Боргирии «Дастури хатти форсӣ»-и Фарҳангистон

«Дастури хатти форсӣ», ки бароянди кӯшишҳои Фарҳангистони забону адаби форсӣ аст, дафтарест, ки ҳар нивисандаеро ниёз бад-он уфтад. Гуфтанист, ки бар ин дафтар метавон хӯрдаҳои донишик гирифт ва онро написандид ва шеваномае нав дарандохт, лек дар пурсмони дабира чизе, ки беш аз ҳар чиз боиста аст, дӯрӣ аз ошуфтагӣ ва кӯшиш андар ҳамгароии бештари касонест, ки бад-он дабира менависанд.

Бобоҷон Ғафуров: Фаромӯш кардани форсӣ мумкин нест

То замоне ки ҳанӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон падид наёмада буд, сухан аз миллияти тоҷик гуфтан кори душворе буд. Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ин ноҳия андак-андак худро тоҷик эълом карданд ва аз ин роҳ бештар муттаҳид шуданд. Ин иттиҳоди, ба истилоҳ, форсизабонони Осиёи Миёна сабаб шудааст, ки имрӯза Тоҷикистон ба як маркази иттиҳоди забонӣ ва фарҳангӣ бадал шавад.

Чанд пешниҳод барои порсинивисӣ

Дар нивиштаҳои садаҳои оғозини забони порсии дарӣ чандон нишоне аз нивиштани ҳамза нест. Вожаҳое чун пойиз (پاییز), ойин (آیین) ва пойин (پایین), ки гоҳе бо ҳамза ва ба десаи по’из (پائیز), о’ин (آئین) ва по’ин (پائین) нивишта мешаванд, дар оғоз бидуни ҳамза будаанд ва дар давраҳои пасинтар бо ҳамза нивишта шудаанд. Пас беҳтар аст ин гуна ҳамзаҳоро ҳамонанди гузашта ба десаи “ё” (ی) бинивисем.

Садруддини Айнӣ ва мухолифони имрӯзаш

Айнӣ то охири умр бо хатти форсӣ нивишт ва ҳиҷ гоҳ хатти сирилликро ҷиддӣ тамрин накард. Чун ҳамеша умед дошт, ки ин хат низ мисли хатти лотин муваққатӣ аст. Бале, хатти сириллик барои мо форсизабонони Осиёи Миёна муваққатӣ аст; часбидан ба хатти муваққатӣ ҳам фарҳанг, адабиёт ва ҳувияти муваққатӣ ба ҳамроҳ дорад­.

Андешаманди тоҷик: Эронситезӣ яъне худношиносӣ ва худситезӣ

Ин забони ширин, ки ҳоло дар кишвари мо рангпарида аст ва ҳоле дорад нобасомон, моро бояд ба андеша водор бикунад, ки чиро чунин шуд ва чи бояд кард, ки вазъ беҳтар шавад. Ман беҳбудиро дар барқарор кардани хат мебинам… Вақте сухан аз баргаштан ба хати худӣ ё ниёкон мегӯем, манзури мо… дубора пайвастан ба ниёкони беназирамон ва фаро гирифтани осори гаронсанги забони порсӣ аст…

Чигуна ‘алифбои Ленин’ ҷойи хатти порсиро дар Варорӯд гирифт?

Миёнаҳои солҳои 20-уми қарни 20 як гурӯҳ аз равшанфикрони тоҷик масъалаи табдили алифбои форсиро ба хатти лотинӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар тӯли 3-4 сол инҳо даҳҳо мақола дар расонаҳо интишор доданд. Муаллифони ин мақолаҳо аксаран афроди маъруф, намояндагони илму адаби тоҷик буданд.

Рустами Ваҳҳоб: Мулоҳизаҳо дар бораи ҳарфи “ъ”

Ҳазфи батакрори ҳарфи “ъ” дар калимаҳое чун “мисраъ” дар хатти сириллики тоҷикӣ дар зеҳни мо ҷои онро комилан тиҳӣ кардааст ва аксаран чунин калимаҳоро бидуни ҳарфи охир дар назар мегирем ва ба кор мебарем. Камтар афроде аз шоирони тоҷик ҳастанд, ки ба ин сабаб дар истифодаи калимаи “мисраъ” ва дигар калимаҳои назири он ба сактаи вазн роҳ надода бошад.

Гузор ба хатти порсӣ: Ба ақаб ё ба сӯи ояндае рӯшан?

Русҳо муваффақ шуданд, ки номи “тоҷик”-ро, ки дар бештари осори гузашта ба маънои “эронӣ” буд, ба унвони номи қавму нажоде тоза матраҳ созанд ва сарзамини онҳоро миёни ақвоми расида тақсим ва гӯшаи кӯчаке аз онро бо номи Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон эълом кунанд. Ва забони мардуми бумии ин қаламравро, ки тайи садаҳо порсӣ номида мешуд, дар ростои ҳамон аҳдофи худ “забони тоҷикӣ” хонданд.

Алифбои тоҷикӣ ва зарурати ислоҳи он

Бештарин мушкилоти забонии мо ба камбудҳо ва навоқиси алифбои сохтае марбут аст, ки боъиси сар задани мушкилоти ҷиддӣ дар илмҳое чун овошиносӣ ё фонетика, сарф ё морфология ва, то андозае, ҷумла ё граматика шудааст. Бояд таъкид кард, ки мушкилоти забон бар асари камбудиҳои ҷиддии алифбо дар ташаккули тафаккур ва андешаи миллии мардуми мо, ки забон яке аз манбаъҳои аслии он аст, нақши манфие бозидааст.

Филми мустанади “Мехвора” баррасӣ шуд

Рӯзи одинаи 21 озармоҳ дар Маркази “Биниши нав” филми мустанади “Мехвора” (дар бораи дабираи мехӣ), тозатарин сохтаи Баҳроми Рӯшанзамир, ба намоиш даромад. Ин филм 24-дақиқаӣ ба шиносоӣ ва баррасии раванди дигаргуниҳои хатҳои мехӣ дар даврони бостон мепардозад ва низ нигоҳе ба корҳо ва дастовардҳои як ҷавони ҳамадонӣ ба номи Суҳайли Дилшод дорад, ки устувонаи бобилии Куруши Бузургро ба ҳамон гунаи суннатияш месозад.

1 2 3 4 5 6