
Ҷашнҳои эронӣ
Масъӯди луқмон: «Ҷашн» вожае эронист аз решаи «яз-», ба чами «парастидан, сутудан ва ниёиш кардан». Ҷашн дар оғоз ба чами «анҷоми ойинҳои динӣ» буда, вале андак-андак густариши чамӣ пайдо карда ва ба базму меҳмонӣ ва сур ҳам гуфта шудааст; чиро ки дар фарҳанги Эрон, анҷоми ойини динӣ ва ниёишу ситоиши эзад ҳамон ҷашну базму шодӣ ва шодхорӣ буда ва шигифт ин, ки «ҷашн» бо вожаҳои «язд» ва «эзад» ҳам ҳамреша аст ва ба дигар сухан, ҷашну эзад ҳар ду аз як решаанд. Чунин, дар фарҳанги зиндагиситои Эрони бостон ҷашн коре аҳуроӣ ва равише барои мубориза бо Аҳриман буда ва дар баробар, сӯгу андӯҳ куниши аҳриманӣ ва сахт накӯҳида будааст.