Посухи фарнишини Фарҳангистони донишҳои Тоҷикистон ба номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман 

Фарҳоди Раҳимӣ, фарнишини Фарҳангистони донишҳои (раиси Академияи илмҳо)-и Тоҷикистон, ба номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман ба сарриштадорони ин кишвар посух додааст. Ишон дар посух ба дархости Порсӣ Анҷуман, ки «номи дурусту ростини забони тоҷикон, ки «порсӣ» аст, ба расмият шинохта шавад», гуфтаанд, ки донишмандони эронӣ, афғонистонӣ ва тоҷик ҳаргиз «порсӣ/форсӣ», «дарӣ» ва «тоҷикӣ»-ро се забони ҷудо надонистаанд…

Дориюши Раҷабиён: ‘Духтари панҷсолаам мутарҷим аст’

Омӯзгори форсии духтари панҷсолаам бо шигифтию шефтагӣ мепурсид: “Ин кучулуи шумо форсиро куҷо ёд гирифта? Хеле ъаҷибе, ки тӯи килос (синфхона) ҳарчи суол мекунам, дасташ болост. Имрӯз пурсидам: Rainbow ба форсӣ чи меша? Танҳо касе, ки “рангинкамон” гуфт, Париюш буд”…
Инро гуфту рангинкамоне бар осмони зеҳнам кашид…

Номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман ба сарриштадорони Тоҷикистон

Медонем, ки садаи бистум бисёр талху дарднок барои забони порсӣ дар Фарорӯдон буд. Дар ин сада забони порсӣ зарбаҳое бисёр сахт хӯрд, осебҳое бисёр дид ва сусту нотавон гардид. Акнун, дар замони фархундаи Истиқлол, умед аст ончи забони мо дар садаи бистум аз каф дод, дар садаи бисту якум дубора ба даст оварад. Ва шумо бузургворон дар ҷойгоҳи раҳбарӣ ва намояндагии сарзамини ниёкони хирадмандамон бар ин кори бузург тавоноед.

Пешинаи забони порсӣ ва мушкили номи расмии он дар Тоҷикистон

Сомониён порсиро бар курсии заррине нишонданду ба забони дуюми ҷаҳони ислом табдил доданд ва забони адабиёти мондагори ҷаҳон карданд! Ҳоло чигуна мешавад, ки Исмоъили Сомониро бунёдгузори давлати мутамаркази тоҷикон дар ҳудуди 1200 сол пеш бидонему муҷассамаи ӯро ҳамчун намоди давлатдории миллии худ дар маркази пойтахти имрӯзиямон бунёд кунем, аммо забонеро, ки худи Сомониён ПОРСӢ номидаанд, напазирем?

Ҷашни Наврӯз, ёдгори хусравон, хуҷаста бод!

Ҳаким Ъумари Хайём дар оғози «Наврӯзнома» ба порсӣ нивиштааст: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке онки ҳар 365 рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввалдақиқаи ҳамал бозояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад, ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард, ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».

Нарм-нармак мерасад инак баҳор…

Бӯи борон, бӯи сабза, бӯи хок,
Шохаҳои шуста, боронхӯрда, пок.
Осмони обию абри сапед, Баргҳои сабзи бед,
Атри наргис, рақси бод, Нағмаву бонги парастуҳои шод.
Хилвати гарми кабӯтарҳои маст –
Нарм-нармак мерасад, инак, баҳор,
Хуш ба ҳоли рӯзгор…

‘Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ’ чоп шуд

“Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ”, нивиштаи Раҳоми Аша ва гардониши Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон ба порсии сара чоп шуд. Нивисанда худи забони порсигро пояи кори хеш ниҳода, бад-он чунон забоне зинда ва пӯё дарнигариста, сарчашмаҳоро борикбинона ва санҷишгарона баррасида ва намунаҳое бисёр аз камобеш ҳамаи нивиштаҳои порсиг фародасти омӯзанда гузордааст.

Нигоҳе ба корномаи устод Ядуллоҳи Самара

Самара дар соли 1347, дар гурӯҳи забоншиносии Донишгоҳи Теҳрон оғоз ба кор кард. Ӯ гурӯҳи забоншиносиро аз гурӯҳи фарҳанг ва забонҳои бостонӣ ҷудо кард ва барномаҳояшро аз нав нивишт ва нахустин мудири гурӯҳи забоншиносии ҳамагонӣ буд ва бо панҷ сол кӯшиши шабонарӯзӣ аз ин гурӯҳ гурӯҳе пӯё ва намуна сохт. Яке аз корҳои арзандаи Самара нивиштани нибегҳое барои омӯзиши забони порсӣ ба бегонагон будааст. Дар ин росто, пеш аз инқилоб, нибеги “Омӯзиши забони муҳовараӣ ба хориҷиён”-ро нивишт.

Боргирии “Забони зозо/димлӣ”-и Чангизи Паҳлавон

Забони зозо яке аз забонҳои эронии канораи дарёи Мозандарон (Коспиян) аст, ки дар Онотулии имрӯз гӯишвароне наздик ба ҳашт милюн тан дорад. Ин забонро гурӯҳе дар шумори забонҳои курдӣ ба шумор меоваранд, ҳам бад-онгаҳ, ки вижагиҳои забоншинохтии яксара дигарсоне бо забонҳои курдӣ дорад ва бештар ба забонҳои гелакӣ, мозандаронӣ ва толишӣ наздик аст, чи гӯё хостгоҳи нахустини ин мардумон Дайламон дар канораҳои дарёи Мозандарон (Хазар ё Коспиян) будааст.

Забони порсӣ бузургеро аз даст дод: Найсорӣ ба меҳмонии Ҳофиз рафт

Устод Салими Найсорӣ аз устодони забон ва адаби порсӣ ва аз ҳофизшиносони баном дар 98-солагӣ даргузашт. Номи Найсорӣ дар торихи адабиёти Эрон бо номи Ҳофиз гиреҳ хӯрдааст, зеро ки пажӯҳишҳои борикбинонаи ӯ даре тоза ба ҷаҳони ҳофизпажӯҳӣ гушуд. Виросте, ки зиндаёд Найсорӣ аз девони Ҳофиз ба даст додааст, дар канори вирости зиндаёд Нотили Хонларӣ аз беҳтарин виростҳои то ба имрӯз чопшудаи девони Ҳофизанд.

1 3 4 5 6 7 33