Вожаёб (Фарҳанги баробарҳои порсии вожаҳои бегона)-и Абулқосими Партав

 3 хурдоди 1393

واژه‌یاب

«Вожаёб» фарҳанги баробарҳои порсии вожаҳои бегона дар се дафтар аст, ки аз сӯйи устод Абулқосими Партав гирдоварӣ шудааст.

Омоҷи (ҳадафи) фароҳамоварандаи «Вожаёб» бознамудани вожагони порсии баробари вожаҳои бегонаест, ки ба забони форсӣ роҳ ёфтаанд.

Вожаёб дунболае бар «Фарҳанги кӯчак»-и зиндаёд Забеҳи Беҳрӯз ва оғозае бар «Фарҳанги бузург» аст, ки дар оянда бояд фароҳам ояд.

Суди корбурди вожагони порсӣ ба ҷойи вожаҳои бегона сода кардани дабираи кунунии порсӣ аст, ки бо доштани бархе вотҳои ҳамово, вале ноҷӯр, омӯзиши хондану навиштанро душвор кардааст.

Ҳамчунин, густариши «якзабонӣ» дар гуфтан ва навиштан ё «ҳамзабонӣ», ки бегумон офаринандаи ҳамдилӣ низ ҳаст.

Бархе бар онанд, ки порае аз вожаҳои бегона ҷаҳонӣ гардидаанд ва моро аз пазириши онҳо гурезе нест, посух он аст, ки забонҳои зиндаи ҷаҳон худро ба вожаҳои бегона муфт намефурӯшанд.

Хонандагони арҷманди Порсӣ Анҷуман метавонанд дафтари нахусти (722 рӯя) Вожаёбро аз «инҷо», дафтари дувум (746 рӯя)-ро аз «инҷо» ва дафтари севум (723 рӯя)-ро аз «инҷо» боргузорӣ кунанд.

Манти форсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*