Гелос

Гелос дар забони порсӣ номи меваест аз хонаводаи олу ва аз радаи олболу (олуболу), ки маъмулан ширин аст. Шакли онро дар забони порсии миёна (паҳлавӣ) ва порсии куҳан пайдо накардам, аммо дар забони юнонӣ ба дарахти ин мева “kerasos” гуфта мешавад, ки шабоҳати наздике ба вожаи “гелос” дорад. Решаи вожаи юнониро аз забонхои Осиёи Кеҳтар (Фругия ё Фригия = Phrygian) донистаанд.

Понтуркон ва душманӣ бо забони порсӣ

Аз онҷо ки забони порсӣ яке аз омилҳои пайванддиҳандаи эрониён дар тӯли торих, бавижа пас аз ислом будааст, таҷзияталабон ва душманони Эрон батозагӣ барои расидан ба ҳадафҳои шуми худ нӯки ҳамларо ба сӯи забони порсӣ гирифтаанд ва дар ин росто иддиъоҳои бепояву масхарае мекунанд, ки ба чанд мавриди онҳо мепардозем.

Вожаҳои порсӣ дар Фарҳанги усмонӣ-фаронса

Дар ин ҷустор бархе аз вожагони форсии роиҷ дар забони туркии усмонӣ муъаррифӣ шуда, ки бо андӯҳ бояд гуфт дар Эрон ба фаромӯшӣ супурда шудаанд. Шоёни таваҷҷуҳ аст, ки шуморе аз ин вожагон ҳанӯз дар забони туркии усмонӣ корбурд дорад. Хонандаи гиромӣ таваҷҷуҳ дошта бошад, ки иддиъои таъсирпазирии жарфи забони усмонӣ аз забони форсӣ на аз сӯйи як эронӣ, балки аз сӯи нивисандаи фаронсавии Вожаномаи усмонӣ-фаронса гуфта шудааст.

Вожаҳои форсӣ дар забони жопунӣ

Ошноии эрониён бо кишвари Жопун ба авосити даврони Қоҷор бозмегардад. То ҷое ки бар нигоранда рӯшан аст, пеш аз он, дар даврони Сафавия сафири Шоҳ Сулаймони Сафавӣ дар Сиём (Тойланд) дар китоби сафарномааш “Сафинаи сулаймонӣ” ишораҳое ба кишвари Жопун, шароити иқлимӣ ва мардумони он кардааст. Пас аз он, Мирзо Иброҳими Саҳҳофбошӣ дидаҳои худ аз сафар ба Машриқи Дур ба соли 1897-ро дар сафарномаи худ овардааст, ки ҳудуди 10 сафҳа аз он ба кишвари Жопун ихтисос дорад.

Раҳнаварди Зарёб: Мекӯшем вожаҳои бегонаро аз дарӣ берун кунем

Ҳамин акнун дар манотиқи паштуннишин вақте кӯдаке мехоҳад босавод шавад, “Гулистон”-и Саъдӣ мехонад, Мавлоно ва Ҳофиз мехонад. Як муаррихи бузурги Афғонистон, ки дар Эрон низ чеҳраи шинохташудае аст, ба номи устод Абдулҳаййи Ҳабибӣ, мегуфт, мо забони дариро аз Байҳақӣ ва Ҳофиз ва Саъдӣ омӯхтаем, яъне ҳамин ҳоло ҳам осори таълимии забони форсӣ барои кӯдакон дар масоҷиди паштуннишин вуҷуд дорад.

Боргирии ройгони “Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ”

“Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ”, ки дарбардорандаи ҳудуди 3000 вомвожа ва решаҳои он аст, дар тирмоҳи 1347 дар Теҳрон аз сӯйи Анҷумани осори миллӣ ба чоп расидааст. Ҳамон гуна ки аз номи ин наск (китоб) бармеояд, гӯшае аз партавафканиҳои забону адаби порсӣ дар забони арабиро, он ҳам ба гунае донишӣ ва мустанад менамоёнад, ки аз нигари решаҳои бисёре аз вожаҳо дар ин ду забон арҷи фаровоне дорад.

Ба “Эрони паҳновари фарҳангӣ” бияндешем

Барои нахустин бор дар даҳаҳои кунунӣ аст, ки устодони донишгоҳ ва мудироне аз иқлими Курдистони Ироқ барои густариши пайвандҳои фарҳангӣ ба Эрон омадаанд ва дар ин росто нишасти “Забони порсӣ, вазъияти кунунӣ ва пешинаи он дар Курдистони Ироқ”-ро ба кӯшиши Пижӯҳишкадаи фарҳанг ва ҳунари ҷиҳоди донишгоҳӣ дар донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон рӯзи 24 баҳманмоҳ баргузор карданд.

Забони арабӣ ва нақши эрониён

Ҳамон гуна ки дар китобҳои торихи ислом ҳам омадааст, пеш аз ислом ва дар замони ислом теъдоди касоне, ки дар Ҳиҷоз саводи хондану навиштан доштанд, ба теъдоди ангуштони даст баробар будааст. Бино бар ин, табиъист, ки ҳеч гуна асари навишторӣ аз онон вуҷуд надошта бошад. Гуфта мешавад, ки пеш аз ислом ҳафт қасида (чакома)-и баланду бузурги арабонро дар хонаи Каъба овехта буданд ва бад-он “Ҳафтгонаи овехта” (дар арабӣ: сабъаи муъаллақа) мегуфтанд. Хатти арабӣ низ бар пояи хатти эрониён будааст ва ба гуфтаи Ибни Аббос писари Абдулмуталлиб, хатти арабӣ аз шаҳри эронии Анбор ба миёни арабони Ҳиҷоз роҳ ёфт. Хатти куфӣ низ дар миёни эрониён ва ба дасти онон падид омаду болид.

Вожаҳои порсӣ дар арабӣ

Бо он ки шумори вожаҳои арабӣ дар забони порсӣ фаровон аст, вожаҳои бисёре низ аз забони порсӣ ба забони арабӣ роҳ ёфтааст. Дар садаи фарҷомин дониста шуда, ки шумори анбӯҳе аз вожаҳои забони арабӣ аз забонҳои равоманд дар Миёнрӯдони бостон ва забонҳои эронӣ ва ҳамчун порсӣ баргирифта шуда ва сипас баробар бо забони арабӣ дучори дигаршудагиҳои овоӣ шуда ва аз он вожаҳои дигар баргирифта шудааст.

1 2 3 4