелос ё муътабар ба шумор намеояд. Аз сӯи дигар, омӯзиши забони инглисӣ дастрастар ва осонтар шуда ва бокелостар маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҷавонон думболи чизе мераванд, ки барои ояндаи худ судмандтар медонанд.
Аммо мо ҳамчунон умедворем, ки оташи ишқ ва шавқ ба забони порсӣ дар Қаззоқистон фурӯ нанишинад. Умедворем, ки ин иштиёқ ба забони порсӣ тадовум дошта бошад.
Пайванди миёни Қаззоқистон ва Эрон фақат ҷанбаи адабӣ ва маънавӣ надорад, балки иртибототи торихӣ ва иқтисодии ин ду кишвар ҳам бар аҳаммияти эроншиносӣ меафзояд. Эрон ва Қаззоқистон ҳампаймонони муҳимми минтақаӣ ҳастанд ва равобити онҳо дар заминаҳои иқтисодӣ ва энержӣ, тавсеаи зерсохтҳо, кишоварзӣ ва таробарӣ рӯ ба рушд аст.
Дар саранҷоми ин ҷустор бояд гуфт, нахуст, ин ки мардуми қаззоқ ҳамвора ба забон ва адабиёти порсӣ ва фарҳанги эронӣ ишқ варзидаанд. Ду, ин ки миёни Қаззоқистон ва Эрон ҳамвора равобити гарму дӯстона барқарор будааст. Пайвандҳои адабӣ, торихӣ ва маънавӣ миёни ду кишвар ҳамеша мавзӯъи пижӯҳишҳои эроншиносони Қаззоқистон буда ва хоҳад буд. Се, ин ки Қаззоқистон ва Эрон, ҳамкорони иқтисодии сутурге ҳастанд ва аз роҳи дарёи Хазар ба ҳам роҳ доранд.
Пас далоил андак нест, ки ба тадовуми алоқаи қаззоқҳо ба забони порсӣ умедвор бошем.
Ва забони порсӣ, сарфи назар аз баду неки рӯзгор, ҳамчунон дар ҷойгоҳи зеботарин забони ховарзамин хоҳад дурахшид. Ба пиндошти ман, осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҷомӣ ва дигар суханварони порсигӯ ҳамеша таваҷҷуҳи пижӯҳишгарони саросари ҷаҳонро ба худ ҷалб хоҳанд кард, чун онҳо ба мавзӯъҳое пардохта буданд, ки имрӯз ҳам матраҳ аст ва тозагӣ дорад.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар файсбук ё телегром ё инстогром бипайвандед.
Бифирист