“Фарҳанги форсии Амид”

30 арбидиҳишти 1393

حسن عمیدҲасани Амид, фарҳангнавис, нависанда ва рӯзноманигори номдори эронӣ аст. Ў нависандаи “Фарҳанги Амид” аст, ки аз пуркорбурдтарин фарҳангҳои имрӯзи порсӣ ба шумор меояд.

Ҳасани Амид дар соли 1289-и хуршедӣ дар шаҳри Машҳад чашм ба ҷаҳон гушуд. Ӯ дар ҳамон шаҳр омӯзишҳои пояиро дид ва дар ҷавонӣ ҳамванди Анҷумани адабӣ шуд ва кори рӯзноманигорӣ, нависандагиву фарҳангнависиро аз ҳамон солҳо оғоз кард.

Аз барҷастатарин кӯшишҳои рӯзноманигории Ҳасани Амид дар Машҳад метавон ба мудирияти солномаи “Хуросон” ва рӯзномаи “Тӯс” ишора кард.

Ба дунболи ишғоли Эрон дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, ки дар он шаҳри Машҳад ба дасти артиши сурх уфтод, шӯравиҳо Амидро аз Машҳад берун ва ба Теҳрон фиристоданд. Дар пайи ин кор Амид бо дафтари нахуствазирии Эрон номанигорӣ кард ва хостори додани парвонаи бозгашт ба Машҳад ба хотири гирифториҳои хонаводагияш шуд, ки ин номанигориҳо дар китоби “Асноде аз аҳзоби сиёсӣ дар Эрон (1320-1340-и ҳиҷрии шамсӣ) ба чоп расидааст.

Ҳасани Амид чандин даҳа аз зиндагии хешро вижаи пажӯҳиш дар бораи фарҳанги вожагон ва фарҳангнависӣ кард. Ӯ дар ин солҳо чандин фарҳанги вожагони форсӣ навишт, ки пуровозатаринашон “Фарҳанги Амид” аст.

Амид дар соли 1355-и хуршедӣ барои вогузории ҳамаи ҳудаҳо (ҳуқуқ)-и чопи фарҳангҳояш ба Абдурраҳими Ҷаъфарӣ, доранда ва гардонандаи Амир Кабир, яке аз болотарин дастмузди пардохташуда ба нависандае эронӣ, ки баробар бо як милюн тумон буд, дарёфт кард.

Ҳасани Амид саранҷом дар шаҳривармоҳи соли 1357 даргузашт.

Барҷастатарин наск (китоб)-ҳои Ҳасани Амид чунинанд:

Асрори монйетисм (магнитизм),
Бар харобаҳои тахти Ҷамшед (1310),
Солномаи Хуросон (соли чаҳорум, 1316, соли панҷум, 1317),
Ғалатҳои фоҳиши фарҳангҳои форсӣ,
Фарҳанги Амид (1342) дар ду пӯшина (ҷилд),
Некӯкорон(1315),
Фарҳанги нав (1308),
Фарҳанги кӯчаки Амид,
Фарҳанги муфассали Амид,
Фарҳанги баргузидаи Амид,
Фарҳанги ҷайбии Амид (1335),
Фарҳанги дабиристонии Амид,
Фарҳанги ториху ҷуғрофиёи Амид (1347)
Тибби ҷадид.

فرهنگ عمیدВижагиҳои “Фарҳанги форсии Амид”

Аз вижагиҳои ин вожанома метавон фитод (маврид)-ҳои зерро ном бурд:

– Омадани нишонаҳои овоии вожагон (барои гуфтани дурусти вожагон) дар миёни камонак баробари ҳар вожа,

– Забоне, ки вожагон аз он омадааст ва вожаи урупоии воридшуда ба забон низ ба ҳамон забон оварда шуда,

– Гунаи вожагон бар пояи дастури забон,

– Овонигории вожагони тозӣ. Чам (маъно)-и ин вожагон низ ба гунаи рӯшан ва ба забони сода нигошта шуда.

– Ин фарҳанг дарбаргирандаи 22 ҳазору 475 вожаест, ки дар забони форсӣ ба кор рафтаанд ва номи ҷойҳову шаҳрҳову нависандагон ва ҳунармандон дар он навишта нашудааст.

Фарҳанги форсии Амид (ҷайбӣ) дар 1088 рӯя ва 6,8 мегобойтро аз “инҷо” боргузорӣ фармоед.

Матни форсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*