Аст ё ҳаст?

21 ардибиҳишти 1393
Мухаммадкозими Козимӣ*

است هست

Ба хотир меоварем муъаммое шухигунаро, ки гоҳе дар маҳофили дӯстона ё мусобиқоти ҳуши Садову Симо дар Кобул матраҳ мешуд: Кадом иборат дуруст аст? Зардии тухми мурғ сафед “аст” ё зардии тухми мурғ сафед “ҳаст”?

Касе ки дар баробари ин маъно қарор мегирифт, нигарон буд, ки дар ташхиси маънои “аст” ва “ҳаст” дучори иштибоҳ шавад ва билохира бо тафаккуру тардид яке аз ин дуро бармегузид, ки масалан “зардии тухми мурғ сафед аст” ва он гоҳ хандаи ҷамъ баланд мешуд, ки зардии тухми мурғ, ки сафед нест, зард аст.

Вале аз ҳамон ҳангом бароям ин матраҳ буд, ки билохира “аст” ё “ҳаст”? Ва ин тардид вақте афзуда мешуд, ки касе мегуфт “ман дар хона астам” ва ман намедонистам, ки чиро намегӯяд “ман дар хона ҳастам.”

Вале баъдҳо дидам, ки қазия ба он печидагӣ хам нест ва бавоқеъ печида ба назар меояд. Ҳол ки яке аз дӯстон хостааст, то дар ин мавзӯъ рӯшанӣ бияндозам, арз мекунам ки:

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки “ҳаст” худ феъле мустақил аст, аз масдари “ҳастан”, ба маънии вуҷуд доштан ва бино бар ин, батанҳоӣ қобили истифода аст. Вале “аст” фақат як робита аст дар ҷумалоти иснодӣ ва иснод додани чизе ба чизе дигарро нишон медиҳад.

Масалан, мо мегӯем “Худо ҳаст”, яъне Худо вуҷуд дорад. Ва ин ҷумла комил аст. Феълу фоъили худро дорад. Аммо агар бигӯем “Худо аст”, иборат ноқис ба назар меояд ва ин пурсишро ба миён мекашад, ки Худо чи чизе аст? Ё дар куҷо аст? Инҷо масалан бояд гуфт “Худо карим аст” ё “Худо бо мост.”

Аз сӯйи дигар, “ҳаст” бар вуҷуди чизе далолат мекунад ва “аст” бар чигунагии он. Вақте мегӯем “об ҳаст”, яъне инҷо об вуҷуд дорад. Аммо вақте мегӯем “об сард аст”, дигар баҳс аз вуҷуди об нест, аз чигунагии он аст.

Ҳаст” бар вуҷуди чизе далолат мекунад ва “аст” бар чигунагии он. Вақте мегӯем “об ҳаст”, яъне инҷо об вуҷуд дорад. Аммо ҳангоме ки мегӯем “об сард аст”, дигар сухан аз вуҷуди об нест, аз чигунагии он аст.

Аммо ин қазия гоҳе каме печида мешавад, вақте ки аз иборат ҳам вуҷуди чизеро битавон истинбот кард ва ҳам чигунагии онро. Баростӣ, кадом як аз ин ду иборат дуруст аст? “Об дар кӯза ҳаст” ё “Об дар кӯза аст?”

Бавоқеъ ҳарду иборат дуруст аст, вале ҳар як дар ҷойи худ ва маънои худ. Дар ҷумлаи “Об дар кӯза ҳаст” ҳадаф ин аст, ки вуҷуди обро рӯшан кунем. Гуё касе сирф будан ё набудани онро аз мо пурсидааст ва мо ба ин пурсиш посух медиҳем, ки “Дар кӯза об ҳаст?” Яъне об вуҷуд дорад?

Аммо вақте мегӯем “Об дар кӯза аст”, бавоқеъ мавқеъияти обро рӯшан мекунем ва ба ин пурсиш посух медиҳем, ки “Об дар куҷост?” Гӯё пурсишгар худ медонад, ки обе дар кор ҳаст. Мехоҳад бидонад он об дар куҷост. Пас вуҷуду адам дар кор нест, балки чигунагӣ ё мавқеъият муҳим аст. Инҷост, ки “аст“ ба кор меояд.

Дар гӯиш ва ҳатто нигориши баъзе мардум гоҳ чунин иборате мебинем: “Ман дар хона астам.” Баростӣ, ин дуруст аст ё на? Инҷо бояд тавзеҳ диҳем, ки агар такяи аслӣ бар будан бошад, бояд гуфт “Ман дар хона ҳастам.” Яъне хотирҷамъ бош, ки ман дар хона ҳузур дорам. Аммо агар такяи аслӣ бар “хона” бошад, яъне сирфан бихоҳем мавқеъияти худро баён кунем, бояд гуфт “Ман дар хонаам.” Яъне масалан “дар мағоза ё хиёбон нестам.”

Аммо ин шакли дувумро дар баъзе аз манотиқ ба сурати “хонаам” намегӯянд, балки ба сурати “хона астам” баён мекунанд, чун шакли аввал дар гӯиши маҳаллии онҳо қобили баён нест. Ба таври куллӣ, дар гӯиши Кобул ва атрофи он ва низ дар гӯиши манотиқи марказӣ ва шимоли Афғонистон “аст” ҳамонанди як феъл барои ҳамаи замоир сарф мешавад ва масалан мегӯянд “хуб аст, хуб астанд, хуб астӣ, хуб астед, хуб астам, хуб астем,” дар ҳоле ки дар манотиқи ғарбии Афғонистон гуфта мешавад (ба шакли муҳовараӣ) “хуб аст, хубанд, хубӣ, хубед, хубам, хубем.” Дар манотиқи мухталифи Эрон низ ҳамин гуна аст ва “астам” ва “астем” ва амсоли инҳоро надорем.

Чун дар гӯиши Кобул ва атрофи он “астам” ва “ҳастам” ҳарду роиҷ аст, миёни инҳо гоҳ иштибоҳ низ рух медиҳад ва тараф дар ҳоле ки мехоҳад ҳузур дар хонаро бирасонад, мегӯяд “ман дар хона астам”, яъне “ман дар хона ҳастам» ва ин дуруст нест. Дар манотиқи ғарбии Афғонистон ба ҷои ин мегӯянд “хунаям» ва дар Эрон мегӯянд “хун’ам” ва ба хамин лихоз ин иштибоҳ дар онҷоҳо бисёр рух намедихад.

Хуб, билохира, зардии тухм сафед “аст” ё “ҳаст?” Бо он чи то кунун гуфта шуд, рӯшан мешавад, ки сухан аз вуҷуд доштани зардӣ нест, балки сухан аз чигунагии он аст. Пас ҳол бо оромиши хотир метавонем бигӯем, “зардии тухми мурғ сафед аст,” на, бибахшед, “зардии тухми мурғ зард аст.”

*МуҳаммадкозимиКозимӣ шоъир, нависанда ва мунтақиди адабии Афғонистон аст. Ӯ, ки китобҳои гуногуне дар бораи адабиёти форсӣ ва шеър дар Афғонистон навиштааст, акнун ҳамванди гурӯҳи сардабирии ду маҷаллаи вижакор (тахассусӣ) ба номҳои “Дурри дарӣ” ва “Хатти севум” аст.

Матни форсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*