Порсӣ Анҷуман
“Нигарише нав ба феъли форсӣ” навиштаи Муҳаммади Ашӯрӣ аст, ки аз сӯйи “Нашри Кӯчак” соли 1384 дар 580 рӯя (сафҳа) ва ҳазор нусха мунташир шудааст.
Ҷумлаҳо дар канори ҳам гуфтор ва забонро месозанд. Забон худ дашти паҳновар ва беинтиҳоест, ки метавонад чизе беш аз абзор барои пайванд миёни инсонҳо бошад. Кӯшиши нависандаи китоб низ аз ин рӯ пешниҳодҳои тоза дар заминаи баҳраҷӯӣ аз феълҳоест, ки то кунун камтар ба онҳо баҳо дода шудааст.
Ин китоб нигоҳест жарф ва тоза ва дигаргуна ба “феъл” дар забони порсӣ, ки бисёре аз забоншиносон онро сутун ва пояи ҷумла медонанд.
Ашӯрӣ дар “Даромад” ба гирифториҳое, ки акнун забони порсӣ бо он дастбагиребон аст, ишора мекунад ва онҳоро ба се даста бахшбандӣ мекунад:
Нахуст, душвориҳои баромада аст аз “хат”, ки зудуданашон ба огоҳӣ, пазириш ва иродаи ҳамагон, бавижа дастгоҳҳои масъул ниёзманд аст.
Дувум, ноҳанҷориҳои зодаи ошуфтагӣ ва нооростагии дастури забон, ки ҳалли онҳо дар марҳилаи нахуст ба талош ва гароиши устодон ва пажӯҳишгарони забон барбаста аст.
Севум, корбарии саҳлангоронаи забон, ғуссае, ки дасти ҳамамон дар он банд аст ва беш аз ҳама нависандагон, рӯзноманигорон, омӯзгорон суханварон, сиёсатмадорон, талошагрони майдонҳои иҷтимоъӣ ва чун инон.
Нависанда дар идома якбаяки ин душвориҳоро ба ҳамроҳи торихчаи кӯтоҳе аз онҳо боз мекунад.
“Нигарише нав ба феъли форсӣ” фарозомада аз ду бахш аст:
Бахши нахуст “Бозбинии феъл” ном дорад, ки дарбардорандаи 10 гуфтор бо номҳои зерин аст:
Ситаме, ки бар феъли форсӣ раво медорем;
Сохтмони феъл;
Буншиносӣ ё рехтшиносӣ;
Ҷумлапардозӣ: наҳв;
Маъно ва куниши феъл;
Феълҳои ёвар;
Замон;
Барбастгӯӣ;
Намо, ваҷҳ;
Зодагони феъл.
Ин гуфторҳо худ зербахшҳое гуногун доранд.
Дар ин гуфторҳо ба ҳамаи гӯшаҳо ва пастуҳои торики феъл, ки ба пайравӣ аз зиндаёд Аҳмади Касравӣ корвожа номида шуда, рӯшанӣ афканда шудааст. Нависанда барои ҳамаи ҷусторҳо номи форсии ноб ёфта ё пешниҳоди хешро ҳамроҳи номи марсуми арабӣ ва бештар баробарниҳоди урупоӣ ҳамроҳ кардааст.
Бахши дувум “Афъоли форсӣ” номгузорӣ шудааст ва дарбардорандаи феҳристи феълҳои нағз, пешвандӣ ва мураккаб, ҳамроҳи талаффуз ба дабираи лотин ва маъноҳои гуногун ва мисолҳое барои ҳар маъно аз садҳо манбаъи гуногун бо ёдоварии манбаъ аст.
Нишонии “Нашри Кӯчак”: Юсуфобод, Фатҳӣ-Шақоқӣ, сохтмони шумораи 4, занги 13, телефун: 88719115 ва роёнома (имейл)-и нависанда низ ashur32000@yahoo.de аст.
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист