Ҳушдоре дар бораи шикастанависӣ

Омадани гӯшиҳои телефунҳои ҳамроҳ ба бозор нуқтаи атфе дар торихи забони форсӣ буд. Ин гӯшиҳо эрониёнро маҷбур кард, то рӯзона чанд сатре бинависанд ва паёмак бифристанд. Забони форсӣ рӯйи ҳеч кадом аз гӯшиҳои аввалия вуҷуд надошт. Финглишнависӣ оғози шикастанависӣ буд. Пас аз он, роёнаҳои нахустин ҳам ба ёрии финглишнависӣ омаданд ва дастикам зоиқаи навиштории як насл аз эрониён дигаргун шуд.

Ҳамзабонӣ ва безабонӣ

Ман дар ин китоб бо далоил ва шавоҳиди мухталиф аз мутуни куҳан ва орои донишмандони имрӯз нишон додаам, ки “форсӣ” ва “дарӣ” дарвоқеъ ду ном аст барои як забони воҳид. Ва ҳудуди ним қарн аст, ки гурӯҳе барои ҷудосозии милали ҳамзабон ва тазъифи забони форсӣ бо ин тарфанд (найранг) забони моро дупора кардаанд. Ҳамчунин, дар он ҷо нишон додаам, ки то ним қарн пеш ин забон ҳатто дар маҷомеъи расмӣ ва илмии кишвари мо (Афғонистон) низ “форсӣ” хонда мешудааст.

Дуктур Ҳасани Анварӣ: Беш аз шаст дарсади устодони забони форсӣ озарбойҷониянд

Танҳо ман нестам, ки шефтаи забони форсиям. Метавонам шаҳодат бидиҳам, ки бештари озарбойҷониён забони форсиро дӯст доранд. Дар торих низ саҳми Озарбойҷон дар фарҳанги форсӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Баровард кардаанд, ки беш аз 60 дарсади устодони забони форсӣ дар донишгоҳҳои Эрон аз Озарбойҷон бархостаанд. Дар торих низ саҳми Озарбойҷон дар падид овардани осоре ба форсӣ, бавижа фарҳанги форсӣ, шоёни таваҷҷуҳ аст.

No Image

Пешванди “фаро-” барои ҳама!

Вожаи “фаро” дар фарҳанги Деҳхудо ва дар бархе корбурдҳои он дар адабиёти порсӣ батанҳоӣ маънои “наздики… ва ба сӯи…” дорад. Намунае аз Ҳофиз:

Сар фаро гӯши ман оварду ба овози ҳазин,
Гуфт, эй ошиқи деринаи ман, хобат ҳаст.

Порсии адабӣ батанҳоӣ посухгӯи ниёзҳои мо нест

Дар илм шумо бо мафҳумҳои дақиқу сареҳ ва иборатҳои саррост сарукор доред. Чунин суннате дар порсӣ камтар вуҷуд доштааст. Агарчи донишмандони эронии бузурге чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино ва шогирдаш Ҷузҷонӣ, Исмоъили Гургонӣ (Ҷурҷонӣ), Хоҷа Насираддини Тӯсӣ ва дигарон осоре илмӣ ба забони порсӣ падид овардаанд, аммо инон ба нисбат андаканд ва дар гузашта порсӣ бештар забони шеъру адабиёт будааст, ки дар он шоъири ғазалсар ё қасидагӯ тарҷеҳ медиҳад вожаҳои дупаҳлӯ ба кор бибарад, то чанд ҳиссу тасвирро бо ҳам тадоъӣ кунад ва басо, ки маъно ва мафҳум дастхуши қофия мешавад. Албатта, бозӣ бо вожаҳо барои чакомасароӣ хушоянд аст, аммо гурез аз мафҳумҳо ва ҷамлаҳои бешубҳа дар донишҳои дақиқ нашуданӣ ва тардкарданӣ аст.

Дар бораи решаи вожаи “ишқ”

Вожаи “ъишқ”, ки дар форсӣ “ишқ” талаффуз мешавад, дар адабиёти форсӣ ва ирфони эронӣ ҷойгоҳе барҷаста дорад. Шояд битавон гуфт шоъирони гуногуни форсизабон камтар вожаеро ба андозаи ишқ ба кор бурда бошанд. Бо ин ҳол, чунин менамояд, ки то кунун чандон пажӯҳише, ки бар пояи дастовардҳои навини забоншиносии торихӣ устувор бошад, дар бораи он нашудааст. Дар ин навиштаи кӯтоҳ нигоранда ин андешаро пеш мениҳад, ки вожаи “ишқ” решаи ҳинду-урупоӣ дорад. Ин пешниҳод бар пояи пажӯҳишҳои решашинохтӣ устувор аст.

Решашиносии номи чаҳор фасл

Нахустин фасли сол баҳор аст, ки дар забони порсии миёна (паҳлавӣ) се ном барои он омадааст: wahār, afsālān, mēdyōzarm. Вожаи wahār аз авестоӣ омадааст. Дар сонскрит vasantah (номи Vasanti дар филми ҳиндии “Шӯъла” ба маънои “баҳорӣ” аст) ва дар лотин ver ва дар пурво-ҳинду-урупоӣ -wers* омадааст. Дар инглисӣ vernal ба маънои “баҳорӣ” аз ҳамин номи лотин омадааст. Дар забони русӣ баҳорро “весна” мегӯянд, ки аз ҳамин реша аст.

No Image

Ҷамъ дар забони порсӣ

Бо густариши нуфуз ва чирагии арабинависон дар дарборҳои Эрон ва фазлфурӯшиҳои бепояву бемоя гузашта аз вуруди беандозаи вожаҳои арабӣ ба забони порсӣ, дастури забони арабӣ низ бар порсӣ таҳмил шуд. Аз ҷумла, дар заминаи ҷамъ бастан. Дар ин даврон на танҳо вомвожаҳои арабӣ дастури забон ва сарфу наҳви худашонро ба ҳамроҳ оварданд ва аз дастури забони порсӣ сарпечӣ карданд.

Чопи дувуми “Дастури забони порсии нав” ба забони суэдӣ

Дастури забони порсии нав” (Modern Persisk Grammatik), навиштаи Ашк Долен, устоди забонҳои эронӣ дар донишгоҳи Упсоло, ба чопи дувум расид. Ин наск (китоб)-и поя (марҷаъ), ки нахустин бор дар соли 2010 чоп шуд ва бо рӯйовариш (истиқбол)-и болои хонандагон аз чанде пеш ноёб буд, ҳафтаи гузашта аз сӯйи интишороти Фирдавсӣ дар Истукҳулм барои бори дувум бо вироише тоза ба бозор омад.

Чаро бояд вожагони порсиро ба кор бибарем?

Ба бовари гурӯҳе, ҷойгузинии наввожаҳо бо вожаҳои ҷоуфтодаи бегона дар ҳамситезӣ бо адабиёти суннатии мо қарор мегираду мояи он мешавад, ки мо пайвандамонро бо забони Ҳофизу Саъдӣ аз даст бидиҳем. Эшон, ки дилсӯзона аз ҷойгоҳи посдорони забони порсӣ сухан мегӯянд, гӯё фаромӯш кардаанд, ки омехтагии ҳаштоддарсадии забони порсӣ бо вожагони тозӣ боровард (натиҷа)-и талошҳои эшон ва ҳамандешонашон дар гузашта будааст.

1 39 40 41 42 43 44