Ҳафт фарнуди меҳодини носозгорон бо полоиши забони порсӣ

Ориё Сарвар

Пурсишҳои носозгорон:

1. Забон забон аст, дигар чи ин, чи он, омоҷ танҳо пайванд миёни мардум аст.
2. Забони поку сара ҳеч ҷои дунё надорем ва доштани вомвожа чизе баҳанҷор аст.
3. Ниме аз забони инглисӣ вомвожа аст, вале забони инглисӣ бисёр комёб аст.
4. Забони “форсӣ” ба ангезаи вожаҳои арабӣ забоне фохир аст ва бе онҳо лухту бараҳна ва “алкан”!
5. Забони порсии сара хандадор ва ришхандӣ аст (масхара аст).
6. Забон чун пӯёст, пас велаш кунем, ки вожаҳо бо раванди “табиъӣ” биёянду бираванд.
7. Забон дар пешрафт ё вопасмондагии гӯяндагони он забон ҳануд (таъсир) надорад.

Ва аммо посухҳо:

1)     Забон, забон аст, дигар чи ин, чи он, омоҷ танҳо пайванд миёни мардум аст.

Омоҷи як ҳоҷӣ рафтан ба Макка аст. Ӯ ҳам метавонад аз ҳавопаймо ва ҳам аз шутур барои ин кор баҳра биҷӯяд. Ҳардуи ин абзор ӯро ба Макка мерасонанд. Пас оё он ду абзор яксон ва ҳамарзишанд? Посух на аст. Дар бораи забонҳо ҳам ҳамин сухан равост.

Короӣ ва тавоноии расонаӣ ва пурмоягӣ ва осонӣ ё сахтӣ, зебоӣ ва … ҳар забоне баробари забони дигар нест. Пас ин гузора, ки “забон забон аст, чи ину чи он” як сафсата беш нест, чиро ки вижагиҳои меҳанди забонҳоро ба фаромӯшӣ месупорад. Монанди ин ки бигӯем, ки муш ва наҳанг (вол) яксон ҳастанд, чун ҳарду бача мезоянд.

2. Забони поку сара ҳеч ҷои дунё надорем ва доштани вомвожа чизе баҳанҷор аст.

Вомвожа, чунонки аз номаш пайдост, вожае буда, ки забоне надошта ва ночор онро вом гирифта, он ҳам аз роҳи доду ситади фарҳангӣ ва донишик ва фандӣ. Монанди телевизиюн, комюн, самовар ва…

Вожае, ки ҷои як вожаи ҳамсонро гирифта бошад (монанди ташаккур, ки ҷои сипосро гирифта ва ин вожаро берун карда), вомвожа нест ва аз роҳи додуситади фарҳангӣ ҳам наёмада, басо ки зӯрвожа аст, ки бо шамшер омада ва бо забону килки чоплусони бегонапараст густариш ёфта.

Аз ин гузашта, 70 дарсади забони мо вожаҳои тозиянд, пас ин дигар доду ситади фарҳангӣ набуда, “юриши” биёбонӣ будааст.

Пас ин сухан ҳам сафсатаи санҷиши нобаробар (қиёси маъалфориқ) аст.

3. Ниме аз забони инглисӣ вомвожа аст, вале забони инглисӣ бисёр комёб аст.

Забони инглисӣ як забон бо решаи миёнаи жерманик ва аз решаи бунёдини ҳиндуурупоӣ аст. Вомвожаҳои забони инглисӣ низ камобеш аз ҳиндуурупоӣ (лотин) ҳастанд. Пас ин вом аз як забони ҳамсозу ҳамсохтор ва наздику ҳамрешаи инглисӣ гирифта шуда ва на аз як забони саросар бегона ва ноҳамреша, монанди забони сомии арабӣ, ки ноҳамсохтор бошаду носоз. Агар мо ҳам вомвожа аз ҳиндӣ ё курдӣ ва суғдлии куҳан гирифта будем (ки гирифтем) ҳеч боке набуд, чун хор дар тани забони мо нестанд, басо ки бародарону хоҳарони забони порсиянд.

Пас ин сухан ҳам боз сафсатаи санҷиши нобаробар буд, ки “нобаробарӣ” дар он, ҳамон сомона ва сохтору ноҳамсозӣ ё ҳамсозии ин “вомвожаҳо” аст.

4. Забони “форсӣ” ба ангезаи вожаҳои арабӣ забоне фохир аст ва бе онҳо лухту бараҳна ва “алкан”!

Фирдавсӣ бо сурудани “Шоҳнома” посухе дархур ба ин сухани беҳуда додааст, бо камтарин корбурди вожаҳои тозӣ болотарин шоҳкори забони порсиро офарида, ки саршор аз пиндора ва гавҳар аст.

Рӯдакиву Балъамӣ ва дигарон ҳам навиштаҳои порсии камобеш сара доранд, ки гуёи тавоноии забони порсӣ буда, вале гурӯҳе тозипарасту шефтагон ба душманони пирӯзманд, ҷомаи бошукӯҳи худии забони порсиро аз танаш дароварданд ва ҷомаи бегонаи тозиро бар ӯ пӯшониданд (чиро ки аз диди равонӣ, мардуми шикастхӯрда душмани пирӯзмандро дар равони нохудогоҳи худ бартар аз худ дониста ва мекӯшанд худро ба онон бибанданд, ки ин ҳам ҳамвора баҷо нест).

Омоҷи мо ҳам берун кардани ин ҷомаи ноҷуру нораво ва бадарднахури бегона аст, ки мо пас аз пӯшидани он ҳеч дастоварди андеша ва донишу фанду … надоштаем, ки шоёни ёдоварӣ бошаду ҷуз офтоба ба ҷое нарасидаем, чунон ки мебинед ва пӯшонидани дубораи ҷомаи худамон аст, ки бо он бартарин андешаҳо аз “маншури ҳуқуқи башари” Куруш ва хирадгароии Зартушт гирифта, то сусиёлисми Маздаку андешаи Монӣ ва панди Бузургмеҳру донишгоҳи Гундишопур ва “Шоҳнома”-ро падид оварда ва ҳазор сол ҳамвора яке аз ду кишвари нерӯманди ҷаҳон будем.

Пас ин ҳам боз сухани беҳудаи касоне аст, ки шефтаи ин ҷомаи бегонаанд ва чунон менамояд, ки мо пеш аз ин воми ҷомаи зӯрчапон бараҳна ва безабон (аҷамӣ ва алкан) будаем.

2б. Бо порсисозӣ Ҳофизу Хайёмро аз даст медиҳем?!

Яке дигар аз сафсатаҳои душманони порсисозӣ ин аст, ки гӯё бо порсисозӣ Ҳофизу Хайём (!) ва Саъдӣ ва … ро аз даст медиҳем, чун онҳо чанддарсадӣ вожагони тозӣ ба кор бурдаанд, ки ёвае беш нест. Ҳамакнун ҳам барои хондани Саъдӣ ниёз ба вожанома аст. Порсисозӣ канор ниҳодани вожагони тозӣ дар гуфтори рӯзона ва дар донишу фарҳангу навиштор аст ва на нораво (мамнӯъ) кардани он.

Рӯшан аст, ки касе, ки фиқҳ мехоҳад бихонад ё чомаҳои пур аз вожагони арабӣ, метавонад ин вожагонро барои кори худаш ёд бигирад. На инки баворуна ба ангезаи ингуна корбурдҳои андак, монанди фиқҳу чандто девон, забони порсиро аз мудерн шудану зоё шудан боздорем. Дар кишварҳои урупоӣ ҳам адабсори “клосик”, ки вожаҳои куҳани лотин ва … дорад, ҷои худашро дар наскхонаҳо ва музеҳо дорад ва касеро аз хондани онҳо бознадоштаанд.

Рӯшан аст, ки агар андешаи дурахшоне дар девонҳо бошад, худ ба худ рӯ меояд ва бар сари забнҳост, ҳарчанд ки вожагони тозӣ дар он ба кор рафта бошад, вагарна наметавон мурдаро ба зӯр зинда нигаҳ дошт.

5. Забони порсии сара хандадор ва ришхандӣ аст (масхара аст).

Ҳар сухану вожаи ноошно хандадор менамояд, вале мардум ду гурӯҳанд: Гурӯҳи фарҳангида (фарҳехта), ки пеш аз ханда каме ҳам андешаашонро ба кор меандозанд, ки оё ба вожаҳои забони меҳодину худиям ва забони ниёконам бихандам ё на, ва гурӯҳе бефарҳангу ноогоҳи ҳарзханд, ки барои онон забону фарҳанг беарзиш буда ё арзише баробари як “эсэмэс”-и хандадор дорад.

Дар гузашта ҳам гурӯҳе аз ин бефарҳангону тозипарастон ба вожаҳое чун “додгустарӣ” ба ҷои “адлия” ва “шаҳрбонӣ” ба ҷои “назмия” ва “бознишаста” ба ҷои “мутақоъид”! ва “дабистон” ба ҷои “мактаб” ва … инон механдиданд. Агар мо ба ришханди ин гуна бефарҳангону душманпарастон баҳо медодем, ҳанӯз ҳам номи “Теҳрон” “Дорулхилофаи Теҳрон” буд ва ҳанӯз ҳам дар дабистон (бибахшед, мактабхона!) ба дамосанҷ мегуфтем “мизон-ал-ҳарора”.

Пас ин сухан ҳам танҳо гӯёи бефарҳангӣ ва ноогоҳии гӯяндаи он аст.

6. Забон чун пӯёст, пас велаш кунем, ки вожаҳо бо раванди “табиъӣ” биёянду бираванд.

Одамӣ ва созмонҳои ҳамбудин (иҷтимоъӣ) низ бахше аз “табиъат” ҳастанд. Имрӯз мо бо дасткории женҳо ва … гандуму гавҷафарангии беҳтаре дуруст мекунем ё доруҳои корсоз фаро меоварем (тавлид мекунем) ва бо сохтани конолҳо аз тундобҳои вайронгар пешгирӣ мекунем ва бо сохтани оббандҳо энержӣ падид меоварем, ки ҳамаи инҳо корёри беҳзистии мо ва дар ростои хушбахтии ҳарчи бештари мардумонанд. Агар мехостем, ки дар ҳар ҷое ба раванди “табиъӣ” майдон бидиҳем, боястӣ пизишконро аз кор бардорем, ки ҳар кӯдаке, ки бемор шуд ва худаш беҳбуд наёфт, ба гунаи “табиъӣ” бимирад ва ҳар ки аз паси сармохӯрдагияш барнаёмад, ба гунаи “табиъӣ” бимирад ва дигар боястӣ даст аз пенисилин, ки дастбурд дар кори “табиъат” аст, бармедоштем.

Забони порсӣ ҳам як падидаи пӯё ва ҷондор, монанди як кӯдак аст ва бар мост, ки аз огоҳиҳо ва абзори худ суд бибарем, ки ин забон “даймӣ” (лалмӣ) нашавад ва аз бемориҳову кажиҳо барканор бимонад. Дар пайи ҳамин андешаҳои хирадмандона буд, ки дар Эрон (ва дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон) Фарҳангистони забон падид омад, ки пизишк ва роҳнамое барои забон бошад (агар бузро боғбон накунем!).

Худи Фарҳангистони кунунӣ ҳам дуруст дорад ҳамин кори полоишро анҷом медиҳад, вале хуб, ба ҷони вомвожаи фарангӣ уфтода, ки бештар ба ангезаи “таъаҳҳуд аст, то тахассус”!

Аз ин рӯ, ин сухани носозгорон бо полоиши забон низ бархоста аз ноогоҳӣ ё агар аз рӯи огоҳӣ аст, ҳамон забонзади “як бому ду ҳавост”.

7. Забон дар пешрафт ё вопасмондагии гӯяндагони он забон ҳануд (таъсир) надорад.

Забон бахши бисёр бузурге аз фарҳанг аст ва пояи андеша ба шумор меравад. Забону андеша дар пайванди дусӯяи диёлектикӣ бо ҳам ҳастанд. Вожаҳо ба андешаҳо пайкар медиҳанд ва боз ин андеша аст, ки ба пайдоии вожаҳои навин меанҷомад. Мағзи одамӣ метавонад бо омоиши (таркиб)-и пиндораҳо пиндораҳои навине, ки ниёзашро бароварда мекунанд, ё ба ангориш пару бол мебахшанд, падид биёварад. Мағз монанди як меҳроз(меъмор) аст, ки натанҳо аз оҷирҳо суд меҷӯяд, ки сохтмонеро бисозад, басоки оҷирҳои навине низ падид меоварад. Ў “асб” ва“бол”-ро бо ҳам омуда ва “пегосус” (асби болдор)-ро дар вири худ падид меоварад ва барои он достон мебофад ва аз рӯи ин улгӯ замоне ҳам ба андешаи сохтани ҳавопаймо меуфтад. Жул Верн тавонист пиндораи зердарёиҳои навини атумиро пеш аз падиди онҳо дар достони “20 ҳазор фарсанг зери дарё” падид биёварад, чун мағз ва андешаи ӯ ба пиндораҳои зерсохтии фандию физикӣ ва … ошно буд. Рӯшан аст, ки агар Жул Верн дар Арабистон зода шуда ва забони ӯ дорои вожаҳо ва пиндораҳое монанди пистун ва мутур ва фишори обу парвонаи чархишӣ ва нури фусфурӣ ва корвожаҳои дарёнавардӣ ва новбурдӣ ва даҳҳову садҳо вожаи боистаи дигар набуд, шутурчарони хубе аз об дармеомад ва шояд достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-ро менивишт, вале на “Перомуни ҷаҳон дар 80 рӯз” ё “Обхасти розомез”.

***

Камобеш ҳамаи офаридаҳои фалсафии ҷаҳон ба забонҳои ҳиндуурупоӣ ҳастанд (он ҳам, ки Пури Сино ва… ба арабӣ навишта, баргардон аз Эрони Бостон, юнонӣ ва … буда ва тоза забони модарии худи Пури Сино ва Хайёму Розиву Форобӣ ва Абӯрайҳони Берунӣ ва … ҳама порсии камобеш сара будааст). Оё аз худ пурсидем, чиро? Чиро наметавон пиндораҳои сухани Ничеро ҳатто бо беҳтарин бозгардонҳо ончунон дарёфт, ки бо забони меҳодини он, олмонӣ? Чун дар он забон вожаҳое ҳастанд, ки намоёнгари пиндораҳои вижа ҳастанд, ки дар забонҳои дигар ҳамто надорад. Ё дар физики квонтум, ҳатто инглисиҳо ҳам вожаҳое монанди Eigenwert-ро аз олмонӣ гирифтаанд ва ҳамонгуна ба кор мебаранд, чун баробаре гӯё дар забони худ наёфтанд.*

Роёнае ба номи мағз аз кӯдакӣ бо равиш ва сомонаи забони модарии худ ошно мешавад ва он “олгуритм” ва “фарнудсор” (мантиқ), ки дар забон нуҳуфтааст, дар мағзи ӯ ҷойгузин шуда ва монанди чӯбе, ки дар канори ниҳоли навнишонда фурӯ мекунанд, ки ба рӯиши ӯ росто бидиҳад, ростоӣ ва тавони андешаи зиндагии ӯро росто мебахшад. Мо эрониён монанди инглисиён “ба пойин намеуфтем”, мо “замин мехурем”. Инглисиён “сарморо мегиранд”, олмониён “худро ба сармо медиҳанд” ва мо “сармо мехӯрем.”

Андешаи кӯдаке араб гирифтори ҳамон колбадҳои забонаш аст. Дар забони арабӣ решаҳо дар колбад (қолаб)-ҳо рехта мешаванд ва касе наметавонад колбадшиканӣ карда ё колбади тозае бисозад. Барои намуна, решаи “ктб” дар колбади коргирии“мафъул” рехта мешавад ва мешавад “мактуб”. Касе наметавонад, барои намуна, вожаи “катмаб” бисозад, чун колбади “фаъмал” надоранд.

Барои намуна, онон барои номи ҷойгоҳ як колбад доранд. Барои намуна, мустароҳ=ҷойи истироҳат, мадраса=ҷои дарс. Дигар колбадидигаре дар даст нест. Агар ин ҷои омӯзиш бузург бошад,ҳамон мадраса аст ва кӯчак ҳам бошад ҳамчунин. Омӯзишгоҳу омӯзишкада ва омӯзишсарой ва … ҳама мадрасаанд.

Барои ҳар кору пиндораи навин, ки дар ҷаҳон падид ояд, араб ночор аз гузоштани як чам (=маънӣ) фаротар бар як решаи дар дастрас ё ёфтани решаи навин аст. Чиро ки омоиш (таркиб) дар он забон раво нест ва ҷое надорад. Барои намуна, вожаи фурӯбор (донлуд) кардан дар арабӣ нест ва боястӣ решае бисозанд ё бар решаи куҳан як чами дигар бияфзоянд. Аз ҳамин рӯст, ки бисёре аз решаҳои забони арабӣ дорои чандин бори пиндораӣ ҳастанд, ки танҳо дар бофтори суҳан ё нивишта метавон гумон бурд, ки кадом пиндора дар онҷо ба кор рафтааст.

Барои намуна,“корогоҳ” (детектив) як пеша ва як пиндораи навин аст. Мо аз вожаи паҳлавии корогоҳ (=устод дар кори худ), ки омудае аз кор ва огоҳӣ аст, суд ҷустем, вале араб чун корвожае барои ин кор надорад, баробарҳои зерро ба кор бурда: раҷул-ут-таҳаррай, ав-ал-мабоҳис, мухбир-ут-таҳарран (Алқавомис).

Ё мо барои корвожаҳои навинт “донлуд” ва “оплуд” метавонем баосонӣ бигӯем “фурӯбор” кардан ва “фаробор” кардан, вале араб гир мекунад, чун решае, ки ин корро бирасонад, надорад ва бояд ё бисозад ё як решаи дигарро боз ҳам бо ин чами навин сангинтар созад.

Набудани шоянди омоиш (имкони таркиб) дар забони тозӣ дасту пойи забон ва андешаи ононро баста ва мағз ба омоиши пиндораҳо хӯй нагирифта ва ончиро, ки мо бо як вожа менамоёнем, онон дар ду ё чанд вожа анҷом медиҳанд. Барои намуна, инглисӣ мегуяд “эйрмейл”, ки мо дар порсӣ метавонем бигӯем “ҳавопуст”, вале андешаи арабӣ танҳо метавонад бигӯяд “пусти ҳавоӣ” (афзоиши ду вожа ба ҳам) = албариди ҷаввӣ.

Пас мебинем, ки дар ҷое ки забонҳои ҳтндуурупоӣ дастикам ду гузина доранд: ҳавопуст ва пусти ҳавоӣ, арабӣ як гузина бештар надорад.

Яке аз дигар костиҳои андешаи колбадӣ ин аст, ки агар пиндорае фарои колбадҳо ҳам бошад, боястӣ онро базӯр дар як колбади наздиктар чапонд.

Барои намуна, бар забонҳои ҳиндуурупоӣ ба “мусаллас” мегӯянд “триангл”, яъне секунҷ ё сегӯша (сегӯш). Акнун ду кӯдаки тозадабистонӣ, яке арабӣ ва яке ҳиндуурупоиро биянгоред, ки ҳанӯз ҳандаса нахондаанд ва пиндораи ҳандасии мусаллас (Алқавомис)-ро намешиносанд. Кӯдаки араб ба колбадҳо ошност ва медонад, ки колбади “муфаъъал” монанди “мушаббак” (шабака-шабака) ё мушаҷҷар (дарахтдор) чи бармеоварад. Ва решаи сулсро ҳам мешиносад (=се). Кӯдаки ҳиндуурупоӣ ҳам медонад, ки се кадом пиндора аст ва кунҷу гӯша ҳам чист. Пас кӯдаки араб ду огоҳӣ дорад. Яке чами реша ва дигарӣ кори колбад ва бо шунидани номи “мусаллас” медонад, ки ин як “чизе” аст, ки “сетоӣ” аст. Кӯдаки ҳиндуурупоӣ ҳам медонад, ки чамрешаҳо чистанд. Акнун агар ба ин ду, ки ҳаргиз то кунун як мусалласи ҳандасӣ надидаанд, ҳар кадом як барг бидиҳем, ки дар он нигораҳои гуногун, монанди гиёҳи себарг, нардбони сепилла ва …. ва саранҷом, як мусалласи ҳандасӣ ҳам дар он бошад, кӯдаки ҳиндуурупоӣ бо доштани огоҳии бештар, ки сегӯша чизест, ки сето гӯша дорад, зудтар суроғи рехти ҳандасии сегӯш меравад, дар ҷое ки кӯдаки араб, ки аз вожаи мусаллас танҳо медонад як чизи сетоиро бояд биёбад, гир мекунад, чун намедонад сето чӣ? Сето пилла? Сето гӯша, сето поя?

Барои намуна, мо ба “трипуд” мегӯем сепоя (три=пуд+пуд=пой). Араб чун мусалласро барои ҳандаса ба кор бурда ва севу поро наметавонад бо ҳам биёмояд, ночор аст рӯй ба ҳамтоҳои дигар оварда ва бар чами як ё чанд вожаи куҳан бияфзояд:

Ҳаммола, сийба, меҳаффа, маҳмал, маҳмил, минсаб, наққола (Алқавомис).

Барои намуна, мо баосонӣ ба ҷои “уктопус” ҳамонгуна мегӯем ҳаштпо (укт=ҳашт+ пус=по). Араб дар инҷо гир мекунад, чун басодагӣ наметавонад ҳаштро бо по дар як вожа биёмояд. Ин аст, ки мегӯяд: ухтубут!! (Алқавомис)

Барои намуна, дар забони олмонӣ корвожаи “umdenken=um+denken~rethink (denken= андешидан) ҳаст, ки ба чами дигаргун сохтани андеша аст ва забони олудаи мо тавоноии ёфтани баробаре гӯё барои ин вожаро надорад ва шояд битавон бо чашмпӯшӣ корвожаи наздики “бозандешидан”-ро ба ҷои он ниҳод, вале дар арабӣ ҳамин андак ҳам шуданӣ нест, чун чунин решае дар забонашон ёфт намешавад ва боястӣ бигӯянд “тағйири тафаккур” ё чизе ҳамонанди ин ё яке аз решаҳои дигарашонро ба ҷои ин ҳам ба гории (аробаи) шикастаи забони “комили” арабӣ бибанданд.

Барои намуна, вожаи “ муроҷеъа”, ки як дуҷин (дувоздаҳ) чами гуногун дорад: ”инҷо

Пас андешаи ҳиндуурупоӣ, ки ҳам колбадвораҳои озодро дорад (монанди решаи корвожа+нда=корвар (фоъил), намунаи гӯянда=гӯй+анда=касе, ки мегӯяд) ва ҳам тавони омоишро дорад, роёнаи неврунии мағзро бо тавони омоишӣ бо роҳҳои пуршумори омоишик (комбинотурик) парвариш медиҳад ва забони арабӣ андешаро дар занҷири колбадҳо дар банд мекашад.

Шояд гуфта шавад, ки мо дар забони кунунб ҳардуи ин “бартариҳо”!-ро дорем,на, чунин нест, чун ин ду ду раванд дар ростоҳои ситезандаанд. Кори кӯдаки эронӣ аз араб ҳам сахттар аст ва миёни ду роҳ гир карда:нишастаам ба миёни ду дилбару ду дилам. Як мағз монанди як роёна тавони шуморгарии марзманд дорад ва агар тавони он дар чанд шоха ва барои чанд гумоштагӣ (таск) дар роҳ бошад, ҳаргиз тавони сад дарсади худро дар росто ба кор намебарад ва ҳамин коҳиши тавон барои шуморгарии зуболаҳои тозӣ ба коҳиши тавони саросарӣ меанҷомад.

Медонем, ки дигарсозӣ миёни як одам ва як маймун ҳам танҳо дар камтар аз як дарсади женҳои онҳост ва дар миёни одамҳо ҳам касе, ки сад дарсад тавони мағзиро дар як росто ба кор мебарад, ҳамвора пешравтар аз касест, ки ҳамон мағзро дорад, вале тавони онро барои чанд кор (таск) бахш кардан надорад ва наметавонад дар як росто тавони сад дарсадро ба кор гирад.

Ба гувоҳии торих ҳам мебинем, ки араб дар 2000 сол ҳеч навоварӣ, андешаи навин, ёфтаи навин, сохтани навин ва чизе, ки боре аз дӯши мардумон ва ҷаҳониён бардорад, падид наёварда ва ҳамвора гусоранда (масрафкунанда) ё чаповулгар буда. Эрониён ҳам аз 1000 сол пеш, ки олудагии забонашон оғозид, чизи чандоне барои ҷаҳониён ё барои худашон ба даст наёвардаанд.

Кӯдаки эронӣ, ки тоза пой дар клоси ҳандаса мениҳад, бо важаҳое чун “мусалласи мутасовий-ул-азлоъ”! рӯдаррӯ мешавад ва гурезон аз ҳандаса ва дастури забон (мозии илтизомӣ!) ва адабсор ё ҳамон “адабиёт” (таҷзия ва таҳлил, накара, муъаррифа, шибҳиҷумла!) ва маздоҳик ё ҳамон “риёзиёт” (муштаққи сонии мунҳании ҳазлулии мумос бар…) ва фалсафаву мантиқ (иллат-ул-ъилал, воҷиб-ул-вуҷуд, қиёси маъалфориқ) ва ман паймон мебандам, ки бештари хонандагони ҳатто донишомухта ҳам ҳанӯз намедонанд, ки “сафсатаи қиёси маъалфориқ” ба чи чамест ва аз бех ба чи мегӯянд!

Ин гирифтории андеша дар колбадҳову рехтҳо чунон миёни мо бедод мекарда ва мекунад, ки дар гузашта, касоне ба номи “ъаризанависҳо” бояд як номаи девонӣ ва дархости содаро дар колбадҳои пешсохта мерехтанд, ки девониён дастикам нигоҳе ба он бияндозанд.

Кӯтоҳи сухан, замоне ки тавони омоишгарӣ ва пардозишгарии мағз костӣ меёбад, тавони навоварӣ ва тавони ангору пиндору навпиндор (иможиносиюн, фонтезӣ, аннувосиюн) аз миён меравад, ҳамон тавони навофаринӣ ва навоварӣ, ки пояи андешаҳои нав, сохтаҳои нав, фандҳои нав, донишҳои наву ҳунарҳои навин аст.

Ин аст ки ҳеч чизи наве “ба фикрамон” намерасад ва ҳамвора бо пайравӣ ва баргардонҳо ва тарзабонҳо аз бегона зиндаем ва дар “купӣ” кардан устод шудаем, он ҳам пас аз солҳо деркард. Аз Русу Куре ва инҷову онҷо чизҳое мехарем ё медуздем ва номашро мегузорем “фанноварии шигифтангези донишмандони мутаъаҳҳиди кишвар.”

Аз суи дигар, ҳамон гуна ки гуфтем, фарнудсор (мантиқ) ва сохтори дарунии забон ҳам як коргузор (фоктур, омил)-и дигар аст, ки бо пешрафту навоварӣ ва андешапарварӣ сарукор дорад. Барои намуна, мо дар порсӣ корвожаи “пурсидан”-ро дорем ва ҳамчунин корвожаи “бозпурсидан” ва дар мағзи худ медонем, ки “бозпурсидан” як ҷуре аз “пурсидан” аст ва агар ҳам то кунун вожаи “бозпурсӣ” ё “ҳамапурсӣ”-ро надошта бошем, боз ҳам мағзи мо баосонӣ “ҳама”-ро бо “пурсидан” меомояд (таркиб мекунад) ва камобеш дармеёбем, ки ин як ҷур пурсидан аст аз ҳама, ё ин ки ҳама чизеро мепурсанд ва саранҷом ба он чам мерасем, вале забони тозӣ барои ҳар кадом аз инҳо як реша ниёз дорад, ки ҳеч гуна пайванди вожагонӣ ҳам бо ҳам надоранд, яке ҳаст суол ё истисфор! Яке ҳаст истақсай ва дигарӣ мешавад, истатлаъа раъял ҷумҳур! (=ҳамапурсӣ) (Алқавомис).

Пас дар инҷо як мағз, ки бо забони ҳиндуурупоӣ парвариш ёфта, миёни вожагон, ки чамҳои наздик доранд, аз бахшҳои худи ҳамон вожа, пайванди миёни вожагонро барпо месозанд ва ҳамвора як шабакаи вожагонӣ, ки ба ҳам пайвастаанд(линк шудаанд), дар вири ӯ омадааст. Ў метавонад дар гоҳи ниёз батундӣ як созаи дигарро падид биёварад ё дигаргун кунад. Барои намуна, корвожаи “ҳарзпурсӣ”-ро бисозад. Шумо ҳам то кунун ин вожаро нашнидаед, чун ман ҳамин акнун сохтаам, вале бедиранг медонед, ки ин ба чами пурсиши беҳуда ва пуч аст!

Вале олудагӣ бо равиши андеша ва забони араб бисёре аз моро ҳам аз ин кор боздошта ва мағзамонро кунд кардааст ва инки акнун ин ҷур навовариҳо афзоиш ёфта, бештар дар пайи кӯшишҳои сарагӯён ва порсидӯстон аст, вагарна ҳанӯз бештаринаи мардум гирифтори ин зиндонанд.

Дар пайи олудагии ҳарчи бештар ба вожаҳо ва андешори тозӣ акнун мо бештари корвожаҳоро дар ду ё чанд бахш, бо “кардан” ба кор мебарем: тахриб кардан! (он ҳам дар ҷое, ки тахриб худаш ҳамон “хароб кардан” аст!), ташвиқ кардан, тақозо кардан, тавзеъ кардан, таъсис кардан ва… Кор ба ҷое расида, ки ба ҷои “гиристан”-и порсӣ ҳам мегӯем “гиря кардан”! Нивиштаҳо ва гуфтаҳои мо пур аз “кардан” ва “ба амал овардан” аст. Корвожаеро, ки ҳамчун забонҳои наёлудаи ҳиндуурупоии дигар якпорча метавонистем бигӯем, монанди пурсидан(аск дар инглисӣ) мегӯем пурсиш кардан, суол кардан! Ингуна боз ҳам бору ранҷи шуморгарии роёнаи мағзии худамонро афзоиш дода ва короии онро мекоҳем.

Дарознавишт ва кутоҳсухан:

Забони тозӣ гирифтори колбадҳост ва андешаро низ ногузир дар ҳамон марз гирифтор карда.
Созаҳои забони тозӣ гӯёии созаҳои забонҳои ҳиндуурупоиро надоранд.
Вожагони тозӣ ба ангезаи набудани навоварӣ ҳар кадом бо чанд чам бор шудаанд, ки забонро гум карда.
Забони тозӣ ҷои омоиши пиндораҳоро дар вожагон надорад ва тавони омоишгарии андешаро аз миён мебарад.
Забони тозӣ тавони навоварӣ ва колбадшиканиро аз миён мебарад.
Олудагии забони тозӣ мағзи моро аз коркарди сад дар сад дар як росто боздошта.
Олудагии забони тозӣ тавони пайвандсозӣ миёни вожагон ва корвожагонро аз мо гирифтааст. (то ҷое ки фарҳангистонии мо ҳам намедонист, ки фарсоиш бо соиш дар пайванд аст!).
Олудагии забони тозӣ, фурӯзаҳои рӯшангӯӣ ва кӯтоҳгуии забони порсиро коста(тақлил додааст!).

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*