Забони порсӣ, омоҷи тозишҳо

پارسیШаҳрбароз

Забони порсӣ ба унвони бурдори фарҳанги эронӣ аз дербоз бахши муҳимме аз ҳувиятиэрониён будааст. Пас аз шикасти артиши Сосониён ба дасти тозиён муҳиммтарин ҷангафзори эрониён забон ва фарҳангашон буд ва тозиён мекӯшиданд ин дуро низ аз чанги эрониён берун кунанд.

Ба навиштаи зиндаёд дуктур Абдулҳусейни Зарринкӯб, ончи аз тааммул дар торих бармеояд, ин аст, ки арабон ҳам аз оғози ҳол, шояд барои онки аз осеби забони эрониён дар амон бимонанду онро ҳамвора чун ҳарбаи тезе дар дасти мағлубони хеш набинанд, дарсадади баромаданд забонҳо ва лаҳҷаҳои роиҷ дар Эронро аз миён бибаранд.

Охир, ин бим ҳам буд, ки ҳамин забонҳо халқеро бар онҳо бишӯронд ва мулку ҳукумати ононро дар билоди дуруфтодаи Эрон ба хатар андозад. Ба ҳамин сабаб,ҳар ҷо ки дар шаҳрҳои Эрон ба хатту забону китобу китобхона бархӯрданд, бо онҳо ба мухолифат бархостанд.

Рафторе, ки тозиён дар Хоразм бо хатту забони мардум карданд, бад-ин даъвоҳуҷҷат аст. Навиштаанд вақте Қутайба бинни Муслими Боҳилӣ, сардори Ҳаҷҷоҷ, бори дувум ба Хоразм рафту онро бозгушуд,ҳар касро, ки хатти хоразмӣ менивишт ва аз ториху улуму ахбори гузашта огоҳӣ дошт, аз дами теғ бедареғ даргузошт ва мӯбадону ҳирбадони қавмро яксар ҳалок намуд ва китобҳояшон ҳама бисӯзонид ва табоҳ кард, то онки рафта-рафта мардум уммӣ (бесавод) монданд ва аз хатту китоб бебаҳра гаштанду ахбори онҳо аксар фаромӯш шуд ва аз миён рафт….

Шояд баҳонаи дигаре, ки араб барои мубориза бо хатту забони Эрон дошт, ин нукта буд, ки хатту забони маҷусро монеъи нашру ривоҷи “Қуръон” мешумурд. Дарвоқеъ, эрониён, ҳатто онон, ки ойини мусалмониро пазируфта буданд, забони тозиро намеомӯхтанд ва аз ин рӯ, басо ки намозу “Қуръон”-ро низ наметавонистанд ба тозӣ бихонанд.

Бо чунин алоқае, ки мардум дар Эрон ба забони хеш доштанд, шигифт нест, ки сардорони араб забони Эронро то андозае бо дину ҳукумати хеш муъориз дида бошанд ва дар ҳар диёре барои аз миён бурдану маҳв кардани хатту забони порсӣ кӯшише варзида бошанд. (Китоби “Ду қарни сукут”, саҳ. 115 ва 116)

Аммо эрониён тавонистанд бархилофи бисёре аз миллатҳои чирашудаи исломӣҳамчунон забони хешро пос доранду ҳар гоҳҳукматҳои маҳаллӣ ба дасти эрониён уфтод, монанди Саффориёну Сомониён ва Зиёриён, дар густаришу тавонмандсозии забони порсӣ бикӯшанд ва осори фаровоне ба забони порсӣ падид оваранд. Бузургтарин намуна ва шоҳкори забони порсӣҳам ба дасти тавонои фарзонаи Тӯс офарида шуд, ки ҳар ки рою ҳушу дин дорад, пайваста бар ӯ офарин хонад.

Халифаҳои мусалмон дар Димишқу Бағдод ҳамчунон ба ин душманӣ ба забони порсӣ идома медоданд ва дастнишондагону чоплусони онон (ҳамчун Маҳмуди Ғазнавӣ ва бархе дарбориёнаш) забони девони худро ба тозӣ бармегардонданд ва дар густариши забони тозӣ мекӯшиданд.

Бо тамоми сахтиҳову душманиҳо, забони порсӣ тавонист чандон биболад ва густариш ёбад, ки ба забони дувуми дунёи ислом тародесад (табдил шавад) ва дар густараи паҳноваре ҷои хешро боз кунад ва осори фаровоне бад-ин забон офарида шуд. Пас аз баруфтодани хилофати Аббосиён забони порсӣ озодтар шуд ва дар густараи бузургтаре рушду нумӯ кард ба тавре ки дарбори Гуркониёни Ҳинд (дар инглисӣ Mughal Empire) ва дарбори султонҳои Усмонӣ аз марказҳои густариши забони порсӣ ва фарҳанги эронӣ буд.

Давлати Бритониё низ пас аз даст ёфтан бар Ҳиндустон ва дарёфтани нуфузу аҳаммияти забони порсӣ дар ғарби Осиё, забони порсиро монеъе барои кори худ медид ва мубориза бо онро оғоз кард ва забони инглисиро ҷойгузини он кард.

Тозишҳо ба забони порсии имрӯз

Ба назари ман, имрӯза аз чандин сӯ ба забони порсӣ тохта мешавад ва ҳар як аз ин гурӯҳҳо ва касон ангезаи худро дорад:

1) Дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна

Пас аз дастёбии Русияи тезорӣ ба Осиёи Миёна, давлати Русия кӯшид пайвандҳои эрониёни он сомонро бо дигар ҳамтаборонашон бурида ва сохтори фарҳангиву иҷтимоъии онҷоро аз нав ва бар пояи ниёзҳои истеъмории худ бисозад. Аз ин рӯ, номи тоҷикро, ки бо маънои “эронӣ” буд, ба унвони номи қавму нажоде тоза матраҳ кард ва он сарзаминро Тоҷикистон хонд.

Бо ин ки забони онон порсӣ буд, дар ростои ҳамон ҳадафҳои худ ин гӯиши минтақаии порсиро ҳам “забони тоҷикӣ” хонд ва хатти ононро аз порсӣ нахуст ба лотин ва сипас ба сириллик баргардонд, то буридани пайвандҳо комилтар шавад. Аз сӯи дигар, шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, ки аз марказҳои бостонии фарҳанги эронӣ ва парваришгоҳҳои забони порсӣ буд, ба дасти туркони узбак супурда шуд ва дар иваз пойтахти “тоҷикон” ба рустои Душанбе мунтақил шуд, ки пештар ҷое барои “душанбебозорҳо” буд. Барои ҷаъл ва сохтани ҳувияти тоза адабиёти порсии дарӣ ба номи “адабиёти тоҷикӣ” хонда шуд.

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ низ, бо он ки тоҷикон кӯшиданд номи забони худро ба порсӣ баргардонанд ва ба хатти ниёкон бозгашт кунанд, аммо иддае аз “руспарастон” ва ғаразварзон монеъи он шуданд ва ишколтарошӣ карданд . Аз сӯи дигар, ҳам давлати ваҳҳобии Арабистони Саъудӣ, ки душмании фотеҳони араби садри ислом бо забони порсиро дар замони мо идома медиҳад, паз аз 1400 сол аз роҳи таблиғҳои худ дар Тоҷикистон ба эрониёни тоҷик мегӯяд, ки забони порсиро раҳо кунед, номҳои эрониро аз худ бардоред ва Наврӯзро фаромӯш кунед!

2) Дар Афғонистон

Душманӣ бо забони порсӣ танҳо ба Русия ва Шӯравӣ ва Арабистони Саъудӣ маҳдуд намешавад. Пас аз инки давлати Бритониё дар “Бозии Бузург”-и худ бо Русия ва барои ҳифозат аз мустаъмараи худ, яъне Ҳиндустон, тасмим гирифт кишвари “Афғонистон”-ро биёфаринад ва бо таҳдиди низомӣ Ҳиротро аз Эрон ҷудо кард, қавми ҳокими паштунро таҳрик кард, ки барои ҷудосозии комилтари Афғонистон аз Эрон номи забони порсӣ дар ин кишварро ба “забони дарӣ” баргардонад. Давлати паштуни Афғонистон ҳамчунин бо эҷоди “Пашту тулана” (Фарҳангистони пашту) мехоҳад забони порсиро канор бигзорад ва забони қабилаӣ ва гуволиш (=такомул)-наёфтаи паштуро ба шаҳрвандони худ таҳмил кунад. Акнун низ бо “вазорати колчер”! мехоҳанд монеъ аз нуфузи фарҳангии Эрон бишаванд.

Барои огоҳии бештар дар бораи забони порсӣ дар Тоҷикистону Афғонистон ва нақшҳои Русия ва Бритониё барои ин забон метавонед ба мақолаи “Кистии табархӯрдаи забони порсӣ” дар торнамои Озаргушнасп нигоҳ кунед.

3) Дар Эрон

Дар ҳамин Эрони сиёсии худамон, ки бахше аз Эрони фарҳангии бузург аст, дар бархе суханрониҳо мешунавем, ки дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” чунин мегӯянд: “Марди хосири зиёнбурдаи туҳидаст, ки дар баробари луғати “Қуръон” ва забони араб, ки забони ислом ва забони расулаллоҳ аст, сӣ соли умри худро ба ишқи динорҳои Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба бод дода ва “Шоҳнома”-и афсонаиро гирд овардааст.”

Яъне инон забони порсиро ба ҷои забони миллӣ ва муштараки эрониён “рақибе” барои забони арабӣ медонанд. Шояд дар ростои ҳамин бовар имрӯза дар мадрасаҳои Эрон донишомӯзон метавонанд ним соъат ба забони арабӣ тавошеҳ аз бар бихонанд ва ҷоиза бигиранд ва ташвиқ шаванд, аммо ҳифз кардани як ҳикоят аз “Бӯстон”-и Саъдӣ ё чанд байте аз “Шоҳнома” барояшон сахт шудааст ва албатта, эроде ҳам надорад, зеро барои масъулони мадраса низ аҳаммияте надорад, ки дар тӯли сол донишомӯзон як қитъа шеъри порсӣҳифз нашаванд.

Садову Симо низ сели вожаҳову таркибҳои арабиро вориди забони порсӣ мекунад ва дар бархе аз пайдорҳо (сериёлҳо) валангории забонӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба забони порсӣ ошкор аст. Ҳатто батозагӣ дар пайдоре аз иборатҳое чун “рилакс” ва “йестердӣ” ва… истифода мешавад ва ин иборатҳои беаъно ва нозарур вирди забони бачаҳо шудааст.

4) Таҷзияталабон

Гурӯҳи дигаре аз душманони имрӯзии забони порсӣ гурӯҳҳои таҷзияталабанд. Инон, ки бахубӣ ба нақши забони порсӣ дар иттиҳоду якпорчагии мардуми Эрон аз ҳар қавму мазҳаб пай бурдаанд, нуки ҳамлаи худро метавваҷеҳи ин забон кардаанд. Ба баҳона омӯзиши забони модарӣ мехоҳанд забони порсиро нобуд ё маҳдуд кунанд ва ба ҷои он забон ва гӯишҳоеро бигзоранд, ки на таҷрубаи нивишторӣ ва адабӣ доранд ва на хатту ганҷинае нивишторӣ ба он забону гӯиш вуҷуд дорад.

Дар бораи забонҳову гӯишҳои маҳалливу бумӣ бояд нуктаеро бигӯям. Ман худ аз шефтагон ва ошиқони ёдгирии забонҳо ва гӯишҳои эронӣ ва анеронӣҳастам ва бовар дорам, ки бояд инҳо нигаҳдорӣ ва пос дошта ва омӯзиш дода шаванд. Хонандае гуфта буд худро ба ҷои касоне бигзоред, ки мехоҳанд забони модарияшонро биёмӯзанд, аммо бо “таҳоҷуми забони порсӣ” мувоҷеҳанд. Ин худ яке аз кажнамоиҳо ва дурӯғҳои таҷзияталабон аст, ки дар миёни бархе аз ҳаммеҳанони мо роиҷ шудааст.

Ин тарфандҳо низ бар пояи нақши Бернорд Луис аст. Ин ховаршиноси бритониёӣ аз даҳаи 1350-и хуршедӣ (1970-и милодӣ) ба сиёсатмадорон тавсия кардааст, ки барои кунтрули бештар бар Ғарби Осиё (Ховари Миёна) ва дастёбии осон бар манбаъҳои заминиву зеризаминӣ ва бозори инҷо бояд Эрон таҷзия шавад ва роҳи таҷзия ҳам таъкид бар тафовутҳои забонӣ ва ихтилофафканӣ миёни қавмҳои эронӣ аст. Барои огоҳии бештар дарбораи нақшаи Бернорд Луис метавонед ба фасли шашуми китоби дуктур Коваи Фаррух ба номи “Понтуркон ва ҳадафгирии Озарбойҷон” нигоҳ кунед ки басурати ройгону бархат дар интернет дар дастрас аст.

Тавзеҳи он ки аз гузаштаҳои дур, яъне ҳамон замони Сосониён ва пас аз ислом (на он гуна ки дар миёни бархе аз ҳамватанони мо бадурӯғ таблиғ шудааст, ки аз замони Ризошоҳи Паҳлавӣ) забони порсӣ забони муштараки ҳамаи эрониён будааст ва Абӯрайҳони Берунӣ, ки забони модарияш хоразмӣ будааст, ва Унсурулмаъолии Кайковуси Зиёрӣ, ки забони модарияш табарӣ будааст, ва Қатрони Табрезӣ, ки забони модарияш паҳлавӣ будааст ва ҳама ва ҳама дар гӯшаву канори Эроншаҳри бузургу паҳновар осори худро ба забони порсии дарӣ нивиштаанд, то дигар эрониён битавонанд бихонанд ва биёмӯзанду дарёбанд. Забони порсӣ ҳеч гоҳ бар касе базӯр таҳмил нашудааст. Ҳатто замоне ки туркону туркзабонон ва муғулон бар ин сарзамин ва дигар сарзаминҳои ҳамсоя фармон рондаанд, забони муштарак ва расмиву идорӣ ва нигоришӣ забони порсии дарӣ будааст. Пештар номаи хони муғул ва наваи Чангиз ба бобои масеҳиён (поп)-ро овардам, ки ба забони порсӣ будааст.

Мухолифати ман бо рақобат ва ҷойгузинии ин забонҳо ва гӯишҳо бо забони порсӣ аст. Мо набояд ба баҳонаи омӯзиши забони модарӣ ва бумии ҳар минтақа забони порсиро канор бигзорем. Бар пояи қонуни исломӣ, низ омӯзиши адабиёт ва забонҳои қавмӣ дар канори забони расмӣ озод аст. Забони порсӣ забони муштарак ва пайванддиҳандаи тамоми мардумони ин сарзамин буда,ва ҳанӯз ҳаст ва мероси муштараке бо кишварҳои ҳамсоя дорад. Забонҳои бумӣ ва маҳаллӣ бояд дар канори забони порсӣ омӯхта шаванд, на ба ҷои он! Ва аҳаммият бояд ба забони порсӣ дода шавад.

5) Шабакаҳои моҳвораӣ

Овардгоҳи тозаи душманони забони порсӣ бархе шабакаҳои моҳвораӣ аст. Дар бештари ин шабакаҳо, бо он ки иддиъо мекунанд барои эрониён барнома пахш мекунанд, аммо нивиштаҳо ба хат ва забони инглисӣ аст. Номи бисёре аз барномаҳо ба хат ва забони инглисӣ аст ва ҳатто таронаҳои мубтазил ва пешипоуфтода, ки ҳам хонанда эронӣ аст ва ҳам сарояндаву навозанда ва ҳам бинандаву шунаванда, ном ва мушаххасоти тарона ба хат ва забони инглисӣ нивишта мешавад! Бархе аз ин шабакаҳо (монанди Форсивон) ошкоро дар хидмати душманони Эрон ва фарҳангу забони эронӣ ҳастанд. Гузашта аз ин ки дар забони инглисӣ корбурди вожаи “форсӣ” иштибоҳ аст ва бояд ба ҷои он “Persian” гуфт, инҳо ҳатто ададҳоро низ ба инглисӣ мегӯянд, аз ҷумла “вон!” Магар адади як дар забони порсӣ вуҷуд надорад?

Ин шабакаҳои мубтазил аз кайфияти бисёр пойине бархурдоранд ва тарҷумаҳошон низ таърифе надорад ва пур аст аз вожаҳои инглисӣ. Гӯё инҳо тавони хариди як фарҳанги дузабонаи инглисӣ ба порсиро надоранд. Ҳатто фарҳанги ҷайбӣ низ метавонад бисёре аз мушкилҳои ононро ҳал кунад. Сухан гуфтани шутурговпалангӣ ва бесаводонаи “Лус”-Онҷелесиҳо аз роҳи ин шабакаҳои сабук дар миёни мардуми Эрон пахш мешавад.

6) Эрониёни даруни кишвар

Шигифтангез онки бархе душманони забони порсӣ имрӯза худ эрониянд! Дар миёни ин гурӯҳ касоне ҳастанд, ки фикр мекунанд вожаҳои инглисӣ“тарҷуманопазир” ҳастанд. Имрӯза дар қаҳвафурӯшиҳо ё ба истилоҳ,“кофишопҳо”, вақте феҳристи нӯшиданиҳоро ба дасти шумо медиҳанд, даҳонатон боз мемонад, ки ин чизҳо чист? Як “искуп” бастанӣ, яъне чӣ? “Милкшейк бононо” ё “фропеи истроберӣ” чӣ навъ нӯшиданист? Бисёре аз коргарони ин мағозаҳо ҷавонони рустоӣ ё шаҳрии камсаводе ҳастанд, ки худашон маънои ин номҳоро намедонанд ва соҳибони мағоза низ барои “клос” ин номҳои масхараро интихоб мекунанд, то битавонанд колои худро гаронтар бифурӯшанд.

– Дар рестуронҳо ба ҷои “харчанги дарёӣ” дигар “лобстер”“серв” мешавад.

– Дар “фастфуд”-ҳо “чикен брест” ва “истрипс”-и мурғ фурӯхта мешавад.

– Питзоро ба ҷои танур дар “увен” мепазанд.

– Ба ҷои кабоб ҳам дигар “борбикю” (тоза гоҳе борбикюи муғулӣ) мефурӯшанд.

– “Ортист”-ҳо ба дунболи “испонсер” мегарданд, то “шу” бигзоранд.

Одам эҳсос мекунад дар Покистон ё Банглодеш роҳ меравад, ки ин ҳама вожаҳои инглисӣ дар миёни суханони мардум роиҷ шудааст. Дар ҳамин росто, дару девори шаҳр ва тоблуҳои фурӯшгоҳҳо пур шудааст аз вожаҳои инглисӣ ва ҳатто номи мағозаҳо ва колоҳои масрафии мардум танҳо ба хатти инглисӣ нивишта мешавад, ҳол он ки мутаассифона, дар кишвари мо чандон мусофир ва гардишгари хориҷӣ рафтуомад надорад ва ниёзе ба ин ҳама нивиштаҳои чашмозор нест. Рӯи покети шир ва дастмолкоғазӣ ва бастании сохти Эрон номи коло ва тавлидкунанда ва ҳама чиз танҳо ба хатти инглисӣ нивишта мешавад! Дигар бигзарем аз ин ки замоннамои чароғҳои роҳнамоӣ бештар ба хатти лотин ҳастанд ва гӯё барои масъулон аслан муҳим нест, ки бар дару девори шаҳри мо ададҳо ба хатти лотин бошанд!

Ман бо вуруди вомвожаҳо ҳеч мушкиле надорам ва сухан дар ин ҷо бар сари вомвожаҳо нест. Зеро ба таври табиъӣ,ҳаргоҳ ду забон дар канори ҳам қарор гиранд, бо ҳам додуситад мекунанд, монанди забони порсӣ, ки аз тозӣ чизҳо гирифта ва забони тозӣ, ки вожаҳои фаровоне аз порсӣ гирифтааст. Ё худ забони инглисӣ, ки вожаҳои фаровоне аз забони порсӣ ба вом гирифтааст. Аммо масъала дар ин ҷо дахолат ва дастандозӣ ва сели вожаҳои нозарур аст. Барои намуна, мо ниёзе ба “чикен брест” ва “искуп” ва “милкшейк” ва “борбикю” ва “увен”ва… надорем, зеро дар забони худамон вожаҳои порсӣ барои ин мафҳумҳо ҳазорон сол аст, ки вуҷуд доранд. Дар ин миён мавзӯъи муҳиммтар дар ин бора дастури забон аст. Забони тозӣ сохтори дастурии забони порсиро ба ҳам задааст ва ҳар вомвожаи тозӣ тамоми ҳамхонаводаҳо ва сарфу наҳви худашро ҳам ба ҳамроҳ овардааст.

Бархе дигар ҳам чунон дучори худкамбинӣ шудаанд, ки хиёл мекунанд сирф донистани забони инглисӣ нишонаи пешрафту савод аст ва мушкили худро забони порсӣ медонанд. Бархе падарҳову модарон кӯдакони бечораи худро, ки ҳанӯз забони модаришонро бахубӣ наёмӯхтаанд ва наметавонанд хатти порсиро бихонанд ба клосҳои фишурда ва нофишурдаи омӯзиши забони инглисӣ мефиристанд! Тоза ифтихор ҳам мекунанд, ки фарзандашон ба ҷои оби пуртуқол “уринҷ ҷус” мехоҳанд!

Ман бо ёдгирии забонҳои бегона, на танҳо арабӣ ва инглисӣ, балки фаронсавӣ ва итолиёӣ ва русиву олмонӣ,… мушкиле надорам ҳеч, балки бар омӯхтани забонҳои дигар пофишорӣ ҳам мекунам. Эроди дастгоҳи омӯзишии мо ин аст, ки равишҳои дуруст ва навини забономӯзиро намедонад. Забонро бояд аз роҳи хондану нивиштану сухангуфтан омӯхт, на бо азбар кардани вожаҳои танҳо ва ҷудо-ҷудо ва омӯхтани дастури забон ё сарфу наҳв. Ишколи дастгоҳи омӯзишӣ набояд мунҷар ба ин шавад, ки мо ба забони расмӣ ва миллии худ бетаваҷҷуҳӣ ва ситам кунем ва талофии он ишколро сари забони худамон дарбиёварем.

Ҳатто дидаам, ки дар ҳамин Теҳрон бархе омӯзгорон дар донишгоҳҳо донишҷӯёни худро маҷбур мекунанд, ки таклифу тамрини худро ба забони инглисӣ анҷом диҳанд ва агарчи матни онҳо ба инглисӣғалату харобу ифтизоҳҳам бошад, боз аз тамрини дуруст ба порсӣ бештар нумре мегирад! Ҳол он ки мавзӯъи дарси онон ҳеч рабте ба забони тахассусӣ надорад. Рӯшан аст, ки донишомӯзони мо дар даруни кишвар бояд ба забонҳои бегона мусаллат бошанд ва дар омӯзиши худ аз онҳо баҳра бибаранд. Аммо забонҳои бегона бояд дар канори забони порсӣ омӯхта шаванд, на ба ҷои он ва аҳаммияти нахуст бояд ба забони порсӣ дода шавад.

7) Эрониёни беруни кишвар

Бархе аз эрониёни имрӯз ҳеч таъассуб ва ғайрате ба забони хеш надоранд. Аз ин рӯ, вақте ба хориҷ мераванд, талоше намекунанд, ки фарзандонашон дар диёри бегона забони порсиро биёмӯзад ё аз он посдорӣ кунад, ҳатто хушҳол ҳам мешаванд, ки бо фарзандони худ ба забони бегона сухан бигӯянд. Бояд аз испониёизабонон ё чинизабонон биёмӯзанд, ки дар хонаи бештарашон сухан гуфтан ҷуз ба забони модарӣ мамнӯъ аст.

Ҳаммеҳанони мо, ки дар берун аз Эрон зиндагӣ мекунанд, бояд битавонанд ба забонҳои кишвари мизбони худ ба осонӣ ва равонӣ сухан бигӯянд.

Манзури ман посдошти забони порсӣ аст ва ин ки ҳар чиз бояд ба ҷои худ бошад: замоне ки шумо дар Эрон ҳастед, бояд ба забони порсӣ сухан бигӯед ва бинивисед ва бишнавед. Замоне ки шумо бо эронии дигаре рӯбарӯ ҳастед, чиро бояд ба забони бегона бо ӯ сухан бигӯед? Шунидаам дар кишваре бегона эрониён гирди ҳам меоянд ва барои ҳамдигар ба забони бегона дар бораи кишвари дигаре суханронӣ мекунанд! Ва матлаб ба забони инглисӣ ё фаронса даст ба дастмешавад!

8) Интернет

Гурӯҳи дигаре низ, бо он ки дар интернет имкони нивиштор ба хатту забони порсӣ ҳаст ва гиранда ва фиристанда ҳарду эронӣ ҳастанд, ба хат ва забони бегона бо ҳам номанигорӣ мекунанд!

Дар солҳои оғозини ҳамагонӣ шудани интернет танҳо хат ва забони инглисӣ дар он пуштибонӣ мешуд ва роиҷ буд. Аммо солиёни зиёдест, ки рамзи ҷаҳонӣ (юникуд) падид омадааст ва аз назари фаннӣ, ҳамаи забонҳо ва хатҳои зинда (ва ҳатто мурда!) имкони намоиш ва корбурд дар роёнгар ва интернетро ёфтаанд. Танҳо мемонад ҳиммати нарафзорсозон ва корбарон, ки аз хат ва забони худ истифода кунанд. Хушбахтона, хат ва забони порсӣ муддатзамони зиёдест, ки  дар роёнгар пуштибонӣ мешавад ва корбарон баҳонае барои нивиштан ба хат ва забони порсӣ надоранд.

Мутаассифона, дар баробари ин ҳама тозишу душманӣ сангари бузургу пуртавоне нест, ки аз забони порсӣдифоъ кунад ва Фарҳангистони забони порсӣ низ бисёр заъифу нотавон аст. Танҳо метавон ба бархе дилсӯзон умедвор буд ва ба тавоноии забони порсӣ, қақнусвор дар ҳамаи торихи худ пойдор будааст ва пойдор хоҳад монд.

Матни порсиро “инҷо” хонед.

ҷусторҳои вобаста

0

1 Comment Posted

  1. Навиштаи хубу хонданист. Сипоси фаровон аз шумо ва торнамои созмондодатон

    0

Leave a Reply to Ахмадшох Комилзода Cancel reply

.


*