Порсӣ Анҷуман: “Рӯзе, ки форсӣ доштем” достони донишомӯзоне дабистонист, ки омӯзгорашон аз онон мехоҳад, то чомае (= шеъре)-ро аз бар кунанд ва дар клос бихонанд. Донишомӯзон, ки аз ҷунин коре нотавонанд, тан ба коре дигар медиҳанд.
“Рӯзе, ки форсӣ доштем” барӯшанӣ нишон медиҳад, ки чигуна фарзандони Эронзамин аз пешаҳои жарфи фарҳангии хеш дур мондаанд, то онҷо ки “Гулпариҷун” ва “Духтарбандарӣ” ҷойгузини чакомаҳои шӯрангезу фарҳангмадор ва зиндагисози Рӯдакию Фирдавсӣ ва Хайёму Ҳофиз ва… шудаанд. Ин филм менамоёнад, ки чигуна омӯзишу парвариш дар ошноии кӯдакон бо забони фарҳангу шаҳройинии ниёконашон кӯтоҳӣ кардааст, то онҷо ки номи инро ҷуз “сарошебии фарҳангӣ”, ки раҳ ба нокуҷообод хоҳад бурд, ҳеч номи дигаре наметавон ниҳод.
“Рӯзе, ки форсӣ доштем”-ро Умеди Абдуллоҳӣ дар соли 1380 сохтааст. Абдуллоҳӣ зодаи 1357 дар Шероз, донишомӯхтаи риштаи меҳрозӣ (= меъморӣ) ва синемо ва ҳамванди Анҷумани филми кӯтоҳ ва ҳамчунин Анҷумани мустанадсозони синемои Эрон аст.
—–
“Рӯзе, ки форсӣ доштем”-ро бо чунӣ (= кайфият)-и беҳтар аз “инҷо” (17 мегобойт) низ метавонед боргирӣ фармоед.
Бифирист