Нигоҳе ба нармафзори “Порсиро пос бидорем”

Куруши Ҷаннатӣ: Ҳамгомӣ бо пешрафтҳои фанноварикро метавон яке аз нишонвижаҳои забонҳои рӯзомад ва донишик донист. Забони куҳани порсӣ низ барои пойисторӣ ва боландагӣ дар ҷаҳони навин бояд худро бо мавҷи пуршитоби дигаргуниҳо ва пешрафтҳои навин ҳамроҳ созад. Агар рӯзгоре барои пай бурдан ба маънои як вожа ба хариди дастикам як давраи фарҳанги вожагон ниёз буд, имрӯз ҳамон ниёзро метавон бо хариду коргузории нармафзоре сода бароварда кард. Аз ин рӯ, кӯшиш барои сохти нармафзорҳое дар заминаи забони порсӣ аз боётарин ва ниёзинтарин корҳо ба шумор меояд.

Дар пардохтан ба забони порсӣ мо бо забоне рӯбарӯ ҳастем, ки дастикам дар даромехтагияш бо забони арабӣ як додуситади нобаробар ва яксӯяи забониро орӯянидааст (таҷруба кардааст). Аз ин рӯ, полоиши забони порсӣ аз созмояҳои бегона ҳамвора яке аз майдонҳои кунишварзии дӯстдорони ин забон будааст. Бо пешрафтҳои фанноварик ва пуррангтар шудани саҳми абзорҳои роёнишӣ дар зиндагии рӯзонаи мардумон бовармандон ба посдорӣ ва полоиши забони порсӣ бо кӯшишҳои фардии худ гомҳои нахустинро дар ин замина бардоштанд ва нармафзорҳое дар заминаи порсинивисӣ ва сарагарогӣ тарроҳӣ карданд. Бо ин ҳама, ин нармафзорҳо бо ҳамаи судмандияшон ҳамасӯнигар набуданд ва наметавонистанд ба шевае навин посузгӯи ниёзҳои порсизабонон бошанд.

Батозагӣ нармафзори “Порсиро пос бидорем” бо пешоварди (арзаи) вирости тозае аз бастаи нармафзорияш тавонистааст корҳои пештар аз худро ба расоӣ бирасонад ва бешукам ҳамасӯнигартарин ва тавонмандтарин абзори порсизабониро фароҳам кунад.

Бастаи нармафзории “Порсиро пос бидорем” дарбардорандаи ҳафт нармафзор аст:

  • Нармафзори полоишгари забони порсӣ
  • Нармафзори баробарсози вожагони бегона
  • Нармафзори пинглиш ба порсӣ
  • Нармафзори номҳои эронӣ
  • Нармафзори вироишгари хатти мехӣ
  • Нармафзори “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ
  • Нармафзори коргоҳи солнома

Чунин ба дида меояд, ки ин бастаи нармафзорӣ бо нармафзорҳои ҳафтгонааш беҳтарин посухе будааст, ки то кунун ба ниёзҳо ва хостҳои дӯстдорони забони порсӣ дода шудааст.

Албатта, ин кор низ монанди ҳамаи корҳои бузург костиҳои андаке дорад, ки ба чанд намунаи он ишора мекунем ва умедворем дар виростҳои сипасин бо беҳдисии ин андак костиҳо порсизабонон аз ин нармафзори хушсохт беш аз пеш баҳра бибаранд.

Дар нармафзори полоишгари забони порсӣ вожаи “дар”, ки вожае порсӣ аст, ҳамвора “дур” (ба маънои марворид) хонда мешавад ва аз ин рӯ, вожае бегона ба шумор меояд.

Бахши начандон кӯчаке аз баробарҳои пешниҳодшуда бар пояи рӯйкарди сарагароии адабик аст (бингаред ба “Сарагароии адабик ва сарагароии донишик”). Барои намуна, вожаи “роҳбурд” ҳам баробари вожаи “токтик” оварда шудааст ва ҳам баробари вожаи “истротежӣ”, ё баробари вожаи “шаффоф” вожаҳои “покӣ”, “дурахшон” ва “рӯшан” пешниҳод шудааст, дар ҳоле ки бар пояи рӯйкарди донишик вожаҳои “таропайдог” ва “таронамо” разинтаранд (дақиқтаранд). Ҳамчунин барои вожаи “соъат” баробари “гоҳ” пешниҳод шудааст, ки бо яке аз муҳиммтарин меҳодҳои (усули) вожасозии донишик, яъне корбурди як вожаи танҳо барои як маъно, носозгорӣ дорад.

Набуди баробар барои шуморе аз вожагон низ яке дигар аз костиҳои ин нармафзор аст. Барои намуна, барои вожаҳои пурбасомади “ҳаққуттадрис” ва “лугу” баробарӣ пешниҳод нашудааст, дар ҳоле ки дар миёни порсинивисон корбурди вожаҳои “омӯзона” ва “нишонвора” барои ин вожагон корбурд доранд.

Ҳамчунин, дар нармафзори номҳо гоҳ номҳое ошно чун “Пидром” ва “Пажмон” ва… аз қалам уфтодааст.

Бо ин ҳама, вуҷуди ин костиҳои баростӣ кӯчак чизе аз арзишҳои ин кори сутург намекоҳад ва чунонки дар боло нивишта шуд, умедворем бо беҳдисии ин костиҳо порсизабонон баҳраҳои бештаре аз ин бастаи нармафзорӣ бибаранд.

Бознамудҳои бештар дар бораи ин бастаи нармафзориро дар торнамои “Порсибон” бихонед.

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*